13:59:41 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Эй қавми ба ҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед...?

“Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва ҳар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, ки Худо аз ҷаҳониён бениёз аст». Оли Имрон, 97

Kaaba 212121Боз омад иди саиди Қурбон, ҷашни розу ниёз, ҷашни муҳаббату садоқат ва қурби Илоҳӣ.

Ҷашне, ки муслимини таслими ризои Худованд ба по медоранд, бо намозу ниёиш, бо рӯзаҳои нафлӣ, бо ҳамду санои он зоти пок, бо шабзиндадориҳо ба истиқболаш мешитобанд. Ва ҳамасола бо нуру зиё меояд ин ид, хонаҳоро пурнур, чашмҳоро равшан мекунад. Садои шодбош дорад он, ҳанӯз се рӯз пеш аз вурудаш дар хонаҳо, масоҷид садои истиқбол аз он такбире, ки хос барояш фармуда шудааст, баланд ба гӯш мерасад. Ин садо садои ошиқон аст, садои ошиқони покбозе, ки маъшуқи дилпазирро бесаброна интизорӣ мекашанд, ба ёдаш ва фироқаш мехонанду месароянд: тиловати ояҳои каломи раббонӣ, зикру тасбеҳоти шабона, гиряву нола ба даргоҳи он зоти пок, ин ҳама дар маҷмӯъ ҳамон шеваҳои интизорист.

Ҳиммат нигар, ки пеши ту як ҷаҳон умед,

Ҳаргиз нашуд гушуда лаби илтимоси мо.

Урёнӣ аст кисвати озодагони ишқ,

Зебанда нест бар тани ҳар кас либоси мо.

Таъмири мо зи обу гили ишқ кардаанд,

Эмин зи сели ҳодиса бошад асоси мо.

Солҳост, ки мехостам дар арафа ё рӯзҳои ҳаҷ чанд сатре дар мавриди таъсири рӯҳониву ҷисмонии он бинвисам. Мехостам аз мушоҳидот пора-пора рӯи коғаз орам, то бубинам, ки аз он чӣ ҳосил мешавад. Аммо ҳамеша онро ба мавсими дигари ҳаҷ вомегузорам. Гумон мекунам аз мавсим ба мавсими дигар ин мушоҳидот комилтар мешаванд ва шояд далоили гирдомада низ хонотар шаванд.

Ҳаҷ ибодат аст. Аз ҷумлаи фаризаҳоест, ки Худованди мутаъол бар бандаи мӯъминаш фарз гардонидааст. Агар ба фаризаҳои дигар назари таъкид надошта бошад ва иҷрои онҳоро бечунучаро хонад, дар масъалаи ҳаҷ таъкид бар он мешавад, ки агар тавони онро дошта бошад, сафари ҳаҷ кунад. Худованди мутаъол бо заковати худовандии худ, бо ақли зотӣ ва фитрати олии хеш медонист, ки зиёрати хонаи ӯ на ба ҳар кас муяссар мегардад. Яке бастагӣ дорад ба масофа ва дигар ба дороӣ. Зеро Ислом дини танҳо Араб набуд, ки зиёрати Каъба барояшон осон муяссар шавад. Ислом дини ҷаҳонӣ буду ҳаст ва на ҳама метавонанд аз сар то сари олам озими Маккаву Мадина шаванд ва дар шӯру шари зиёратҳову иботатҳои идона ширкат варзанд. Яке мушкили молиявӣ дорад, дигар мушкили роҳ, сеюмӣ ин ҳамаро замоне ёфтааст, ки дигар нерӯву тавон надорад. Аз ин рӯ таъкид бар он аст, ки ҳар касе имкон дорад бояд ҳаҷ кунад. Ҳаҷ фарз аст ба ҳар мӯъмин, ҳатто касе ҳам ки ин имконро надорад, бояд пайваста дар фикри он бошад, ки бояд рӯзе зиёрати хонаи Худо дар мавсими ҳаҷ дошта бошад.

Аммо саволи матраҳ он аст, ки миёни ин ҳама касоне, ки имсол ба унвони ҳоҷӣ мушарраф мешаванд, киҳо зиёраткунандагонанд ва киҳо тамошобинон. Зеро на ҳама касоне, ки озими хонаи Худо мешаванд, аз фазилату манфиат ва масъулияти он бархӯрдоранд. Ин санги маломат задан нест, ин воқеияти зиндагист.

Ҳар кӣ бо дил равад Каъба ӯро зиёрат кунад

Ин қиссаест. Онро замоне хонда будам ва маъхазаш аз ёдам рафта. Аммо нақл тақрибан чуноне буд, ки ҳоло мехоҳам пешкаш кунам: Шайхе бо ҷумлаи муридон озими зиёрати хонаи Худо буд. Ва чун он замон қатораву ҳавопаймову мошин набуд, зиёрат маъмулан аз тариқи корвони чорпоён сурат мегирифт ва ё ашхос пои пиёда ин миқдор масофаро тай мекарданд. Сари роҳ гузорашон ба қалъаи баланде меуфтад, ки мебинанд дар манораҳои он басо сарҳои инсонҳо овезон. Аз ҳол тааҷҷубашон меояд ва аз мардум мепурсанд, ки ин чӣ амал аст. Посух медиҳанд, ки шоҳи ин мамлакат духтари зебо, вале маризе дорад, ки табибе илоҷи шифои онро наёфта. Шарти шоҳ он аст, ки ҳар касе ӯро шифо бахшад, духтарро ба ақди никоҳаш дарорад, вале агар натавонад, пас ба хотири берун нарафтани асрори духтари шоҳ ӯро сар мезананд. Сарҳои овезон ҳикоят ба он доранд, ки ин афрод чун табиб вориди кохи шоҳ ва ҳарими духтари ӯ шудаанд, вале чун натавонистанд табобат кунанд, ба ин ҳол гирифтор омаданд. Сарҳо ба он хотир намудоранд, ки ҳар касе ҳам қасди муолиҷаи шоҳдухтар ва ба занӣ гирифтани ӯ дошта бошад, аввал бияндешад, сипас вориди амал шавад.

Шайх эълон кард, ки духтарро ӯ табобат хоҳад кард. Ва чун назди шоҳ омад, шоҳ сараввал пурсид: сарҳо овезони сари манораҳоро дидӣ? Посух дод: Оре. Пас бияндеш, ки ба ту низ ин ҳол пеш хоҳад омад. Шайх, посух дод, ки дигар ҷои андеша нест. Сипас, бо ишораи шоҳ маъмурин ӯро ба ҳарами духтар бурданд. Вақте ворид шуд, духтари дар ҳақиқат зебоеро дид, ки миёни канизонаш бо танаи урён нишаста. Чун шайх аз дар даромад, духтар амр кард, ки “либос оред бипӯшам”. Канизон пурсиданд, ки ин чӣ ҳол аст? Ин қадар мард омад ту либос нахостӣ ва ҳоло бо вуруди ин мард либос талабидӣ то худро бипӯшонӣ? Посух дод: “То ҳол мард наёмада буд. Мард ҳоло омад”.

Ва чун либос ба бар кард, аз шайх суол намуд: азми куҷо дорӣ?

Гуфт: зиёрати хонаи Худо.

Пурсид: Каъбаро бинӣ шиносӣ?

Гуфт: Оре.

Духтар гуфт: ба болои сари ман нигар. Шайх чун нигарист дид, ки Каъбаи муқаддас болои сари ӯ мечархад. Пурсид ин чӣ ҳол аст? Духтари шоҳ посух дод: Ҳар кӣ бо пой равад, Каъбаро зиёрат кунад, ҳар кӣ бо дил равад, Каъба ӯро зиёрат кунад.

Нақл дароз аст, мухтасар кардем. Ва ин яке аз ривоятҳои басо маъмулест, ки фазилати зиёрати Каъбаро мекушояд. Яъне, ҳаҷ зиёрати қалбист. Ҳар касе агар қасди зиёрат кунад, бояд аввал рӯҳану ҷисман худро пок созад. Ба хонаи Худо бо қалби олуда аз гуноҳ ва кинаву адоват набояд ворид шуд. Фахриддини Ироқӣ фармуда:

Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд, 

Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона ойӣ.

Аз Хоҷаи он хона нишоне бинамоед

Ҳар касе аз ашъори Мавлонои Балхӣ, ин олими раббонӣ заррае огаҳӣ дорад, шояд ба ин мисраъ бархӯрда бошад. Мавлоно Ҷалолиддин Мавлавии Балхӣ ба масъалаи ҳаҷ руҷӯи шоиста дорад. Ҳаҷ аз нигоҳи ӯ шинохти воқеии Худованд аст, на зиёрати кӯр-кӯрона. Зиёрат зиёрати қалбист, инсон Худовандро аввал дар қалби худ бишносад ва баъд пой ба зиёрати хонааш гузорад. Ба андешаи ӯ қасд агар шинохти Худованд ва пайдо кардани қурби илоҳӣ бошад, пас Худоро аввал бояд дар дил шинохт.

Дар сина туӣ, вагарна дилхун кунамаш,

Дар дида туӣ, вагарна ҷайҳун кунамаш.

Умеди висоли туст ҷонро в-арна,

Аз тан ба ҳазор ҳилла берун кунамаш.

Ҳоҷиён меоянд, зиндагии дигар, зиндагонии пас аз ҳаҷ барояшон чун имтиҳони дигари илоҳӣ оғоз мегардад. Нақли зане ҳеҷ аз ёдам намеравад. Зани ҷавон ва соҳибҷамоле, ки ба шавҳари худ се духтари нозанин тӯҳфа кардааст. Вале мушкилаш он аст, ки дар шаҳри калон зани дуввум аст ва на хона дораду на дар манзили шавҳараш дар қайди буду бош аст. Яъне, расман як зани танҳои бесарнавишт ва нақлаш касро дилфигор мекунад. Мегуфт шавҳараш ҳаҷкардаи хонаи Худост, аз рафтуомади ӯ ба Маккаву Мадина хотироти талхе дар зинадагӣ дорад.

Kaaba 233312121Мепурсам, ки чаро?

Посух медиҳад: Вай бо зани аввалааш ҳаҷ рафта буд. Ва дар бозгашт барои ман ақалан як тасбеҳ тӯҳфа наркард. На ба ман ва на ба се духтаракам...

Ман, ки он мардро надидаам, чӣ хулоса метавонам барорам? Ҳақ надорам бигӯям, ки ҳаҷ барояш асар накардааст? Ё иштибоҳ мекунам? Яқин дорам, ки баъди бозгашт аз зиёрати хонаи Худо вай низ қатори ҳазорҳо ҳоҷиён аз диду боздидҳояш ҳикоёти ҷолиб кардааст. Аммо чаро натавонист ба дили шикастаи як зани ҷавон малҳам орад? Магар ӯ шоиста набуд? Агар рафту ранҷише ҳам миёнашон бошад, пас оё ин фармудаи Худову Расул (с) нест, ки кина гуноҳи кабира ҳисобида мешавад ва баъди ҳаҷ бо ин гуноҳ рӯ шустан, мушкили қиёматро мушкилтар мекунад?

Магар чунин афрод каманд?

Ҳаҷ бояд шинохти бештари Худованд бошад, на мафтунӣ ба зебогиҳои диёри Арабистон ва таҷаммӯъи мардону занони зоир.

Ба Мавлавӣ рӯ орем ва баъди як дуо ба ин навиштаҳо хотима бахшем.

Он хона латиф аст, нишонҳош бигуфтед,

Аз хоҷаи он хона нишоне бинамоед.

Бо ин ҳама он ранҷи шумо ганҷи шумо буд,

Афсӯс, ки бар ганҷи шумо парда шумоед.

Ва ин муноҷот хатми мақола бошад:

Эй тўшаам дар ҳангоми сахтӣ! Эй фарёдрасам дар замони гирифторӣ! Эй сарпарастам дар неъматҳо! Эй бароварандаи ҳоҷатҳо! Эй паноҳам дар лағзишгоҳҳо! Эй раҳонандаам аз ҳалокат ва бадбахтӣ! Эй ҳамроҳ ва ёварам дар танҳоӣ! Хато ва лағзишамро бубахш ва корамро осон фармо, ба иҷтимоамон гармӣ бубахш ва ҳоҷатамро баровар ва корамро ислоҳ гардон, ончӣ, ки бад-он эҳтимом дорам, кифоят кун ва дар корам кушоиш ато фармо ва то он гоҳ, ки зиндаам ва баъд аз марг байни ман ва саломатӣ ва офият ҳаргиз ҷудоӣ маяндоз, эй беҳтарин раҳмкунандагон.

Б. Шафеъ, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi