Маркази исломӣ: Дар Тоҷикистон алайҳи кӣ "ҷиҳод" мекунанд?
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як раддия таҳти унвони “Қуръон ба қатли мусулмон иҷозат намедиҳад!” иддаои "ҷиҳод" дар Тоҷикистонро ботил ва ҷоҳилона унвон кард.
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7 январ бо нашри як раддия бо номи “Қуръон ба қатли мусулмон иҷозат намедиҳад!” ҷангиёни тоҷики созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро, ки ба иддаои худи онҳо, аз “халифа”-и ин созмон Абӯбакри Бағдодӣ барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон иҷозат пурсидаанд, маҳкум кард. Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ), ки раҳбарии умури муассисаҳои расмии мусалмонӣ ва ҳам масъулияти судури фатво дар масоили исломиро бар ӯҳда дорад, ин ҷангиёни тоҷикро “ифротӣ” ва “хоин” меномад ва мегӯяд, “ҷиҳод”-и эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност.”
Ин раддияи Маркази исломӣ асосан посух ба матлаби “Дархости иҷозат барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон” аст, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр шуд. Дар ин матлаб аз нашри навори видеоие дар Интернет сухан мерафт, ки дар он як ҷавони зоҳиран тоҷик бо номи Абӯ Умариён, ки ба иддаои худаш, дар Ироқ дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” меҷангад, мегуфт, ки онҳо азми “ҷиҳод” ва “куштани кофирону золимон” дар Тоҷикистонро ҳам доранд ва барои ин аз “халифа” Абӯбакри Бағдодӣ иҷозат пурсидаанд&
Абӯ Умариён дар ин навор аз ҷумла мегӯяд: “Мо аз амирони инҷо хоҳиш кардем, ки дар Тоҷикистони мо зулм бисёр аст, мо мехоҳем, ки муҷоҳидон ба Тоҷикистон равем. Рӯзе мо меравем ва ҳамроҳи муҷоҳиддини Ансоруллоҳ дар Тоҷикистон ҷиҳод мекунем ва кофириро аз байн нобуд мекунем.” Аммо ба гуфтаи ин ҷавони ришдор ва зоҳиран зери 30-сола, “амироне, ки пайёми онҳоро ба Бағдодӣ мерасонанд, гуфтаанд, ҳоло сабр кунед.”
Маркази исломӣ дар раддияаш менависад, “ҷои таассуф аст, ки ин ҳама қатлу ғорат аз номи дини мубини Ислом анҷом дода мешавад. Дине, ки ҳаргиз ба қатлу ғорат, куштору тавовузро иҷоза намедиҳад. Дине, ки раҳмат асту муҳаббат...Чанде пеш аз тариқи сомонаҳои хабарӣ масъалаи “Дархости иҷозат барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон” интишор шуд, ки он мавриди вокуниши доираи васеи аҳолии мамлакат қарор гирифт.”
Маркази исломӣ аммо азми ин ҷангиёни тоҷикро маҳкум карда, менависад, “дар кишваре, ки зиёда аз 99%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна “муҷоҳид”-е (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад “ҷиҳод” бикунад? “Ҷиҳод” бо кӣ мекунанд? Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!. Агар онҳо аз асли дин огоҳ мебуданд, ҳаргиз ин суханро намегуфтанд! Зеро Худои бузург дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Ва ҳар ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст.”
Маркази исломии Тоҷикистон пайвастани ҷавонони мо ба равияҳои тундгаро ва эҷоди адоватро ба худкушӣ ташбеҳ кардааст, ки дини Ислом манъаш мекунад. Ин ниҳод аз волидон хостааст, то дар тарбияи фарзандони худ саъйи бештар кунанд ва “ҷавонон ҷавобан ба эътимоди Сарвари давлат бояд нагузоранд, ки ҳар ифротие, ҳар кӯрнамаке, ҳар тангназаре ва ниҳоятан ҳар хоине аз номи давлат ва миллати тоҷик садо баланд кунад, ҳадафи ноором сохтани вазъи амниятӣ ва сиёсии кишварро дошта бошад.”
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан бо нашри як фатво гуфта буд, ҷанг дар Сурия "ҷиҳод" нест.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳқаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис додаву Абӯбакри Бағдодиро, ки бино ба гузоришҳо, як афсари собиқи артиши диктатори пешини Ироқ Саддом Ҳусейн будааст, “халифа” эълон кард. Ин созмон мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.
Тайи ду соли ахир аз ҳузури садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия гузориш мешавад. Ба гуфта мақомот, ҳоло то 300 ҷавони тоҷик дар Ироқу Сурия меҷанганд, аммо худи ин ҷангиӣн дар шабакаҳои иҷтимоии теъдоди тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурияро то 1000 нафар мегӯянд.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
151
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
272
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
288
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
508
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
612
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
499
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
94
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
156
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
133
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
991
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1700
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3391
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
150
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
136
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
147
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
520
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
771
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
893
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
468
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
506
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
477
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
782
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1029
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1895
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
636
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
614
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1808
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2128
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2125
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2337
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
542
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
481
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
961
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3089
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3525
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3523
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
556
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
667
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
693
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд