16:47:47 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-8

ДАР БАЁНИ ҶАВОБҲОИ МУВОФИҚ

ДОДАНИ ИМОМИ АЪЗАМ БА САВОЛҲО

Шахсе Имоми Аъзамро бад медид. Рӯзе аз Имоми Аъзам пурсид, ки чӣ мефармоед ба он касе, ки аз ҷаннат умед надорад, фитнаро дӯст дорад, бе руқӯъву суҷуд намоз гузорад, гӯшти моҳии мурдаро истеъмол кунад, аз раҳмати Ҳақ гурезон бошад ва ба нодида гувоҳӣ диҳад. Ҳазрати Имоми Аъзам аз худи саволкунанда пурсиданд, ки шахсе, ки дорои ин хислатҳост, ту худ медонӣ, ки кист? Гуфт: «На». Имоми Аъзам аз шогирдон пурсон шуданд, ки дар ҳаққи ин хел шахс фикри шумоён чист? Гуфтанд:

 «Албатта одами бад аст, зеро ин сифатҳои кофир мебошад». Ҳазрати Имоми Аъзам дар ханда шуда, фармуданд, ки дар ҳақиқат ин сифатҳои авлиёуллоҳ аст. Баъд Имоми Аъзам ба шахси саволкунанда гуфтанд: «Ин сифатҳоро бар ту мегӯям ба шарте, ки забонатро аз бадгӯӣ нигоҳ дорӣ» Гуфт: «Оре, нигоҳ медорам». Гуфтанд: «Он шахсе, ки аз ҷаннат умед надорад, аз ҷаннати Парвардигор умед дорад.

 Аз дӯзах натарсидан – дар мулоҳизаи адли Яздон аз ҷабр накардани Аллаҳ таъоло натарсад, моҳии мурдаро хӯрад, намози ҷанозаро бе рукӯъу суҷуд хонад ва Худову Пайғамбарро надида ба мавҷудияти Худои якка ва ягона ва Пайғамбари Ӯ Муҳаммади Мустафо алайҳиссалом гувоҳӣ дода бигӯяд: «Ашҳаду ал-ло илоҳа илла-л-лоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуху ва расулуҳ» ва барои тоъати Худои таъоло мурданро бад бинад ва молу фарзанд, ки фитна мебошанд, дӯст дорад ва борон, ки раҳмат аст, бигрезад».

 Шахси саволкунанда аз ҷой ҷаст ва дасти Имоми Аъзамро бӯса дода гуфт: «Гувоҳӣ медиҳам, ки мазҳаби Шумо ҳақ аст, акнун инкор нестам».

 Овардаанд, вақте Абӯюсуф бемор шуд, Имоми Аъзам гуфт: «Агар ин ҷавон бимирад, ҷояш холӣ хоҳад монд, яъне дар ин замон касе нест, ки ҷои ӯро бигирад». Баъди сиҳат шудани Абӯюсуф аз суханони мубораки устодаш фахр намуда дар сараш ҳавои дарс гуфтан афтод. Имоми Аъзам инро шунида шогирдеро мефармоянд, то ба маҷлиси Абӯюсуф биравад ва аз ӯ савол кунад, ки чӣ мегӯӣ ба ранггаре, ки шахсе ба ӯ барои ранг кардан либос овард ба ду танга.

 Гирифтани музд барои ранггар лозим аст ё на? Агар Абӯюсуф гӯяд, ки лозим аст, бигӯ хато кардӣ ва агар лозим нест бигӯяд ҳам бигӯӣ, ки хато кардаӣ. Он шогирд назди Абӯюсуф шуд ва он саволро бозпурсид. Абӯюсуф ҷавоб дод, ки лозим аст. Шогирд гуфт: «Хато кардаӣ». Абӯюсуф камтар андеша кард ва гуфт: «Гирифтани музд лозим нест». Боз шогирд гуфт, ки хато кардаӣ. Абӯюсуф назди Имоми Аъзам омад. Устод пурсиданд:

 «Бо масъалаи ранггар омадаӣ?» Гуфт: «Оре». Имоми Аъзам гуфт: «Аҷабо! Барои дарс гуфтану фатво додан дар масҷид маҷлис барпо кардаӣ, то дар роҳи Худои таъоло хизматгузор бошӣ, аммо ба масъалае ҷавоб нагуфтан хуб нест». Абӯюсуф гуфт: «Эй устод, ҷавоби масъаларо маълуми ман намоед», Ҳазрати Имоми Аъзам фармуд: «Агар ранггар бо ғасб, яъне бо қаҳру ситам гирифта бошад, музд лозим нест, зеро барои худ ранг карда бошад ва агар пеш аз қаҳру ғазаб ранг карда бошад, дар он ҳол музд лозим аст, чунки барои соҳиби либос ранг карда бошад».

