Маркази исломшиносӣ: "Ислом бо ташхиси пеш аз издивоҷ мухолиф нест"
Раиси нави Маркази исломшиносии Тоҷикистон гуфтааст, ба пешниҳодҳо дар бораи ташхиси ҳатмии пеш аз издивоҷ ва хотима додан ба никоҳҳои хешутаборӣ "ташаббуси ғамхорона" аст, на...
Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи гузашта ба ин мақом таъин ва Муродулло Давлатовро иваз кард, бо нашри як мақола аз ташхиси тиббии ҷавонон пеш аз издивоҷ ва хотима додан ба никоҳҳои хешутаборӣҳимоят карда ва гуфтааст, ин тасмимҳо мухолифи дини мубини ислом нест. Ин матлаби Баротзода дар торнамои оҷонсии "Ховар" ва Шӯрои уламо чоп шуда ва дар он пешниҳоди ҳатмӣ кардани муоинаи қабл аз никоҳ, ки моҳи январи соли ҷорӣ аз забони Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солонааш садо дод, "ташаббуси ғамхорона" таъриф шудааст.
Ӯ афзудааст, ҳадаф аз ин пешниҳод "ба ҷуз беҳтар намудани сармояи инсонӣ – дониш, саломатӣ, қобилияти корӣва сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон чизи дигаре нест."
Ҳарчанд мухолифони ин пешниҳод дар Тоҷикистон кам нестанд ва онро як навъ мазоҳи арзишҳои динӣҳам мешуморанд, аммо кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, ҳоло як комиссияи махсусро барои омӯзиши ин масъала ташкил додааст. Мақомот роҳандозии ташхиси қабл аз издивоҷи навҷавононро роҳи ҳалли азҳампошии оилаҳо медонанд.
Бино ба иттилои расмӣ, соли 2014 аз 95 ҳазору 500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда 9 ҳазори он бекор шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 9,5 дарсад зиёдтар аст.
Таҷрубаи Саудӣ, Миср, Кувайт...
Раҳбари нави маркази исломшиносӣ мегӯяд, мавзӯи ҳатмӣ кардани ташхиси пеш аз издивоҷи ҷавонон қабл аз он ки ба сокинон гуфта шавад, бисёр таҳқиқ шуда ва таҷрубаи кишварҳои дигар низ омӯхта шудааст. Ӯ меафзояд, дар Миср, Сурия, Арабистони Саудӣ, Иморот, Урдун, Кувайт ва Қатар қонунҳои алоҳида “Дар бораи низоми муоинаи пизишкӣ пеш аз издивоҷ” қабул шудаанд, ки баргирифта аз таҷрубаи кишварҳои пешрафта, аммо бунёдёфта бар асоси таълимоти Қуръонанд.
“Дар кишварҳои аз ҷиҳати масоҳати маъмурию ҷуғрофӣ ва шумораи аҳолӣ хурди арабӣ ба ин масъала муносибати ҷиддӣ ва дилсӯзона ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар Иморот пеш аз розигӣ додани тарафҳо ба бастани ақди никоҳ хулосаи Комиссияи махсуси вазорати тандурустӣ талаб карда мешавад,”-гуфтааст Файзулло Баротзода.
Ба қавли раиси нави Маркази исломшиносӣ, давлати Кувайт низ пеш аз бастани ақди никоҳ тарафҳоро маҷбур мекунад, то аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаранд ва бо ин ҳадаф дар қаламрави ин кишвар 4 маркази махсуси озмоишгоҳҳои тиббӣҳам таъсис дода шудааст ва набояд имконияту дастовардҳои илму технологияи муосир сарфи назар шавад.
"Тафаккури деҳотӣ"
Файзулло Баротзода мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон тӯли тақрибан ҳафтод сол зери султаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ буд ва таҳти идеологияи режими вақт кор мекард, аммо “девори устувори тафаккури деҳотии никоҳу оиладориро рахна карда натавонист”:
“Мебоист, дар замони истиқлол дар ин бахши муҳимми ҳаёти ҷомеа низ корҳои шоистаи таҳсин ва созгор ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба субут мерасонидем. Мутаассифона, мо ин навбат низ дар шароити мусоиди ба вуҷудомадаи таърихӣ, ба қавли Мавлоно раванди “бори дигар мо ғалат кардем роҳ”-ро пайгирӣ кардем. Ва бо ақлу ҳушу дасту пойи худ кишвари гулистонамонро дар як мижа задан ба кулбаи эҳзон мубаддал сохтем.”
Вай бовар дорад, даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки 5 сол идома карда, боиси сарсониву саргардонии ҳазорҳо хонавода шуда буд, “арзишҳои никоҳу оиладориро низ поймолу масхара кардааст”.
Раиси Маркази исломшиносӣ дар ин мақолааш ба хотима додан ба никоҳҳои хешутаборӣ низ дахл кардааст. Ӯ мегӯяд, агарчӣ дар даврони Шӯравии собиқ “дар тасаввури мардум духтарро аз як деҳа ба деҳаи дигар ба шавҳар додан ҳамчун падидаи носозгор ва сухане ношуниданӣ пазируфта мешуд”, ҷанги шаҳрвандӣ ба афзоиши он сабаб гардидааст.
"Ба никоҳи хешутаборӣ бас гӯем"
Файзулло Баротзода мегӯяд, ҳоло дигар чунин мушкил боқӣ намонда ва дини ислом низ никоҳи хешовандони наздики зинаи дуюмро иҷозат дода бошад ҳам, вале онро аз никоҳ бо бегонагон бартар надонистааст: “Доир ба ин масъала дастур ё супориши ҳатмӣ вуҷуд надорад. Яъне, дастурҳои бунёдии фиқҳи исломӣ комилан ба манфиати миллати мо ва бақои ҷомеаи хурраму насли солими он аст. Канораҷӣию дасткашӣ ва тарки никоҳи хешӣ, агар ба ҳамдигар куфв ё муносиб набошанд ва худи онҳо ҳамдигарро интихоб накарда бошанд, ҳаргиз гуноҳ нест ва сарзанише динию ахлоқӣҳам надорад.”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 23 январи соли ҷорӣ дар паёми солонаи худ ба парлумон никоҳи хешутаборӣ байни мардумро барои ҳифзи хонавода дар кишвар зиёнбор донист ва аз ҷумла ба 18 ҳазор кӯдаки маъюб дар кишвар ишора кард, ки аксари онҳо “ҳосил”-и никоҳҳои хешутаборианд. Ӯ аз мақомоти зирабти кишвар хоста буд, дар ҳамкорӣ бо ҷомеа ин масъаларо омӯхта ва ба ҳукумат тарҳи қонунро пешниҳод намоянд. Баъд аз ин пешниҳод, расонаҳои давлатии Тоҷикистон маъракаи мубориза бо никоҳҳои хешутабориро шуруъ карда, чанде аз мусоҳибаи сокинонро ҳам нишон доданд, ки гӯиё ба далели издивоҷ бо хешони наздики худ соҳиби тифлони маъюб гардидаанд.
Вале ин пешниҳоди президент Раҳмон бо вокунишҳои бархе аз рӯҳониён ва сокинон рӯбарӯ шуд. Бархе аз онҳо гуфтанд, агар никоҳҳои хешутаборӣ боиси маслуқу маъюб шудани тифлон мегардид, ҳоло ними аҳолии Тоҷикистон бо асову аробачаи маъюбӣ мегаштанд ваё як умр хонанишин буданд.
«Озодӣ»
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
213
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
469
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?