03:49:47 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАЗАРЕ БА КИТОБИ АБДУРАҲИМ ХОЛИҚОВ «ҲУҚУҚИ ИСЛОМӢ»

Мақолае, ки ҳамин ҳоло ба хонданаш шурӯъ кардед, дар бораи китоби муҳаққиқи исломшинос Абдураҳим Холиқов «Ҳуқуқи Исломӣ» (Душанбе «ЭР-граф» 2010, ISBN 978-99947-42-60-8) баҳс мекунад. Ин китоб сару садоҳоеро миёни уламои исломӣ ба бор овардааст, ки инак аввалин вокунииши ҷиддиро пешкаши муштариёни гиромӣ менамоем.

Мавзӯи китоб

kholikovАз номаш маълум мешавад, ки муаллиф ҳуқуқи исломиро дар ин китоб гирд овардааст. Аммо чи гуна? Худи муаллиф дар сарсухан (саҳ. 5) чунин иддао кардааст: «Дар ин китоби таълимие, ки ба омӯзиши низоми ҳуқуқи исломӣ бахшида шудааст (ба низоми ҳуқуқие, ки субъектони он бо маҳдудияти андешаи динӣ, ба кӯҳнапарастӣ, ба тоқатнопазирию кунҷгароӣ дар замони муосир ном бароварда, садди ҳама гуна омезишу инкишофи мусбӣ муаррифӣ мегарданд) бо усули тарки ҳама гуна тафриқаю ҷудоиандозиҳо назар намуда, ба муаррифии ҷанбаҳои мусбӣ, ақлгароӣ, инсонгароӣ ва арзишҳои умумиинсонии он диққат дода шудааст».

Дар  охири сарсухан (саҳ. 7) навиштааст: «Албатта, ин нахустин кор дар ин ҷода буда, орӣ аз норасоию камбудӣ буданаш аз эҳтимол дур нест. Аз ин дидгоҳ умеду таманно дорам, ки ҳар соҳибдилу соҳибилме, ки аз лағзиши маънӣ, нукот ва иллати андешае дар ин китоб бархӯрдор шуд, ҳамоно қалам бар даст гираду сабт созад. Мо ҳамеша аз маслиҳату дастурҳо ва ислоҳи норасоию камбудиҳо шодем».

Банда баъд аз хондани сарсухан ва умеду таманнои А. Холиқов, ҳангоми варақ задан ва бо як мутолиаи сар-сарӣ сухани муаллифро ба замин нагзошта, рӯи чандин мавзӯъ ва андешаҳои муаллифи он тааммул намудам ва,... қалам гирифтам.

Ростӣ шодам, ки бо ин баҳона чандин китобу мавзӯъҳоеро, ки тайи чанд соли ахир ба онҳо руҷуъ накарда будам, дубора мутолиъа кардам. Инак чанд нуктае, ки рӯи онҳо баҳс кардан мехоҳам, муште аз ҳамон хирмани мутолиаи китобҳост. Умедворам, ки А. Холиқов, на танҳо намеранҷад, балки аз дуоҳои некашон низ фаромӯшамон намекунад. Худованди таъоло шоҳид аст, ки ин ҳама ба хотири ислоҳи худ ва манфиати ҷомеа анҷом мешавад, на чизи дигар.

Холиқов ва тақлид

А.Холиқов дар  мавриди тақлид (саҳ.18-19, ҳамон китоб) ҳарф зада, иддао кардааст: «..Тақлид ба ҳадде расид, ки ба мазмун ва ҳадафҳо диққат намонд… Ҳамин тавр тақлиди кӯркӯрона муридонро аз воқеияти асли мақсади амал дур намуд. Ин аллаккай омили асосие буд, ки садди роҳи инкишоф мегашт. Ин унсур то он дараҷа дар фиқҳ ва дигар илмҳои исломӣ роҳ ёфт, ки дар истинботи аҳкому ақидат ҳама равшанфикрони исломӣ пойбанди он буданд.

Ҳатто беҳтарин муҷтаҳидони исломӣ, ки таҷдиди илм ва фиқҳро ҷойиз медонистанд ва дари иҷтиҳодро дар замони муосир ба боз буданаш кӯшиш мекарданд (Ю. Қарзовӣ, Аллома Шавконӣ, Ғазолии муосир ва дигарон) танҳо пас аз наёфтани далел аз саҳобаҳо, аз тобиин ва аз пешвоёни исломӣ рӯ ба ақл мекарданд…

Мо магар  бо ин кӯҳнапарастӣ ва ҳақир пиндоштани худ дар назди гузаштагон метавонем имрӯзро ободу фардо ҷомеаи пешрафта созем, дар ҳолате, ки мо дар тамоми андеша худро заифтар аз гузаштагон медонем ва на заифтар…Дар баробари ин мо аз васфи таърихӣ даст кашида, тақлидро инкор намуда, бояд ба меросияти дурусти арзишҳои таърихӣ роҳ ёбем. Ин аст роҳи беҳтар… Ин китоб кӯшише дар шинохти ин роҳ аст…».

Ин пора гуфтори А. Холиқов бо чанд далел мушкил дорад:

Фикр мекунам А. Холиқов маънии дурусти «тақлид»-ро ҳазм нокарда ин калимаро нодуруст фаҳмидааст. Чунки маънии он чунин аст: «1.  Пайравӣ ба амалу рафтори касе (бе мулоҳизаи некӣ ё бадии он). 2. Айнан такрор кардани рафтор ва тарзи гуфтори касе»(Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, ҷилди 2., Душанбе 2008). Аз ин ҷиҳат ба хусус тамоми донишмандони исломӣ ва шогирдону муридони онҳо ва ваҷҳи умум  тамоми мусалмонон аз Қуръону суннат ва фиқҳи гузаштагон ногузир тақлид мекунанд.

Чунки Худои таъоло тамомии онҳоро амр кардааст: «Агар худ намедонед, аз (уламои) аҳли Зикр (мӯъминони аҳли китоб) бипурсед» (Наҳл, ояи 43). Ва низ мефармояд: «Ва натавонанд мӯъминон, ки ҳамагӣ ба сафар раванд (барои фаро гирифтани улуми исломӣ). Чаро аз ҳар гурӯҳе дастае ба сафар нараванд, то дониши дини хешро биёмӯзанд ва чун бозгаштанд, мардуми худро ҳушдор диҳанд, бошад, ки аз зишткорӣ ҳазар кунанд.

Маънии дигари оят ин аст, ки шоиста нест, ки мӯъминон ҳамагӣ ба сӯй майдони набард берун бираванд. Аз ҳар гурӯҳе бархе аз онон ба корзор раванд ва бархе дигар дар Мадина ҳамроҳи Расули Худо(с) бимонанд ва илм биомӯзанд ва он илме, ки омӯхтаанд ба қавми худ биёмӯзанд, шояд қавмашон ҳам аз нофармонии Худо (Ҷ) ҳазар кунанд»(Тавба, ояи 122).

Ба ибораи дигар дар ҷаҳони имрӯз, ба хусус дар Тоҷикистон, шояд ҳадди аксар як дар сади мардум дониши исломиашон ба он дараҷа расидааст, ки тавони истинботи аҳкомро аз Қуръону суннат доранду боқӣ 99 дар сади дигар дар умури мазҳабӣ аз эшон тақлид мекунанд. Агар ба гуфти А. Холиқов ҳамаи ин мардум ба мисли бародарони салафӣ тақлидро инкор кунем, ҳараҷу мараҷ ва куну макунҳои зиёде пайдо мешавад, ки шариъати Илоҳиро халалдор месозанд. Дар ин сурат кӣ барои ин ҳараҷу мараҷ ҷавоб хоҳад гуфт?

Ё ин ки А. Холиқов иддао мекунад, ки «мо аз васфи таърихӣ даст кашида», яъне бузургдошти Имом Ғаззолӣ ва Имоми Аъзам, ки он ду аз бузургони мо ба ҳисоб мераванд, иштибоҳ буд? Холиқов бо ин иддаъо аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар симои президент таҷлил кардани ҷашни он ду фарзонаи миллати тоҷикро бо шукӯҳи хоса зери суол мебарад, магар не? Ростӣ,  ҷумлаи «бояд ба меросияти дурусти арзишҳои таърихӣ роҳ ёбем»-ро мо ҳар қадр мағз об кардем, нафаҳмидем, беҳтараш давоми ҷумларо худашон шарҳ диҳанд!

Холиқов ва беэътиноӣ нисбати тахриҷи оёти осмонӣ

А. Холиқов (саҳ. 125, ҳамон китоб) менависад: «Адл ва ҳақ тибқи таълимоти исломӣ низомест, ки дар паҳнои он Офаридгори бузург замину осмон, кайҳону сайёраҳоро офарид, ки «Ҷаҳон, замину осмон, ба ҳаққу адл барпост»(46, 3). (46 маънии рақами сураи Қуръонасту 3 маънии рақами ояи он, А.Н.)».

Аммо дар сураи рақами 46 ояи 3 чунин гуфта шудааст: «Мо осмонҳову замин ва он чиро, ки дар миёни он ду аст, ҷуз барҳақ  ва дар муддате муъайян наёфаридаем. Ва кофирон аз он чӣ бимашон медиҳанд рӯй мегардонанд». 

Мисоли дигар,  А. Холиқов (саҳ. 128) навиштааст, ки дар Қуръон омадааст: «ва  агар ҳукм кунӣ, пас дар миёни онҳо ба инсоф (адолат ҳукм кун! Ба дурустӣ, ки Худо адлкунандагонро дӯст медорад» (56: 42).

Лекин ҳангоми таҳқиқ дидем, дар сураи 56, ояи 42 чунин аст: «Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд».

Мисоли дигар, А. Холиқов (саҳ. 131) навиштааст: «Дар Қуръон омадааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, ба адолат фармонраво бошед, барои Худо гувоҳӣ диҳед, агарчӣ бар зарари хештан, ё падару модар ва хешовандони чи тавонгару чи фақир бошад (ба ҳар ҳол) Худо бар онҳо меҳрубонтар аст! Ва агар суханро печонед, ё рӯй бигардонед, пас, ба дурустӣ, ки Худо бар он чи мекунед, огоҳ аст».» (4, 135).

Вале ҳангоми ба сураи 4, ояи 135 муроҷиат кардан дидем, ки он тавр нест, балки чунин аст: «Маҳри занонро ба тиби (майли) хотир ба онҳо бидиҳед. Ва агар порае аз онро ба ризоят ба шумо бахшиданд, бигиред, ки хушу гувороятон хоҳад буд».

Мисоли дигар, (саҳ. 128) Холиқов менависад: Сураи Бақара, ояти 180. «Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро мерасад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсон васият кунед. Ва ин шоистаи парҳезгарон аст».

Ҳол он, ки дар ин ояи карима  ибораи «аз рӯи инсон» бар зиёд аст ва он дар аслу маънии ояи карима вуҷуд надорад ва бадбахтона чунин иштибоҳоту «илова»-ҳо аз ҷониби муаллиф дар он китоби «дарсӣ» зиёданд.

Холиқов носихро аз мансух фарқ намекунад?

Муаллиф дар бораи категорияи меросхӯрон дар Қуръон бо зикр ин (саҳ. 128): «Сураи Бақара, ояти 180. «Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро мерасад ва моле бар ҷой гузорад, муқарар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсон васият кунед. Ва ин шоистаи парҳезгарон аст».

Шарҳ. Дар ин оя ду муъёри (Магар меъёр нест? – А.Н.) ҳуқуқӣ маҳфӯз аст: 1. Ҳар шахс ӯҳдадор аст,  пеш аз марг он моле, ки дар тасарруфи хеш дорад, ба мерос ба шахсе васият кунад. Яъне васият ҳатмӣ барои мӯъминин муқаррар мегардад. 2. Дар оят категорияи меросхӯрон, падару модар ва хешовандон муқаррар гардидаанд».

Ҳол он, ки Имом Табарӣ дар тафсири худ «Ал-ҷомеъу ли аҳкомил Қуръон»(чопи 2006, тавассути муассисаи «Ар-рисолат», ҷузъи 3, саҳ 99) дар шарҳи ин ояи карима мегӯяд, ки Ибни Аббос ва Ҳасан (Ҳасани Басрӣ) ва низ Қаттода гуфтаанд:  ин ояи ом аст ва барои чанд муддат ҳукми он мавриди амал қарор дошт ва бо нузули ояи фароис ҳар яки (ҳукми) он, мансух гардид. Табарӣ низ бо нақл аз дигарон ёдрас мешавад, ки худи ҳазрати Муҳаммад(с) низ ҳангоми маргаш васият накард».  Аз ин бар меояд, ки агар васият ҳатмӣ мебуд, худи соҳиби шариъат ҳазрати Муҳаммад(с) васият мекарданд. Пас ба кор гирифтани оёти мансуха ба сифати далел қобили қабул нест!

 Холиқов Қуръон ва аҳкоми шаръиро намедонад?

А. Холиқов дар бораи никоҳ бо зинокорон иддао мекунад, ки: «Ҳатто, тибқи баъзе таълимотҳо уламо нисбатан қатъитар ҳукм ронданд, ки бо зинокор, чи мард бошад ва ё чи зан бастани ақди никоҳ манъ аст».

Тавре Холиқов даъво мекунад ва қисме аз иддаоҳои ӯро дар бахши тақлид зикр кардем, ки ба гуфти ӯ баъзе аз уламо ҳатто Ю. Қарзовӣ баъд аз тақлид ба ақл рӯй меоранд, бояд изҳор кард, ки ҳангоми ҷустуҷӯ ва истинботи аҳкоми шаръӣ кори чунин донишмандони исломӣ дуруст аст. Ин даъвои А. Холиқов дар мавриди никоҳ бо зинокорон номаъқул ва номақбул аст.

Чунки уламои исломӣ беруҷуъ кардан ба Қуръону суннат, аслан, ҳаққи фатво ва ҳукм карданро дар масоили шаръӣ надоранд. Ин ҳукмро низ дар бораи зинокорон уламо содир накардаанд, балки Худои таъоли дар ояи 3-уми сураи Нур чунин ҳукмро дар бораи зинокорон ин тавр зикр мекунад: «Марди зинокор ҷуз зани зинокор ё мушрикро намегирад ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик намегирад. Ва ин (амр) бар мӯъминон ҳаром шудааст».

Холиқов ба «Фиқҳи Акбар» ва Имоми Аъзам шубҳа мекунад?

А. Холиқов (саҳ. 350) иддао мекунад, ки худи Абӯҳанифа дар «Ал фиқҳ-ал-Акбар» Қуръонро на махлуқ, балки холиқ шумурда, ҳамчун китоби Худованд раҳнамои мӯъминин эътироф намудааст».

Ба маълумоти муаллиф мерасонем, ки мавзӯъи халқи Қуръони карим дар замони Имоми Аъзам Абӯҳанифа чуноне, ки ҷанобашон мефароянд, матраҳ набуд, худи Имоми Аъзам ҳам дар китоби худ «Ал-Фиқҳ-ул-Акбар» дар бораи холиқ будани Қуръон чизе нагуфтааст. Ҷаноби Холиқов, ин сухани шумо дар бораи «Ал-Фиқҳ-ул-Акбар»  тӯҳмат аст.

Назари Абӯҳанифа дар мавриди Қуръон тавре, ки дар китобаш «Ал-Фиқҳ-ул-Акбар» омадааст, чунин аст: «Валқуръон каломуллоҳи таъоло фил масоҳифи мактубун ва фил қулуби маҳфӯзун ва ъалал алсини мақрун ва ъаланнабийи ъалайҳис-салоту вас-салому муназзалун ва лафзуно билқуръони махлуқун ва китобатуно лаҳӯ махлуқатун ва қироатуно лаҳӯ махлуқатун вал-қуръон ғайру махлуқин»(яъне, Қуръон каломи Аллоҳ таъолост, ки дар саҳифаҳо навишта шудааст ва дар қалбҳо маҳфӯз асту рӯи забонҳо хонда мешавад ва бар Набӣ дуруду салом бар ӯ нозил шудааст ва талаффӯзи мо ба Қуръон махлуқ аст ва навиштани мо барои ӯ махлуқ аст ва хондани мо барои онро махлуқ аст ва худи Қуръон ғайримахлуқ мебошад).

Дар ин маврид муфасалтар хонанда метавонад ба китобҳои ақидатӣ, аз ҷумла «Ал-Фиқҳ-ул-Акбар» ва шарҳҳои он, Ақидаи Таҳовӣ, Шарҳи Ақоиди Аҳли суннат ва дигарон муроҷиат фармояд.

Ба ҷаноби Холиқов пешниҳод мекунам, ки вақте дониши мукаммали исломӣ надоред, аслан ҳаққи дахолат кардан дар умури шаръиро бо ин насақ надоред ва мардумро бо каҷфаҳмию камфаҳмии худ гумроҳ накунед, ба хусус донишҷӯёнро! Чун ки ин миллат аз онҳо хеле интизориҳоро дорад.

Аз мутолиаи ин китоб маълум мешавад, ки А. Холиқов, на танҳо дар соҳаи дин дониши мукаммали динӣ-исломӣ надорад, балки забони арабиро низ намедонад. Ин надонистани забон мушкили ӯро дар рафти гирдовардани маълумот беш аз пеш зиёд кардааст. Ӯ аз наҳви забони арабӣ ҳатто ҷумлаҳои исмияро, ки нахустин зинаҳои омӯзиши забон аз он шурӯъ мешавад, намедонад. Ба ҳамин хотир ҳангоми зикри ибораҳо по дар ҳаво менависад.

Мисол: «Рияз-ас-солиҳин»(саҳ. 313, ҳамон китоб), «Ал фиқҳ-ал-Акбар» (саҳ. 350, ҳамон китоб), «Ас-сияр ал Кабир»(саҳ. 451, ҳамон китоб), дониши А. Холиқов дар ин замина он қадар кам аст, ки ҳатто қудрати тамиз ва фарқ кардани мубтадову хабарро дар ҷумлаҳои исмия надорад. Ин номҳо, ки аз як ибораи арабии ду калимагӣ таркиб ёфтаанд, ҷумлаҳои исмӣ ном доранду барои ҳамеша мубтадову хабари онҳо марфӯъ аст, яъне, Рияз-ус-солиҳин, Ал фиқҳ-ул-Акбар ва Ас-сияр-ул-Кабир ном бурда мешаванд ва шакли дурусти навишташон низ ҳамин аст, на чуноне, ки А. Холиқов зикр кардааст.

Дар илми сарфи забони арабӣ низ А. Холиқов мелангад. Мисол: «Фақеҳони таассуб»(саҳ. 106, ҳамон китоб), «занони ҳамлро»(саҳ. 207, ҳамон китоб). Бояд гуфт, ки таасуб ва ҳамл исманд на сифат ва ҳангоми он дуро ба шакли сифат таблид доданд шакли арабиаш мутаассиб ва шакли дигараш таассубгаро ва ҳамл, низ ба ҳомила бояд иваз шавад.

Дар робита ба сиҳҳати аҳодиси дар ин китоб зикр шуда баҳс намекунам, чунки аксари кулли ин ҳадис бе зикри санад ва матн оварда шудаанд ва дар хусуси сиҳҳату носиҳҳати онҳо аслан ҳарфе гуфта нашудааст.

Боварӣ ҳам надорам, ки ҳадди аксар нисфи ин ҳадисҳо ҳам бо шакле, ки зикр шудаанд, саҳеҳ бошанд. Ба хотири сарфи вақт ва сиёҳ накардани ин саҳифа қисмати ҳадисро ба ӯҳдаи донишмандони исломӣ ва исломшиносони кишвар вомегузорам. Умедворам, ки эшон назари худро дар ин маврид хоҳанд гуфт.

Як муаллифу чанд услуб ва ё баракс?

Чизе, ки ҳангоми мутолиа барои як хонанда норӯшан боқӣ мемонад, ин аст, ки оё ин китоб заҳмати як нафар аст ва ё хайр? Чунки таҷриба нишон додаст, ки як муаллиф барои диққати хонандаро ҷалб кардану услуби нигориши худро дар зеҳни ӯ ҷо кардан одатан як услуби тахриҷи сарчашмаҳо, оятҳои қуръонӣ ва аҳодиси Набавиро ба кор мабарад. Аммо дар ин китоб танҳо дар тахриҷи оятҳои Қуръони карим беш аз панҷ услуб ба кор гирифта шудааст: барои мисол:

1. «(Сураи 45, оёти 18-17(мобаъд танҳо рақамҳо), ин чунин нигаред 42: 13-11»(саҳ. 52, ҳамон китоб). 2. «(45. оя. 18.) ва бо иловаи ишора дар ҳошия: Қуръони Карим. тарҷ. Маҳдии Қумшоҳи,-Теҳрон:1370 (саҳ. 74, ҳамон китоб)». 3. «Сураи «Бақара», ояи 236»(саҳ. 206, ҳамон китоб). 4. «Дар ояи 8, Сураи Ҳашр омадааст:» (саҳ. 231, ҳамон китоб). 5. «Дар Қуръони, дар сураи «Нисо», ояи 19, рукӯъи се омадааст:» (саҳ. 283).

Илова бар оятҳои қуръонӣ чизи дигаре, ки аз як муаллиф доштани ин китоб зеҳни хонандаро халалдор месозад, бо иловаи тарзи услуби баён ва шакли ҷумлабандӣ, истифодаи номи Ҳазрати Парвардгор бо забони тоҷикию арабӣ мебошад. Барои мисол муаллиф номи Офаридгори оламро дар мавқеъ (саҳ, 19, ҳамон китоб) бо ҳарфи хӯрд яъне, «худованд», «илоҳӣ» ва дар ҷойҳои дигар бо ҳарфи калон Худо, Худованд, Офаридгор навиштааст. Лафзи арабиашро (дар саҳифаи 40 ва ҷои дигар) «Оллоҳ» менависаду дар боқимонда мавридҳо «Аллоҳ» ва ғайраву ҳоказо…

Банда бо ин муште аз хирмани «Ҳуқуқи Исломӣ»-и, А. Холиқов, гуфтанӣ нестам, ки он аз камбудиву норасоиҳо орӣ намебошаду он сад дар сад ва ҳамчун амонатдор дар тарҷимаи оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар(с) ҳаққашро адо кардаасту нукта ба нукта онҳо бо асли матн санҷида баромадааст, не воқеан чунин накардааст. Дар тарҷимаи оятҳои Қуръонӣ камбудӣ хеле вуҷуд дорад ва дар аҳодиси паёбар (с) бошад зиёдтар.

… аммо на хулоса

Бо ин ҳама намегӯям, ки дар ин китоби «дарсӣ» бо чи далелу мантиқ муаллиф аз ақоиди Арастуву Афлотун ва ғайраҳои тоисломӣ то ховаршиносни ғарбӣ… ва таърифу тавсифи шоирони классик бо зикри порчае аз абёташон меорад? Саҳифапуркунӣ ё худнишондиҳӣ, ки мана ман инҳоро низ медонаму мешиносам.

Ба навиштаи ин китоб, Китоби мазкур (Ҳуқуқи исломӣ) бо тавсияи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07. 2010 таҳти рақами №3-01/130 ба чоп расидааст. Ва бо Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ барои Донишкадаи исломӣ ва факултетҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба чоп тавсия шудааст. Воаҷабо, вақте кас раис мешудааст, китобаш беташхису баррасии донишмандони асили соҳа дар ҳол барои чоп ва тадрис тавсия мешудааст?

Умедворам, ки баъд аз чопи ин матлаб, олимони саршиноси кишвар, донандагони хуби Қуръон, Ҳадис ва мазҳаби Ҳанафӣ ба ин китоб бо назари нақд аз нигоҳи инсоф менигаранд ва ба хонанда мегӯянд, ки чӣ китоберо дар даст доранд. Ҳамчунин уме даст, ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф Қарорашро бознигарӣ мекунаду дигар донишмандони асили исломӣ низ ба нақду баррасии ин китоб камар мебанданд.

Ҳамчунин бо мутолиаи ин китоб, ки банда онро ҳаргиз арзишманду лоиқи тадрис намеҳисобам, хонанда бо суҳулат дармеёбад, ки муаллиф андешаҳои мухталифро аз ақоиди рофизия, муътазила, шиъӣ, салафия ва ғайра истинод карда, ба онҳо такя мекунад ва мазҳаби аҳли тасаннунро аз ташаййуъ поинтар мебинад ва низ дар аркони имон як рукни дигар, яъне имон овардан бо имомони аҳли ташаййуъро аз ҷумлаи воҷибот медонад…

Амонулло Наҷмиддинзода



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi