Бурхи Сармасти Валӣ пайвандгари динҳову тамаддунҳо
Бурхи Сармасти Валиро, ки оромгоҳаш дар деҳаи Боршиди ноҳияи Сангвори ҷумҳуриямон мебошад, дар бисёр аз кишварҳои ҷаҳон, ба ҳайси як шахсияти мазҳабии зоҳиду тақводор, ки яке аз умматони пайғамбар ҳазрати Мӯсо алайҳисаллом буда, ниҳоят башардӯст аст, мешиносанд ва дар тӯли беш аз се ҳазор сол ёдашро гиромӣ медоранд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастур ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти бузург, ки дар як гӯшаи дурдасти куҳистони Ватанамон замоне харобаву вайрона буд, азнавсозӣ шуда ба ҷои зиёрати ҳазорон нафар зоирин аз дуру наздик табдил ёфтааст. Замоне аз сабаби набудани пайраҳа ҳатто пиёда рафтан ба зиёрат хавфу хатарҳои зиёде дошт. Акнун дар шароити мушкили куҳистон то дари мазор роҳи мошингард сохта ба истифода дода шудааст.
Муҳақққи исломшиноси рус В.Н. Басилов дар китоби худ «Культ святых в исламе» (Москва 1970) навиштааст, ки «дар байни мардуми Осиёи Миёна, ба хусус туркманҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо ва тоҷикон Бурқут-бобо, ё худ Бурқ ё Девонаи Бурх ё Борх ном шахсияти мазҳабии ғайриисломӣ мавриди эътироф қарор гирифтааст». Ба қавли Н. Басилов Бурқут-бобо дар мифологияи туркманҳо шахсиятест, ки калиди боронро дар ихтиёр доштааст. Дар устураи халқҳои Осиёи Миёна Бурхи Сармасти Валӣ дар масъалаи барҳам додани дӯзах бо Худованд мунозира кардааст. Бо шафоати ӯ мурдаҳо зинда ва бефарзандон соҳиби фарзанд мешуданд. Дар устураҳои тоҷикӣ низ ин хусусиятҳои Бурхи Валӣ дарҷ ёфтаанд. Дар ҳар сеи ин кишварҳои Осиёи Миёна (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон) ва ҳатто дар Афғонистону Эрону Покистон чандин зиёратгоҳҳое мавҷуд аст, ки марбути ин шахсияти мазҳабӣ дониста мешаванд.
Дар баробари ин фикру ақидаҳои дигаре дар бораи шахсияти Бурхи Сармасти Валӣ мавҷуд аст. Ба қавли шоир Салимшо Ҳалимшо табибе, ки дар китоби Авасто бо номи Срита (Трита ё Исрит) омадааст, ҳамин хазрати Бурхи Сармасти Валӣ мебошад. Маънои луғавии Срита лахча будааст, ки то ба имрӯз лахчаро дар лаҳҷаи шуғнии забони тоҷикӣ «бурх» мегӯянд. Срита табибе будааст, ки бо лахча муолиҷа мекардааст. Срита ё худ Бурхи Валӣ аз абераҳои Шоҳ Ҷамшед аст ва соҳиби ду фарзанд будааст, ки якеро Гаршосп (Кришаспа) ва дигареро Вахшур мегуфтаанд. Дар ин бора Салишо Ҳалимшо достоне навиштааст бо номи «Ноҷиёни дунё», ки соли 2007 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр расидааст.
Бархе аз муҳаққиқин бар ин назаранд, ки Бурхи Сармасти Валӣ ин ҳамон Борух ибни Нериё ном шахсияте мебошад, ки дар аҳди пайғамбарии Ирмиё (а) котиби ӯ ба шумор мерафтааст ва зикри хайраш дар китоби Ирмиёи набии Таврот рафтааст. Қисмати дигари муҳаққиқин бар ин назаранд, ки Осаф ибни Бархиё, вазири пайғамбар ҳазрати Сулаймон ин ҳамон Бурхи Сармасти Валӣ ҳаст.
Тақводориву зоҳидӣ ва башардӯстии Бурхи Сармасти Валӣ боиси он гардид, ки дар дини мубини ислом ҳам ҳанӯз аз даврони аввали интишораш ҳамчун дӯсти Худо эътироф шуда, қадру манзаллати хосеро ҳамчун Қутбулорифин доро будааст. Дар осори хаттии исломӣ ҳанӯз дар асри 10 яке аз поягузорони тасаввуф Абӯ Толиби Маккӣ дар китоби худ «Қутулқулуб» дар бораи Бурхи Сармасти Валӣ маълумоти хубе додааст. Шоирону адибони маъруфи классик Фариддадин Аттор, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммад Порсо, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Мавлавии Ҷунунӣ ва ғайра дар борааш достонҳову қиссаҳое дар осори худ овардаанд.
Бо вуҷуди ин боз саволҳои зиёде дар бораи рӯзгори ин шахсияти дар олам маъруфи мазҳабӣ вуҷуд доранд, ки аниқ кардану посух додан ба онҳо ва шарҳу эзоҳи онҳо барои илми тоҷик як кори хеле муҳим ва хеле муфид хоҳад буд.
Баргузории ҳамоиши байналмилалии илмие ё худ Симпозиуме байналмилалие бо ширкати олимони Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Эрон дар бораи шахсияти Бурхи Сармасти Валӣ ба бисёр масъалаҳои торик рӯшанӣ меандозад, Аз тарафи дигар робитаҳои гусастаи пажуҳишгарони ин мавзуъро пайванд сохта, дар ба ҳам наздикшавии адёну тамаддунҳои мухталифе, ки Бурхи Валӣ дар он ҳамчун шахсият нақше дорад, саҳми арзандае хоҳад гузошт.
Султони Ҳамад
-
22.06.2025 14:51
167
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
285
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
301
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
526
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
629
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
522
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
112
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
168
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
146
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
1008
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1719
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3405
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
166
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
150
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
164
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
537
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
786
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
909
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
484
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
521
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
490
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
810
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1043
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1911
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
653
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
629
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1824
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2144
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2141
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2353
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
558
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
492
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
978
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3105
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3542
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3543
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
573
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
679
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
705
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд