09:42:25 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28      

Исо алайҳиссалом куҷо шуд?

ӯзгор" аз имрӯз ин саҳифаро боз мекунад ва он розест аз шигифтиҳои Қуръони Карим, фалсафаи нақлу ривоятҳои қуръонӣ ва қиёси онҳо ба рӯйдодҳои таърихиест, ки башар пушти сар кардааст. Ҳадаф нишон додани азамати Худованд ва пояи илмӣ доштани ҳар ҳикматест, ки дар Қуръон омада. Сӯҳбатҳои Қуръонӣ гоҳо ба тариқи муколама сурат мегиранд ва гоҳи дигар дар шакли мақола. Дар ҳар ҳолат хоҳем кӯшид назари мутахассисони соҳа рӯи чоп ояд.

tafsiri-quron 14444Моҳе пас валодати Исои Масеҳ (ъ) аст ва сарнавишти ин Пайғамбари соҳибкитоб шигифтиҳое дорад, ки муддати ин зиёда аз бист қарн муфассирин ва муҳаққиқинро машғули худ доштаву ҳамоно сараш баҳс идома дорад. Ва яке аз ин шигифтиҳо рафтани Исо алайҳиссалом назди Худованд ва пайғоми бозгардонидани ӯ барои ҷон додан дар рӯи Замин аст. Дар атрофи ин масъалаҳо ҳамкорамон сӯҳбате дошт бо Абдушарифи Боқизода, донишманди маъруф, муаллифи китоби "Тафсири навини Қуръон" ва чандин китобҳои дигари тафсирӣ, корманди муассисаи давлатии Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон.

-Қиссаи валодати ҳазрати Исои Руҳуллоҳ баъди баёни саргузашти раҳоии ҳазрати Иброҳим (ъ) аз оташи Намруд, қурбонии Исмоил (ъ), дар чоҳ шудани Юсуф (ъ), валодату камолоти Мусо (ъ) шояд дигар аз шигафтангезтарин мӯъҷизоти илоҳист, ки баён мешавад. Ва табиист, ки ин ҳама беҳикмат набуданд, аз ҷумла валодати Исо (ъ) низ. Мехостам сӯҳбатро аз ҳамин оғоз намоем.

-Дар оғоз бояд арз кунам, ки ҳазрати Исо (ъ) писари Марямро Худованд дар поёни силсилаи паёмбарони банӣ Исроил ҳамроҳ бо далелҳои равшан ва оятҳои ошкори Худ ба сӯи онҳо фиристод ва ӯро бо ҳазрати Ҷабраил (ъ) тақвият намуд.

Қуръони карим ҷараёни бордоршавии Марям ва вилодати муъҷизавииИсо (ъ)-ро чунин нақл мекунад, ки фариштагон ба Марям гуфтанд, Худо туро ба калимае аз ҷониби худаш башорат медиҳад. Яъне, ба ту фарзанде ато менамояд, ки бепадар ва танҳо бо амри таквини (офариниши)-и Худо ва калимаи "Кун" (пайдо шав!) ба вуҷуд меояд ва номаш Масеҳ, Исо писари Марям мебошад ва дар дунё ва охират арҷманд (бообрӯ) ва аз ҷумлаи муқаррабон ва наздикони даргоҳи Ҳақ аст. Ҳангоме фариштагон гуфтанд: Эй Марям, Худо туро ба калимае аз ҷониби Худ башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ, Исо писари Марям мебошад ва (вай) дар дунё ва охират арҷманд ва аз муқаррабони (даргоҳи Ҳақ) аст. (Сураи Оли Имрон, 3: 45, 46).

Исо (ъ) бар асоси таълимоти Қуръони карим ва ҳатто ба гуфтаи китобҳои пешин низ бе падар, яъне ба василаи амри Худо ва дамидани рӯҳе аз ҷониби Ӯ дар домони Марям ба вуҷуд омадааст. Масеҳ лақаби Исо (ъ) мебошад.

-Чаро Масеҳ? Ин калима чӣ гуна тафсир мешавад?

-Суоли дуруст аст. Аслан дар ин маврид аз муфассирон дар маънои он нақлҳои гуногуне ривоят шудааст. Баъзе аҳли салаф онро ба маънои пургашт дар рӯи замин гуфтаанд. Баъзеҳо онро ба маънои шифобахш фаҳмидаанд, зеро Исо (ъ) касеро бо дасташ масҳ мекашид, шифо меёфт. Аммо баъзе тафсирҳо онро ба маънои ғусли таъмидшуда, яъне бо равғани махсусе масҳ кашидашуда донистаанд ва онро тарҷеҳ додаанд. Исо (ъ) дар банӣ Исроил, яъне дар миёни яҳудиён бо ҳамин ном шинохта мешуд ва Қуръони карим низ ӯро бо ҳамин лақаби машҳураш ном бурдааст.

- Шумо дар оғоз ишора кардед, ки Худованд ҳазрати Масеҳ алайҳиссаломро бо мӯҷизоти аён ба сӯи қавмаш фиристод. Инҳо кадом мӯъҷизаҳо буданд?

-Яке аз мӯъҷизоте, ки ба дасти ӯ анҷом мегирад, он аст, ки дар кӯдакӣ ва дар синну соли гаҳвора ба мардум сухан мегӯяд. Ин мӯъҷизаи ӯ дар оятҳои сураи Марям тафсир шудааст. Вақте яҳудиён пас аз таваллуди Исо Марямро ба зино тӯҳмат намуданд, Худованд барои исботи покии ӯ тифли навзодашро ба сухан даровард. Вай ба амри Худо ба нутқ даромад ва аз худ ва модараш ба таври мӯъҷизавӣ дифоъ кард, он ҷо, ки мефармояд: "Пас модараш ба сӯи ӯ ишора намуд. Гуфтанд: Чӣ гуна бо кӯдаки дар гаҳвора сухан мегӯем? Гуфт: Ман бешак, бандаи Худо ҳастам, ки ба ман китоб дода ва маро паёмбар гардонидааст…".

Мӯъҷизаи дигараш он аст, ки дар синни миёнаумриаш ба рисолат баргузида мешавад ва ин навбат дар бораи дини Худо ва даъвати мардум бо онҳо сухан мегӯяд.

Худованд дар ин ду оят ӯро як бор аз муқаррабони даргоҳи худ ва бори дигар аз солеҳон ва бандагони неки Худ зикр намудааст. Ин эҳтимоми Қуръон барои исботи он аст, ки ӯ бандаи муқарраб ва неки Худо мебошад ва аз ин наздикӣ ва ҷойгоҳи баланди ӯ дар пешгоҳи Худо набояд ба ғулуви эътиқодӣ ва инҳирофи фикрӣ афтод ва ӯро бар ғалат Худо донист.

Ва мӯҷизоти дигари ӯ зинда гардонидани мурдагон, шифо бахшидани бемориҳои табобатнопазир мебошд, ки ошкор аст.

Сипас Худованд барои Марям марҳалаҳои тарбияи илоҳӣ ва баъзе дараҷоти олии мавлудеро, ки аз ӯ ба дунё меояд, баён менамояд. (Худо) ба вай китобу ҳикмат (навиштан, дониш ва рафтору гуфтори ҳакимона) ва Тавроту (китоби Мӯсо) Инҷилро меомӯзад. (Сураи Оли Имрон, 3: 48).

Исо (ъ) охирин паёмовари илоҳӣ ба сӯи банӣ Исроил

-Мехостам ба аввали суҳбат баргардем, ки гуфтед ҳазрати Исо (ъ) охирин  Пайғамбар аз миёни бани Исроил буд. Вале мебинем, ки яҳудиён ӯро қабул накарданд ва ҳатто қасди куштан карданд. Сабаб чӣ буд?

-Дуруст аст. Вай аслан ба сӯи яҳудиён фиристода шудааст ва ӯ яке аз паёмбарони бузурги банӣ Исроил ба шумор меравад. Исо (ъ) барои онҳо мӯъҷизотеро аз ҷониби Парвардигор, ки нишонаи қудрати Худо ва далели сидқи рисолати ӯ мебошанд, ба намоиш мегузорад. Аз ҷумла, аз гил барои онҳо шакли паррандаро месозад ва вақте дар он медамад, бо ҳукми Худо паррандаи зинда мегардад. Кӯрони модарзод ва песонро, ки аз назари тиббӣ табобатнашаванда мебошанд, шифо мебахшад ва ҳатто мурдагонро бо хости Худо зинда мегардонад. Онҳоро аз он чи дар хонаҳояшон мехӯранд ва захира менамоянд, хабар медиҳад. Умуман, вай барои яҳудиён корҳоеро ба намоиш мегузорад, ки ҷуз бо қудрати Худо ба вуқӯъ намеоянд.

Исо (ъ) китоби Тавротро, ки пеш аз ӯ фиристода шудааст, тасдиқ менамояд ва дини вай идомаи рисолати Мӯсо (ъ) ва такмилдиҳандаи аҳкоми Таврот ба шумор меравад. Аз ин рӯ, яке аҳди қадим ва дигаре аҳди нав ба шумор меоянд. Исо (ъ) барои яҳудиён ин воқеиятро баён кард ва гуфт, ки Парвардигори ҳамаамон Худо аст. Танҳо Ӯро парастиш намоед! Роҳи рост ҳамин мебошад. Ба ин оятҳои 50 ва 51 сураи Оли Имрон таваҷҷӯҳ фармеод: "Ва тасдиқкунандаи Тавроте мебошам, ки пеш аз ман нозил шудааст ва то баъзе чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром гардонида шудаанд, бароятон ҳалол гардонам ва бароятон оят (ва мӯъҷизае) аз ҷониби Парвардигоратон овардаам. Пас тарс (ва тақвои) Худоро дошта бошед ва маро итоат намоед! Худо бе ҳеҷ шакке, Парвардигори ман ва Парвардигори шумо аст. Пас Ӯро ибодат намоед! Ин аст роҳи рост".

 Ҳазрати Исо (ъ) ҳар чи ба даъвати худ идома медод, оташи ҳасад ва душмании яҳудиён бештар забона мезад ва саранҷом, нақшаи ба дор овехтан ва маҳви ҷисмони (физикӣ)-и ӯро кашиданд. Воқеаи "Хоҷи акбар", яъне омодасозии салиби бузург аз ҷониби яҳудиён ба хотири қатли ҳазрати Исо (ъ) ва суиқасд ба ҷони ҳазрати Исо (ъ) аз сӯи ҳамин яҳудиён барномарезӣ шуд.

Ақидаи солус чист?

-Вале на танҳо яҳудиён, балки худи масеҳиён низ дар тайиди мақом ва мартабаи Исо (ъ) иштибоҳ мекарданд ва ақидаи "сехудоӣ" ҳам он замон дар робита ба зуҳури Исо ба миён омад, ки имрӯз пайравонаш асосан ҳамин гуна даъво пеш меоранд. Бисёр мехостам каме дар бораи "ақидаи солус" ҳам суҳбат кунед, то мавзеъгирии яҳудиёну насрониён ва мусалмонон дар бораи шахсияти Исои пайғамбар мушаххастар шавад.

-Оре, ин гуна буду ҳаст. Андешаҳои нодуруст ва эътиқоди беасоси насрониён дар бораи Исо (ъ), ки писари Худо ва ё яке аз се худои солус мебошад, тӯҳмат ва дурӯғи ошкоре дар шаъни ин паёмбари бузурги Худо мебошад. Онҳо бо ин андешаи нодуруст ва ақидаи хилофи фитрати башарӣ афкори бахши азиме аз мардуми дунёро дар гумроҳӣ фурӯ бурдаанд. Аммо дуруст қайд кардед, ки насрониён, пешвоёни калисо ва онҳое, ки худро пайравони ҳазрати Исо (ъ) медонанд, ӯро ба маснади улуҳият ва худоӣ шинонданд. Инҳо аз назари эътиқодӣ дар тақдиси ҳазрати Исо то ҷое ифрот намуданд, ки ӯро аз мақоми рисолату паёмбарӣ ва бандаи баргузидаи Худо ба дараҷаи худоӣ бардоштанд. Ин тоифа аз рӯи ҷаҳл миёни одами баргузида ва Худо натавонистанд фарқ гузоранд ва ҳамон вилодати мӯъҷизавии ӯ онҳоро ба ин водии саргаштагӣ ва куфр кашонид. Илова бар ин, он ҷинояти гӯшхароши яҳудиёнро дар тадбири суиқасд ба ҷони паёмбари Худо, ҳазрати Исо ба унвони мӯъҷиза ва воситаи омурзиши гуноҳони тамоми насрониён донистанд. Ба ин маъно, ки гӯё ҳазрати Исо (ъ) барои наҷот ва омурзиши гуноҳони пайравонаш худро фидо ва қурбон намуд. Аз ҳамин ҷо дар миёни насрониён ақидаи ширкомези таслис ва ё солус (сехудоӣ: падархудо; писархудо ва рӯҳи қудс) ба вуҷуд омад.

Ҳамин хатари ҷаҳонии ақидаи нодурусти солус буд, ки Қуръон барои ислоҳи он ин қадар эҳтимом варзидааст. Ин раванди баёни воқеиятҳо тақозо мекард, ки Қуръони карим дар бораи муҳимтарин мавзӯи эътиқодие, ки онҳо дар он ба гумроҳӣ афтодаанд, рӯшанӣ андозад ва афкори мардуми ҷаҳонро барои ҳамеша аз он хатои фикрӣ ва инҳирофи эътиқодӣ наҷот бахшад. Онҳо ду тарафи ифротро дар эътиқодоти худ дар бораи ҳазрати Марям ва Исои Масеҳ пеш гирифта буданд. Яҳудиён Марями покро ба тардоманӣ ва амали зино тӯҳмат мекарданд ва мегуфтанд, ки фарзанди худро аз зино ёфтаааст, зеро вай ҳанӯз шавҳар накарда буд.

Ногуфта намонад, ки ин баҳс дар замони бар ҳаёт будани Пайғамбари гиромии Ислом (с) низ рӯ зада буд ва ин бо ҳадис тайид шудааст. Дар ҳадис омадааст, ки се нафар аз ҳайати насрониёни Наҷрон дар ҳузури Паёмбар (с) дар бораи Исо (ъ) ва тавҳид бар асоси эътиқодоти таҳрифшудаи худ ба мубоҳиса пардохтанд. Онҳо гоҳе Исо (ъ)-ро Худо мегуфтанд, зеро ӯ мурдагонро зинда мегардонд ва аз мушти хоке паррандае месохт ва вақте дар он медамид, ба сурати паррандаи зиндае дармеомад. Гоҳе ӯро писари Худо медонистанд, зеро ӯ бе падар ба дунё омадааст ва замоне ҳам аз ақидаи солус (сехудоӣ) сухан мегуфтанд ва Исо (ъ)-ро яке аз он се уқнум (унсур)-и Худо медонистанд. Зеро дар каломи Худо сиғаи ҷамъ (-и "мо", яъне кардем, гуфтем ва ғайра) омадааст. Агар Худо якка ва танҳо мебуд, мегуфт: Кардам, гуфтам ва монанди инҳо.

Он Ҳазрат (с) дар посухи ин эътиқоди нодуруст ва пиндори хатои онҳо ҳамин ду далелро ёдовар шуданд, ки Худои мо ҳай ва қайюм аст. Оё медонед, ки Худои мо зиндаи ҳамешаҷовид аст ва Исо хоҳад мурд? Оё медонед, ки фарзанд ба падари худ шабоҳат дорад? Оё медонед, ки Худо сарпараст, нигаҳбон, гардонанда, тадбиркунанда ва парвардигори ҳама чиз аст ва Исо аз чунин салоҳият ва тасарруфе (оҷиз ва) бехабар аст? Оё медонед, ки Худо аз хӯрдану ошомидан ва қазои ҳоҷат поку муназзаҳ аст, дар ҳоле ки аз Исо чунин чизҳо содир мешуд? Онҳо дар ҷавоби ин пурсишҳои Паёмбар (с) гуфтанд: Оре. Он гоҳ он Ҳазрат (с) фармуд: Пас махлуқе бо чунин маҳдудиятҳо чӣ гуна метавонад Худо бошад? Онҳо дар ҷавоби ин пурсиш хомӯш монданд.

Дар ояти 59-уми сураи Зухруф дар бораи Исо (ъ) ба сароҳат омадааст, ки: "Ӯ намебошад, магар бандае, ки бар ӯ инъом намудаем ва ӯро масале барои банӣ Исроил гардонидаем". Дар ин оят бандаи инъомшудаи Худо будани Исо (ъ) ба сароҳат зикр гардидааст. Ва ин гуна мисолҳоро аз китоби муқаддас ва аҳодиси набавӣ зиёд метавон овард, вале гумон мекунем ҳамин алҳол басанда аст.

Навмедии Исо (ъ) аз имони банӣ Исроил

-Вале дар идома як навъ хастагии Исо (ъ) аз даъват эҳсос мешавад, дилмондагӣ ва ноумедии ӯ эҳсос мегардад. Ин аз чӣ буд?

-Оре, чунин ҳам ҳаст. Исо (ъ) пас аз талошҳои зиёд дар роҳи Ҳақ ва даъвати яҳудиён ба сӯи дини Худо ва пас аз нишон додани он ҳама мӯъҷизоти бузург яқинан ба ин натиҷа расид, ки онҳо дар куфри худ устувор ҳастанд ва ҳаргиз аз душманӣ ва тарҳи нақшаҳои бадтаре бознамеистанд. Дар ин вазъ хитоб ба пайравони худ фармуд: Чӣ касоне дар даъват ба сӯи Худо ёвар ва мададгори ман хоҳанд буд? Қуръони Карим мефармояд: "Вақте Исо аз онҳо куфрро эҳсос намуд, гуфт: Чӣ касоне (дар даъват) ба сӯи Худо ёвар (ва мададгори) ман хоҳанд буд? Ҳавориён гуфтанд: Мо ёварони (дини) Худо ҳастем. Ба Худо имон овардем ва шоҳид бош, ки мо таслимшудагони (амри Худо, яъне мусалмон) мебошем! (Сураи Оли Имрон, 52, 53).

 Ба назар мерасад, ки Исо (ъ) аз мушоҳидаи куфри муҳаққақи банӣ Исроил ва дигар бардоштҳои худ аз вазъи онрӯзаи ҷаҳон ва қавми яҳуд таҳаввулоти сахт ва лаҳзаҳои сарнавиштсозеро дар он марҳалаи даъвати рисолати худ эҳсос мекард. Бинобар ин, мехост бо гирифтани паймони қатъӣ аз пайравони содиқаш идомаи даъвати дини Худоро дар ягон ҳолате ба онҳо таҳвил намояд. Пайравон ва имоновардагони ба ӯ низ хуб медонистанд, ки бо додани ин паймон чӣ вазъи сахтеро дар пеш хоҳанд дошт. Бар ҳамин асос, танҳо дувоздаҳ нафар ба нидои ӯ посухи мусбат доданд.

-Аз нигоҳи таърихшиносӣ ин кадом давра аст ва муҳит зери тасарруфи кадом шоҳигарӣ ё импературӣ қарор дошт? Дар сатҳи олии ҳокимият ба ин масъала чӣ гуна бархӯрд доштанд?

-Сарзаминҳои Шом дар он давраи таърих дар ишғоли империяи Рум қарор доштанд. Соли 63 қ.м. сарлашкари румӣ Пампюс шаҳри Байтулмуқаддасро ба ишғоли худ даровард ва Ҳирадуси кабир (Герадюс) - яке аз подшоҳони яҳуд - бо таъйиди румиҳо солҳои 37-4 қ.м. бар кишвари яҳуднишини он ҷо фармонравоӣ мекард ва соли 6 м. он ба таври пурра ба императории Рум мулҳақ гардид. Исо (ъ) бинобар қавли роҷеҳ дар назди таърихнигорон дар миёнаи солҳои 6-4 қ.м. дар авохири ҳукми Ҳирадуси кабир ба дунё омадааст.

Кормандони динии калисои яҳуд ва дигар нуфузмандони қавми банӣ Исроил Исо (ъ)-ро ба ҳайси як ошубгари сиёсӣ ва зидди ҳузури нерӯҳои Рум дар он сарзамин муаррифӣ намуда, коргузор ва намояндаи император дар мустаъмароти Шом - Понтий Пилотро низ бар зидди вай таҳрик намуданд. Суиқасд ва нақшаи қатли Исо (ъ) аз сӯи яҳудиён ба даврони ҳукми Пилот - намояндаи император дар байни солҳои 26-36 м. - рост меомад ва вай низ ба дастгир ва эъдом (қатл) кардани Исо (ъ) дастур дода буд.

Исо (ъ) лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсозеро дар даъвати рисолати худ пушти сар мегузошт. Ин ҷо буд, ки чанд тан аз пайравони фидокор ва ҳавориёни содиқаш бо вай паймони вафодорӣ бастанд ва барои идомаи роҳаш аҳд ниҳоданд ва худи он ҳазратро барои ин кор шоҳиди рӯзи қиёмат қарор доданд. Ҳамчунин, онҳо дар ҳузури Исо (ъ) аз Худо хостанд онҳоро, ки ба Ӯ имон оварда ва аз паёмбараш дар сахттарин лаҳзаҳо пайравӣ намудаанд, аз ҷумла ва ҳамроҳи шаҳодатдиҳандагони бар ваҳдонияти худ ва мӯъминони комил бинависад. Парвардигоро, ба он чи нозил намудаӣ, имон овардем ва аз паёмбарат пайравӣ намудем, пас моро ҳамроҳи шаҳодатдиҳандагон бинавис!

Нақшаи қатли Исо (ъ) ба дасти яҳудиён ва тадбири худовандӣ

-Пас нақшаи қатл чӣ гуна тарҳрезӣ шуд? Киҳо ба он даст доштанд?

-Саранҷом, он кофироне, ки Исо (ъ) аз онҳо эҳсоси куфр карда буд, барои қатли ӯ барномарезӣ карданд ва нақшаи пинҳоние дар ин бора омода сохтанд. Худо низ тадбири олии худро дар баробари ин ҳама фитнаҷӯиҳои яҳуд ба кор андохт ва нақшаи ниҳонии онҳоро ботил гардонд. Охир, Ӯ беҳтарин ва тавонотарин тадбиркунанда аст. Ва (онҳо барои қатли паёмбари Худо) макру (тадбир) намуданд ва Худо низ тадбире намуд. Ва Худо беҳтарини тадбиркунандагон аст. (Сураи Оли Имрон, 54).

tafsiri-quron 45784545Худо дар он лаҳзаҳои ҳассос нақшаи худро барои Исо (ъ) эълон намуд, ки ӯро ба сӯи Худ бармедорад ва дар оянда бо марги табииаш мемиронад. Барои марги ӯ вақти дигареро муқаррар намудааст. Ҳамчунин, ӯро аз тӯҳмату бӯҳтонҳои кофирон пок мегардонад ва пайравони ӯро то рӯзи қиёмат бар кофирон пирӯз хоҳад гардонд. Яъне, пайравони содиқи ҳазрати Исо, ки бинобар назари роҷеҳ мусалмонони ҷаҳон мебошанд ва чи дар симои насрониёни дунё бар яҳудиён то рӯзи қиёмат ғолиб ва пирӯз хоҳанд буд. Он гоҳ бозгашти ҳамаи онҳо дар рӯзи қиёмат ба сӯи Худо аст ва дар он рӯз дар тамоми масоиле, ки бо ҳам ихтилоф доштанд, Худо ҳукми қатъии Худро содир менамояд. Ҳангоме Худо гуфт: Эй Исо, Ман, дар воқеъ, баргиранда ва ба сӯи Худ бардорандаи ту ҳастам. Ва туро аз касоне, ки кофир шудаанд, поксозанда бошам ва пайравони туро то рӯзи қиёмат бар кофирон бартарибахшанда ҳастам. Он гоҳ ба сӯи Ман аст бозгашти шумо (ва дар он вақт) дар он чиз(ҳо)-е, ки бо ҳам ихтилоф доштед, дар байни шумо ҳукм менамоям. (Сураи Оли Имрон,  55).

Калимаи "таваффӣ", ки мутаваффӣ аз решаи он гирифта шудааст, дар фарҳангномаҳои забони арабӣ ба маънои пурра гирифтан ва комилан қабз ва дарёфт намудан мебошад. Бар асоси ҳамин маънои луғавии калимаи "таваффӣ" дар бисёр тафсирҳо мутаваффиро ба маънои комилан баргиранда ва бо ҷисму рӯҳ дарёфткунанда тафсир намудаанд. Яъне Худо ба Исо (ъ) ваъда дод, ки ӯро комилан ва зинда аз миёни кофироне, ки ҷои зисташро ба муҳосира гирифта буданд, дарёфт ва солим ба сӯи худ боло мебарад.

Калимаи "таваффӣ" дар фарҳангномаҳо ва ҳам дар Қуръон ба маънои қабзи рӯҳ ва миронидан низ ба кор рафтааст. Ин маънои он ба асли луғавии решаи калима ба маънои қабз ва дарёфти пурра бармегардад, зеро дар маънои дуюмаш низ ҳамон дарёфт ва қабзи пурраи рӯҳро ифода менамояд. Пас ба ин маъно муфассирон мутаваффиро ба маънои миронанда гирифтаанд, вале ба назари баъзеҳо он дар оянда ва пас аз бозгашташ ба замин сурат мегирад ва ба назари дигарон дар ҷумла тақдим ва таъхир сурат гирифтааст. Яъне, Ман туро ба сӯи Худ бардоранда ва пас аз он дар вақти муқарраргашта миронанда мебошам. Ба ҳар ҳол назари ҷумҳури муфассирон он аст, ки Исо (ъ) зинда ба осмонҳо бардошта шудааст ва марги ӯ пас аз бозгашташ ба замин сурат мегирад.

Дар оятҳои 157-158 сураи Нисо масъалаи зинда ба осмон бардошта шудани Исо (ъ) ба таври равшантаре баён гардидааст, он ҷо, ки мефармояд: "Ба сабаби сухани онҳо, ки мо Масеҳ, Исо писари Марям (ва) фиристодаи Худоро куштаем ва ҳол он ки на ӯро куштаанд ва на ба дор овехтаанд, валокин (кор) бар эшон норавшан гашта буд. Ва албатта, онҳое, ки дар ин (кор) ихтилоф намудаанд, аз (куштани) ӯ дар шак мебошанд. Онҳо дар (бораи) он илме надоранд, магар пайравӣ аз гумон ва (онҳо) ӯро ба таври яқинӣ накуштаанд, балки Худо ӯро ба сӯи Худаш бардоштааст. Ва Худо тавонову ҳаким аст".

Пас Исо алайҳиссалом куҷо шуд?

-Инсоният тӯли даврони мавҷудияти худ ҳикматҳои Илоҳиро зиёд дидаву иддае ба он бо донишу фаросат бовар кардаанд ва иддае дигар аз ҷаҳлу нодонӣ шак овардаву куфр варзидаанд. Дар мавриди сарнавишти ҳазрати Исои Руҳуллоҳ низ ҳамин пеш омадааст. Аммо ин масъала ба ҳадде баҳсбарангез аст, ки ҳатто муфассирини исломӣ ҳам сари зинда бардоштан ва ё мирондану баъд ба сӯи худ бурдани Парвардигор иштибоҳ доранд.

-Оре. Назаре дар байни баъзе муфассирон вуҷуд дорад, ки Худо Исо (ъ)-ро бо марги табиӣ дар ҳамин дунё миронд ва пас аз он ба осмон бардошт. Онҳо дар таъйиди ин назари худ ривояте аз Ибни Аббос ва Ваҳб ибни Мунаббеҳ ва сухани Молик дар Ҷомеи Атабияро зикр намудаанд. Молик гуфтааст: Исо дар синни сию яксолагӣ вафот намудааст.Илова бар ин, дар ояти 117-уми сураи Моида вафоти Исо аз забони худаш бо сароҳат зикр гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҷумҳури муфассирон ояти сураи Моидаро низ ба маънои ҳамин ояти 55-уми сураи Оли Имрон тафсир кардаанд ва ривоятҳои мазкурро заъиф донистаанд. Тафсири "Рӯҳу-л-маонӣ" низ он ривоятҳоро заъиф дониста, назари ҷумҳурро таъйид намудааст. Яъне, Худованд ҳазрати Исоро зинда ба назди худ бурд ва барои миронданаш боз замоне ба замин бармегардонад ва бо марги табиӣҷон хоҳад супурд.

Яҳудиён бошанд, иддио доранд, ки онҳо Исо (ъ)-ро ба дор овехта, ба қатл расонидаанд ва пас аз чанде ҷасади ӯро дар дахмае ба хок супурдаанд. Ибораи қуръонӣ "Ва макр - нақша ва тарҳрезие намуданд" ифодагари ба роҳ мондани амалиёти суиқасде аз ҷониби онҳо мебошад. Вале қисмати дуюми оят, ки "Ва Худо низ тадбиреро (дар баробари ин найранг ва нақшаи онҳо) ба кор андохт" ошкоро ба шикаст рӯ ба рӯ шудани нақшаи яҳудиёнро ифода менамояд. Тафсирҳо мегӯянд: вақте кофирон зимни амалиёте ба дохили хонаи муҳосирашуда ворид шуданд, шабаҳи Исо (ъ) ба яке аз онҳо афканда шуд ва худи ӯро Худо аз равзана ба боло бурд. Онҳо ҳамон шахсро ба гумони Исо дастгир намуда ва ба дор овехтанд.

Насрониён низ бар ин боваранд, ки Исо (ъ) ба дор овехта шудааст, вале пас аз чанд рӯзе ва ё чанд соате пас аз маргаш боз зинда гашта ва ба осмон баромадааст. Қуръони карим ин хаёлпардозиҳои беҷо ва эътиқодоти нодурусти ҳарду тоифаро ҳам дар ин оятҳо ва ҳам дар оятҳои сураи Нисо рад ва ботил эълон менамояд.

Ақидаи аҳли Ислом бар пояи таълимоти нуронии Қуръон он аст, ки онҳо Исо (ъ)-ро на ба дор овехтаанд ва на ба қатл расонидаанд, балки Худо ӯро аз ин тарҳи суиқасди яҳудиён солим берун бурдааст.

Қуръони карим дар ин оят боз руҷӯъе ба сӯи Расули Худо (с) намуда, аз тариқи зикри ин рӯйдодҳои ҳаёт ва рисолати Исо (ъ), ки дар фаромӯшхонаи таърих фурӯ рафта буданд, ҳаққоният ва аз ҷониби Худо будани рисолати он Ҳазрат (с)-ро собит месозад. Воқеан ҳам, ин оятҳо нишонаҳои қудрат ва гуфтаҳои пурмӯҳтавое аз сӯи Худо мебошанд. Ҳеҷ касе ба ҷуз Худо наметавонад ахбор, гузоришоти ғайбӣ ва рӯйдодҳои дарбаргирифтаи онҳоро дар иҳотаи илми худ дошта бошад. Ин аст он оятҳо ва зикри ҳакиме, ки онро бар ту мехонем. (Сураи Оли Имрон, 58).

Ин аст он ҳақиқате, ки аз ҷониби Парвардигор дар бораи Исо (ъ) баён гардид. Дар ин маврид набояд шак кард ва ба суханони дурӯғ ва шубҳаҳои аҳли Китоб гӯш дод. Зеро онҳо бофтаҳои душманони Исо (ъ) мебошанд. Илова бар ин, аз назари таърихи илмӣ ва санадҳои ривоӣ бепоя ва мантиқан беасос мебошанд. (Ин гузориш) ҳақ (ва) аз ҷониби Парвардигорат мебошад. Пас ҳеҷ гоҳ (дар бораи он) аз шаккунандагон набош! (Сураи Оли Имрон, 60).

Сӯҳбати Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi