УСТОД НУРӢ ДАР ҶУСТУҶӮИ МАЪРИФАТ
Имрӯз, 15-уми март, ба рӯзи таваллуди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ 64 сол пур мешавад. Панҷумин баҳораст, ки дар ин рӯз абрҳои осмони оромгоҳи Сари Осиёи Душанбе болои лолаҳои хунинҷигари сари гӯраш дурри ашк мерезанд. Панҷ сол муқаддам дар ҳамин рӯз мусоҳибаеро, ки бо устод Нурӣ тақрибан нӯҳ сол пеш дар бораи муносибати ӯ бо устоди марҳумаш Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ анҷом дода будам, бори аввал дар ҳафтаномаи «Фараж» ба табъ расондам. Ин мусоҳиба дигар дар ягон ҷо ба нашр нарасидааст. Азбаски дар ин мусоҳиба муносибати ду шахсияти машҳур ва таърихии кишварамон мавриди инъикос қарор гирифтааст, лозим донистем, ки дар ин рӯзи ёдбуди устод Нурӣ онро бори аввал дар шабакаи байналмилалии Интернет пешкаши муштариёни сомонаи «Рӯзгор» бинамоем ва дуъо мекунем, ки Худованди карим арвоҳи ин ду абармарди миллатро шод ва хонаи охираташонро обод нигаҳ дорад. Омин ё Раббалъоламин.
Шукри Парвардигори бузургро мекунам, ки маро бо устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯ ба рӯ карду солҳо дар паҳлӯяш будаму аз фазилату маърифати ин абармарди асри 20-и миллат баҳравар ва комёб гардидам. Агарчи замоне ба ном мушовиру сухангӯяш будам, вале дар асл ӯ буд насиҳатгару ҳидоятгари ман, ӯ буд, ки тарзи ба дӯсту душман сухан гуфтанро ба ман меомӯхт, ӯ буд, ки фарқ кардани сиёҳиро аз сафедӣ ба ман таълим медод, ӯ буд, ки ҳамеша рафтан ба роҳи ростро ба ман талқин мекард, ӯ буд, ки маро ба ҳимояи адлу инсоф дар зиндагӣ даъват менамуд.
Ҳазорҳо бор шукр мегӯям Парвардигори бузургро барои ин бахти баланде, ки насиби ман гардонд. Устоди бузургвор уқёнуси бекаронеро мемонданд, ки қаъри он пур аз садафу марвориду гавҳари ноби маъонӣ буд. Ҳамин, ки фурсати муносиб пайдо мешуд, мисли ғаввосон мекӯшидам аз ин Уқёнуси маънӣ ҳарчи бештар дурру марвориди суханро берун орам ва дар сандуқи хотираҳо ҷо кунам, то баъдан онҳоро пеши пои ақлу хиради Шумо, азизони дил-хонандаҳои гиромиям, ба нишонаи сипоси бепоён ба Худои бузург барои ин бахти баланд, бияфшонаму нисор созам.
Дар навбати аввал мехоҳам якчанд мусоҳибаеро, ки дар бораи шахсиятҳои шинохта бо устод Нурӣ анҷом додаам ва то ҳол дар ҳеҷ куҷое ба нашр нарасидаанд, бароятон пешкаш намоям. Мусоҳибаи аввал дар бораи ҳазрати Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ мебошад, ки худораҳматӣ олими бузурги дини ислом ва устоди аксари уламои маъруфи имрӯзи кишвар, азҷумла Саид Абдуллоҳи Нурӣ буданд.
- Устоди бузургвор, Шумо кай аввалин маротиба номи ҳазрати Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷонро, ки бо тахаллуси Ҳиндустонӣ машҳур аст, шунидед ва кадом вақт буд, ки шогирди он кас шудед?
- Мо пеш аз ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон дарс, таълиму тарбияро дар пеши падарамон гирифтаем. Ва аз сабаби он, ки дар хона хондану таълим гирифтан як зарра мушкилот дошт, яъне аз як тараф ҳавасҳои ҷавонӣ моро машғул медоштанд, аз тарафи дигар вазъияти иқтисодии худи деҳот маҷбур мекард, ки масалан, ба пахтачинӣ биравем, бо корҳои колхозу савхоз машғул бошем, падари мо ба чунин як хулоса омад, ки ҷои таҳсили моро дигар кунад. Дар он вақт шӯҳрату сифати ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон ҳамаро фаро гирифта буд.
Махсусан, фикр мекунем, ки дар тарафи мо тавассути акаи домулло Додарҷон сифатҳои ин шахсияти бузург расида буданд. Чунки домулло Додарҷон дар зимн яке аз шогирдони падари ман низ буданд. Бинобар ин фазилати ин шахси бузургро расонданду қиблагоҳам хост, ки мо дар хизмати ӯ бошем. Ба фикрам соли 1965-ум буд. Мо бо саъю кӯшиши падари бузургворамон, Худо раҳматаш кунад, омадем хизмати ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон раҳматуллоҳи алайҳ ва дар сӯҳбати ӯ будем. Мо дар он замон муллоро ҳамчун як одаме, ки аз рӯи одат бояд риши бузург дошта бошаду саллаи калон ва ба ин монанд фикр мекардем.
Вақте он касро дидем, ки на салла дошту на риши калон, як гуна дар назари ман тааҷҷубовар буд. Ва фикр кардам шояд, ки аз ин кас дида падари худам муллотар бошад. Чун зоҳири падарам ба муллогиву рӯҳонигӣ аз он кас дида хубтар буд. Ба ҳар ҳол он вақт падари мо аз он кас хоҳиш карданд, ки маро бо хидматашон қабул кунанд. Он кас аз падарам пурсиданд, ки фарзандатон чӣ хондааст ва чӣ нахондааст. Он вақт аз Фиқҳ мо дар пеши падарамон Ҳидоя хонда будем, аз Сарфу Наҳв Сарф ҳам хонда будему «Авомил» - у ин чизҳоро.
Мавлавӣ гуфтанд, ки бояд «Эълол» бо услубе, ки дар назди он кас хос буд, аз нав хонда шавад. Аз ҳамин сабаб яке аз шогирдони худашонро, ки онҷо нишаста буданд, ҳазрати домулло Сиёмиддинро, муваззаф сохтанд, ки «Эълол»-ро ба ман дарс диҳанд. «Эълол», яъне илми сарф. Ҳазрати Мавлавӣ раҳматуллоҳи алайҳ бо истилоҳи худашон «Эълол» мегуфтанд. Яъне илми Сарф буд, Сарфи арабӣ. Ва мо хидмати домулло Сиёмиддин будем ва Эълолро пеши он кас хондем баъзан китобҳои ибтидоии Наҳвро он ҷо хондем.
- Инҳо ҳама барои Шумо дарсҳои такрор буданд?
- Не, инҳо дарсҳои такрор набуданд, чизҳоеро, ки хондем, чизҳои ҷадид буданд. Махсусан дар робита ба Наҳв ин чизҳои нав буданд. Ҳамзамон аз адабиёти исломӣ ғазалиёти Ҳофиз, «Гулистон»-у, «Бӯстон» -и Шайх Саъдиро бо шарҳи мазмунаш мехондем. Ва ҳамчунин дарсҳои Бедил, ки аз тарафи ҷаноби Мавлавӣ дода мешуданд, тавассути устодамон ҳазрати Сиёмиддин ба мо интиқол мешуданд. Вале ман рӯз ба рӯз бештар шефтаву хоҳони шахсан ҳузур доштан дар дарсҳои ҷаноби Мавлавӣ Муҳаммадҷон раҳматуллоҳ алайҳ мегаштам. Ва гоҳ – гоҳе ба зиёраташ мерафтам. Дар пешаш менишастам ва ба саволҳои худ, масалан аз илми Наҳв ё аз илми дигар, мисол Тафсир ё Ҳадис барои худ ҷавоб мегирифтам. Боре хоҳиши аз худи ҳазрати Мавлавӣ дарс гирифтанро ман ба он кас бо як ғазале баён кардам, ки феълан чанд мисраъаш ба ёдам мерасад:
Маро як ҷуръа з – он лабҳои майгуни ту бас бошад,
Таматтӯъ аз ҳадиси ту дар ин олам ҳавас бошад.
Ба васлат ваъдаям додӣ, ки барбандем маҳмилҳо,
Аз онам дӯстӣ оё ба овози ҷарас бошад?
Мутаассифона, мисраъҳои баъдӣ фаромӯш шуданд, вале байти охираш дар ёдам ҳаст:
Машав навмед, Абдулло зи даргоҳи асалдорон,
Намедонӣ магар ҳарҷо асал бошад, магас бошад.
Бо ин ғазал мехостам, ки худи эшони Мавлавӣ Худораҳматиро, ки ҳамзамон як шоир ҳам буданд, шеърҳои зиёд ҳам навиштаанд, он кас худ маро даъват кунанд. Аз ин ғазал ва рафту омади ман ҳазрати Мавлавӣ аз ҳоли дилам огаҳ шуданду гуфтанд, ки мо дар ин хона шароити барои бисёриҳо дарс гуфтанро надорем. Вақте, ки ҷои дарсамон муайян шуд баъд ҳамон вақт шуморо даъват мекунем. Ман ҳам бо ишора ба ҳамин гуфтаҳои ҳазрати Мавлавӣ мисраъҳои зеринро навишта будам:
Ба васлат ваъдаям додӣ, ки барбандем махмилҳо,
Аз онам дӯстӣ оё ба овози ҷарас бошад?
Яъне, мунтазир ҳастам, ки кай ҷарас фарёд медорад, ки барбандед маҳмилҳо. Баъдан ҷои дарсро таъин карданду мо даъват шудем дар як ҳалқаи дарсе, ки ҳазрати эшони Мавлавӣ онро мебурданд.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>
-
22.03.2026 15:28
469
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
453
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
587
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
349
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
378
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
460
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
260
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
987
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1027
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
713
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1396
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2319
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
131
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
292
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
323
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:35
188
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
221
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
368
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
897
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1217
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1165
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2312
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2370
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3390
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
530
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1883
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2029
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
993
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1177
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1150
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
20.06.2026 13:32
225
Чемпионати ҷаҳонии соли 1954
-
18.06.2026 22:55
199
Натиҷаи бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол 2026 (16-18 июн)
-
17.06.2026 16:26
194
Чемпионати ҷаҳонии футбол 1950
-
14.06.2026 14:06
337
Юрий Гагарин: Аввалин садои инсон аз кайҳон
-
11.06.2026 00:58
284
Аша Бхосле - Садои ҷовидонаи Ҳиндустон
-
07.06.2026 12:05
413
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон










































