14:15:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ба оби тавба кун ҷурму гунаҳ пок...

«Барои гуноҳони худат ва гуноҳи мардон ва занони мусалмон мағфират бихоҳ».

Қуръони Маҷид, Сураи Муҳаммад, ояи 19.

“Дар тарафи Мағриб дарвозаи тавба дуруст кардаанд, ки паҳнои он ба андозаи масофати ҳафтодсола роҳ аст. Он дарвоза ҳеҷ вақт баста намешавд, то замоне, ки Хуршед аз тарафи Мағриб тулӯъ кунад”. Ҳадиси Расулаллоҳ (с), ки имом Тирмизӣ (р) аз Сафвон ибни Ассол (р) ривоят кардааст.

utrenniy-namaz-chitat4545Аз ҷумлаи неъматҳое, ки Худованди бузург барои бандагонаш додааст, тавба аст. Парвардигор дар зоти худ тавбапазиру меҳрубон аст ва авфи гуноҳон бузуртарин сифатҳои худовандист, вале мушкил он аст, ки на ҳамаи бандагон аз ин хабар доранд. Тавба шабеҳи доруест, ки инсон гуноҳашро мудово мекунад ва дар пешгоҳи бахшиши Худованд қарор мегирад. Дар ривоятҳо чунин омадааст, ки вақто умматони пешин гуноҳе содир мекарданд, дарҳол дар ҷисми онҳо нависонда мешуд, ки фалонӣ чунин гуноҳе содир кардааст ва ҷазои ӯ чунин аст.

Аммо уматони охирзамонро Худои бузург он қадар имтиёз додаст, ки ҳар қадар гуноҳе содир кунанд, ягон гуноҳи онҳо зоҳир намешавад, ки ҳамаи ин аз баракати лутфи Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва салам аст. Худованди бузург барои бандагон ба он дараҷае ғамхор аст, ки инсон солҳо Худоро нофармонӣ мекунад, вале  дар аввалин соате, ки рӯй ба даргоҳи Худо меорад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад.

Дар оятҳои 53 ва 54 сураи Зумар, ки онро донишманди тоҷик Иброҳими Наққош умедбахштарин оят дар Қуръони Карим медонад, Парвардигори ҷаҳониён мефармояд: “Бигӯ, эй бандагони ман, ки бар худ таҷовуз кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед! Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ, ки ҳамоно Омурзгори Меҳрубон аст. Ва пеш аз он ки азоб ба шумо биёяду сипас мадад карда шавед, ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва ӯро фармон баред”!

Албатта, мо бандагон вақте, ки Худои худро намешиносем, саргарми дунё ва корҳои дунявӣ шуда, солҳо аз ёди холиқи хеш ғофилем, дар аввалин лаҳзае, ки аз сидқи дил тавба мекунем, Худованд тавбаи моро қабул мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат инсон дар кадом ҳолат ва дар кадом мансабе набошад, бояд аз ин неъмати бебаҳои Худованд истифода барад.

Тавба ба забон, ба дил ва ба тан

Парвардигори тавбапазир дар ояи 31 сураи муборакаи «Ан-нур» мефармояд: «Эй мӯъминон ба даргоҳи Худо тавба кунед, ба таҳқиқ растагор мешавед, ба таҳқиқ наҷот меёбед». Албатта, тавба кардан аз ҳар гуноҳе, ки набошад ба даргоҳи Худо қабул мешавад, ба шарте, ки тавба ба забон, ба дил ва ба тан бошад. Тавбаи дил он аст, ки инсон вақте гуноҳе содир кард, дарҳол аз он пушаймон мешавад. Тавбаи забон он аст, ки банда ба забон изҳори пушаймонӣ ва надомат кунад. Тавбаи тан он аст, ки инсон баъд аз тавба ҷисми худро аз гуноҳ кардан боздорад. Вақте, ки инсон чунин тавбаи ҳақиқӣ кунад, чӣ қадар гуноҳе, ки содир карда бошад. Худованди меҳрубон мавриди авф қарор хоҳад дод. Аз он ки фармудаанд:

Зи чанголи гунаҳ кун бонгу ошуб,

Дари раҳмат ба дасти тавба мекӯб.

Ба оби тавба кун ҷурму гунаҳ пок,

Ки заҳр омад гуноҳу тавба тарёк.

Худои бузург дар ояи ҳаштуми сураи муборакаи «Аттаҳрим» мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, тавба кунед ба сӯи Худованд, тавбаи холисона ва содиқона ба таҳқиқ Худованд ба сабаби тавба гуноҳони шуморо мебахшад ва шуморо дохили ҷаннат мегардонад».

Албатта, аз лутфу марҳамат ва караму бахшиши Худованд ҳеҷ кас дур намемонад. Зеро лутфу марҳамати Худо васеътар аз хашму ғазаби ӯст. Худои бузург агар бихоҳад куфри садсоларо дар як лаҳза мебахшад. Аз ҳамин ҷиҳат вақте бандаи мӯъмин гуноҳе содир кард, бояд ноумед нашавад. Ҳамон тавре шоир мефармояд:

Гар тавбаи ту нусӯҳ бошад,

З-он тавба туро футӯҳ бошад.

Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о

Пайғамбари гиромӣ ва меҳрубон (с) дар як ҳадиси муборакашон мефармоянд: Худованд тавбаи бандаро қабул мекунад то он даме, ки рӯҳаш ба ҳулқум нарасидаст. Ба дигар маънӣ дари тавба барои банда то охирин лаҳазоти умраш боз аст. Дар ин маврид ҳикояти ҷолибе омада, ки бомаврид медонем арз кунем: Шахсе аз солеҳе аз ин ҳадис суол мекунад ва мепурсад, ки ту дар ин бора чӣ мефармоӣ? Он шахс гуфтааст, ҳадис дуруст ривоят шуда, аммо ту чӣ пеша дорӣ?

Гуфт: Ман марде хайётам ва ҷомаҳо медӯзам. Пурсид: Дар касби ту кадом кор аз ҳама осон аст? Посух дод: Бо қайчӣ буридани матоъ. Суол кард: Чан сол аст, ки ин корро мекунӣ? Гуфт: Сӣ сол шуд. Гуфт: Дар он вақт, ки ҷон ба ғарғара расид, тавонӣ, ки ҷомаро бурӣ? Посух дод: Не. Он бузург фармуд:  Коре, ки муддате дар вай заҳмат кашидаӣ, то омӯхтаӣ ва муддати сӣ сол ба осонӣ мекардӣ, дар он вақт натавонӣ, ки бикунӣ. Тавба, ки дар ҳама умр накарда бошӣ, дар он вақт кай тавонӣ? Тавба имрӯз кун, ки метавонӣ, ки шояд он дам натавонӣ тавба кард”.

Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,

Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.

Ин даргаҳи Мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.

Аз ҳамин ҷиҳат бояд ҳар яки мову шумо аз ёди он Худованде, ки ин қадар меҳрубону бандапарвар аст, ғафил набошем. Ҳазрати мавлавӣҶунунӣ мефармоянд:

Ҳар банда, ки лоиқи фазли Худо шавад,

Аз байни гумраҳони ҳалокат ҷудо шавад.

Дарди гуноҳи хеш даво чун намекунӣ,

Рав тавба кун ба сидқ, ки дардат даво шавад.

Эй ошиқи гадо, ба дари шоҳ зора кун,

То раҳми Подшоҳ ба ҳоли гадо шавад.

Чанд фармудаи дигар аз Парвардигори ҷаҳониён дар бораи  истиғфор ва тавба

«Парвардигоратро бо ҳамд ва покӣ ёд кун ва аз вай омӯрзиш бихоҳ, ки ҳароина ӯ таъолло бисёр тавбапазир аст» Сураи Наср, ояи 3.

«Касе, ки муртакиби бадӣ шавад ва ё бар худаш зулм кунад ва баъд аз он аз Худованд мағфират талаб кунад, Худовандро омӯрзанда ва меҳрубон меёбад» Сураи Нисо, ояи 110.

«Ва касоне, ки чун муртакиби фаҳшо шаванд ва ё бар худ зулм намоянд, Худовандро ёд кунанд ва ба гуноҳонашон мағфират бихоҳанд ва кист, ки ғайр аз Худо гуноҳонро мағфират кунад. Сураи Оли Имрон, ояи 135.

Ва боз ҳам аз аҳодиси Пайғамбар (с) бихонем:

Аз Абуҳурайра (р) ривоят кардааст, ки гуфт: Шунидам, ки Расулаллоҳ (с) мегуфт: «Ман дар як шабонарӯз зиёдтар аз ҳафтод бор аз Худо мағфират хоста ва ба вай тавба мекунам» (Ҳадис аз Бухорӣ)

Аз ибни Аббос ривоят аст, ки Расулаллоҳ (с) фармуд» «Касе истиғфорро лозим гардонад, Худованд барояш аз ҳар тангӣ наҷотгоҳ ва аз ҳар ғаму мусибат кушоише пайдо мекунад ва ӯро аз ҷойе рӯзӣ медиҳад, ки фикру гумон намекард» (Аз Абудовуд)

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Расулаллоҳ (с) фармуд: Қасам бад-он, ки нафси ман дар яди қудрати ӯст, агар шумо гуноҳ накунед ва боз тавба ва истиғфор нанамоед, Худованд шуморо аз байн мебарад ва ба ивази шумо қавмеро меоварад, ки гуноҳ мекунанд ва аз Худованд мағфират мехоҳанд ва Худованд ишонро мағфират мекунад. (Мақсуд аз ин ташвиқ ва амр ба тавба аст, на ташвиқ бар гуноҳ кардан). (Ҳадисро Муслим овардааст)

Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: Мо дар як маҷлис сад бор ҳисоб мекардем, ки Расулаллоҳ (с) мегуфт: Эй Худо, маро бубахш ва тавбаи маро қабул кун, ҳароина ту тавбапазир ва меҳрубон ҳастӣ. (Абудовуд)

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: Расулаллоҳ (с) пеш аз марг зиёд мегуфт: «Субҳоналлоҳи ва биҳамди астағфуруллоҳ ва ъатубу илайҳ»

Пайғамбари гиромӣ (с) фармуд: Ҳароина ман гоҳе парокандадил мегардидам ва ҳароина дар як рӯз сад маротиба аз Худованд мағфират мехоҳам. (Ҳадис аз Бухорӣ)

НИЁИШ БА ДАРГОҲИ ДӮСТ

Дубайтиҳои Мулло ҳабибуллоҳи Кошонӣ

Саҳаргоҳе дилам бо сӯзу оҳе,

Равон шуд сӯи даргоҳи Илоҳӣ.

Ҳамегуфтам: Илоҳӣ ё Илоҳӣ,

Ба уммеди ту кардам ман гуноҳе.

***

Ҳабибо, дар раҳат сад гуна дардаст,

Нагардад аз раҳат он кас, ки мард аст.

Зи гулшан гар гуле хоҳӣ бичинӣ,

Ҷафои хор бо ту дар набард аст.

***

Худовандо! Дилам кардӣ ду пора,

Чу бастӣ бар рухам дарҳои чора.

Рафиқонам зи ман кардӣ канора,

Худовандо! Қабулам кун дубора.

***

Ғами олам ҳама андар дили ман,

Худовандо! Ту бикшо мушкили ман.

Ба ҷуз кӯи туам манзил набошад,

Сиришти меҳр худ андар дил набошад.

***

Аз шаш ҷиҳатам чу чорае нест,

Фарёдрасе ба ҷуз Худо кист?

Ё Раб, ту ба ман инояте кун,

Аз ман ту мапурс тоатат чист.

***

Эй он ки зи ҳасти хеш ҳастам кардӣ,

В-аз ҷоми муҳаббат ту мастам кардӣ.

Нафси бади ман, ки бутпа растӣ мекард,

Аз марҳаматат худопарастам кардӣ.

***

Намедонам, намедонам куҷоӣ,

Ҳамедонам, ки андар ҷони моӣ.

Ман аз ишқи ту сӯзонам чу Маҷнун,

Намедонам чунин бо мо чароӣ.

***

Намехоҳам зи ту мулку сипоҳе,

На ҳашмат, на ҷалолеву на ҷоҳе.

Ҳамехоҳам зи ту, ки гоҳ – гоҳе,

Ба сӯи ман кунад лутфат нигоҳе.

***

Илоҳӣ, раҳм кун ба ин шикаста,

Ки роҳи чорааш ҳар сӯш баста.

Надорад чорае ҷуз даргаҳи ту,

Ки ҳастӣ марҳами ҳар чони хаста.

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi