14:58:59 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАМОЗИ ИМОМИ ТАҲМИЛӢ ВА ТАЪИНӢ ҚАБУЛ НЕСТ?

Абдуллоҳи Шомдон, як сокини шаҳри Душанбе, ки ба гуфташ, дар маҳаллаи Сари Осиёи пойтахт  зиндагӣ мекунад, ба хабарнигори шумо, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», занг зада гуфт:

 

33-Ман аз хурдсолӣ дар масҷиди маҳаллаамон намоз хонданро шурӯъ кардам ва бо гузашти беш аз даҳ сол, дар вақти намози ҷумъа хондан бо мардуми маҳалла ба як имом иқтидо мекардем. Ин имоми маҳалла - Аъзамхонов Ҳабибуллоҳро, ки собиқаи 18 каратаи ҳаҷро Худованд ба ӯ арзонӣ доштааст, аз хурдӣ хуб мешинохтем ва ҳангоми намоз хондан низ ба ҳамон имом иқтидо карда оромиши рӯҳии худро пайдо мекардем. Аммо бо барканор шудани имомхатиби қаблӣ ва таъин шудани имомхатиби нав, Абудҷалол Ализода,собиқ ректори Донишдакаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам(р), оромиши рӯҳие, ки дар вақти намоз дар мо пайдо мешуд, дар чанд ҳафтаи ахир ҳамон оромишро гум кардам.  Гуфтам, шояд айб дар худи ман бошад, ки ҳангоми адои намоз одоб ва аркони онро дуруст ба ҷо намеорам. Дар чанд ҷумъа, ҳангоми адои намоз кӯшиш кардам аз умури дунё фориғ бошам.

 

Одобу аркон ва хулоса тамоми воҷиботи намозро то ҷое, ки медонистам, ба ҷо овардам, аммо бо ин вуҷуд оромиши гумкардаамро дубора пайдо карда натавонистам. Барои ба даст овардани ҳамон оромиш аз чанд нафар ҳамсолон ва дӯстон, ки якҷо бо онҳо намози ҷамоатро мехондем, пурсидам ва масъаларо ба онҳо ҳамин тавар фаҳмонидам. Маълум шуд, ки чанде аз онҳо низ ба ҳамин ҳолат гирифтор шудаанд. Ба ҳамин хотир пурсиданиям: «Дар  ҳамин ҳолат, масҷиди маҳалларо тарк карда, рафта дар дигар масҷид намоз хондани ман, аз нигоҳи шариъат, чӣ ҳукм дорад?»

 

Барои пайгирии ин мавзӯъ мо нахуст ба суроғи собиқ имомхатиби масҷиди ҷомеъи Сари Осиёи пойтахт рафта, ин суолро ба ӯ пешниҳод кардем. Номбурда дар посух  гуфт:

 

- Аслан агар имоми масҷид ҷалбкунандаву қонеъкунандаи ниёзҳои рӯҳии мо бошад, аз ин масҷид ба дигар масҷид рафтан кароҳият дорад. Макрӯҳ ба он маъност, ки сабаби кам шудани сафи намози ҷамоат мегардад. Агар раваду ҳамон ниёзҳои динияшро қонеъ карда наметавонад, дар ин ҳолат, ба мақсади қонеъ кардани ниёзҳои динияш аз ин ҷо ба дигар ҷо, агар хубтару беҳтар бошад, равад, зарар надорад. Ба шарте, ки нисбат ба ҳамон уламои дар маҳалааш буда, ягон буғзу адоват ва кинаву бадбинӣ дар дил надошта бошад.

 

-Дар сурате, ки як қавм аз имоми худ, ки ба он иқтидо мекунанд, хушбин нестанд, намехоҳанд аз пушти чунин имоме намоз бихонанд, ҳукми намозашон чист?

 

222-Аввал бояд бигӯям, ки тибқи мазҳаби ҳанафӣ аз пушти ҳар имоми некӯ баде иқтидо кардан ҷоиз аст. Ҳамон тавре, ки мо ҷанозаи ҳар некӯ бади мусалмонро мехонем. Дигар ин ки агар аз як ҷои дигар (як муллоро) оварда таҳмилӣ таъин карданд. Гарчанде мо аз рафтору аз ахлоқи ин имом мо хушнуд нестем, лекин  дигар чорае надорем, имконияти эътирозе надорем, дар ин ҳалат намози мо аз пушти он дуруст мешавад. Ҳар камбудиву нуқсоне, ки дар намоз мешавад, дар зиммаи ана ҳамон имоме, ки  ӯ аркону воҷиботи намозро комил иҷро карда наметавонад, мебошад. Бинобар ҳамин имоматии як инсоне, ки қавм маъқулаш нашуморанд, аслан макрӯҳ аст!

 

Бояд, ки имом як шахсе бошад, ки мардум онро бо як хурсандӣ, бо як итмиънон қабул кунанд. Аз имомативу, аз қироату адои рукнҳои намози ӯ хушҳол бошанд. Дар он ҳолат намозхонҳо ба як итмиънони комил ба Парвардгор  дар дастаҷамъӣ розу ниёз мегӯянд. Дар сиёсати имрӯзаи мо таъини имомҳо дар ҳамон коғаз ҳаст, ки аз ҷониби мардум интихоб карда мешаванд. Ҳамаи онҳо (имомхатибҳо, А.Н.) таъинӣ ва таҳмилӣ мебошанд. Мардуми масҷидҳо имрӯз худашон имконияти  интихоби имоми мехостагиашонро  надоранд ва худашон имомашонро низ таъин карда наметавонанд.

 

- Оқои домулло, шумо таъинӣ ва таҳмилӣ гуфтед, оё аз нигоҳи шариъат мо дар таърихи ислом шоҳид дорем, ки барои мисол, ҳазрати Муҳаммад (с),  хулафои рошидин ба мисли Абӯбакру Умар ва Усмону Алӣ (р) ва фуқаҳои ислом ҳаммонанди Имом Молику Аҳмади Ҳанбал, Имоми Аъзаму Шофеъӣ ва ё шогирдони онҳо ба ҳамин кор даст задаанд? Яъне онҳо дониста як шахси ба як қавм номаъқулро болои онҳо таъину таҳмил карда буданд?

 

-Албатта, Паёмбари Худо (с) ва чорёронаш дар замони хилофати худ волиҳоро таъин мекарданд. Яъне ба ҳар шаҳре, ки волӣ-ҳоким мефиристоданд, волӣ ҳамчун имом ва ҳам хатиб раёсату сиёсати шаҳрро бар ӯҳда дошт. Онҳо қабл аз фиристодан волиро месанҷиданд, имтиҳонаш мекарданд. Қабл аз таъин кардан бо Худои худ истихора мекарданд. Яъне зоҳири волиро дида, ду ракаъат намоз мехонданд ва баъд аз он ба Худо мутаваҷеҳ шуда, барои пок будани ботини ӯ аз Худо дар ин хусус масъалат мепурсиданд…

 

-Дар шариъати исломӣ барои таъин шудани имом сину сол ҳам ба инобат гирифта шудааст ё хайр?

 

-Дар шариъати ислом, имом бояд шахсе бошад, ки аз тамоми шикасту рехти намоз бохабар бошад. Намоз фарз дорад, воҷиб дорад, суннат дорад, мустаҳаб дорад. Намоз феълҳои ҳаром, муфсид, макрӯҳ дорад. Қироату савти имом беҳтару хубтар бошад. Синну соли имом нисбат ба дигар ҷавонҳо болотар бошад. Ба он дараҷае калонсол набошад, ки дар ҳангоми рукӯъ, суҷуд мушкил дошта бошад.

 

Дар посух ба суоли Абдуллоҳ, Саидов Абдулбасир, сархатиби масҷиди ҷомеъи Шоҳмансур, назари фарқкунанда дорад. Ӯ мегӯяд:

 

- Дар чунин ҳолат намози Абдуллоҳ сад дар сад дуруст аст. Вақте бубинад, ки имоми масҷиди дар ҳамсоя будааш ботақвотару хубтараст, рафта дар он ҷо намозашро бихонад боке надорад.

 

- Оқои домулло, суоли асосии оқои Абдуллоҳ чунин аст: «вақте, мо  оромишро  аз намоз ба даст намеорем, нофор-нофор аз пушти ҳамин имом намоз хондани мо чӣ ҳукм дорад? Ва боз ба нияти эътироз рафта дар дигар ҷо намоз хондан, ҳукмаш чӣ мешавад?

 

- Агар дар дигар ҷо намоз бихонанд ягон боке надорад. Ва инчунин бо вуҷуди он ки оромишро  аз пушти имоми масҷиди худашон ба даст наоранд ҳам, вале намозашонро дар маҳаллаи худ бихонанд, ҳамон савоби намозро мегиранд. Лекин асли масҷид, ки барои рафтану як оромиш ҳосил кардан аст, метавонад дар чунин ҳолат ба масҷиди дигаре, ки наздик бошад, бе кадом шубҳа рафта намозашонро дар онҷо бихонанд.

 

- Оқои Абдулбасир, баъзеҳо мегӯянд, ки имомони маҳаллаашон таҳмилӣ ва таъинӣ ҳастанд. Ин матлабро домулло Ҳабибуллоҳ низ дар сӯҳбат бо мо таъкид доштанд. Як қавм  аз пушти нафаре намоз хондан мехоҳанд, ки тақво ва кӣ будани онро донанд. Аммо ин чиз ба онҳо даст намедиҳад. Шахсе таъинӣ ва ё таҳмилӣ  ба ҷои он пайдо мешавад. Худи имоми таъинӣ ва таҳмилӣ низ хуб медонад, ки қавми ин масҷид аз ӯ розӣ нестанд. Пас дар ҳамин ҳолат намози худи шахс-ҳамин имоми таъинӣ ва ё таҳмилӣ чӣ мешавад?

 

-Дар ин сурат барои имом ҳукми вазнин аст. Масалан касе бидонад, ки мардум онро бад мебинанд, ҳатто намозаш ҳам қабул намешавад, ҳамин хел заҷрҳо нисбат ба чунин имом ҳаст. Яъне, дар ин ҳолат намози мардум қабул мешавад, онҳо савоби намозро мегиранд, намози имом низ қабул мешавад, аммо намози имом беподош мемонад.

 

Сархатиби кунунии масҷиди ҷомеъи Сари Осиёи пойтахт, Абдуҷалол Ализода ба пурсиши Абдуллоҳ ҷавоб худро дорад. Мавсуф дар сӯҳбат бо мо гуфт:

 

-Ҳар кас соҳибихтиёр аст, ки дар куҷо ва дар кадом масҷид намоз мехонад. Ин нест, ки ҳатман дар ҳамон масҷид биояд намоз бихонад ва ё дар он намоз нахонад, ихтиёри онҳост. Аз нигоҳи фиқҳӣ низ ягон масъала намеуфтад, ки дар  ҷои дигар намозашон намешавад. Онҳо рафта аз Раёсати фатво дар Маркази исломӣ, ки на он қадар дур аст, метавонанд расман посухашонро бигиранд.  Дуруст, мумкин як кас барои  каси дигар маъқул намешавад, лекин хайр ин ҷамъият аст.

 

Агар ягон масъалаи ҷиддӣ бошад, масалан намозро вайрон кардан, ин масъали дигар аст,  Аз рӯи ягон аркони намоз, аз рӯи меъёрҳои фиқҳии намоз эрод дошта бошанд, ҳақ доранд барои ислоҳ омада моро огоҳ кунанд. Ин намоз аст, ибодат аст, мо ҳама инсонем ва ин масъала ислоҳталабу ислоҳшаванда аст. Лекин дар робита ба дили онҳо, қалби онҳо, ки дар ихтиёри худашон аст, мо  ҳеҷ чиз гуфта наметавонем. Дар ин хусус онҳо метавонанд ба Раёсати фатво муроҷиат кунанд, аз он ҷо ҷавоби расмӣ хоҳанд гирифт.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi