СЕРГЕЙ БОДРОВ: «ИСЛОМРО БОЯД ЭҲИРОМ КАРД»
Коргардони машҳури синамои Россия – Сергей Бодрови калонӣ оид ба нақши Ислом ва мусалмонон дар Россия ва таърихи башарият бо нахустин телевизиони исломии аврупоӣ – EMINTV мусоҳибае дошт. Номбурда дар ин сӯҳбат қайд намуд, ки чаро мавзӯи Ислом дар эҷодиёти ӯ мавқеи хосро касб кардааст.
САБАБИ РӮ ОВАРДАН БА ИСЛОМ ЧИСТ?
Ман ба ин мавзӯъ бо он сабаб рӯ овардам, ки дар назари ман, он умуман кушода нашудааст. Ҷаҳони Ислом ва фарҳангӣ исломӣ таърихи хеле қадимӣ ва аҷиб дорад, ки на ҳама онро медонанд. Сари кор доштан бо мавзӯи ҷолиб ҳамеша хуб аст. Тасаввуроти мавҷудаи нодуруст дар боби Ислом бошад, маълумотҳои илмиро дар бораи он ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдааст, ки ба ҷустуҷӯ ва омӯзиш ниёз дорад.
Тасаввуроти ғалат дар бораи Ислом ва ҷаҳони мусалмонон, барҳам задани ин гуна тасаввурот аҷибу ҷолиб аст, гарчанд баъзан касе миннатдор намешавад. Аз ин рӯ лоиҳаҳои минбаъдаи ман ба ҷаҳони Ислом ва фарҳанги исломӣ марбутанд. Факту далелҳои аҷиб ниҳоят зиёданд, ки дар бораи онҳо одамон маълумоти кофӣ надоранд. Бо ҳамин сабаб ман ба таърихи Чингизхон даст задам, чунки он симои душманонае, ки аз ӯ сохтанд, аз рӯи адолат нест.
Дар замони мо бе сабаб касеро тамғаи гунаҳгорӣ ё душманӣ задан дуруст нест, ҷустуҷӯ бояд кард, фаҳмидан ва дигаронро низ фаҳмонидан зарур аст, ки сиёҳ куҷосту сафед куҷо. Гунаҳкору бегуноҳонро ҷустан лозим нест, танҳо воқеъияти таърихиро муайян кардан зарур аст. Масалан, агар ба ҳодисаҳои интихоб кардаи ман дар бораи ҷаҳони исломӣ – таърихи мамлукҳо ва таърихи Салоҳуддин баргардем, мо мефаҳмем, ки тӯли 400 – 500 сол ҷаҳони араб зери ҳуҷумҳои салибдорон, ки аз Испания ронда шуда, дар заминҳои араб маскун гашта буданд, ҳимоя мекарданд. Инро на ҳама мефаҳманд. Ҷангҳои мазҳабӣ буданд.
Истилои салибдорон бошад, ин танҳо ва танҳо ҷанги мазҳабӣ буд ва ҷанги беадолотона. Кино санъати товоност – агар он дар заминаи далелҳои ҷолиб ба вуҷуд омада, ба ҳиссиёти мо таъсир расонад, он гоҳ халқ онро мефаҳмад ва аз ҳама гуна китобҳо зиёдтар ба кино бовар мекунад.
МИЛЛАТГАРОӢ ХАВФНОК АСТ
Он чизе, ки моро имрӯз ба ташвиш меорад, ҳамин аст, ки одамон фаромӯш карданд: мо дар мамлакати сермиллат зиндагӣ мекунем. Таърихи империяи Русия чунин буд. Иттиҳоди Шӯравӣ низ мамлакати бузург буд, аммо бузургиву тавоноии он аз сермиллатӣ сарчашма мегирифт. Ин ҳолат ҳамеша аҷиб ва барои мамлакат манфиатовар мебошад. Омезиши фарҳангҳои гуногун, анъанаҳо ва мазҳабҳо сарвати ҳар мамлакат аст. Муносибати кунунии мо ба Амрико ҳар гуна ки набошад, мо медонем: ИМА – мамлакати муҳоҷирони тамоми дунёст.
Ин ҳол мушкилиҳо ба вуҷуд меорад, вале мамлакат аз ибтидои ба вуҷуд омадан бо сабаби сермиллатӣ тавоно буд. Имрӯз дар шиноснома миллати шахсро наменависанд, танҳо шаҳрвандӣ қайд мегардад. Ту метавонӣ ҳиндустонӣ бошӣ ё ки покистонӣ, тотор, рус ё мексикоӣ бошӣ, вале муҳим он аст, ки ту шаҳрванди Амрикоӣ. Касе туро маҷбур сохта наметавонад, ки дин, расму русум ё забони худро иваз намоӣ ва қонун туро муҳофизат менамояд.
Ман чунин меҳисобам, ки сабаби ҳодисаҳои кунунии Россия кӯтоҳназарии сиёсатмадорон аст. Миллатгароӣ бемории хеле хатарнок аст. Ин бемори охири охирон онҳоеро низ ҳадафи худ қарор медиҳад, ки ба он бозӣ карданӣ мешаванд. Ислом ва ҷаҳони Ислом бисёр чизҳо дорад, ки қобили омӯзиш аст. Масалан барои ман аҷиб аст, ки аввалан, шумораи мусалмонон меафзояд ва сониян, онҳо ба ҳамдигар садоқат доранду муттаҳид мебошанд.
Ман дар Маскав дар наздикии масҷиде зиндагӣ мекунам, ки чӣ қадар одам дар ин ҷо ҷамъ меояд. Барои онҳо ин муҳим аст. Фаҳмидан зарур аст, ки чаро? Тамоми дунё бояд бикӯшад, ки бидонад: Ислом чист ва мусалмонон киҳоянд. Ба онҳо эҳтиромона муносибат кардан зарур аст.
Аз мусоҳиба бо ЕMINTV,
тарҷумаи ҳафтаномаи «Дунё», 16.04.09
-
12.11.2025 14:29
271
Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави давлатҳои хориҷӣ
-
08.11.2025 13:52
454
Иштирок дар зиёфати корӣ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-ИМА” (С5+1)
-
08.11.2025 13:50
439
Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп
-
26.09.2025 12:42
471
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
533
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1243
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
21.11.2025 12:03
476
Дар Душанбе ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии ИДМ баргузор гардид
-
12.11.2025 14:31
509
Сармоягузорони ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро ба Тоҷикистон равона месозанд — нашри махсуси The Investor 2025
-
19.10.2025 11:39
600
Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе Инвест-2025
-
16.10.2024 00:22
1674
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
14.10.2024 18:41
1604
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
2308
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
19.10.2025 11:43
506
“Рашк- андешаи шайтонист!”
-
19.10.2025 11:37
539
Иштироки Вазири энергетика ва захираҳои об дар «Ҳафтаи энергетикии Русия”
-
12.10.2025 18:38
400
«Қонун зери назорат қарор дорад!»
-
24.09.2025 19:57
520
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
474
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
24.09.2025 19:51
609
«Забони мо ҷаҳони мо!»
-
30.11.2025 19:44
455
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
21.11.2025 12:01
427
Вохӯрии Вазири меҳнат бо намояндагони ширкати TELC GmbH – Олмон
-
25.10.2025 14:35
555
Қадами аввали муҳоҷирони тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ тариқи барномаи давлатии EPS (Employment Permit System)
-
28.02.2025 13:34
1592
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1648
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2577
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1244
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1214
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2426
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
409
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
432
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
463
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1066
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1237
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1059
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3586
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3753
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4201
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
16.08.2025 12:02
669
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд
-
07.08.2025 16:09
675
Русия ва ИМА дар мавриди мулоқоти Путин ва Трамп ба мувофиқа расиданд
-
20.07.2025 13:13
737
Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон










































