Аҳодис дар фазилати Рамазон – II
Барои тоҷирон низ дар ин маврид ҳеҷ мушкиле нест, ки дар ин моҳи муборак каме аз вақти мағоза кам кунанд. Ё ҳадди ақал дар мағоза ҳамроҳ бо тиҷорат тиловат ҳам бикунанд. Ин моҳи муборак бо каломи Аллоҳ (ҷ.ҷ) муносибати хосае дорад. Зеро, ки тамоми китобҳои осмонӣ маҳз дар ҳамин моҳ нозил шудаанд, чунон ки Қуръони маҷид аз Лавҳи маҳз бар осмони дунё ба сурате яклухт дар ҳамин моҳ нозил шуд ва аз он ҷо бар ҳисоби ниёз кам-кам дар зарфи бисту се сол нозил шуд.
Саҳифаҳои ҳазрати Иброҳим (а) дар таърихи аввал ё саввуми ҳамин моҳ ба эшон ато шуд. Забур дар ҳаждаҳум ё дувоздаҳуми Рамазон ба ҳазрати Довуд (а) ато шуд. Таврот дар шашуми Рамазони муборак ба ҳазрати Мусо (а) ато шуд ва Инҷил дар дувоздаҳум ё сензаҳуми Рамазони муборак ба Исо (а) нозил шуд. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ин моҳ бо каломи Аллоҳ муносибати хусусӣ дорад. Ба ҳамин ҷиҳат касрати тиловати дар ин моҳ аз бисёри ривоят нақл шудааст ва маълуми машоих низ ҳамин будааст.
Ҳазрати Ҷабраил (а) ҳар сол дар моҳи Рамазон тамоми Қуръони маҷидро барои Расулаллоҳ (с) қироъат мекард ва дар баъзе ривоёт омада, ки Ҷабраил (а) аз Расулаллоҳ (с) гуш мекард. Хулоса ҳар қадар мумкин аст дар ин моҳ бояд ба тиловати Қуръон эҳтимом кард. Дар айни ҳол ки шахсе ба корҳои дунявии худ машғул аст, ҳеҷ мушкиле нест, ки ба забон дуруд ё калимаи Тайибаро бихонад, то фардои қиёмат битавонад бигӯяд:
Гарчи ба зери зулм бибудам зи рӯзгор,
Аммо даме зи ёди Ту ғофил набудаам.
Баъд аз он Расулаллоҳ (с) баъзе аз хусусиятҳо ва одоби ин моҳро баён фармудаанд: аввал ин ки ин моҳ моҳи сабр аст, яъне агар дар рӯза гирифтан машаққате эҳсос шавад, бо шавқу ризоят онро бояд таҳаммул кард. Сару садо ба роҳ наяндозад ва ҳамчунин агар аёнан натавонист саҳар ғизо бихӯрад, набояд тамоми рӯз ғамгину ранҷида шавад. Ба ҳамин сурат дар намози таровеҳ агар андаке хастагӣ пеш биёяд, онро бояд ба хушии комил таҳаммул кунад ва барои худ мусибате тасаввур нанамояд, зеро ин нишонаи маҳрумият аст. Имрӯзҳо мардум ба хотири ғаразҳои ҷузъии дунявӣ хӯрдану пӯшидан ва ҳатто ҳамаи роҳату оромиши худро тарк мекунанд. Пас дар муқобили ризои Аллоҳ (ҷ.ҷ) инҳо чӣ арзише доранд?
Дар давоми ҳадис он Ҳазрат (с) иршод фармуданд, ки ин моҳ моҳи ғамхорӣ аст, ба ин маъно, ки бо фуқуаро ва масокин ба хуби рафтор карда шавад, агар даҳ чиз барои ифтори худ таҳия кардааст, ҳадди ақал ду ё чаҳор чизро ба фуқаро ва масакин ихтисос бидиҳад. Шоиста аст, ки агар барои онҳо чизе беҳтареро дар назар мегирад, ҳадди ақал онҳоро бо худ баробар кунад. Хулоса, ҳар қадар ҳиммат дорад, ҳатман дар ифтори саҳар саҳме аз ғизо барои фуқаро ҳам дар назар бигирад.
Саҳобаи киром (р) дар майдони амал барои тамоми уммат улгую намуна буданд ва ба тамоми ҷузъиёти дин чунин амал карданд ва ба мо нишон доданд, ки барои мо дар ҳар кори нек намунаи равшане вуҷуд дорад. Дар боби исору ғамхорӣ ҳам корҳои беназире ҳам анҷом дадаанд, ки садҳо ва ҳазорон воқеа аз зиндагии онҳо ин матлабро собит мекунад. Вақте инсон ин воқеъотро мехонад, ҷуз аз ҳайрат чизе наметавонад бигӯяд.
Дар инҷо як воқеъаро барои намуна нақл мекунем: Абу Ҷаам (р) мефармояд: ман дар ҷанги Ярмук ба ҷустуҷӯи писари амуям (амак) пардохтам, то агар зинда бошад, дар охирин лаҳазот обе ба ӯ бинӯшонам ва сару сураташро бишӯям. Машке пур аз об ҳамроҳ доштам. Ногаҳон ӯро дар ҷое афтида ёфтам. Аз ӯ пурсидам, ки оё ба ту об бидиҳам? Бо ишора об хост. Ҳанӯз об нахӣрда буд, ки нолиши маҷрӯҳи дигаре, ки дар наздикии ӯ ба замин афтода буд ба гуш расид. Писари амуям бидуни ин ки об бинӯшад, ба ман ишора кард, ки ба сӯи он маҷрӯҳ биравам.
Вақте аз он маҷрӯҳ пурсидам, ӯ ҳам ташна буд ва об мехост, обро барои ӯ омода кардам, ки ногаҳон маҷрӯҳе дигар, ки дар наздикии ӯ буд, барои об ишора кард. Эшон ҳам қабл аз нӯшидани об маро ба сӯи он маҷрӯҳи саввум фиристоданд. Наздикии ӯ, ки расидам, рӯҳаш парвоз кард. Ба тарафи дуввумӣ баргаштам, ӯ ҳам фавт карда буд. Дубора болои сари писари амуям омадам ва ӯ ҳам ба раҳмати Аллоҳ пайваста буд. Ин аст намунаи исори гузаштагони мову шумо, ки худашон ташналаб ҷон доданд, вале пештар аз бародари мусалмони худ нӯшидани обро муносиб надонистанд.
Сипас Расулаллоҳ (с) фазилати ифтор додан ба дигаронро баён фармуданд. Дар ривоёти дигаре омадааст, ки ҳар шахсе дар моҳи Рамазон аз касби ҳалол ба рӯзадорон ифтор бидиҳад, фариштагон дар шабҳои рамазон бар ӯ раҳмат мефиристанд ва дар шаби Қадр Ҷабраил (ъ) бо ӯ мусофаҳа (даст дода вохӯрдӣ кардан) мекунад ва касе, ки Ҷабраил (ъ) бо ӯ мусофаҳ кунад, аломаташ ин аст, ки дар дили ӯ риққату (ҳисси ғамхорӣ) нармӣ пайдо мешавад ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ мегардад.
Расулаллоҳ (с) баъд аз баёни фазилати ифтор фармуданд, ки: аввалин қисмати ин моҳ раҳмат аст. Манзур ин аст, ки фазлу карами хусусии Аллоҳ (ҷ.ҷ) мутаваҷҷеҳи бандагонаш мешавад ва ин раҳмати умумӣ аст ва шомили ҳоли ҳамаи мусалмонон мешавад ва баъд касоне, ки шукри онро ба ҷо меоваранд, барои онҳо ин раҳмат изофа мешавад, чун ки иршоди Аллоҳ аст, ки "Агар шукр кунед, бароятон афзоиш медиҳам" (сураи Иброҳим, ояти 7). Ва аз ҳиссаи дуввуми ин моҳ рӯзҳои мағфират оғоз мешаванд.
Чун теъдоде аз рӯзҳои Рамазон адо шудаанд, Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба ивази подоши он мағрифатро оғоз мефармояд ва қисмати охири он (даҳрӯзаи саввум) навбати наҷоти комил аз оташи дӯзах аст. Дар бисёре аз ривоётҳои дигар ҳам наҷот аз оташи дӯзах дар охири моҳи Рамазон ворид шудааст. Дар ривояте Рамазон ба се қисмат тақсим шуда буд. Ба гумони ин каминаи ҳақир фарқ миёни ин се қисмат яъне раҳмат, мағфират ва наҷот аз оташи дӯзах ин аст, ки аз он ҷо, ки инсонҳое се гӯрӯҳ ҳастанд: гурӯҳе, ки онҳо бори гуноҳ ба душ надоранд, барои онҳо аз оғози Рамазон боридани инъоми раҳмат шуруъ мешавад.
Гуруҳи дуввум касоне ҳастанд, ки камтар гуноҳ кардаанд, барои онҳо пас аз рӯза гирифтани як қисмат аз рамазон ба туфайли он рӯзаҳо мағфирати гуноҳонашон мешавад. Гуруҳи саввум касоне ҳастанд, ки бештар гуноҳ карданд. Барои онҳо пас аз рӯза гирифтани рӯзаҳои бештаре аз моҳи Рамазон муждаи наҷот аз дӯзах дода шудааст. Акнун тасаввур кунед, касоне, ки аз ибтидои барояшон раҳмат буд ва бори гуноҳ надоштанд, чӣ қадар раҳмат барои онҳо захира хоҳад шуд?
Дар як қисмат аз ҳадис Расулаллоҳ (с) ба мавриди дигаре ҳам тарғиб намуданд ва он ин аст, ки соҳибкор барои коргарони худ осон бигирад, зеро онҳо ҳам рӯзадоранд ва ба сабаби кори зиёд руза гирифтан барояшон мушкил мешавад. Албатта, агар кор хеле зиёд бошад, беҳтар аст, ки барои моҳи Рамазон коргари изофӣ бигирад ва ин дар сурате аст, ки коргар рӯзадор бошад ва агар шуду рӯзадор набошад, рамазон ва ғайри рамазон барояш яксон аст. Ва агар соҳибкор рӯза набошад ва бо камоли бешармӣ аз коргарони рӯзадор кор бигирад ва вақте ба хотири намозу рӯза аз тарафи коргар дар кор камӣ эҳсос кунаду бар ӯ хашм бигирад, ин ниҳоят зулму беинсофӣ аст. Дар ин маврид Қуръони маҷид мефармояд: "ба зудӣ ситамгарон хоҳанд донист, ки ба чӣҷое (мусибати Борӣ) боз хоҳанд гашт" (яъне ҷаҳаннам) (Сураи Шуъаро, ояти 227)
Сипас дар охири ҳадис Расулаллоҳ (с) иршод фармуданд, ки дар моҳи Рамазон чаҳор чизро ба касрат (бештар) анҷом диҳад: аввал калимаи шаҳодат. Дар аҳодис омадааст, ки ин калима беҳтарин зикр аст. Дар "Мишкот" ба ривояти Абусаъди Хурдӣ (р) нақл шуда, ки ҳазрати Мӯсо (ъ) аз Аллоҳ (ҷ.ҷ) пурсид:
Парвардигоро бар ман вирде (дуъо) биёмӯз, ки бо он Туро ёд кунам ва дуъо кунам. Аз боргоҳи Аллоҳ (ҷ.ҷ) иршод шуд, ки бигӯ: "Ло илоҳа иллаллоҳ". Ҳазрати мӯсо (ъ) арз кард, ки ин калимаро тамоми бандагони Ту мегӯянд, ман дуъо ё зикри махсусе мехоҳам. Аз тарафи Аллоҳ (ҷ.ҷ) иршод шуд, ки: "Эй Мусо! Агар ҳафт табақаи осмон ва аҳли он, ғайр аз Ман, яъне фариштаҳо ва замин дар як қаффои тарозу қарор гиранд ва калимаи тайиба дар паллаи дигар калимаи тайиба сангинтар хоҳад шуд".
Дар як ҳадиси дигар ворид шуда, ки ҳар шахс ҳамроҳ бо ихлос ин калимаро бихонад, дарҳои осмон фавран барои ӯ боз мешаванд ва то расидани ин калима ба арш ҳеҷ монеъае пеш намеояд, ба шарте, ки гӯяндаи он аз гуноҳони кабира иҷтиноб варзад.
Суннати Раббулъоламин бар ин аст, ки неъматҳои зарурии мардумро ба таври ом дар ихтиёри онҳо қарор медиҳем. Агар авзоъи дунёро баррасӣ кунем, ҳарчи ки бештар мавриди лузум аст, ба ҳамон нисбатан бештар дар дастрасӣ аст. Масалан, об чизи ҳаётӣ ва мавриди лузуми умум аст, ба ҳамон нисбат Аллоҳтаъоло онро ҷамъ намуданд ва чизҳоеро, ки ҳеҷ зарурате, ба онҳо нест, камёб кардаанд. Ҳамчунин калимаи Тайиба, ки беҳтарин зикр аст ва аз аҳодиси зиёде фазилати он нисбат ба тамоми зикрҳо собиту маълум шудааст, онро ом сохтааст, то ин ки ҳеҷ кас маҳрум намонад, боз ҳам агар касе маҳрум бимонад, ин нишонаи бадбахтии ӯст. Хулоса ин ки аҳодиси зиёде дар фазилати калимаи Тайиба ворид шуда, ки ба хотири ихтисор аз зикри ҳамаи онҳо худдорӣ мекунем.
Каъб бинни Уҷра (р) мефармояд, ки як бор Расулаллоҳ (с) иршод фамуданд: "Наздики минбар ҷамъ шавед". Мо ҳозир шудем. Вақте он Ҳазрат (с) ба рӯи аввалин паллаи минбар қадами муборакро гузоштанд, фармуданд: "Омин" ва ҳангоме ки бар паллаи дуввум қадам гузоштанд, боз фармуданд: "Омин" ва чун ба паллаи саввум қадам ниҳоданд, боз фармуданд: "Омин". Вақте он ҳазрат аз хутба фориғ шуда, пойин ташриф оварданд, мо арз кардем, ки имрӯз чизе аз Шумо шунидем, ки қаблан нашунида будем. Он ҳазрат (с) фармуданд: дар он вақт Ҷабраил (ъ) пеши ман ҳозир шуд.
Вақте бар паллаи аввал қадам гузоштам, гуфт: "Ҳалок бод касе, ки моҳи Рамазонро дарёфт, боз ҳам гуноҳони ӯ бахшида нашуданд: "Омин". Вақте бар паллаи дуввум қадам гузоштам, гуфт: "Ҳалок бод касе, ки пеши ӯ зикри ту бишавад ва ӯ бар ту дуруд нафиристад. Ман гуфтам: "Омин". Бар паллаи саввум, ки қадам ниҳодам, гуфт: "Ҳалок бод касе, ки падару модараш, ё яке аз он ду ба синни пирӣ бирасад ва ӯ он қадар ба онҳо муҳаббат ва хизмат накунад, ки ба восилаи дуъо онҳоро ба ҷаннат дохил кунад, ки худашро ба василаи дуоъи онҳо ба ҷаннат дохил кунад. Ман гуфтам: "Омин".
Тавзеҳ: Дар ин ҳадис Ҷабраил (ъ) се дуъои бад кард ва Расулаллоҳ (с) бар ҳар се дуъо омин фармуданд. Дуъои бади фариштаи муқаррабе мисли Ҷабраил (ъ) чизи каме нест ва боз қувват ва шиддате, ки дар ин дуъо ба сабаби омин гуфтани Расулаллоҳ (с) пайдо шуда возеҳ аст. Аллоҳтаъолоҳ ба бузургии худаш аз ҳар се навъ тавфиқи парҳез ато фармояд ва аз бадиҳо маҳфуз бидорад, вагарна дар ҳалокаш шакке нест.
Аз баъзе ривоёти "Дурру Мансур" маълум мешавад, ки ҳазрати Ҷабраил (ъ) аз Расулаллоҳ (с) хост, ки омин бигуяд, он гоҳ он ҳазрат (с) омин гуфтанд., ки аз ин ривоят аҳамияти дуоъи бад бештар маълум мешавад. Нафари аввал он аст, ки моҳи мубораки Рамазон бар ӯ бигзарад ва ӯ аз мағфират маҳрум бимонад, яъне рӯзҳои моҳи пурхайру баракате мисли моҳи Рамазон ҳам дар ғафлату гуноҳ бигзарад, зеро мағфирату раҳмати Аллоҳтаъоло дар моҳи Рамазон мисли борон меборад ва агар моҳи мубораки Рамазон бар касе бар гунае бигзарад, ки ба сабаби аъмоли бад ва кӯтоҳиҳои худ аз мағфират маҳрум бимонад, барои мағфирати ӯ чи фурсате беҳтар аз он ба даст меояд ва дар ҳалокати чунин шахсе чӣ шакке вуҷуд дорад?
Тариқаи мағфират шудан ин аст, ки вазифаеро, ки дар Рамазон бояд анҷом дод, аз қабили рӯза ва таровеҳи бо мувозибат ва эҳтимоли комил адо кунад ва боз ҳар вақт аз гуноҳони худ ба касрат тавбаю истиғфор кунад.
Дуввумин касе, ки барои ӯ дуъои бад шудааст, шахсе аст, ки назди ӯ зикри Расулаллоҳ (с) бишавад ва ӯ салавот ва дуруд нафиристад. Дар ривоёти зиёде ин матлаб ворид шудааст. Ба ҳамин ҷиҳат баъзе уламо муътақиданд, ки ҳар гоҳ зикри мубораки Расулалоҳ (с) бишавад бар шунавандагон салавот фиристоданд воҷиб аст.
Саввумин шахсе, ки дар борааш дуъои бад шуда касест, ки падару модари пири ӯ ҳар ду ё яке мавҷуд бошад ва ӯ он қадар хидмати онҳоро накунад, ки ба сабаби он мустаҳаққи биҳишт шавад.
Хулоса, дар мавриди моҳи мубораки Рамазон ва фазоили он аҳодиси зиёде мавҷуданд, ки дар хусуси ҳамаи онҳо сухан рондан аз имкон берун аст.
Таҳияи С. Шарифов
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014
-
22.06.2025 14:51
137
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
259
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
269
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
494
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
598
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
485
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
139
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
142
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
215
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
977
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1688
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3379
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
135
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
120
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
134
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
510
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
757
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
877
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
458
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
494
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
467
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
761
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1015
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1882
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
604
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1796
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2116
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2324
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
528
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
470
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
947
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3069
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3511
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3502
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
656
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
679
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
624
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?