Саҷдаву дуо. Мададхоҳӣ аз мазори Имом Зайнулобиддин
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъд аз зиёрати мазори Имом Зайнулобиддун аз банди азоби пулиси Русия озод шудаанд. Аммо рӯҳониён имдодталабӣ аз шахси мурдаро аз Ислом намедонанд. Даҳҳо нафар аз сокинони Хатлон пеш аз сафари Русия оромгоҳи Имом Зайнулобиддин, шахсияти маъруфи исломӣ дар ноҳияи Ҷиликӯли ин вилоятро, зиёрат мекунанд ва аз рӯҳи ӯву ёронаш мадад мехоҳанд.
“Маро тобу тавоне деҳ, ки дур аз хешу наздиконам дар амон бошам, бо корфармои хубе рӯбарӯ шавам ва пули хубе ба даст орам.” Ин дуо ва дархости аксарияти онҳоест, ки пеш аз сафар ба Русия дар сари мазори Имом Зайнулобиддин хайре мекунанд ва тарҳи муҳоҷирати кориро мекашанд.
Бахтовар, сокини 25-солаи ноҳияи Вахш, чаҳор бор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳар сафараш бо ҳамроҳии аҳли хонавода ба бӯсидани қабри Имом Зайнулобиддин ва ёрони ӯ рафта буд, то дар ғарибӣ кораш барор гираду бо дасти пур ба хона бар баргардад. “Калонсолҳои хонаамон мегӯянд, рафта аз мазорҳо, бахусус Имом Зайнуллобиддин пеш аз сафар ба Русия дуо гиреду баъд роҳи муҳоҷиратро пеш гиред. Мо гуфтаи онҳоро мекунем, ки корҳоямон бобарор ҳастанд. Ман дуо гирифтам ва зиёрат кардам барои чанд нафар дар назди мазор як табақғизо додам, ки корам бобарор бошаду роҳам сафед”,-нақл кард Бахтовар.
Ин сокини 26-солаи Вахш гуфт, ҷавонони зиёди тоҷик, ки бо ҳамроҳии ӯ кор мекунанд, “депорт” (ихроҷ) мешаванд, аммо пулиси Русия аслан ба ӯ кордор намешавад. Бахтовар бовар дорад, бо шарофати шод кардани рӯҳи Имом Зайналобиддин ӯ аз азияти пулиси Русия озод аст. Вай бар ин аст, ки ихроҷ ё ҳабс шудан аслан ба ҳуҷҷатҳои кас ё қонунмандии рафтору кирдори ӯ рабт надорад. Ба ақидаи Бахтовар, чанд нафареро, ки ҳамаи аснодашон дуруст буд, “депорт” карданд, ки аз Имом Зайналобиддин дуо нагирифта буданд.
НазаралӣҚурбонов, яке аз нигаҳбонони мазори Имом Зайнулобиддин, дар суҳбат ба мо гуфт, ҳар рӯзи чаҳоршанбе беш аз 700 нафар аз вилояти Хатлон ва берун аз он ба зиёрат меоянд, ки дар миёни онҳо муҳоҷирон низ кам нестанд: “Зиёрати бобои Зайнулоббидин бештар рӯзҳои чаҳоршанбе сурат мегиранд, ки ба хотири ихлос ва муҳаббат доштани мардум мебошад, муҳоҷирон дӯстони Худоро зиёрат карда, ба Русия мераванд ва сарбаланд ҳастанд. Онҳо бо зиёрат кардани оромгоҳи Зайнуллобиддин муваффақ мешаванд.”
Аз маблағе, ки зоирони ин мазор хайр кардаанд, ҷое барои таҳияи ғизо ҳам сохта шудааст ва зиёраткунандагон барои худ ба дигарон ғизо омода кардаву лаҳзаҳоеро дар ин ҷо бо ҳам мегузаронанд. Аммо рӯҳониён ба зиёрати маконҳое, ки муқаддас шумурда мешаванд, бо шубҳа менигаранд. Бархе аз онҳо мегӯянд, саҷда ба мазор кори ғайримусулмонист.
Мулломуҳаммадшарифи Минҳоҷ, руҳоние аз ноҳияи Ҷиликӯл гуфт: “Зиёрат кардани муҳоҷирон хуб аст, ин яъне мустаҳаб аст, аммо онҳое, ки меоянд саҷда мекунанд, аз дин ихроҷ мешавад. Аммо ин чизҳо дар мазори Зайнулобиддин ҷой доранд, ки аз дин дур ҳастанд ва ҳамин корро мекунад. Худованд кори муҳоҷиронро барор диҳад, вале бояд аз Худо талаби сарбаландӣ кунанд.”
Таърихдонҳо мегӯянд, Имом Зайнулобиддин дар асри 10 дар шаҳри Ясриби Арабистон таваллуд шудааст, ки набераи ҳазрати Алӣ, писари Имом Ҳусайн ва абераи паёмбари ислом Муҳаммад (с) аст, вале дақиқ нест, ин мазори ӯст. Дар бисёре аз маҳалҳои Тоҷикистон ба ҷойҳое барои ба маротиб боло бурдани аҳамияти мазҳабӣ ё таърихии онҳо номи афроди маъруфро медиҳанд, ки таърих рабти онҳоро бо ин маконҳо рад мекунад.
Савсан Шарифова, як масъули идораи фарҳанг дар Хатлон мегӯяд, “хурофотпарастӣ” ва бӯсидану саҷдаи мазорҳо дар Хатлон аз ноогоҳии мардум дар бораи ин мавзеъҳои таърихӣ мебошад. Дар зимн, дар Хатлон беш аз 800 ёдгории таърихӣ, ки онҷоро мардум ҳамчун зиёратгоҳқабул кардаанд, мавҷуд аст, ки дар бораи кӣ будани онҳо ва шахсияташон маълумоте нест.
«Озодӣ»
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
214
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?