17:17:23 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бод, ҳамаватанони азиз!

Имрӯз охирин рӯзи моҳи шаъбон аст. Фардо моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.

ramadan karim 0Яке аз саҳобаҳои киром Салмони Форсӣ (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) дар охирин рӯзи моҳи шаъбон хутбае (суханроние) эрод на­муд ва дар он аз ҷумла фармуд: «Эй мардум! Инак, моҳи бузург ва мубораке бар сари шумо соя аф­канда аст. Мо­ҳе, ки як шабаш (шаби Қадр) аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Моҳе, ки Худованд рӯзаашро фарз ва қиёми шабашро та­таввӯъ (нафл ва ихтиёрӣ) гардонидааст. Касе дар ин моҳ хислати некеро ба ҷой ова­рад, баробари он аст, ки фари­заеро дар дигар моҳҳо анҷом дода бошад ва касе фа­риза­еро дар он ба ҷой оварад, баробари ҳафтод фарз дар моҳ­ҳои дигар аст.

Моҳи сабр аст ва подоши сабр биҳишт аст. Моҳи ҳамдилӣ ва дастгирист. Моҳест, ки дар ризқи бандаи мӯъ­мин афзоиш ва баракат ба вуҷуд меояд. Касе рӯзадореро дар ин моҳ ифтор диҳад, он мағфирати гуноҳон ва саба­би озодиаш аз оташ мегардад ва ба монанди он (рӯ­за­дор) аҷр дода мешавад, бе он ки аз аҷри ӯ чизе коста гардад».

Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), на ҳамаи мо ифторе барои рӯзадор пайдо менамояд?Расули Худо (с) фармуд: «Худованд ин савобро барои касе, ки рӯзадореро бо хур­мое ё бо ҷуръаи обе ва ё бо шири ба об омех­тае ифтор диҳад, низ ато менамояд.

Моҳест, ки аввали он раҳмат, миёнаи он мағфират ва охираш озо­дии аз оташ бошад. Касе барои хидматго­ри худ дар ин моҳ сабукӣ ова­рад, Худованд ӯро биёмурзад ва аз оташ озодаш намояд.

Дар ин моҳ чаҳор хислатро бештар намоед, ки бо ду хислаташ Парвардигоратонро хушнуд месозед ва ду хис­лати дигараш барои худа­тон зарурӣ мебошанд. Он ду хис­лате, ки боиси хушнудии Парвардигора­тон мегар­данд, яке шаҳодат додан аст бар ин ки ҳеҷ Худое ба ҷуз Алло­ҳи ягона вуҷуд надорад ва дигар аз Ӯ мағфират хостан аст. Аммо он ду хислате, ки барои худатон зарурӣ мебо­шанд, аввал ин ки ҷаннатро аз Худованд бихоҳед ва дув­вум ин ки аз оташи дӯзах ба Ӯ паноҳ баред.

Ҳар касе рӯзадореро обе диҳад, Худованд ӯро аз ҳав­зи ман шарбате бинӯшонад, ки то ҷаннат дигар таш­на нагардад». (Саҳеҳи Ибни Ҳузайма, 1887. – Ҷ. 3. – С. 191.)

Худованд дар ҳадиси қудсие ме­фармояд: «Ҳар амали (неке), ки фарзанди одам анҷом медиҳад, аз даҳ некӣ то ҳафтсад баробар зиёд карда мешавад, вале рӯза ин барои Ман аст ва Ман подоши онро хоҳам дод, зеро рӯзадор шаҳвату таомашро аз барои Ман тарк на­мудааст. Рӯзадор ду хушнудӣ дорад: яке дар вақ­ти иф­тораш ва дигаре дар вақти дидори Парвардигораш. Ҳат­то бӯи тағйирхӯрдаи даҳони рӯзадор дар пешгоҳи Худо­ванд аз бӯи мушк хуш­тар аст».

Ду шодӣ рӯзадоронро фиристанд,

Зи лутфи ҳазрати Субҳонат, эй моҳ!

Яке ҳангоми ифтор андар ин дор,

Дигар дар ҷаннати ризвонат, эй моҳ!

Ҳамватанони азиз, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро барои Шумо табрик гуфта аз Худои бузург талаби онро дорем, ки ба ҳар яки мову Шумо тавону қуввати гирифтани рӯзаи моҳи шарифро арзонӣ бидиҳад ва савобу самараи онро  ба даргоҳаш қабул кунад. Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор»

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi