20:38:40 31-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июл 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МӮЪҶИЗАИ АШТ

 

Аз маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон роҳи деҳаи Понғозро пеш гирифтем. Рости гап, манзараҳои табиати ин гӯшаи зебоманзари диёри азизамон маро дар ҳар сари қадам мафтуну шефтаи худ мекард. Мехостам, ки ҳар лаҳза мошинро аз ҳаракат боз дораму аз тамошои сангу кӯҳ, марғзору чашмасорони ин мавзеи биҳиштосо лаззат бубарам, чашму ақлу дилу ҳушро ғизои рӯҳӣ бидиҳам. Дар ҳар як мижа задан ба хаёлам шоҳкории Наққоши азалро он ҷо медидам. Кӯҳҳои бовиқору ҳавои мулоиму обҳои ширини ин хитаи зебо бори як ҷаҳон маъниро бо худ мекашиданд. Табиати ин ҷо гӯё бо забони безабонӣ мегуфтандам, ки акнун фаҳмидӣ, ки чаро дар байни мардуми ин диёр афроди барӯманду донишманданду соҳибкирому соҳибназар чӣ қадар зиёданд. Моту мабҳути табиати фусункор будам, ки овозе ба гӯшам расид:

 

«Расидем, ин аст масҷиди «Нури имон!». Чун ба тарафи ишора намудаи раҳбаладам домулло Қурбоналӣ нигоҳ кардам қариб буд, ки фаромӯш кунам дар куҷоям. Лаҳзае гумон кардам, ки дар яке аз зеботарин кӯча ва ё растаҳои Самарқанд ва ё Бухороям. Худоё, Туӣ Қодиру Тавоно! Он чиро ки ман дар яке аз гӯшаҳои дурдасттарини кӯҳистон дидам ҷуз мӯъҷизаи Илоҳӣ чизе дигаре наметавон гуфт. 

Мӯъҷизае, ки бандаҳояшро барои офаридани он ҳидоят намудааст. Оё баъди дидани чунин манзара ман метавонистам бо нафаре, ки ин масҷид бо ибтикору талош ва кӯшишҳои ӯ бунёд шудааст, сӯҳбат накунам? Домулло Абдураҳими Аштиро ман бори аввал дар байни муҳоҷирони тоҷики муқими Афғонистон дар соли 1993 дида будам. ӯ шояд ягона олими баландпояи исломӣ буд, ки миёни муҳоҷирон аз мардуми шарифи шимоли кишварамон намояндагӣ мекард. Хизматҳоеро, ки ӯ дар он ҷо карда буд, то ба имрӯз мардуми ба ватанбаргашта, ки умдатан аз ҷануби кишвар буданд, ба некӣ ёд мекунанд. Аз ҷабру зулме, ки дар он ҷо ноодилона болои ӯ раво дидаанд, низ гоҳ-гоҳе сухан мегӯянд. Вале инҳо қиссаҳоеанд, ки нақлашонро барои вақти дигар мегузорем. Имрӯз мехоҳем аз ин марди шариф бипурсем, ки чӣ гуна муяссараш шуд, ки чунин кори бузургу таърихиро анҷом бидиҳад. 


-Нахуст аз ӯ суол мекунам, ки аз кай боз дар дил орзуи бунёди чунин як масҷидро мепарваридааст?

- Ман орзуи дар ҳамин деҳаи зодгоҳам сохтани масҷидро ҳанӯз аз соли 1992 мепарваридам. Вале ба сабабҳои маълум он солҳо нияти мо ҷомаи амал пӯшида натавонист. Солҳо гузаштанд. Сулҳу салоҳ шуд. Боз дар сар ҳавои бунёди масҷид омад. Ҳамин мавзеъро аз ҳукумат мо соли 1998 гирифтем ба нияти сохтани масҷид. Масоҳаташ шасту ҳафт сотих мебошад. Ҳамон сол мо тарҳашро кашидем. Оғоз ба гузоштани таҳкурсиаш кардем. Вале сел омад ва корҳои анҷомдодаи моро барбод дод. 

Баъдан аз соли 2000 ба таври ҷиддӣ ба сохтмони масҷид шурӯъ кардем. Санги аввали сохтмони ин масҷидро бедилшиноси маъруфи тоҷик, шогирди Қорӣ Муҳаммадҷони маъруф ба тахаллуси Ҳиндустони мавлавӣ Абдулҳай ҳамон вақт гузошта буданд. Баъди ду соли оғози сохтмон устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода омаданд. Қабати аввалро сохта будем. Онҳо вусъати сохтмонро диданду «Мошааллоҳ» гуфтанду дуо доданд. 

Баъди он ки деворҳои қабати дуввумро низ бардошта будем, устоди бузургвор Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳматуллоҳи алайҳ, ки ба тӯйи хонадоршавии Шокирҷон ном фарзанди Ҳоҷӣ Ҳусейнбой омада буданд, ба қабати дуввуми ин масҷид баромаданд. Эшони Маҳмудҷон писари эшони Тӯраҷон раҳматуллоҳи алайҳ аз устод хоҳиш карданд, ки дар ҳаққи ин банда як дуо кунанд. Устоди бузургвор гуфтанд, ки аз мо нафарҳои зиёд 40 ҳазору 100 ҳазор доллар масҷид месозем гӯён пул гирифтанд. Вале мутаассифона, на ҳамаи онҳо аз ӯҳдаи сохтани масҷид баромаданд. Домулло Абдураҳими Аштӣ аз мо фақат дуо гирифт ва бинед, ки бо ин дуоҳо то куҷо пешрафт кардааст. Ва устоди бузургвор боз даст ба сӯйи осмон бардоштанду аз самими дил дуо карданд. Ҳамин буд, ки 20 августи соли 2008 ин масҷиди бошукӯҳ расман ифтитоҳ шуд. 

Дар маросими ифтитоҳи он устод Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода- узви Маҷлиси Миллии МОТ, Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагони МОТ, муфтӣ Амонуллоҳ Неъматзода раҳбари Маркази Исломии Тоҷикистон, ва барои ман хеле муҳим ва хурсандиовар ин буд, ки дар ин маросим устоди аввалини ман шайх ва қорӣ Ҳакимҷони Марғелонӣ, ки 106 сол доранду Худоро шукр, ки ҳанӯз дар қайди ҳаёт ҳастанд, ширкат карданд. Ҷамъ қариб ҳашт ҳазор намозхон дар маросими ифтитоҳи масҷид ширкат варзиданд. 

Ду рӯз баъди ифтитоҳи масҷид дар намози ҷумъаи аввалин эшони Нуриддинҷон ҳузур доштанд. Панҷ моҳ боз дар минтақаи мо он шабу рӯз ягон қатра борон наборида буд. Мардум ҳама дар орзуйи борон буданд. Ҳазрати эшони Нуриддинҷон хутбаи якумро хонда буданд, ки борон ба боридан сар кард. Бовар мекунед, борон дар ҳудуди яккилометрии атрофи масҷид чунон борид, ки ҳама кӯҳу даман сероб шуд. Ин қудрати Худовандиро дида мардуми намозхон дар дохили масҷид аз шодӣ ашк мерехтанд.

- Оё метавонед бигӯед, ки барои сохтмони ин масҷид чӣ қадар маблағ сарф шудааст ва онро Шумо аз куҷо дарёфт кардааед?

-Як нафар аз бойҳои Арабистони Саъудӣ бо номи амир Машъал ибни Муҳаммад ибни Оли Саъуд ҳангоми дар Арабистони Саъудӣ буданам ба мо ваъда карда буд, ки то як миллион доллар барои сохтмони масҷид пул медиҳад. Аз мо хоҳиш карда буд, ки замин бигирем ва омодагии аввалияро бубинем. Мо замин гирифтем. Тайёриҳои дигарро низ дидем ва билохира ба назди ӯ рафтем. Вале мутаассифона, то ба имрӯз ӯ як риёл ҳам ҷудо накардааст.

 

Лекин бо кӯмаки собиқ бухориҳову кӯлобиҳову хуҷандиҳои муқими Арабистони Саъудӣ маблағи зиёдеро мо ҷамъ овардем. Аз ягон ташкилоти расмӣ на аз «Иғоса», на аз «Робитаи олами ислом», на аз дигар созмонҳои хайрия пул нагирифтаем.

Барои дарёфти маблағ мо инчунин сафарҳои зиёде доштам ба Амороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Туркия ва аз онҷо ба Русия сафар мекардем. Дар Русия бародарони аштие, ки дар Набережные Челны, Ижевск, Перм ва Дмитровоград буданд, ба мо кӯмаки моливу пулӣ мекарданд. Шурӯъ карда аз 10 доллар то 20 ҳазор, 50 ҳазор доллар кӯмак мекарданд. Дар сохтмони ин масҷид то имрӯз 800 ҳазор доллар маблағ сарф шудааст. Алҳамдуллилоҳ рӯзҳои ҷумъа то 3 ҳазор намозхон ҷамъ меояд. Порсол сафи таробеҳхонон то 400 нафар расид. Имрӯзҳо, ки ҷавонон ба шаҳрҳои Русия барои кор рафтанд, сафи намозхонон камтар шудааст.

- Оё дар ин масҷид ба толибилмон низ дарс дода мешавад?  

-Алҳамдуллиллоҳ, сохтмони масҷид ба поён расид, вале мо нияти сохтмони як мадрасаеро дорем, ки дар он 20 нафар таҳсили илм карда, улуми исломиро аз худ намоянд. Мадраса чаҳорсола бояд бошад. Дар умум 80 толибилм дар он таҳсил хоҳад кард. Барои 80 нафар мо ҷойи хоб, хурду хӯрок таҳия хоҳем кард. Дар ин мадраса ҳам таълимоти дунявӣ хоҳанд гирифт ва ҳам ухравӣ. Мақсади асосӣ аз таълими ин толибон ин аст, ки ба ҷомеъа хизмати дуруст кунанд. Ғайр аз он мо нияти неки дигар , яъне сохтани як шифохонаеро дорем, ки бинои он 40 метр дарозӣ дошта бараш 10 метр хоҳад буд. Дарои 24 кат хоҳад буд. Аллакай 100 ҳазор хишти онро таҳия кардем. Овардани хиштро низ аз ҳафтаи оянда шурӯъ хоҳем кард.

-Масолеҳи сохтмонии масҷидро аз куҷо овардед, чӣ гуна таҳия кардед?

- Чӯби сақфи масҷидро пурра аз Русия овардем, аз вилояти Свердловск.Масолеҳи дигар, аз қабили бетону симу арматур ин ҳамаро аз Тоҷикистони худамон пайдо кардем. Тибқи нақша зербинои масҷид тақрибан 3 метру 60 сантиметр чуқур бояд мешуд. Вале дар ибтидои сохтмон баъзе аз ашхосе, ки намехостанд масҷид сохта шавад, ҳаргуна овозаҳои бадномкунанда паҳн карданд ва мо баъдан бештар ба он аҳамият додем, ки қисмати берунии он баландтару зеботар шавад ва алҳамдуллиллоҳ ба мақсади ниҳоии хеш расидем. 

Як чизро бояд бигӯям, ки ин мӯҷизаи Илоҳӣ, ман онро чизи дигар гуфта наметавонам, тӯҳфаи Худовандӣ барои он 70 соли зери султаи шӯравӣ ранҷ кашидани диндорони соҳибиззатамон дар ин кишвари азизамон мебошад. Худованд подоши ҳамон сабру тоқатҳо ва ранҷу азиятҳо ҳамин мӯъҷизаи хешро ба мо ҳадя кард. Аз сӯйи дигар мову шумо замоне дар ҳиҷрат дар Афғонистон будем. Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мардонавор, нотарсона ба он ҷо рафтанд ва даст ба дасти устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дода дар кишвар сулҳу оштиро барқарор карданд. 

Агар истиқлолият намебуд, агар дар Ватани мо сулҳу амният тантана намекард, сохтани чунин як масҷиди боҳашамат дар як деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ аз имкон берун буд. Вақте, ки Созишномаи умумии сулҳу оштӣ дар Маскав ба имзо расид, ман дар Арабистони Саъудӣ будам, ба ҳайси намояндаи муҳоҷирини тоҷик дар он ҷо. Росташро бигӯям ман дигар ба Тоҷикистон баргаштанӣ набудам. Вале устодон марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода исрор карданд, ки ба Тоҷикистон баргардам. 

Онҳо ҳарсе тақрибан як гапро гуфтанд: «Абдураҳим, мард он касест, ки баъди сулҳу салоҳ ба Ватан баргардаду барои ободиву рушди он камари ҳиммат бубандад». Баъди ин суханони бузургон дар Хонаи Худо, дар назди Асвадул Асҷад аз Худои бузург хоҳони бозгашти сарбаландона ба Ватан шудаму талабгори сохтани ҳамон масҷиде, ки як вақтҳо дар орзуи бунёдаш будам. Инак ҳазорон бор шукри Парвардигори худро мекунам, ки маро ба мақсадам расонд.

Деҳаи мо 26 ҳазор аҳолӣ дорад. Мардум дар 28 масҷиди панҷвақта намозҳои худро мегузоранд. Ин натиҷаи ҳамон сулҳи устод Нуриву Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Устодро Худо раҳмат кунад, қабрашонро пурнур кунад ин аст самараи ҳидояти ӯ. Мо аз муфтии ҷумҳурӣ мӯҳтарам Амонуллоҳ низ хеле миннатдор ҳастем. Ба хусус аз Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ман хеле миннатдор ҳастам. Алҳамдуллилоҳ, дар ягон ҷо касе садди роҳи мо нашудааст. На дар аэропорт, на дар гумрук ва на дар дигар ҷо. Ман фикр мекунам, ки азбаски фаъолияти ман шаффоф буд ва ҳама медонистанд, ки ман барои худам ин корро намекунам, касе садди роҳи ман намешуд. 

Ман зани дуввум нагирифтам, барои худам мошин нахаридам, барои худам хона накардам. Ман танҳо барои ризои Худо ин корро кардам. Инро ҳама медонистанд. Шояд барои ҳамин ҳам касе садди фаъолияти ман то ба ҳамин рӯз нашудааст. Вале бунёди ин масҷидро агар касе танҳо саҳми ман донад, албатта хато мекунад. Ман пеш аз ҳама аз Худо ва аз ҳамдеҳагони худ миннатдорам. Аз рӯзи оғози кор то ба рӯзи ифтитоҳи масҷид мардуми деҳаи мо 151 бор ба ҳашар баромадаанд. 

Дар ҳар як рӯзи ҳашар аз 120 нафар то 300 нафар одам ҷамъ мешуд ва ба кор бо дили гарм машғул мешуданд. Бояд бигӯям, ки ҳамон рӯзе, ки ҳашар эълон мекардем, мардум худашон пул ҷамъ мекарданд, гӯфанд мехариданд, мекуштанд, шӯрбо мекарданд. Ҳашар не, як сайр мешуд. Ҳашари 151-ум се рӯз қабл аз ифтитоҳи масҷид баргузор гардид. Дар ин ҳашар 480 нафар зан омад. Дар байни онҳо муаллимаҳо, духтурон, мураббияҳо ва дигарон буданд, ки бо ҳиҷоби шаръӣ омада дар тоза кардани масҷид, дару тирезаи он саҳм гирифтанд. Аз ин кор фикр мекунам, ки натанҳо худи мардумро хуш меомад, балки арвоҳи гузаштагон низ шод гардиданд.

 - Хоҳиш мекунам дар бораи зиндагиномаи худ чанд сухан бигӯед?

- Ман соли 1958 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудаам. Мактаби миёнаи ба номи Одинамуҳаммади Маъданро дар ҳамин ҷо хатм кардам. Дар синни наврасӣ орзу доштам , ки мисли амакам Артисти хизматнишондодаи республика Неъматҷон Дӯстматов ҳунарманди синамо шавам. Соли 1974 аз тарафи мактаб моро барои ягона кардани ниҳолҳои пахта ба минтақаи пахтакории ноҳия бурданд. Дар он ҷо ман ба беморие гирифтор шудам, ки дигар аз забон, яъне аз гуфтор мондам. Ҳатто муддате дастонам низ аз кор монданд. Модари бузургворам маро ба куҷоҳое, ки набурд. Ахиран чил бор маро чилёсин кунонданд. Ба қудрати Илоҳӣ ман боз шифо ёфтам. Дар ҳамон давра билети комсомолии хешро сӯхтам. Баъди билети комсомолиро сӯхтан маро девона гуфта қариб, ки роҳии шифохонаи касалиҳои рӯҳӣ бикунад.

 

Ба ҳар ҳол соли 1975 мактаби миёнаро хатм карда бо ҳамроҳии падару модарам ба Тошканд, ба назди муфтии Раёсати мусулмонҳои Осиёи Миёна Зиёвуддинхон рафтам. Хоҳиши волидайнам ин буд, ки дар яке аз донишкадаҳои расмӣ илмҳои мусулмониро аз худ кунам. 

Зиёвуддинхон маро хуфия ба Марғелон ба назди Ҳакимҷон қорӣ, ки феълан 106 сола ҳаёт ҳастанд, фиристоданд. Ман дар назди он кас таълими динӣ мегирифтам. Рости гапро гӯям, ман ягон олиму донишманди бузург нашудам. Баръакс соли 1985 дар Намангон аз сӯйи мақомоти қудратӣ ҳабс шудам. Се сол дар яке аз маҳбасхонаҳои шаҳри Навоӣ зиндонӣ будам. Алҳамдуллилоҳ, ки дар он ҷо низ вақти худро зоеъ накардам. Сиву ҳафт нафарро таълими илм додам, намозхон кардам. 

Азҷумла ду нафарашон рус буданд. Яке аз онҳо Сергей ном дошт, ки номашро Сироҷиддин мондам ва дигараш Борис ном дошт, ки Баҳриддинаш ном кардем. Дасти онҳоро ҳалол низ кардем. Соли 1989 ман аз ҳабс озод шуда ба ноҳия баргаштам. Аз тарафи ҳукумати вилоят ҳамон сол маро дар масҷиди марказии ноҳия масҷиди Шайдон, ки аслан Шаҳидон аст, имом хатиб таъин карданд. Масҷид дар ҳолати ногувор қарор дошт. Бо ҳамроҳии мардуми шарифи ҳамон маҳалла ба обод кардани масҷид шурӯъ кардем. Худо раҳмат кунад Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев Прокурори генералии Тоҷикистонро, ки депутати Шӯрои Олӣ буданд, тибқи накази мо барои обод кардани масҷид кӯшишҳо ба харҷ медоданд. Дар якҷоягӣ корҳои хуберо анҷом додем. 

Вале мутаассифона, бо тақдири Илоҳӣ он касҳо марҳум шуданд. Вазъият хароб шуд. Гилему анҷоми масҷидро як иддаъ бебеасарон оташ сар доданд. Мехостанд дар ҳамон қатор моро низ тӯъмаи оташ кунанд. Мо фирор кардем. Аввал ба Тошканд рафтем, аз он ҷо ба Самарқанд, сипас ба Душанбе. Вазъият дар Душанбе ҳам ноором шуд. Баъдан ба Афғонистон фирор кардам. Дар он ҷо ба ҳайси муҳоҷир ду сол дар байни муҳоҷирини тоҷики муқими Афғонистон будам. Шумо худатон шоҳид, ки ду сол барои ин муҳоҷирин хизмат кардем. Сездаҳ вилояти Афғонистонро аз наздик тамошо кардам. Бо тамоми роҳбарон ва қумандонҳои вақти Афғонистон шину хез доштам. Ихтилофҳои зиедеро низ дидем. Шумо медонед, ки дар зиндони Ризвон 12 рӯз маҳбас будам. 

Бисёр лату кӯб карданд. То ҳатто маро ба об афтода ғарқ шуда мурд гуфта ахбор ҳам доданд. Худо раҳмат кунад устод Нуриро! Мардонавор рафта маро аз ҳамон машқгоҳи Ризвон гирифта овард. Ва ман Покистон рафтам. Ният доштам, ки аз Покистон ба Қазоқистон биравам. Худамро аз ҳамон ихтилофҳову низоъҳо дур бисозам. Дар Покистон устод Тӯраҷонзода машварат доданд, ки ба Арабистони Саъудӣ ба зиёрати хонаи Худо биравам. «Ту зеби хонаи Худо дорӣ, бирав дар ҳамон ҷо тавофу зиёрат бикун ва доимо дар дуои хайри мо муҳоҷирони дур аз Ватан бош. 

Ин аст ҷиҳоди ту! Ин маслиҳати устод Тӯраҷонзодаро гирифтам ва равонаи Хонаи Худо шудам. Ду солу шаш моҳ дар Арабистони Саъудӣ будам. Аз ин як солу ду моҳ дар Маккаи Мукаррама ва як солу чор моҳ дар Мадинаи мунаввара будам. Ҳам ибодат кардам ва ҳам таълим гирифтам. Баъд аз он ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ моҳи июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид Раиси ҷумҳур бо як гурӯҳ аз намояндагони ҳукумат ба нишонаи шукронаи сулҳ дар Ватани азизамон ба Арабистони Саъудӣ рафта аввал дар Маккаи Мукаррама ҳаҷи умра карданд, сипас ба зиёрати марқади Пайғамбари Акрам (С) ба Мадинаи Мунаввара рафтанд. 

Нағз дар ёдам мондааст, ки рӯзи чаҳоршанбе буд. Ман ҳам ҳамон лаҳзаҳо дар ҳарам будам. Раиси ҷумҳур дар ҳарам гӯшаеро нишон доданд ва пурсиданд, ки инро чӣ мегӯянд.Намозхоне ҷавоб доданд, ки ин меҳроби масҷид аст, ки Расули Акрам дар он намоз мехонданд. Ман дар қафо ба ин суолу ҷавоб гӯш мекардам. Раиси ҷумҳур гуфтанд, ки ман мехоҳам, ки дар меҳроби Пайғамбар намоз хонаму дар ҳаққи миллати азияткашидаам пеши Худо дуо кунам. Рости гап, ин суханҳоро шунида дар дили ман муҳаббати Ватан ҷӯш зад. Фикр кардам, ки суханони Раиси ҷумҳур ин худ як фоли нек аст. Панздаҳ рӯз баъди ин воқеъа устод Тӯраҷонзода, устод Ҳимматзода ва билохира устод Нурӣ ҳама ба дунболи якдигар занг зада маро ба Ватан даъват карданд. 

Гуфтанд «домулло Абдураҳим шумо ҳам яке аз пешвоёни мардуми шимол ҳастед, биёед ба Ватан, онро обод кунед». Ҳамон вақт қабл аз ба Ватан баргаштан дар тавофи охирини Каъбатуллоҳ пеши Худои бузург зора кардам, ки Худоё, аввало аз ман муҳаббати молу чиз хонаву дарро бигир, ба ҷойи он ба ман тавоноиву фурсат бидеҳ, ки дар деҳаи худ аввал масҷиде бино бисозам, дуввум мадрасае ва саввум шифохонае. Шукри Парвардигори бузург, ки орзуҳоям ба тадриҷ ҷомаи амал пӯшида истодаанд. Шукри Худо, ки чор фарзанд дорам. Духтарам дар Арабистони Саъудӣ толибилм ҳаст. Се писарам ҳофизи Қуръони азимушшаън мебошанд. 

Писари хурдиамро мумкин дар телевизион дида бошед, Муҳаммад Айюби 12-сола. Қории Қуръони маҷид. Дар телевизион ӯро бисёр нишон медиҳанд. Фарзанди калониам дар ҳамин масҷид дар намози панҷвақта имом аст. Фарзанди дуюмам, ки дар арафаи хонадор карданаш ҳастем, низ ҳофизи Қуръон аст ва дар мадрасаи мутавасситаи Шайдон дарс мехонад. Орзуи ман акнун ин аст, ки Илоҳо дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ бошаду мо мардумеро, ки ба арақхӯриву нашъамандиву ба зиногарӣ, дуздиву рибохӯрӣ машғуланд, ҳамонҳоро ба роҳи дуруст даъват намоем. Ба кори хайр далолат кунем. 

Ман ба оилаи эшони Тӯраҷон як ихлоси бепоён дорам. Зеро бисёр беморҳоро дидаам, ки ба ин хонадон рафта шифо ёфтаанд. Ман дар назар дорам арақхӯр рафта чанд муддат баъд тарки арақхӯрӣ кардааст, зиногар низ ҳамчунин. Ман орзу дорам, ки Худованд ба ман низ чунин як хусусиятҳои неки инсониро арзонӣ бидиҳад, ки барои мардуми худ нафърасон бошам. Сипас панҷ соли охири умрамро мехоҳам бо чилланишинӣ гузаронам. 

Орзуи ман ба ин ҳукумат ин ҳаст, ки сулҳе, ки ба вуқӯъ пайваст, онро ҳифз кунад. Зеро ҳамин сулҳ миллатро аз нобудшавӣ, аз парокандашавӣ наҷот дод. Воқеаҳои Фаластинро аз телевизион мебинам дилам месӯзад. Алҳамдуллилоҳ, ки Тоҷикистон бисёртар бо саъйю кӯшиши ду бузургмарди хеш устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ба суботу оромӣ расид. Ана ҳамин масҷид ҳам натиҷаи ҳамин сулҳ аст. Агар мо ин сулҳро ҳифз кунему таҳким бахшем ману шумо боз ҳам ободтар мешавем, Ватани мо боз ҳам ободтар мешавад.

- Ташаккур барои сӯҳбати хуб

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi