07:48:06 27-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Домуллои Сурхиён (Тоҷике, ки дар қарни нуздаҳ аз Ҳинд ба Ингилистон сафар кардааст)

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Дар нимаи дуюми қарни нуздаҳи милодӣ, замоне, ки шаҳрҳои бузурги мо - Самарқанду Бухоро садҳо мадрасаҳои олӣ доштанд, писарбачаи 17-сола Муҳаммадсолеҳ ибни Муҳаммадшариф ибни Абдураҳим, зодаи деҳаи Ниҳолдараи Файзободи куҳан, дар роҳи илм ба сӯйи Ҳиндустон гом бардошт. Сафари ӯ 27 сол ба дарозо кашид. Истеъдоди фавқулодда ба Муҳаммадсолеҳ имкон дод, ки дар баробари фаро гирифтани илоҳиёт инчунин илмҳои  тиб, риёзиёт, ҷуғрофия, ҳандаса ва ғайраро омӯзад. Дар Ҳиндустон ба қуллаҳои баланди илм ва тақво расид ва метавонист он ҷо бимонад ва чун ситорае бидурахшад, аммо қалбаш ҳамеша бо Ватан буд ва бо ёди ёру диёр дилаш метапид.

1 ziyorati-mazor-454545Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ соли 1900 аз мулки Ҳинд тавассути Афғонистон ба зодгоҳаш баргашт. Ӯ Афғонистонро ҳам ватани худ медонист. Дар дарбори шоҳони он шуҳраташ ба дараҷае расида буд, ки амир Абдураҳмонхон духтари бародараш амир Ҳайдар-Хонимҷонро ба никоҳи Муҳаммадсолеҳ даровард, то ин орифи бузург дар Афғонистон муқимӣ бимонад.

Меҳри Ватан ӯро ба зодгоҳаш овард ва зиндагии басо ҳам пуртазодеро бо ин бузургие, ки дошт, дар ин ҷо сипарӣ намуд ва дар соли 1938 дар сини 81-солагӣ чашм аз дунё баст. Мазораш дар деҳаи Сурхиёни ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдати имрӯза, дар макони биҳиштие воқеъ аст, ихлосмандони зиёрати оромгоҳи Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ кам нестанд.

Ин ҳарфҳои мухтасар бардоште буданд аз китоби "Офтоби паси абрҳо", ки ба қалами набераи Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ маъруф ба домуллои Сурхиён, шахси хеле ҳам фарҳангӣ Муҳаммадрасули Иброҳимзода тааллуқ дорад. Муҳаммадрасул дониши олии филологӣ дошта, тайи беш аз понздаҳ соли охир осору рӯзгори бобои бузургворашро омӯхта, чанд китобе ҳам ба нашр расондааст.

Шахси донишманд, ки ҳаст аз рӯйи китоби "Тибби Мавлавӣ"-и бобои бузургвораш ба табобати мардум пардохта ва табиби муваффақу шинохта ҳам мебошад. Чанде пеш ҷиҳати зиёрати оромгоҳи мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ бо ҳамроҳии наберааш Муҳаммадрасул Иброҳимзода роҳи деҳаи Сурхиёнро пеш гирифтем. Роҳи навадкилометраи Душанбе-Сурхиён бо тамоми мушкилоташ чӣ гуна пушти сар шуд, надонистем. Суҳбати мо раҳораҳ аз рӯзгори Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ буд. Муҳаммадрасул аз таҳқикоти анҷомдода, такудавҳояш дар чопи китобҳо ва сохтани мақбараи хеле зебои бобояш аз ҷониби ҳамдиёрон хеле бомеҳр ҳарф мезад.

-Бобои ман, ҳазрати мавлавӣ шахси сиёсӣ набуд,-мегӯяд Муҳаммадрасул. Дар роҳи расидан ба Ҳақ заҳмати зиёде кашид, сӯфӣ буд, мартабаи авлиёиро касб кард. Табиби хеле донишманд ҳам буд. Тибби ҳиндиро омӯхт, барои табобат осори пурқимате низ аз худ боқӣ гузошт, ки ман аз навиштаҳои бобои бузургам дар табобати мардум истифода мекунам.

Бобоям  соли 1874- ум озими Ҳиндустон шуд. Дар хобаш ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадониро дида буд. Ин пири тариқат ӯро барои дониш андӯхтан ба Ҳиндустон ҳидоят мекард. Он вақт 17 ё 18 сол дошт ва ҳофизи Қуръони маҷид буд. Саводи ибтидоиашро дар ватан, дар назди домулло Одина, бобои Эшони Тоҷ бароварда буд. Дар роҳ ба Ҳиндустон се сол дар мадрасаҳои Кобул, Ҳирот ва Қандаҳор илм меомӯзад. Баъдан ба Кашмири Ҳиндустон меравад. дар Кашмир ба мартабаи авлиёӣ расид. Бояд бигӯям, ки бобоям дар Ҳиндустон асосан дар се шаҳр: Бомбай, Деҳлӣ ва Кашмир таҳсил карда буд. Забонҳои арабӣ, урду, англисӣ ва ҳиндуро хуб медонистанд.

Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ дар соли 1887 дар ҳайати 22 нафараи ҷавонони Ҳиндустон ба Англия сафар мекунад. Сафари Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ба Лондон аз ҷониби мустамликагарони англис ҷанбаи сиёсӣ дошт, зеро онҳо мехостанд дар ниҳоди ҷавонони ҳинду меҳру муҳаббати Ғарбро амиқтар созанд. Бинобар ин, онҳо ба ин ҳайат толибилмони пешқадам ва боҳушу гӯшро шомил намуда, мехостанд дар оянда ҷонибдорону муттакои хешро тарбия намоянд.

Ҷуноне аз рӯзгори Ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммасолеҳ дар мулки Ҳинд бармеояд, ӯ бо хати иршоди дар дастдошта ва мактуби шахсии яке аз пирони тариқати сулуки сӯфия дар шаҳри Кашмир авлиё Шамсуллоҳ Мирҳасан, ки пири амирони Афғонистон низ маҳсуб меёфт, соли 1887 ба Кобул бармегардад. Амир Абдураҳмонхон аз номаи пири тариқаташ бо шахсияти Муҳаммадсолеҳ шинос шуда, ӯро табиби дарбор таъйин намуда, аз вай хоҳиш менамояд, ки чанд соле дар мадрасаҳои шаҳри Кобул чун устод ба тадрису таълими тиб ва илоҳиёт пардозад. Дар он айём табибони Кобул дар табобати Ҳабибуллохон - писари шоҳ, ки ба маризии ҷигар гирифтор буд, ноилоҷ монда буданд.

Муҳаммадсолеҳ Ҳабибуллоҳхонро табобат намуд. Бо шифоёбии валиаҳди шоҳ боварию эътиқоди дарбор, бахусус шоҳ ба табиби тоҷик боз ҳам бештар гардид. Амир Абдураҳмонхон духтари бародараш амир Ҳайдарро никоҳ карда  ба ӯ медиҳад. Муҳаммадсолеҳ 13 сол дар шаҳри Кобул монд ва аз он ҷо бо ҳамсару писараш бо исми Муҳаммадаслам (таваллудаш 1898 милодӣ, Кобул) озими ватан гардид.

Бояд тазаккур дод, ки бозгашти Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ба ватан барояш суруру шодӣ оварда бошад ҳам, ғаму андӯҳ низ дар пай дошт. Падари бузургвораш, домуллои хеле маъруф Муҳаммадшариф, ки 27 сол қабл нури дидааш Муҳаммадсолеҳро барои сафари дуру тӯлонӣ дуо дода буд, чеҳра ба хок кашида, муридону ихлосмандонаш ҳанӯз ҳам аз реҳлати ӯ ашк мерехтанд. Модари Мавлавӣ аз дидор бо фарзанди ба мартабаи авлиёӣ расида хеле шод гашт.

Муҳаммадсолеҳ марди бутун гашта, ришу салла ва қабои сабзаш ба ӯ хеле мувофиқ афтода буд. Бозгашти Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ба ватан шуру ғиреви шодмониро дар бекигарии Ҳисор ба амал овард. Ҳазорон одамон ба дидорбинию зиёраташ омада, дуояшро мегирифтанд. Аз мансабҳои пешниҳоднамудаи  бекигарӣ даст кашид. Дар зодгоҳаш Ниҳолдара ва Сурхиён ба тадрису таълими ҳамватанон пардохт ва хидмати модари бузургворашро то реҳлати ин мастура ба ҷо овард.

2 ziyorati-mazor-454545Баъди бозгашт ба ватан Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ танҳо як бори дигар аз ватан берун рафт. Ин соли 1907 ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳамроҳи чанд нафар ҳамдеҳагон ба Кобул сафар намуда, зану фарзандашро ба ватанашон бурда буд. Хонимҷон, зани Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ, духтари  амир Ҳайдар, бародари амир Абдураҳмонхон то соли 1960 дар қайди ҳаёт буд. Мазораш дар деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод воқеъ аст. Фарзандони Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ аз шоҳдухтар Хонумҷон ду духтару ду писар дошт.

Махдуми Аслам ва Махдуми Абдулҳак шахсиятҳои ботақвое буданд ва дар тарбияи динию маънавии сокинони ноҳия хеле ҳам ҳисса гузоштаанд. Бояд хотирнишон сохт, ки Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ се издивоҷ карда буд ва  аз се зан соҳиби 6 писару 4 духтар буд. Фарзанди Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ Махдуми Абдулқуддус (тав.1924) бо тахаллуси "Даҳмарда" (рӯҳаш шод бод) на танҳо дар ноҳияи Файзободу шаҳри Ваҳдат, балки дар навоҳии гирду атроф муридону ихлосмандони зиёде дошт. Имрӯз мардум аз ӯ бо некӣ ёд мекунанд. Махсуми Даҳмарда то рӯзҳои охирини зиндагии хеш мардумро ба ободии ватан, ваҳдати миллӣ ва дӯстию бародарӣ даъват менамуд.

Меоем сари рӯзгори Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ дар замони шӯравӣ. Он чӣ гуна буд ва чӣ шуду чӣ монд, ки ин валию авлиё аз тунбоди террори сталинӣ сиҳату саломат ва эмин монд?

Ҳамсафари мо Муҳаммадрасул мегӯяд, ки бобои бузургвораш шахсияти сиёсӣ набуд ва дар тӯли зиндагиаш ба сиёсат, ба умури давлатдории сохти амирӣ ва сотсиалистии шӯравӣ дахолате ҳам накардааст.

Муҳаммадрасул Иброҳимзода  дар китоби "Офтоби паси абрҳо",  иқтибосеро аз таълимоти Шайх Абӯалӣ ибни Сино меорад, ки чунин аст: "Аз орифон ба гӯши ту ахборе бирасад, хилофи одат бошад ва ту онҳоро рад кунӣ, мисли ин ки гӯянд: Орифе барои мардум борон хост ва борон омад, ё бемореро шифо хост, шифо ёфтанд… ё ҷонварони ваҳшӣ эшонро фармон бурданд, ё мурғон аз он нарамиданд… албатта, инҳо комилан мумкин аст, зеро ҳаммонанди ин хел корҳо дар розҳои ғайбӣ асбобест ва бошад, ки ман бархе аз онҳоро барои ту ёд кунам". Он гоҳ бигӯянд: " Ҳам таҷриба, ҳам қиёсу истеъдоди ақлӣ собит кардааст, ки мумкин аст нафси нотиқаи инсон дар вақти бедорӣ аз мурғайибот огоҳ шавад, чунонки одам дар олами хоб онро мебинад".

Солҳои сиюми қарни гузашта таъқиботи олимону домуллоҳо ва муллоҳо дар Тоҷикистон низ оғоз ёфт, ки Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ҳам аз имтиҳони рӯзгор дар канор намонд. Ҳама медонистанд, ки ин қутбу валӣ ба чӣ қодир аст. Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ ҳамчун пир муридону мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, мегуфт, ки ҳар фарде дар кадом мақому мансабе набошад, Худои бузургро фаромӯш насозад, зеро бе ризояти субҳон Аллоҳ ҳеҷ тағйироте дар ҷаҳон рух нахоҳад дод.

Аммо оташи сиёсати атеистии замон ба домони поки ин бузургвор наздик омад ва хостанд ӯро дар ҷумлаи "бою муллою аҳли тақвою китобдор, заминдор ва феодал" ба Сибир ё Қафқоз бадарға намоянд. Муҳаммадрасул Иброҳимзода аз забони шоҳидони ҳоли он замон, ки аксарашон ҳанӯз зиндаанд, шунидааст, ки дастгиркунандагони ҳазрати Мавлавӣ то деҳаи Сурхиён расидан ба сад бало гирифтор мешуданд. Ё аз асп афтида гарданашон мешикаст ё лабу даҳонашон каҷ мешуд ва ё чашмонашон аз косахонаи сарашон берун меҷаст. Мавлавӣ бошад онҳоро табобат мекард ва шифоёфтагон дар назди Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ тавба менамуданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ аз таъқибот раҳоӣ надошт, то вақте ки як комиссияи ҳукуматӣ аз Маскав барои "имтиҳонаш" наомад.

Соли 1934 Маскав ба сардори гарнизони таъйиноти махсуси НКВД дар шаҳри Душанбе Абдулло Валишев супориш медиҳад, ки сатҳи дониши Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳро бо иштироки ду шарқшинос мушаххас намуда, аз миёни мардум "душманони халқ"-ро ҷудо намоянд. (Валишев Абдулло Негмонович, "Чекистские были", Душанбе: "Ирфон", 1988) Ҳукуматиҳо мардуми якчанд деҳаҳои гирду атрофро дар деҳаи Лошхарф ҷамъ меоранд, ки дар байни онҳо низ аҳли илму муллоҳои зиёде буданд.

Абдулло Валишев, ки шахси босавод буду хатти арабиро хуб медонист, ба Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ мактуб навишта, ба деҳаи Сурхиён, ки аз Лошхарф 4 километр дуртар буд, мефиристад. Азбаски чекисти баландрутба аз кӯфти роҳи тӯлонӣ хеле хастаю шалпар шуда буд, дар масҷиди деҳаи Лошхарф дароз кашида, мехоҳад сари хобашро гирад. Дар берун 25 сарбоз ӯро посбонӣ менамуданд. Абдулло Валишев аз хоби сарироҳӣ бо доду фарёд бедор шуда, пойи пиёда ба пешвози мавлавӣ, ки аз деҳаи Сурхиён ба мулоқот меомад, мешитобад.

Чекист аз Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ барои чунин густхоҳӣ узр пурсида, ҳарду суҳбаткунон вориди масҷиди Лошхарф мегарданд. Суҳбати "меҳмонон"-у Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ панҷ соат тӯл мекашад. Ду шарқшинос, ки яке русу дигаре тотор буданд, бо дидану ташхиси чор муҳри хати иршод аз се шаҳри бузурги Ҳиндустон ва шаҳри Кобул ин бузургворро имтиҳон гирифта, ба ин хулоса меоянд, ки Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ доктори чор фан: фалсафа, риёзиёт, нуҷум ва тиб буда,  ба ҳукумату давлат мисли обу ҳаво зарур аст. Бо ҳамин Мавлавӣ Муҳаммадсолеҳ аз таъқиботи сталинӣ раҳо ёфта, то охири умри мубораки хеш дигар касе муқобили ӯ иқдоме накардааст.

Рӯҳу равонаш шод бод!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi