Қатрае аз баҳр
Пеш аз ҳама ба мураттибони силсилаи "100 фарди маъруф" Ёр Муҳаммад ва Ҷамил Валиев барои тартиб додани ин кори муҳиму масъулиятнок ва хеле заҳматталаб комёбӣ орзумандам. Бисёр мехостам,ки аввал ақидаи дигаронро фаҳмида баъд фикри хешро баён намоям.
Азбаски ба ин гӯша ибрози назари касеро қироат накардам, лозим донистам,ки андешаи хешро бароятон пешкаш намоям. Ин кори хайр барои донишҷӯёни макотиби олӣ,унвонҷӯён ва умуман зиёиён аҳамияти беназир дорад.Чунки як роҳнамои тайёр аст. Бешубҳа давраи фарохро, ки дарбар мегирад, аз камбудӣ холӣ нест. Бинобар ин мехостам таваҷҷуҳи мураттибони муҳтарамро ба ин ҷиҳат ҷалб намоям.
Ба фикрам Абдусаттор Нуралиев, Мусофир Набиев, Иноят Насриддин ва Раҳматихудо Додихудоев ба сафи "Сад журналисти маъруфи тоҷик" арзандаанд. Чаро онҳоро мураттибон ба эътибор нагирифтаанд бароям нофаҳмост.Агар кори тӯлониро дар як соҳа ба инобат гирифта бошанд, Абдусаттор Нуралиев умри бобаракати худро ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи журналистӣ сарф кардааст.Аз ин ҷиҳат бояд ҳатман ба ин саф ҳамчун журналист-педагог ворид карда мешуд.
Дар хусуси кори тӯлонӣ дар соҳаи журналистӣ як мисол меорам.Соли 1985 бо супориши роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио аз шӯъбаи ҷамъиятӣ- сиёсӣ бандаро бо мақсади ташкили дурусти кор ба сарредаксияи ахбори радио гузаронида буданд.Аз таҳлили кори кормандон маълум шуд, ки асосан бо айби журналистони собиқадор кори коллектив ба талабот ҷавоб намедодааст.
Бинобар ин ба мо лозим омад,ки бо дастгирии роҳбарият як шахси бештар аз 40 сол таҷрибаи корӣ доштаро ба нафақа гусел карда,ба қисми дигари собиқадорон муҳлат диҳем, ки корашонро ба талабот мутобиқ намоянд. Ба кормандони ҷавон- Бурҳониддин Каримзода, Карим Мӯсо, Ӯлмас Эркаев, Амирхон Шохонов, Юлдош Шерматов ва Саидмурод Рабиев шароити мусоиди эҷодӣ фароҳам овардаем,то ки пурмаҳсул кор карда тавонанд.
Бо вуҷуди ин дар ахбори тозаи дохилиҷумҳуриявӣ танқисӣ баръало ҳис карда мешуд. Вазъиятро ба ҳисоб гирифта роҳбарият лозим донист,ки кормандони ҳар як шӯъбаи радио аз соҳаҳои барояшон марбут ҳар рӯз ба сарредаксияи ахбор дутогӣ хабар пешниҳод намоянд. Аз рӯзҳои аввал маълум шуд, ки на ҳамаи журналистони дигар шӯъбаҳои радио қобилияти навиштани хабари ба талабот ҷавобгӯро доранд.
Бо ҳамин сабаб мо аз раиси кумитаи ҳамонвақта шодравон Қаландаров Ғоиб Назарович,ки бевосита кори моро таҳти назорати худ қарор дода буд, хоҳиш карда будем, ки аз ёрии дигар шуъбаҳо даст кашида душвор бошад ҳам бо қувваи худамон вазифаи ба зимма гузаштаро ба ҷо меорем. Ҳамин тавр дар давоми панҷ - шаш моҳ бо ҷалби мухбирони ғайриштатӣ, мухбирони штатии вилоятҳо ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ кори сарредаксияро мувофиқи талабот ба роҳ мондем.
Аз ҳамон вақт фаҳмидам,ки кор дар сарредаксияи ахбори телевизион боз ҳам хеле мушкилтар будааст.Азбаски Раҳматихудо Додихудоев бештари фаъолияти меҳнатии худро ба кори ин сарредаксия бахшидааст, меарзад, ки ба сафи "Сад журналисти маъруфи тоҷик"дохил карда шавад.
Ман зи ин олам ба ҳасрат меравам
Дар бораи фаъолияти журналистии устод Иноят Насриддин ёдоварӣ накардан аз рӯи инсоф нест. Зеро устод дорои бисёр сифатҳои хуби касбӣ буд, ки на ҳамаи журналистони радио доштанд. Навоварӣ дар омода кардани гуфторҳои шуъбаи кишоварзӣ, истифодаи ҳамаи жанрҳо, садои форам, ҳунари ба таври оҷил шуниданбоб омода кардани барномаҳо мувофиқи супориши роҳбарони ҷумҳурӣ, бо маҳорати баланд тайёр кардани барномаҳои калонҳаҷми идона, риояи ҳатмии ҳусни баён, услуби ба худаш хос…гувоҳи журналисти бомаҳорат будани ӯ мебошад.
Ба маврид зикр карданиям, ки бори аввал дар радио бе навиштани матн сабт кардани мусоҳибаю репортажҳо, баромадҳо ва сабтҳои телефонӣ бо ташаббуси устод Иноят Насриддин ҷорӣ шуда минбаъд аз ҷониби журналистони бомаҳорати давраи шӯравӣ дастгирӣ ёфт.
Дар он давра роҳбарияти ҷумҳурӣ барои инъикоси ҳаматарафаи соҳаҳои кишоварзию чорводорӣ ва ташвиқоти таҷрибаҳои пешқадам дар комплекси агросаноатӣ диққати ҷиддӣ медод. Махсусан давраи ба шуъбаи хоҷагии қишлоқи кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷиистон роҳбари кардани шахси бомаърифат Ваҳҳоб Воҳидов супоришҳои роҳбарон ба воситаи ӯ ба роҳбари Кумитаи телевизион ва радио бештар расонида мешуд ва бояд он супоришҳо дар вақташ иҷро мегардид.
Махсусан дар айёми ҷамъоварии ҳосили пахта ва зимистонгузаронии чорво лозим меомад, ки ба барномаҳои ҳаррӯза тағйирот ворид карда ба таври фаврӣ маводҳои супоришӣ дар гуфтор садо медод. Ин аз журналистони шуъба масъулият ва маҳорати баланди касбиро талаб мекард. Навиштаҷоти барномаҳои нимирӯзии шуъбаро бояд наттоқони бомаҳорати радио қироъат мекарданд, коргардонҳо низ варзида буданд.
Роҳбарияти кумита кӯшиш мекард,ки дар шуъбаи кишоварзӣ журналистони болаёқат ба кор қабул карда шаванд. Мудирии шуъбаро журналисти варзида шодравон Мусаллим Баҳриддинов ба уҳда доштанд ва кормандони собиқадору варзидаи шуъба ёриву мадади худро ба журналистони ҷавон дареғ намедоштанд.Аз ин ҷост,ки дар шуъбаи мазкур як зумра журналистони бомаҳорат ба камол расиданд.
Баъзан журналисти касбӣ гуфта шахсонеро ном мебаранд, ки муддати дароз дар воситаҳои ахбори умум шуғл варзидаанд. Ба ин ақида ҳеҷ розӣ шуда наметавонам. Зеро ба маҳорати касбӣ бояд баҳо дод, на ба 30-40 сол бо ким кадом сабаб дар як воситаи ахбори умум кор кардану ягон мақолаи хотирмон нанавиштан. Ин ҷо бамаврид далел меорам. Ба ҳамагон маълум, ки шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ солҳои 60-70-и қарни гузашта дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор мекарданд. Боре сухан дар бораи бозиҳои Олимпии дар шаҳри Мюнхен барпошуда рафт.Устод нақл карданд, ки дар он ҷо як мақола навишта дар бозгашт дар рӯзнома чоп карда будам, лекин сарлавҳааш дар ёдам нест.
- Дар ёди ман ҳаст,-гуфтам. Сарлавҳааш "Кабӯтари Нуҳ" буд. Он кас дар ҳайрат монда "хотираатон хеле қавӣ будааст"-гуфтанд.
-Хотираам қавӣ не, балки мақола хотирмон буд,-посух додам ба он кас.
Бо ин мисоли конкретӣ гуфтаниям,ки маҳсули қалами устод Иноят Насриддин ҳам барои шунавадагони радио ва ҳам барои хонандагони ҳамонвақтаи рӯзномаҳо хотирмон аст. Маҳсули яксолаи кораш шояд ба маҳсули даҳсолаи кори баъзе ба истилоҳ "Журналистони касбӣ" баробар бошад. Пас чаро ӯ ба сафи "Сад журналисти маъруфи тоҷик" арзанда набошад?
Солҳои охири 80-ум устод Иноят Насриддин вазифаи сармуҳарририи иттиҳодияи адабию мусиқӣ ва xонишини директории радиоро ба зимма доштанд. Ғанигардонии фонди тиллоии радио гувоҳи меҳнати пурсамари ӯст. Дар ин вазифа низ тарбияи кадрҳои бомаҳорат, шикастани қолабҳои куҳна ва ба шунавандаҳо пешкаш кардани барномаҳои ҷолибу шавқовар мақсаду мароми устод буд.
Бо сабаби оғози ҷанги шаҳрвандӣӯ ба Вазорати фарҳанг ба кор гузашт.Табъаш хуш ва аз кораш қаноатманд. Ҳини вохӯриҳо аз вазири ҳамонвақта Бобохон Маҳмадов хеле минатдор буд.Мисли солҳои корамон дар радио серкор ва аз нақшаҳои ояндааш бо завқ ҳикоя мекард.
Пас аз ба кори дигар гузаштани Бобохон Маҳмадов хирагии табъи устод баръало ҳис карда мешуд. Борҳо шунидаам, ки мегуфт, "синнам ба нафақа расад аз кор рафта дигар поямро ба ин даргоҳ намемонам".
Баъди аз олам даргузашти устод аз фарзанди бузургаш фаҳмидам, ки ҳангоми ба нафақа баромаданаш дар вазорат ба қадраш нарасидаанд. Ҳол он ки ба нафақа гусел кардани журналисти бомаҳорат ва нависандаи маъруфи қобили кори сермаҳсул ба кӣ лозим?
Аз шумораи №2 ҳафтаномаи "Чархи гардун"-и соли 2014 зери сарлавҳаи "Ақлҳои хору зор" маълум мешавад, ки аз рӯи як қатор лоиҳаҳои кашидаи Иноят Насриддин дар вазорат ҳоло низ кор мекунанду оилаи калонаш дар як хонаи чорҳуҷрагӣ умр ба сар мебарад. Акнун ба маънои сухани вопасини ба фарзандонаш гуфтаи устод. "Ман зи ин олам ба ҳасрат меравам" сарфаҳм рафтам.
Ҷумъа Расулов, собиқ корманди Радиои Тоҷикистон
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
220
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
160
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
71
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
85
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
474
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
845
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
585
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?