Бақеъ: Аввалин оромгоҳи мусалмонони аҳди Расули Худо (с)
БАҚЕЪ - аввалин ва машҳуртарин гӯристони мусулмонон дар Мадина, ки дар канори масҷиди Паёмбар (с) дар шарқи Мадина воқеъ шуда, бузургони саҳоба чун Усмон ибни Аффон (р), имом Ҳасан, Аббос ибни Абдулмутталиб, духтарон ва аксари ҳамсарони Паёмбари акрам (с) ва дигар бузургони садри аввал дар он мадфунанд.
Минтақаи Бақеъ дар рӯзгори Расули Худо (с) дар гӯшаи шаҳри Мадина ҷойгир шуда ва онро аз се ҷониб киштзорҳои мардум иҳота мекард. Пас аз тавсиаи Мадина гӯристони Бақеъ дар миёнаи шаҳр қарор гирифт ва пас аз тавсиаи масҷиди набавӣ дар давраҳои ахир он бо соҳаи масҷид пайвастааст ва онҳоро роҳрав ва хиёбони борике аз ҳам ҷудо месозад. Бақеъи ғарқад яке аз бузургтарин осори боқимонда ва мероси замони нубувват аст, ки дар назди уммати Ислом арзиши динии хосе дорад ва ҳамин кофист, ки Расули Худо (с) вориди он мешуд ва барои хуфтагони дар он дуо мекард.
Расули акрам (с) пас аз ҳиҷрат ба Мадина қитъаи заминеро дар канори масҷиди худ барои дафни мусалмонон интихоб кард ва чун дар он гиёҳи хоре бо номи ғарқад мерӯида, ба гӯристони Бақеи ғарқад низ шинохта шуд. Яке аз дарвозаҳои масҷиди набавӣ бо номи Бобулбақеъ ба тарафи ин гӯристон боз мешавад. Гуфтанист, ки мусулмонон пеш аз ҳиҷрат ҳамроҳи мушрикон дар гӯристонҳои умумӣ дафн мешуданд ва нахустин касе аз муҳоҷирон, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Усмон ибни Мазъун - саҳоба ва бародари разоии Расули Худо (с) буд, ки соли дуюми ҳиҷрӣ пас аз ҷанги Бадр вафот кардааст ва нахустин нафар аз ансор Асъад ибни Зурора - аз асҳоби байъати Ақаба аст, ки ӯ низ соли дуюми ҳирӣ пеш аз ҷанги Бадр вафот кардааст. Паёмбар (с) пас аз дафни Усмон ибни Мазъун сангеро бар сари қабри вай гузошт ва фармуд: "Ин қабри пешрафтаи мост!" ва вақте Иброҳим писараш соли даҳум вафот кард, фармуд: "Ӯро ба салафи солеҳамон (Усмон ибни Мазъун) бипайвандед!".
Охирин саҳобае, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуда, Саҳл ибни Саъди Соидии Ансорӣ мутаваффои соли 91 ҳ. аст. Вай дар синни 96 ва бар асоси баъзе сарчашмаҳо дар синни 100 солагӣ вафот ва дар гӯристони Бақеъ дафн гардид. Дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ аз имом Молик ривоят шуда, ки даҳ ҳазор (10 000) саҳобаи Расули Худо (с) дар Мадина вафот карда, дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд.
Саҳобагон ва пайвандони зиёде дар замони ҳаёти Расули Худо (с) вафот намуда, дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд, вале ривоят шуда, ки он Ҳазрат (с) барои гузоштани мурда танҳо дар панҷ қабр фуруд омадааст: а) қабри модари мӯъминон саййида Хадиҷа (р) дар Макка, б) қабри пасари саййида Хадиҷа (р) аз шавҳари қаблиаш, ки дар тарбияи он Ҳазрат (с) буд, в) қабри Абдуллоҳи Музанӣ маъруф ба Зулбиҷодайн (р), г) қабри модари Оиша (р) Уммирумон ва д) қабри Фотима бинти Асад - модари Алӣ (р). Ҳамсарони поки Расули Худо (с) - модарони мӯъминон, ба ҷуз Хадиҷа (р) ва Маймуна (р), ҳама дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд. Хадиҷа (р) бошад, дар ҷаннатулмуалло - гӯристони аҳли Макка ва Маймуна (р) дар мавзее дар наздики Макка бо номи Сараф дафн гардидаанд.
Гӯристони Бақеъ дар замони Расули Худо (с) масоҳати хурдтаре - ҳудудан ҳаштод дар ҳаштод (80х80) метри мураббаъро (Бақеи ғарқад, с. 22) фаро мегирифт, пас аз он аз тарафи шимол-ғарб порчаи замини дигаре бо номи бақеи аммаҳо - ҷое, ки ду аммаи Паёмбар (с) - Сафия ва Отика дар он дафн шуда буданд ва дар замони халифаи сеюм Усмон (р) боғи ӯ бо номи ҳушши кавкаб аз шарқ ба он афзуда шуд. Масоҳати умумии гӯристони Бақеъ пас аз афзудани ин ду қитъа ба он бар асоси таҳқиқоте, ки мураттибони китоби "Бақеи ғарқад" дар ин бора анҷом додаанд (с. 22 - 25), сад дар дусаду панҷоҳ (100х250 м2) - ҳудуди бисту панҷ ҳазор (25 000) метри мураббаъро ташкил медод. Пас аз охирин тавсиаи ҳарами набавӣ дар замони ҳукумати Сауди соли 1410 ҳ. тангкӯчаҳои байн бо номи зиқоқи аммаҳо ва заминҳои атроф ба гӯристони Бақеъ афзуда шуд ва масоҳати имрӯзаи он як саду ҳаштод ҳазор (180 000) метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Соли 1333 ҳ. ба дастури Суъуд ибни Абдулазиз барои осон шудани убури зоирон дар миёни қабрҳо роҳравҳо ва гузаргоҳҳои симентӣ сохтанд ва дар замони шоҳ Файсал ибни Абдулазиз дарвозаи бузурге бар дари гӯристони Бақеъ насб намуданд.
Дар он айём дар Мадина гӯристонҳои дигаре низ вуҷуд дошта, ки пас аз гӯристони Бақеъи ғарқад чандон шӯҳрате наёфтаанд. Гӯристони Бақеъи ғарқад дар қалбу рӯҳи мусулмонон арзиш ва қадосати хосе дорад. Пас аз наслҳои нахустини уммати Ислом низ аҳли фазлу диёнат дар ҳар давру замоне кӯшидаанд, ки рӯзҳои охири умри хешро - агар Худо насиб карда бошад - дар он сарзамин гузаронанд ва дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шаванд, то машмули дуоҳо ва мағфиратҳои Расули Худо (с) дар ҳаққи аҳли он гарданд. Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси саҳеҳе мефармояд: "Касе битавонад, ки дар Мадина бимирад, бикӯшад то дар он бимирад, зеро ман барои касе, ки дар он бимирад, шафоат мекунам".
Расули Худо (с) ҳар чанд гоҳе ва дасти кам дар ҳафтае як бор ба гӯристони Бақеъ мерафт ва дар ҳаққи аҳли он дуо ва истиғфор мекард. Ҳамчунин ба мӯъминон таълим медод, ки барои аҳли гӯристонҳо дуо кунанд: "Ассалому ъалайкум аҳладдиёри минал мӯъминина вал муслимин ва инно иншоаллоҳу бикум лоҳиқун, антум фаратуно ва наҳну лакум табаъ. Насъалуллоҳа лано ва лакум алъофияҳ".Аз Оиша (р) дар ҳадиси дарозе ривоят шудааст: "… Он гоҳ пурсидам: Эй Расули Худо (с), дар ҳаққашон чӣ гуна дуо кунам? Гуфт: Бигӯ: Ассалому ъало аҳлиддиёри минал мӯъминина вал муслимин ва ярҳамуллоҳул мустақдимина минно вал мустаъхирин ва инно иншоаллоҳу бикум лалоҳиқун". Бинобар ин, барои касе, ки вориди Мадина мегардад, аз муҳимтарин мустаҳаббот аст, ки пас аз зиёрати масҷид ва равзаи Расули Худо (с) ба гӯристони Бақеъ равад ва дар ҳаққи хуфтагони дар он дуъо ва истиғфор намояд.
Абдушариф Боқизода
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014
-
22.06.2025 14:51
137
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
259
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
269
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
494
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
598
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
485
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
139
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
142
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
215
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
977
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1688
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3379
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
135
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
120
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
134
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
510
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
757
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
877
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
458
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
494
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
467
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
761
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1015
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1882
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
604
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1796
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2116
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2324
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
528
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
470
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
947
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3069
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3511
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3502
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
656
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
679
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
624
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?