Аҳодис дар фазилати Рамазон
Ҳадаф аз навиштани ин авроқ ин аст, ки аиммаи масоҷид ва ҳофизони Қуръон, ки дар таровеҳ имоматӣ мекунанд ва ҳамчунин он даста аз босаводоне, ки бо дини поки Муҳаммадӣ муҳаббат доранд, дар ибтидои моҳи мубораки Рамазон ин аҳодисро дар масҷидҳо ва ҷамъомадҳои умуми барои мардум бихонанд, аз фазли Аллоҳтаъоло умедворем, ки ба баракати иршодоти Расулаллоҳ (с) битавонем аз ин моҳи муборак каме қадрдонӣ бикунем ва ба сӯи баракатҳои ин моҳи муборак бишитобем ва ин иршодот василае барои афзоиши аъмоли нек ва кам шудани аъмоли бад қарор гиранд.
Иршоди Расулаллоҳ (с) аст, ки агар Аллоҳтаъоллоҳ ба восилаи ту як шахсро ҳидоят фармояд, барои ту аз шутурҳои сурх, (ки беҳтарин амвол дар он замон ба шумор мерафтанд), беҳтар аст. Моҳи мубораки Рамазон бузургтарин неъмати Худованд барои мусалмонон аст, вале ба шарте, ки қадри ин неъмат ба ҷо оварда шавад, вагарна барои афроди маҳруме мисли мо ҷуз аз рамазон-рамазон гуфтан фоидаи дигаре нест.
Дар ҳадисе омадааст, ки "агар уммати ман бидонад, ки Рамазон чи чи чизест, таманно мекард, ки тамоми сол рамазон бошад". Ҳар шахс медонад, ки тамоми солро рӯза гирифтан кори осоне нест, аммо ба хотири савобе, ки Рамазон дорад, Расулаллоҳ (с) иршод мефармоянд, ки мардум таманно хоҳанд кард , ки тамоми сол рамазон бишавад. Дар як ҳадис иршод шуда, ки рӯзаи моҳи шарифи рамазон ва ҳар моҳ се рӯз рӯза гирифтан харобию васвасаҳои дилро бартараф мекунад. Ба ҳамин хотир буд, ки саҳобаи киром (р) дар сафари ҷиҳод, бо вуҷуде, ки он Ҳазрат (с) борҳо иҷоза ба хӯрдан дода буданд, рӯза мегирифтанд, то ин ки Расулаллоҳ (с) ба таври возеҳ онро манъ карданд.
Ҳазрати Салмони Форсӣ (р) мефармояд, ки Расулаллоҳ (с) дар охирин рӯзҳои моҳи шаъбон барои мо ваъз фармуданд, ки "эй мардум! Моҳи бисёр боазаммат ва мубораке ба суроғи шумо омадааст. Дар он шабе аст (шаби қадр), ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Аллоҳ (ҷ.ҷ) рӯзаи ин моҳро фарз қарор дода ва ибодати шати (таровеҳ) онро муҷиби савоб қарор додааст. Ҳар кас дар ин моҳ ба анҷоми корҳои нек наздикии Аллоҳ (ҷ.ҷ)-ро ҳосил кунад чунон аст, ки фарзеро дар ғайри моҳи Рамазон анҷом бидиҳад ва касе, ки фарзеро анҷом диҳад, чунон аст, ки ҳафтод фарз дар ғайри моҳи Рамазон анҷом бидиҳад. Ин моҳ моҳи сабр аст ва подошти сабр ҷаннат аст ва ин моҳ моҳи ғамхорӣ аст. Ризқи муъмин дар ин моҳ изофа мешавад. Ҳар кас рӯзадореро ифтор бидиҳад ин боиси мағфират ва бахшоиши гуноҳони ӯ шуда ва сабаби озод гардидани ӯ аз оташи ҷаҳаннам мешавад ва ба андозаи савоби шахси рӯзадор ба ӯ ҳам савоб мерасад, бидуни ин ки аз савоби шахси рӯзадор чизе кам шавад". Саҳоба (р) арз карданд: "ё расулаллоҳ! Ҳар кас аз мо тавонои молӣ надорад, ки битавонад барои рӯзадор чизе фароҳам кунад". Он ҳазрат фармуданд: "лозим нест ӯро сер кунад. Ин савобро Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба шахсе, ки ҳатто бо як дона хурмо ё як қадаҳ об ё ҷуръае шир рӯзадореро ифтор диҳад, ато мефармоянд. Ин моҳе аст, ки аввалаш раҳмат, васаташ мағфират ва охираш озодӣ аз оташ аст. Ҳар кас дар ин моҳ кори ғулом ва коргари худро камтар кунад, Аллоҳ (ҷ.ҷ) гуноҳашро мебахшояд ва аз оташи дӯзах наҷот медиҳад, ва дар ин моҳ чаҳор чизро зиёд анҷом диҳед, ду мавриди он муҷиби ризои Аллоҳ мешавад ва дутои дигар чунонанд, ки шумо бағайр аз онҳо чорае надоред. Он ду чиз ки муҷиби хушнудии Парвардигоратон аст, хондани "Ло илоҳа илаллоҳ" ва "Истиғфор" аст ва дутои дигар яке ин аст, ки аз Аллоҳ (ҷ.ҷ) Ҷаннатро бихоҳед ва дуввум, аз оташи дӯзах паноҳ бихоҳед. Ҳар кас рӯзадореро об бинушонад, Аллоҳ рӯзи қиёмат аз ҳавзи ман обе ба ӯ менушонад, ки баъд аз он то дохил шудан ба Биҳишт ҳаргиз ташна нахоҳад шуд".
Тавзеҳ: Муҳаддисин агар чи дар бораи баъзе ровиёни ин ҳаводис эътироз доранд, аммо дар фазоил то ин ҳад қобили таҳаммул аст. Сониян аксари матолиби ин ҳаводисро ривоёти дигар таъйид кардаанд. Дар ин ҳадис чанд чиз қобили таваҷҷуҳ аст: аввал, эҳтимоли Расулаллоҳ (с), ки дар охирин рӯзҳои шаъбон иршодоте хос баён фармуда ба мардум тазаккур доданд, то як лаҳза аз Рамазони муборак ба ғафлат нагузарад.
Пас аз баёни фазилати тамоми моҳ моро ба сӯи чанд чизи муҳими хусусӣ мутаваҷҷеҳ карданд: қабл аз ҳама ба шаби Қадр, ки шабе бисёр муҳим аст, таъкид фармуданд. Баъд аз он иршод шуда, ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) рӯзаашро фарз ва қиёми шаби онро (таровеҳ) суннат қарор додааст, аз ин иршод маълум мешавад, ки намози таровеҳ ҳама аз ҷониби Аллоҳ (ҷ.ҷ) аст ва баъзе ривоёт баёнгари ин ҳастанд, ки Расулаллоҳ (с) таровеҳро ба сӯи худ мансуб кардааст. Манзур аз он таъкид аст, чун он Ҳазрат (с) дар бораи он хеле таъкид кардааст, ба ҳамин ҷиҳат ҳама аимма бар суннат будани таровеҳ иттифоқи назар доранд. Дар "Бурҳон" навишта шудааст, ки дар миёни муслимин ба ҷуз аз равофиз ҳеҷ кас мункири он нест.
Дар инҷо лозим аст ба як матлаб таваҷҷуҳ шавад ва он ин аст, ки теъдоди зиёде аз мардум чунин фикр мекунанд, ки кофи аст дар як масҷид ки ба аҷала дар зарфи ҳашт ё даҳ рӯз Қуръонро дар таровеҳ хатм бикунанд ва баъд раҳо кунанд. Бояд гуфт, ки дар инҷо ду суннати мустақил вуҷуд дорад:яке инки тамоми Қуръонро дар намози таровеҳ хондан ва ё аз дигаре шунидан. Дуввум ин ки дар тамоми моҳи рамазон таровеҳ хондан. Ва дар сурати боло фақат ба як суннат амал шуда ва дуввуми тарк мешавад. Албатта, барои касоне, ки ба сабаби мусофират ё узри дигаре натавонистанд дар якҷо намози таровеҳ бихонанд, беҳтар аст, ки аввал Қуръонро дар зарфи чанд рӯз аз аввал то охир хатм кунанд ва баъд ҳар куҷо, ки расиданд, таровеҳ бихонанд. Дар он сурат хатми Қуръони маҷид ҳам ноқис намешавад ва ҳам дар кори онҳо халале эҷод намегардад. Дар ҳадиси боло он Ҳазрат (с) баъд аз баёни рӯза ва таровеҳ моро ба эҳтимоми ибодоти фарзу нафл мутаваҷҷеҳ карда ва фармуданд, ки дар ин моҳи муборак як нафл бо фарзи моҳҳои дигар баробар аст ва савоби як фарз баробар аз ҳафтод фарз дар моҳҳои дигар аст. Пас мо каме ба ибодатҳои худ таваҷҷуҳ кунем, ки дар ин моҳи муборак ба адои фароиз чи қадар эҳтимол мекунем ва чи қадар ба навофил изофа мекунем?!
Мутаассифона, вазъи фароизи мо чунин аст, ки вақте саҳар ғизо мехӯрем, мехобем ва замоне бедор мешавем, ки ё вақти намози субҳ гузашта, ё ҳадди ақал намози ҷамоъат аз даст рафтааст, гуё шукри саҳарӣ хӯрданро ин тавр адо мекунем ва намози фарз, ки аз ҳамаи намозҳо муҳимтар аст ба кулли қазо мешавад, ё ҳадди ақал ноқис баҷо оварда мешавад.Чун уламои киром бидуни ҷамоъат намоз хонданро адои ноқис қарор додаанд ва иршоди он Ҳазрат (с) аст, ки намози касоне, ки дар наздикии масҷид сукунат доранд, ба ғайр аз масҷид дар ҷои дигар адо намешавад. Дар "Мазоҳири Ҳақ" навишта шуда: касе, ки бидуни узр ба ғайр аз ҷамоъат танҳо намоз бихонад, гарчи фарз аз гарданаш адо мешавад, аммо аз савоби намоз маҳрум мемонад. Ҳамчуни намози ҷамоъати бештари мардум дар вақти мағриб фидои ифтор мешавад ва раккати аввал ё такбир аввалӣ ағлаб аз даст меравад ва иддаи зиёде намози хуфтанро ба хотири тароввеҳ қабл аз вақт мехонанд. Ин вазъи намозҳои мо, муҳимтарин фароизанд, дар рамазон аст, ки ба ивази адои як фарзи Рамазон се фарз зоеъ мешавад. Ин се, ба эътибори аксарият аст вагарна дида шуда, ки намози зуҳр фидои хоби нисфирӯзӣ мешавад ва намози ҷамоъати аср фидои харид барои ифтор мешавад, дар мавриде, ки адои фароиз ба ин вазъият аст, пас дар мавриди навофил чӣ бигӯем?!
Намози нафли ишроқ (тулуи офтоб) ва чошт фидои хоби субҳ мегарданд.
Касоне, ки аз корҳои дунё озод ҳастанд, чи қадар хуб аст, ки пас аз зоеъ кардани ёздаҳ моҳ дар ин як моҳ хуб заҳмат бикашанд. Корманде, ки аз субҳ то баъд аз зуҳр пойбанди идорааш ҳаст, дар моҳи мубораки Рамазон агар аввали субҳ андакеро бо тиловати Қуръони маҷид ихтисос диҳад, чӣ заҳмате дорад? Охир онҳо барои корҳои зарурии худ илова бар вақти идора фурсат пайдо мекунанд. Кишоварзон низ дар зери назорати доимии касе нестанд. Онҳо метавонанд, ки дар канори мазраъа нишаста Қуръони маҷид бихонанд.
(Давом дорад)
Таҳияи С.Шарифзода
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №21, 25 июни соли 2014
-
22.06.2025 14:51
128
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
251
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
261
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
484
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
588
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
475
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
130
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
131
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
203
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
968
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1677
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3369
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
125
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
110
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
126
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
503
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
748
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
871
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
449
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
486
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
459
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
740
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1009
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1873
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
615
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
594
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1786
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2102
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2315
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
516
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
462
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
938
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3061
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3502
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3492
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
648
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
671
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
617
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?