20:38:19 19-уми Июли 2025 сол

Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

18 июли соли 2025 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин сардорони шуъбаҳои вазорат, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Дипсервис”, роҳбарони Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва Муассисаи давлатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ” баргузор гардид.

1 vkt 655621455454Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 6 моҳи аввали соли 2025 ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарори дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид.

www.mfa.tj

Назари Шумо

Security code
навсозӣ