10:08:30 24-уми Апрели 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Апрел 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Ҷаҳони андеша": "Мо одамон Худоро ихтироъ кардем"

Амруллоҳи Низом, махсус барои «Рӯзгор»

Ахиран як гурӯҳе аз донишмандони тоҷик бо роҳбарии файласуфи шинохтаи кишвар Комил Бекзода, ки ба гуфти худашон хулосаи заҳмати ду даҳсолаи эшон дар китобе зери унвони Маҳфили фалсафии "ҷаҳони андеша" бо номи "ҷаҳонбинии оянда" (ҷаҳонбинии алтернативӣ) гирдоварӣ шудааст, аз чандин кашфиёти зеҳнӣ-илмии нави худ тавассути ин китоб хабар додаанд.

amrullohi-nizom 145287Чун китоб дар барои ҷаҳонбинии оянда суҳбат мекунад, банда танҳо ҷанбаи ҷаҳонбинии динии онро ҳамчун як фарди мусалмон аз диди оятҳои қуръонӣ мавриди баррасӣ қарор додаам. Хулосаи ҷаҳонбинии ояндаи динии эшон ин аст, ки Худое дар ҷаҳон вуҷуд надораду шариъатҳои мавҷуд ҳама сохти Худоҳои ихтироъкардаи қавму миллатҳо мебошанд ва агар (Наъузу биЛлоҳ) Худое вуҷуд медошт аз худ дарак дода, Паёмбар ва китоберо барои онҳо мефиристод...

Ахиран як гурӯҳе аз донишмандони тоҷик бо роҳбарии файласуфи шинохтаи кишвар Комил Бекзода, ки ба гуфти худашон хулосаи заҳмати ду даҳсолаи эшон дар китобе зери унвони Маҳфили фалсафии "ҷаҳони андеша" бо номи "ҷаҳонбинии оянда" (ҷаҳонбинии алтернативӣ) гирдоварӣ шудааст, аз чандин кашфиёти зеҳнӣ-илмии нави худ тавассути ин китоб хабар додаанд.

Чун китоб дар барои ҷаҳонбинии оянда суҳбат мекунад, банда танҳо ҷанбаи ҷаҳонбинии динии онро ҳамчун як фарди мусалмон аз диди оятҳои қуръонӣ мавриди баррасӣ қарор додаам. Хулосаи ҷаҳонбинии ояндаи динии эшон ин аст, ки Худое дар ҷаҳон вуҷуд надораду шариъатҳои мавҷуд ҳама сохти Худоҳои ихтироъкардаи қавму миллатҳо мебошанд ва агар (Наъузу биЛлоҳ) Худое вуҷуд медошт аз худ дарак дода, Паёмбар ва китоберо барои онҳо мефиристод...

Ҳоло, ки ин донишмандон бо ҷасорат дар ин бора ҳарфи худро мегӯянд, ба хотири парҳез аз хушунат ва даъват ба хештандории шогирдон ва пайравони онҳо дар донишгоҳҳои кишвар ва берун аз онҳо хостам ба таври мухтасар ҷаҳонбинии қуръониро дар баробари ҷаҳонбинии ояндаи ин файласуфони муҳтарам ироа намоям, то ин, ки дасти кам як донишомӯзи мусалмон ҳангоми бархурд бо чунин оро тавонад дар муқобил ҳарфи худро бигӯяд. Дар оғози ин китоб чунин омадааст: "ҷаҳонибинии оянда натиҷаи мушоҳидаҳои илмӣ ва амалии наслҳои пешинаи башар аст. Мо ворисони онҳо ин таҷрибаро дар ибтидои асри XXI давом медиҳем.

-Сабаб ин аст, ки ҷаҳонбиниҳои пешина арзиши маънавии худро аз даст додаанд.

-Имрӯзҳо (асри XXI) башар ба ҷаҳонбинии сифатан нав эҳтиёҷ дорад.

Ба ин ҷаҳонбинии дар мақола омада, гурӯҳе аз равшанфикрони муқими шаҳри Душанбе ҳамфикр ҳастанд. Аксарияти онҳо устодони илми фалсафаи Донишгоҳҳои пойтахт мебошанд. Аз ин қарор: Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Холиқзода, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Шодӣ Атоӣ, Усмон Комилиён, Номвар Қурбон, Исомуддин Шарифзода, Нуриддин Шаҳобиддин ва Файзи Олӣ".

Дар робита ба ин матлаб, ки дар шакли китоб бо номи "ҷаҳонбинии оянда" дар матбааи "Кайҳон"-и шаҳри Душанбе соли 2013 ба чоп расидааст, дар ҳоли ҳозир дар маҳфилҳои мухталифе ин китоб мавриди баҳс қарор мегирад. Ман, ҳамчун як фарди мусалмон бархилофи гуфтаи эшон, ки: "ҷаҳонбиниҳои пешина арзиши маънавии худро аз даст додаанд" (с.3), муътақидам, ки то вақте, ки дунё по бар ҷост, дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ арзишҳои волои худро аз даст нахоҳад, зеро то рӯзи қӣёмат: "Дини Худописанд ҳамоно ислом аст..."  (Оли Имрон, ояти 19).

Эшон дар поёни ҳамин сафҳаи 3 овардаанд, ки: "Инсон мавҷуде моддӣ ва зодаи ин Замини нозанин аст". Ман ҳам муътақидам, ки дар ҳамин замин ба дунё омадаам, вале асли офариниши инсоният, ки аз Одам ва Ҳавво маншаъ мегирад, на дар ин замин, балки бо истифода аз унсурҳои ин замин дар фарози замину осмонҳо ва дар олами малакутии Хақ Таъоло сурат гирифтааст. "Ва чун Парвардгори ту гуфт ман дар замин ҷонишине хоҳам гумошт...Ва гуфтем эй Одам ту ва ҳамсарат (Ҳавво) дар биҳишт сукунат кун..." (Ал-Бақара, оятҳои 30-35).

Муаллифони китоби номбурда низ дар сафҳаи 6-и ҳамин китоб зери унвони "Худо кист?" матолиберо зикр кардаанд, ки як фарди мусалмон бо хондани онҳо оромишашро аз даст хоҳад дод ва маҷбур мешавад, ки ба посух ёфтан ва ё посух гуфтан шурӯъ кунад ва дар ин ҳолат хомӯш нишастан барояш мояи оромиш буда наметавонад, магар ин, ки хеле имони заъифе дошта бошад. Соҳибони ин китоб иддаъо доранд, ки: "Худо қаҳрамони асосии афсонаҳои динии мост. Мо одамон Худоро ихтироъ кардаем". Далелашон ҳам ин аст, ки: "Инсони бошуур ихтироъкор аст". Аммо бар асоси ҷаҳонбинии исломӣ Худо-Аллоҳ чунин таъриф карда мешавад: "Парвардгори шумо Худоест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид ва сипас бар арш истиво намуд, шабро бо рӯз мепӯшонад, ки бо шитоб дар пайи он мепӯяд ва хуршеду маҳу ситорагон ба фармони Ӯ ром шудаанд, огоҳ бошед, ки офаринишу фармонравоӣ хоси Худост, ки буландмартаба ва офаринандаи ҷаҳониён аст" (Ал-Аъроф, ояти 54).

Ба гуфтаи ин муаллифон: "Барои он, ки моро баъди мурдани баданамон бори дигар зинда кунанд ва ба ин ҷаҳони зебо бозгардонанд, образи Худоро офаридем". Ин ақидаи эшон ҳам аз нигоҳи ҷаҳонбинии исломӣ натанҳо мавриди таъйид қарор нагирифтааст, балки комилан рад шудааст. Масъалаи зинда гардонидани баъд аз марг яке аз рукнҳои асоси имони мусалмонон аст ва онҳое, ки ба ин чиз шубҳа доранд, имонашон дар хатар аст. Бар илова, дар ҷаҳонбинии исломӣ маънои мурдани инсон куллан аз байн рафтани он дониста намешавад, балки он маънои аз як марҳилаи зиндагӣ ба дигар марҳила интиқол ёфтанро дорад. "Мо шуморо ҳам аз ин хок офаридем ва ҳам ба ин хок боз мегардонем ва низ бори дигар "рӯзи қиёмат" аз ин хок берун меоварем". (Тоҳо, ояти 55). Ин ҳам ба хотири он аст: "Он(Худо)-е марг ва зиндагиро офарид, ки шуморо биозмояд то кадом некӯкортаред..."(Ал-Мулк, ояти 2).

Ин файласуфон гуфтанд, ки: "Худо символ ва образи умеду орзуҳои мост. Мо бо тамоми вуҷуд орзу мекардем, ки дар ин ҷаҳон ба таври ҳамешагӣ зинда, зебо, ҷавон ва ҷовидон зиндагӣ кунем. Худамон, ки натавонистем аз марг наҷот ёбем, қаҳрамонеро ихтироъ намудем, ки моро аз нав зинда кунад ва аз марги ҳамешагӣ наҷот диҳад. Ин қаҳрамони орзуҳои мо Худо ном дорад". Дар ин маврид Қуръон мегӯяд: "Сухани инҳо туро ғамгин накунанд, мо ҳар чӣ инҳо ошкору ниҳон гӯянд "ҳамаро"медонем" (Ёсин, ояти 76). Бар асоси ҷаҳонбинии исломӣ Худо символ ва образи умеду орзуҳо не, балки: "Худо Холиқи ҳастӣ ва дӯсти муъминон аст, Ӯ Таъоло онҳо (муъминон)-ро дӯст медорад, бо эшон муҳаббат мекунад ва онҳо низ Ӯро дӯст медоранд. Худо офаринандаи тамоми мавҷудот аст ва бар ҳар чизе ваколат дорад" (ишора ба ояти 62-и Аз-Зумар ва дигар оятҳои қуръонӣ). Бар хилофи боварҳо ва эътиқодоти пайравони дигар дину ойин, кешҳо мавҷуд ва гузашта Худои мусалмонон ҳамон: Худои ягона, Худои бениёзе, ки на касе Ӯро зоидаасту ва на ӯ касеро зоидааст, ва на мислу ҳаммонанде надорад, (ишора ба сураи Ихлос), мебошад. Ба зоҳир ин файласуфони муҳтарам ба мисли чанде аз пешвоёни Қурайш даъво доранд, ки Қуръон ба онҳо чунин посух дода буд: "Оё инсон надид, ки мо ӯро аз нутфа (моеъе нописанд) офардем ва ӯ душмани ошкор гардид? Барои Мо масале "нобихрадона" зад ва офариниши худро фаромӯш карда, гуфт ин устухонҳои пӯсидаро кӣ боз зинда мекунад? Бигӯ Худое зинда мекунад, ки бори аввал ба онҳо ҷон-зиндагӣ бахшид..." (Ёсин, оятҳои 77-78).

Ба иддаъои ин гурӯҳи донишмандон, саф.8: "Олимони диншинос мегӯянд, ки ҳар Худое офаридаи ҳамон як қавму миллати мушаххаси таърихӣ мебошад. Ба ин маънӣ, ки Аҳурамаздо симо ва сурати мардуми ориёоиро таҷассум мекунад. Браҳман ба мардуми Ҳинд монанд аст. Яҳва одобу ахлоқи мардуми яҳудро дар худ ифода кардааст". Дар посух ба ин бояд гуфт, ки агар мурод аз "олимони диншинос"-и муаллифони мазбур олимони диншиносе ба мисли худашон мункири Худо бошанд, пас ҷои ҳарфе илова кардан дар ин маврид мантиқ надорад, вале то ҷoe, мо низ маълумот дорем олимони диншиносе ба мисли Ричард

Буш, Конт Долларҳоед, Азим Ноҷӣ, Ҳило Конурус, Коел Яйтес, Роберт Бом Истад, Роберт Ваер, Абдураҳим Гувоҳӣ, ки муаллифону мутарҷимони китоби "ҷаҳони мазҳабӣ-Адён дар ҷаҳони имрӯз (The RELIGIOUS WORLD: COMMUTIES OF FAITH), ҳастанд дар ин маврид назари дигар доранд ва шояд ҳазорҳо олимони сатҳҳои гуногуни илмӣ низ назири мусалмонон муътақид ҳастанд, ки "Худо дорои номҳои накӯи зиёдест, бо онҳо Худоро бихонед" (ишора ба ояти 180 сураи Ал-Аъроф) ва ҳамчунин дар ин масъала ҳамфикри ин файласуфони тоҷик набошанд. Инчунин, наздик ба ду миллиард мусалмону аз ин зиёдтар насрониҳо ва пайравони дигар динҳо бо садҳо далелҳои ақлӣ ва нақлӣ ин гуфтаҳоро рад хоҳанд кард.

jahonbinii-oyanda 5654458Соҳибони ин китоб даъво доранд (ҳамон сафҳа), ки: "Ин ҳама шариатҳои мо қонунҳои Худоҳои миллӣ ва қавмии мо мебошанд". Аммо дар ҷаҳонбинии исломӣ, ки сарнахи он аз Қуръону суннат об мехурад, гуфта шудааст, ки Худованд ба ҳар қавму миллате паёмбаре фиристод, то бо забони худи онҳо рисолаташро ба мардум бирасонад (ишора ба ояти 3-и сураи Иброҳим). Яъне ин шариъатҳои гуфтаатон-бавижа дини мубини ислом-қонунҳои Худоҳои миллӣ ва қавмӣ не, балки қонунҳои Худои яккаву ягона ва бемислу монанд ҳастанд.

Ба таъкиди эшон (ҷумлаи баъдӣ): Худои Умумикайҳонӣ то ҳол дар бораи вуҷуди худ ба мо хабаре надодааст, ҳар чӣ дорем-ҳама Худоҳои таърихии қавмҳои Заминанд...".

Ин ҷумлаи олимони номбурдаи тоҷик низ аз диди ҷаҳонбинии мазҳабӣ ва бавижа исломӣ пурра рад шудааст. Ба иборати дигар, аз назари ҷаҳонбинии исломӣ ин файласуфони муҳтарам ё фаромӯш кардаанд ва ё ин, ки қасдан худ ва ин мавзӯи Худобовариро ба фаромӯшӣ гузоштаанд. Худои мусалмонон мегӯяд: "Ба ёд биор ҳангомеро Худои аз пушти фарзандони одам наслҳои онҳоро баргирифт (ишора ба рӯзи мисоқ) ва онҳоро ба худ гувоҳ сохт (пурсид), Ман Парвардгори шумо нестам? Ҳама гуфтанд, бале!

Мо ба Худоии ту гувоҳӣ медиҳем, ки дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз ин воқеа ғофил будем" (Ал-Аъроф, ояти 172). Инчунин Худои Умумикайҳоние, ки зикраш рафт, барои бохабар кардани мардум ва аз Худ дарак додан аз миёни худи онҳо каму беш як саду бисту чаҳор ҳазор Паёмбар фиристод, ки ҳамаи онҳо бо забонҳои ҳамин мардумони гузашта суҳбат мекарданд, (ишора ба ояти 4 сураи Иброҳим). Вале дар ин муддат хеле аз камбинон ва кӯтаҳандешон бар иловаи мутаассибон дониста ҳақро инкор кардаанду бар замми он ҳам худ ва ҳам дигаронро фиреб додаанд, ки Худои Умумкайҳонӣ аз худ ба мо хабаре надодааст. Қуръон мегӯяд, нишонаҳои Худоии Ӯ дар тану нафсатон зуҳур кардаанд, онҳоро намебинед?! (ишора ба ояти 21 сураи Аз-Зориёт). Яъне, баъзан инсон он қадар камбину фаромӯшхотир мешавад, ки худро фаромӯш карда, аз Худои худ ғофил мемонад. Дар ҷумлаи баъдии ҳамин матлаб эшон таъкид мекунанд, ки: "Мо бояд дар ҳеҷ ҳолат таассуб надошта бошем". Дуруст, мо низ таассуб надорем, вале шумо ҳам бояд аз ҳолати инсонии худ фаротар по нагузоред ва эҳсосоти миллиардҳо Худобоварро ҷариҳадор масозед. Ин, ки мегӯед: "Баъзеҳо аз рӯи илми мантиқи шаклӣ далел меоранд, ки дар дунё ҳама чиз соҳиб дорад, наход, ки дунё соҳиб надошта бошад? ҷавоби мо ин аст: Дар ин сурат Соҳиби ҷаҳон чаро худро ошкор намекунад?". Ба гуфтаатон низ посух ин аст, ки Худо дар ҳама ҷо ҳузур дораду нишонаҳои вуҷуди Худашро дар ҳамаи офоқи ҷаҳон ва нуфуси мавҷудот ҳувайдо кардааст ва аз шоҳраги инсон ҳам ба ӯ наздиктар аст, вале чашмони нотавон ва заифу камбини мавҷудоти олам аз дидани он Зоти Ақдаси Нуронӣ оҷиз мебошанд. Ҳамон тавре, ки Мӯсо (а) хост, Ӯро бибинад, вале тоб оварда натавонист. Ин ҳама нишонаҳои вуҷуди Худовандиро магар инкоркунандагон-мулҳидон мункир намешаванд,-ишора ба оятҳои 143 Ал-Аъроф, 16 Қоф, 53-54 Фуссилат ва ғайра).

Ин файласуфони муҳтарами кишвар дар поёни ҳамин матлаби худ иддаъо доранд, ки: "Агар Худо ва Соҳиби бузургтаре вуҷуд дорад, бигузор худро ошкор кунад. Пайғамбар ва китоби муқаддаси худашро фиристад, моро аз ҳақиқати худоии худаш огоҳ намояд. Агар чунин кунад, мо таассубе надорем ва чунин Худоро эътироф мекунем. Ҳоло, ки чунин коре нашудааст, мо маҷбурем, ки барои сомон додани зиндагии Заминии худ аз ақлу дониши инсониямон истифода барем. Ин ҳама аз қонуну қоидаҳои илмӣ ва мантиқӣ аст". Ба ин матлаби ахирашон дар боло ба таври мухтасар посух дода шуд. Гуфтем, ки Худо натанҳо як бору дубор аз худ дарак дод, балки барои огоҳонидани мардум каму беш як саду бисту чор ҳазор Паёмбар фиристоду асоси рисолати онҳоро тавҳид-яктопарастӣ ташкил медод. Ҳоло ин мардум ба кадом номҳо Худоро мехонданд, дар китобҳои торих зикрашон рафтаасту Худо ҳам дар Қуръон гуфтааст, ки Аллоҳ Таъоло номҳои накӯи зиёде дорад, бо он номҳо Ӯро бихонед. Қуръони карим ҳам охирин китоб ва ҷомеътарин санади шинохти худоии Аллоҳ Таъоло мебошад, ки дар муддати беш аз 1400 сол касе натавонистааст, ки ба миқдори як ояти он каломи муъҷазу муҳкам ва радднопазире аз пеши худ гуфта бошад. Мардум ва бавижа донишмандон гуфтаҳои файласуфоне назири шумо-донишмандони тоҷикро дар ин маврид то як андоза ва марзу буме қабул доранд, аммо замоне, ки ҳама марзу бум дар гуфторашон аз байн рафт, ки иттифоқан шумо бузургон ҳам по бар онҷоҳо гузоштаед, ин ва фаротар аз онро дар ҷаҳонбинии исломӣ илҳод-Худонобоварӣ мегӯянд. Бар илова шумо бузургон ва пеш аз шумо ҳам ин масъала дар байни табақаҳои мухталифи мардум вуҷуд дошту донишмандони Худобовар ба онҳо посухҳои мушаххас ва радднопазиреро додаанд ва чун дар ибтидо зикр кардем, ки аз диди бузургтарин марҷаъи динии мусалмонон-оятҳои қуръонӣ ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор мегирад, аз овардани дигар далелҳои ақлӣ ва нақлӣ худдорӣ мекунем.

Дар робита ба ин суол, (саф.20) ки :"Оё дин оянда дорад? "ва посухатон: "Не, дин оянда надорад. Чаро ки як умед ва орзуи бепоя аст", ҷаҳонбинии исломӣ назари мухолиф дорад. Бар асоси ҷаҳонбинии исломӣ дин натанҳо умеду орзу, балки як барномаи мукаммали рушду намӯи башарият аст ва пайравони воқеи он-ислом-дар дунёву охират аз ҷумлаи афроди растагор ҳисобида мешавад, ишора ба ояти гунони сураи Ал-Каҳф, Аз-Зумар ва Ал-Аҳқоф.

Инчунин дар посух ба ин, ки: "Оё ҷон вуҷуд дорад? Не, ҷон вуҷуд надорад". Ислом-Қуръон, ба ин монанд суоли ақвоми пешинро чунин ҷавоб додааст: "Ва Туро дар бораи (ҳақиқати) рӯҳ-ҷон мепурсанд, бигӯ, ки он як амр-фармон-и Парвардгорам аст ва он чӣ аз илм ба шумо додаанд бисёр андак аст",(Ал-Исро, ояти 85).

Ин чунин дар марвриди "азалият" ва "абадият"-и дунё ва қонунҳои он, ки дар чанд маврид зикрашон кардаед, ки ба бовари шумо онҳо барои ҳемаша боқӣ хоҳанд монд, ҷаҳонбинии исломӣ низ бар хилофи он чӣ иддаъо доред ҳарфи худро дорад ва онро бо шаклҳои гуногун баён доштааст. Дар бораи он зиндагии азаливу абадии инсон низ, ки гуфтаед, дар ин дунё имконпазир аст, ҳарфи худро гуфтааст: "ҳар як чизи дунё фанопазир-азбайнраванда аст, (ишора ба ояти 26 сураи Ар-Раҳмон). Инчунин, бар ин асос ҳама чизи дунё оғозу анҷоме доранд ва бар ғайр аз Худои Таъоло ҳама чизи дунё лаззати маргро дер ё зуд мечашанду аз байн мераванд ва ҳеҷ чизи дунё аз ҷумла қонунҳои гуфтаатон азалӣ ва абадӣ буда наметавонанд, чун ки дунё ҳама фанопазир аст ва танҳо касе, ки барои ҳамеша боқӣ мемонаад, Худованди яккаву ягона мебошад!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №7-8, 19-26 феврали соли 2014



Шарҳҳо   

 
0 #1 АдҳамGuest 19.02.2016 16:17
Номи ман Адҳам аст ман маънои номамро намедонам медонам ки рузи ҷумъа тавалуд шудам барои ҳамин Адҳам ном гузоштагиан МАЪНОЯШРО намедонам
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1