Масҷиди Набавӣ аз ибтидо то имрӯз - II
Абдушариф Боқизода, барои «Рӯзгор»
Оташсӯзӣ ва бозсозӣ
Соли 654 ҳ. баробар ба соли 1256 м. дар масҷиди набавӣ оташсӯзие ба амал омад ва аксари бинои он аз байн рафт. Як сол пас соли 655 ҳ. (1257 м.) халифа Мустаъсим Биллоҳ ба бозсозӣ ва бинои он пардохт, вале ба сабаби истилои муғулҳои муҳоҷим бар Бағдод нотамом монд. Пас аз он султони Миср Рукнуддини Бейбарс барномаи такмили бинои маҷсидро рӯи даст гирифт ва пас аз чанде онро бар ҳамон асли пешин бино кард. Ин аввалин оташсӯзӣ дар масҷиди набавӣ буд.
Пас аз инқирози хилофати аббосиён дар соли 656 ҳ. (1258 м.) ба дасти муҳоҷимони муғул сарпарастӣ ва идораи Мадина ба дасти подшоҳон – мамлукҳои Миср гузашт, ки дар эъмори масҷиди Паёмбар (с) корҳои баёдмондание анҷом доданд. Соли 886 ҳ. (1481 м.) масҷиди набавӣ бар асари фурӯ рехтани соиқа (оташак)-е аз осмон боз дучори оташсӯзӣ гардид ва малик Ашрафи Қойтбой ба бозсозӣ ва бинои он пардохт ва соли 888 ҳ. (1483 м.) бинои онро ба итмом расонд.
Гуфтанист, ки дар ин тавсиа девори шарқии масҷид аз паҳлӯи ҳуҷраи Паёмбар (с) ба андозаи ду зироъ ва рубъе васеъ карда шуд, ки дар умум 120 м2-ро ташкил медиҳад.
Пас аз поёни ҳукми мамлукҳо дар Миср соли 923 ҳ. (1517 м.) хулафои усмонӣ сарпарастӣ ва идораи масҷиди набавиро ба даст гирифтанд ва ба иҷрои ислоҳоте дар он пардохтанд, вале бинои малик Қойтбой ба муддати 377 соли дигар ҳамчунон побарҷо буд, то он ки дар деворҳои масҷид тарқишҳое ба вуҷуд омад. Пас аз омӯзиш ва таҳқиқи мавзӯъ султон Абдулмаҷид соли 1265 ҳ. (1848 м.) ба бозсозӣ, тавсиа ва бинои масҷиди набавӣ амр кард ва пас аз 13 сол онро дар соли 1277 ҳ. (1861 м.) ба итмом расонданд.
Султон Абдулмаҷид барои ин кори азим ҳайати бештар аз сесаду паноҷҳнафараи коншиносон, оҳангарон, сангтарошон, гачкорон, наҷҷорон ва хаттотон ва ғайраро бо тамоми васоил ва таҷҳизоти зарурӣ аз Остона (Истанбул) ба Мадина равона кард ва илова бар маъмури хосси худ дар ин кор онро ба василаи қосидони худ аз пойтахти хилофат пайваста пайгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард. Онҳо дар теппаҳои беруни Мадина дар рӯ ба рӯи Абёри Алӣ дар Водии Ақиқ кӯҳ ва маъдане аз сангҳои сурхи ақиқӣ кашф ва аксари маводди сохтмониро аз он омода карданд. Дар беруни шаҳр корхонаҳои гачгудозӣ ва ғайра ба кор андохтанд ва масҷидро бо меъмории нодире бино карданд.
Султон Абдулмаҷид дар тарафи шимоли масҷид ҳуҷраҳое барои таълими Қуръон бино кард ва масҷидро дар ҷои миъзанаи асосӣ 5 зироъ ва рубъе тавсиа дод, ки дар умум 1300 м2-ро ташкил медиҳад.
Оли Саъуд ва Маҷиди набавӣ
Бинои масҷид то нимаи дуюми асри бист бар ҳамон меъмории маҷидӣ боқӣ монд, то он ки мамлакати Саъудӣ дар замони малик Абдулазиз Оли Саъуд моҳи рабеъулаввали соли 1372 ҳ. (1952 м.) ба тавсиаи ҷадиде дар он оғоз кард ва писараш малик Суъуд онро дар моҳи рабеъулаввали соли 1375 ҳ. (10/1955 м.) ба итмом расонд.
Тарҳи дувумин тавсиаи масҷиди набавӣ дар даврони ҳукми хонадони Оли Саъуд дар замони малик Фаҳд ибни Абдузазиз соли 1405 ҳ. (1984 м.) ба мавриди иҷро бароварда шуд ва пас аз даҳ сол дар соли 1414 ҳ. (1994 м.) ба итмом расид. Ин охирин ва бузургтарин тавсиае буда, ки дар таърихи масҷиди набавӣ ба амал бароварда шуд. Шукӯҳи он имрӯз ҳар бинандаеро маҷзуб месозад. Масҷиди набавӣ ин навбат бо тамоми таҷҳизоти муосири барқӣ, васоили сардкунанда, имконоти оби ошомиданӣ ва ғуслу вузӯ, микрофонҳо, маркази тавлиди нерӯи барқ, дастгоҳҳои пахши мустақими радиоӣ ва телевизионӣ ва ғайра муҷаҳҳаз сохта шуд.
Ҳарчанд дар бораи ҳаҷми рақамҳои тавсиаи масҷид тайи мароҳили гуногуни он ва ҳамин тавр чанд сантиметр эътибор шудани зироъ дар байни муаррихон ва коршиносони соҳа ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале бар асоси рақамҳои фавқ масоҳати умумии масҷиди набавӣ пас аз тавсиаи маҷидӣ (султон Абдулмаҷид), ки имрӯз ҳам қисмате аз он дар ҷиҳати қиблаи масҷид ҳифз шудааст, ҳудуди 15 000 м2 ва ба гуфтаи мураттибони китоби Тавсиату-л-ҳарамайни-ш-шарифайн бештар аз даҳ ҳазор (10 303) м2-ро ташкил медодааст.
Дар тавсиаи аввали Саъудӣ 4056 м2 аз бинои маҷидӣ боқӣ гузошта ва 6247 м2-и он аз байн бурда шуд. Сипас ба қисмати зоилшуда бештар аз 6 000 м2-и дигар афзуда шуд ва маҷмӯи тавсиаи аввали Саъудӣ 12 270 м2-ро ташкил дод ва ба ин тартиб масоҳати умумии масҷид бо изофаи 4056 м2 боқимонда аз бинои маҷидӣ ба 16 326 м2 расид, ки барои 28 000 намозгузор гунҷоиш доштааст.
Аммо дар тавсиаи дуюми ходими Ҳарамайн малик Фаҳд масоҳати 82 000 м2 ба он афзуда шуд ва масоҳати он дар маҷмӯъ 98 326 метри мураббаъро ташкил дод, ки барои ҳудуди 180 000 намозгузор гунҷоиш дорад.
Масоҳати сатҳи масҷид 67 000 метри мураббаъ буда, 8750 метри мураббаи он финоҳои қуббапӯш ва мавзеи гунбазҳо ва 58 250 метри мураббаи он барои намоз омода аст, ки гунҷоиши 90 000 намозгузорро дорад. Пас дохили масҷид ва сатҳи он дар маҷмӯъ гунҷоиши ҳудуди 270 000 намозгузорро дорад. Саҳнҳои атрофи масҷид масоҳати 235 000 метри мураббаъро ташкил медиҳанд, ки 135 000 метри мураббаи он барои намоз пешбинӣ шуда ва гунҷоиши 430 000 намозгузорро дорад. Ба ин тартиб масҷиди набавӣ пас аз тавсиаи дуюми он дар замони малик Фаҳд бо сатҳ ва саҳнҳои атрофаш дар умум гунҷоиши ҳудуди 700 000 намозгузорро дорад.
Қисматҳои афзудашуда бар масҷиди набавӣ тайи мароҳили гуногуни тавсиаи он дар фазилат, афзоиши аҷр ва дигар аҳком дар назди ҷумҳури уламо ҳукми ҳамон қисматеро доранд, ки масҷид дар замони ҳаёти Расули Худо (с) шомили он буд ва аҷру савоб ва арзиши ибодатии намоз дар ҳама ҷои он, ба ҷуз равзаи муборака, яксон аст. Ривоят шуда, ки саҳобагони киром ва салафи солеҳ пас аз тавсиаи масҷид дар замони халифаи дуюм Умар (р) ва сеюм Усмон (р) ва Валид дар қисматҳои афзудашудаи он намоз мехонданд.
Саҳнҳои атрофи масҷид низ бахшҳои мукаммили он ба шумор мераванд, ҳарчанд ҳанӯз ба бинои масҷид шомил нашудаанд, пас намоз дар онҳо низ ҳамон аҷру савоб ва ҳукми намоз дар дохили масҷидро дорад.
Доктор Ризвон Фазлурраҳмон масоҳати масҷид дар замони Расули Худо (с) ва ҳаҷми тавсиаҳои гуногунро дар он то тавсиаи аввали суъудӣ дар ҷадвале овардааст, ки баъзе рақамҳояш аз гуфтаҳои боло фарқ доранд ва зикри он аз фоида холӣ нест.
Дар замони Расули Худо (с) соли 7 ҳ./628 м. 2475 м2
Дар замони Умар (р) соли 17 ҳ./638 м. 1100 м2
Дар замони Усмон (р) 29-30 ҳ./649-650 м. 496 м2
Дар замони Валиди Умавӣ 88-91 ҳ./707-710 м. 2369 м2
Дар замони Маҳдии Аббосӣ 161-165 ҳ./779-782 м. 2450 м2
Дар замони Ашрафи Қойтбой 886-888ҳ./1481-1483м. 120 м2
Дар замони султон Абдулмаҷид 1265-1277 ҳ./1848-1861 м. 1293 м2
Дар замони малик Абдулазиз ва писараш малик Суъуд 1370-1375 ҳ./1951-1955 м. 6024 м2
Дар маҷмӯъ 16327 м2
Аз чароғ то барқ
Масҷиди набавӣ дар имтидоди асрҳо бо васоили рӯшноидиҳандаи муносиб бо ҳар давр, аз қабили чароғ, қандил, шамъ ва ахиран неруи барқ таъмин шудааст. Гӯянд аввалин касе, ки дар масҷиди набавӣ дар замони Расули Худо (с) чароғ овехта, Тамими Дорӣ (р) буда ва ба қавле Умар ибни Хаттоб (р) будааст. Ба гуфтаи Самҳудӣ дар замони Ибни Забола (ибтидои асри 3 ҳ.) дар масҷиди набавӣ 256 қандили доимӣ ва 100 қандили дигар барои вақтҳои зарурӣ вуҷуд дошта ва дар саҳни он 4 машъал буд, ки дар болояшон чароғдонҳои бузург насб шуда ва 6 фонус ҳам мавҷуд буд, ки кормандони хадамоти масҷид пас аз намози хуфтан барои берун кардани мардум ва бастани дарҳои он онҳоро ба даст мегирифтанд.
Ин амал ҳамеша фузунӣ меёфт ва масҷид давра ба давра бо васоил ва хадамоти рӯшноидиҳии бештар ва беҳтаре муҷаҳҳаз мешуд, то он ки дар арафаи ҷашни ёдбуди ба хилофат расидани султон Абдулҳамид дар 25 шаъбони соли 1326 ҳ./1907 м. барои аввалин бор неругоҳи хурди барқие дар шимоли масҷид коргузорӣ ва дохил ва саҳнҳои атрофаш бо неруи барқ таъмин карда шуд. Ифтитоҳи он бо расидани аввалин қатора (поезд) ба Мадина аз маркази хилофат шаҳри Остона (Истамбул) дар 22 шаъбони ҳамон сол рост омад.
(давом дорад)
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013
-
22.06.2025 14:51
145
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
266
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
278
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
499
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
604
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
490
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
30.06.2025 13:00
150
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
126
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
25.06.2025 11:36
144
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
14.10.2024 18:41
981
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1692
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3384
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
141
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
126
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
141
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
514
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
763
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
882
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
463
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
498
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
472
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
773
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1021
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1887
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
629
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
608
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1801
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2121
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2115
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2329
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
534
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
475
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
952
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3076
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3515
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3510
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
660
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
684
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
631
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?