 Ҳазрати Имоми Аъзам бо уламо дар тӯи никоҳие ҳузур дошт. Соҳиби тӯй ду духтари худро ба ду ҷавони дугоник никоҳ карда буд. Падарони духтарону ҷавонон назди уламо ҳозир шуда гуфтанд, ки бар мо мусибати сахте рӯй додааст. Дар шаби аввал ҷавонон ғалат карда бо зани якдигар ҳамхоба шудаанд. Аз уламо Сӯфён гуфт:

 «Ҳеҷ боке нест, зеро дар замони Ҳазрати Алӣ карамуллоҳу ваҷҳаҳу ҳамин хел воқеъа шудааст ва он ҳазрат ҳукм кардаанд, ки ин ҳамхобаи шубҳанок ҳисобида шуда ва ба он маҳр воҷиб мешавад. Зарур аст, ки баъди додани маҳр ҳар як арӯс бо шавҳари худ биравад».

 Мардум ба фатвои Сӯфён офаринҳо хонданд, аммо Имоми Аъзам хомӯш буд. Имом Мисъар гуфт: «Ё Абӯҳанифа, ба ин масъала чӣ хоҳӣ гуфт?» Имоми Аъзам гуфт: «Лозим аст, ки ҳар ду ҷавон ҳозир оянд». Ҷавонон ҳозир шуданд. Имоми Аъзам аз ҷавонон пурсид: «Занҳое, ки ҳамхоба шудаед, мехоҳед, ки занҳои шумо бошанд7» Ҷавонон гуфтанд: «Оре, мехоҳем». Имоми Аъзам фармуд: «Занҳои никоҳшударо ҷавонон бояд талоқ карда, бо арӯсоне, ки ҳамхоба шудаанд, никоҳи нав банданд ва аз сари нав тӯй кунанд».

 Аз фатвои Имоми Аъзам ҳама дар ҳайрат монданд. Имом Мисъар аз ҷой бархоста Абӯҳанифаро бӯсид ва гуфт: «Аз ин сабаб Имоми Аъзамро дӯст медорам», Сӯфён хомӯш буд, зеро фатвои ӯ аз фасод холӣ набуд ва низ идда лозим мешуд.

 Вақте Қатода ба Кӯфа омад, гуфт: «Ҳар касе, ки аз масъалаи ҳарому ҳалол суол кунад, ҷавоб хоҳам гуфт». Имоми Аъзам ҳозир буд пурсид, ки марде чанд муддат аз хонаи худ ғойиб буд. Ба занаш хабар расид, ки шавҳараш мурдааст. Он зан шавҳари дигар кард ва аз ӯ писардор шуд. Шавҳари аввалаи зан бозомад ва гуфт, ки фарзанд аз ман нест. Шавҳари дуввум гуфт:

 «Фарзанд аз ман аст». Акнун ҳар ду шавҳар казаф, яъне бадном мешаванд ё шавҳаре, ки аз фарзанд мункир аст, казоф мешавад? Агар аз роҳи раъй гуфта шавад, ҳукм хато хоҳад шуд. Қатода гуфт: «Ин масъаларо аз худ бофтаед ва аз набуда савол намудед». Имоми Аъзам ба уламо муроҷиат намуда фармуданд: «Лозим аст, ки барои ҳар ҳодисаву масъала мустаъаду омода бошем». Қатода гуфт: «Ин масъаларо вогузоред, аз тафсир суол кунед».

 Имоми Аъзам пурсиданд, ки дар замони Сулаймон алайҳиссалом аз исми Аъзам касе хабар дошт? Қатода гуфт: «Бархиё ном котиби Сулаймон алайҳиссалом». Имоми Аъзам гуфт: «Сулаймон низ медонист?» Қатода гуфт: «На». Имом гуфт: «Магар ҷоиз аст, ки дар замони пайғамбар аз пайғамбар доно шахсе бошад?» Қатода гуфт: «Дар ҳаққи Худо, ки акнун бо ту аз тафсир сухан накунам».

 Дар маҳаллае, ки Имоми Аъзам мезист шахсе назди он ҳазрат омад ва гуфт: «Товуси маро дуздидаанд». Имоми Аъзам мардуми маҳалларо ҷамъ намуда гуфт: «Касе товуси ҳамсояашро дуздидааст ва шарм накарда, барои намозгузорӣ ба масҷид меояд. Ҳол он, ки парҳои товус дар сари ӯ намоён аст». Дар ин вақт шахсе бо дасташ сари худро афшонд. Ҳазрати Имоми Аъзам ба ӯ гуфт: «Акнун товусро бароварда ба соҳибаш деҳ». Он шахс товусро ба соҳибаш супорид.

 Овардаанд, ки рӯзе Имоми Аъмаш бадқаҳр шуда овоз баланд кард ва ба зани хеш гуфт: «Агар аз тамом шудани орд маро хабар кунӣ ва ё бо хат маълум кунӣ ё шахсеро равона созӣ ё ишорае кунӣ, ту бар ман талоқ бошӣ!». Чанд муддат сипарӣ гашт ва орд тамом шуду фарзандон гурусна монданд. Зани бечора намедонист чӣ кунад. Занҳои ҳамсоя маслиҳат доданд, ки назди Имоми Аъзам рафта маслиҳат пурсад. Он зан ба ҳузури Имоми Аъзам омада, воқеаро баён кард. Имоми Аъзам гуфт:

 «Вақте, ки Аъмаш дар хоб бошад, халтаи ордро бар либоси ӯ биафшон. Бедор гашта мефаҳмад, ки орд тамом шудааст». Он зан ба гуфтаи Имоми Аъзам амал кард. Имом Аъмаш бедор шуда фаҳмид ва гуфт: «Дар ҳаққи Худо, ки ин ҳилати Абӯҳанифа аст. Маро дар назди зан расво кард ва ночории маро маълум намуд».

 Шахсе қасам ёд кард, ки дар моҳи рамазон бо зани хеш муҷомиат кунад, баъд пушаймон шуда дар паи фатво назди Имоми Аъзам омад ва пурсон шуд. Имоми Аъзам фармуд, ки бо зани худ дар сафар шавад ва муҷомиат намояд.

 Аз Имоми Аъзам савол кардан, ки зани шахсе дар мобайни нардбон буд. Шавҳараш ба зан гуфт, ки агар бо нордбон боло равӣ талоқ ё поён фароӣ се талоқ бошӣ. Фатвои ин чӣ бошад? Имоми Аъзам гуфт: «Занро бо нордбон бардошта ба замин бояд гузошт».

 Аз Имоми Аъзам пурсиданд, ки зане дар даст косаи об дошт, шавҳараш гуфт: «Обро бинӯшӣ. ё онро бирезӣ ва ё ба ягон кас бидиҳӣ бар ман талоқ бошӣ». Чӣ кунад, ки занаш талоқ нашавад? Имоми Аъзам гуфт: «Пахта ё латтаро ба косаи об бояд ниҳод, то обро ба худ гирад. Он вақт талоқ нахоҳад шуд».

 Зане дугоник таваллуд кард, ки пуштҳо бар якдигар часпида буданд. Яке аз онҳо бимурд. Уламои Кӯфа фатво доданд, ки ҳардуяшро бигӯронанд. Аммо Имоми Аъзам гуфт: «Оне, ки мурдааст зери хок бояд кард, то аз якдигар ҷудо гардад». Фармудаи он ҳазратро ба ҷо оварданд ва баъди чанд муддат аз якдигар ҷудо гашт. Оне, ки зинда монда буд, муддатҳо зист ва ба вай «Ғуломи Имоми Аъзам» ном ниҳоданд.

 Дар Мадинаи мунаввара Имоми Аъзам бо набераи ҳазрати Али-Муҳаммад ибни Ҳасан разияллоҳу анҳу ҳамсӯҳбат гашт. Муҳаммад ибни Ҳасан ба Абӯҳанифа гуфт: «Ба ҳадисҳои бобои ман ту бо қиёс мухолифат мекардӣ?» Имоми Аъзам гуфт: «Аъузу биллоҳи мин золика». Марҳамат фармоед биншинед. Ҳурмати шуморо намудан – ҳурмати бобои шумо алайҳи афзалу-с-салавот ва-с-салом ба ҷой овардан аст». Муҳаммад ибни Ҳасан биншаст ва Имоми Аъзам бо таъзим дар назди ӯ истода шуд. Муҳаммад ибни Ҳасан пурсид: «Мард заифтар аст ё зан?» Гуфт: «Зан заифтар аст». Боз пурсид: «Саҳмух ҳиссаи зан чанд аст?» Ҷавоб дод: «Нимаи саҳми мард».

 Дар ин асно Имоми Аъзам ба Муҳаммад ибни Ҳасан гуфт, ки агар ба қиёс ҳукм мекардам, саҳми занро зиёд мегуфтам. Муҳаммад ибни Ҳасан савол кард, ки намоз афзал аст ё рӯза? Имоми Аъзам гуфт, ки намоз афзал аст. Агар ба қиёс фатво медодам, барои зани ҳойиз намоз фармуда, қазои рӯза мефармудам. Муҳаммад ибни Ҳасан пурсид: «Пешоб наҷас аст ё манӣ?» Гуфт: «Пешоб наҷас аст. Ин ҷо низ агар бо қиёс фатво медодам, ба шахси пешобкарда ғусл мефармудам ва ба шахси манӣ дида ғайри он. Худо нигаҳбон, зеро ман аз дилу ҷон дар хизмати ҳадиси набавӣ ҳастам».

 Муҳаммад ибни Ҳасан ах ҷой бархост ва аз рухсораи Имоми Аъзам бӯсид.

 Ба Кӯфа мусофире омад бо занаш ва зани ӯ соҳибҷамол буд. Ҷавоне аз аҳли Кӯфа ба он зани соҳибҷамоли мусофир ошиқ шуда, даъво кард, ки ин зани ман аст ва шавҳари занро аз хонааш ронд. Мусофири бечора назди Имоми Аъзам омад ва ҳоли худ арз кард. Имоми Аъзам бо Абу Лайло ва уламои дигар ба хонаи мусофир омаданд. Мусофир дар хонааш саги боҳайбате дошт.

 Имоми Аъзам занеро фармуд, то ба хона дарояд, аммо саг нагузошт, ки он зан ба хона ворид шавад. Зани мусофирро фармуданд, то дохили хона шавад. Вақте ки ӯ ба хона дохил шуд, саг думи худ ҷунбонида дар атрофи зан гардиш кард ва нишони ошноӣ намуд. Имоми Аъзам гуфт: «Акнун ҳақ зоҳир гашт». Он зан низ иқрор шуд, ки мусофир шавҳари ӯст.

 Ҷамоае аз даҳриён дар қасди куштани Имоми Аъзам буданд. Имоми Аъзам гуфт: «Аз шумоён масъалае мепурсам, баъд ҳар чӣ хоҳед ихтиёр дар дасти шумост». Гуфтанд: «Баргӯӣ». Имоми Аъзам гуфт, ки киштие пур аз мол аз дарёи пурталотум бе киштибон ба соҳил расида метавонад ё на? Даҳриён гуфтанд: «Номумкин ва бас мушкил аст». Имоми Аъзам фармуд: «Дар дунё ба дигаргун кардани гирду атроф, бо тағйири аъмолу афъол ва дигаргунии корҳо ва бӯқаламунии махлуқот бе ҳокими сониъ ва мудаббири алим магар мумкин аст?» Даҳриён ба вуҷуди ягонагии Худои таъоло имон оварданд ва тавба карданд.

 Олими муҳаддисе бо Абӯҳанифа нохуш буд. Рӯзе дар моҷарое бо зани хеш гуфт: «Агар имшаб аз талоқ савол кунӣ ва ман талоқ надиҳам, ту талоқ хоҳӣ шуд». Зан ба муҳаддис гуфт: «Агар имшаб ман аз ту талоқ нагирам, ғуломам озод бошад». Бо ин моҷаро онҳо назди Имоми Аъзам омаданд. Имоми Аъзам ба зани муҳаддис фармуд, ки аз шавҳари хеш талоқ талаб кун. Ба муҳаддис гуфт, ки агар зани ту талоқ талаб кунад, ту ба занат бигӯй, ки агар талоқ хоҳӣ ту бар ман талоқ ҳастӣ. Онҳо чунин карданд.

 Имоми Аъзам гуфт: «Акнун ба шумоён ҳеҷ ташвише нест». Ба муҳаддис гуфт: «Ба хизматчиёни нами фиқҳ бадгӯӣ макун ва дар тавба бош!» Муҳаддис тавба карда ва бо зани хеш баъди ҳар намоз дар ҳаққӣ Имоми Аъзам дуъо мекард.

 «Аллоҳумма рзуқно фиқҳа-л-имоми».

(Парвардигоро! Фиқҳи имомро насиби мо гардон).

 (идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi