Ситоиш ва интиқоди хонанда
Дуруд ба ҳамаи онҳое, ки ин ҳафта шумораи охирини "Рӯзгор"-ро дар даст доштанд ва онро варақ заданд. Шодем агар аз ин шумора низ баҳраҳо бардошта бошанд. Чун ҳафтаҳои гузашта интизор будем, ки назари хонандагони худро донем, то агар камбуде ифшо шуд, дар пайи ислоҳи он бошем. Зангҳои телефонӣ ва номаҳои электронии азизони хонандаро баёнгари ҳусни таваҷҷӯҳи аҳли назар дарёфтем.
Сипосгузорем аз ҳамаи онҳо, билхусус аз адиб ва рӯзноманигори шинохта Умари Шерхон, ки дар баробари ибрози назар ба чор шумораи "Рӯзгор" маслиҳатҳои бародарона ҳам ҷиҳати боз ҳам хонотару ҷолибтар шудани ҳафтанома ироа намуданд. Барои мо ҳар пешниҳод ва ҳар назари интиқодии хонанда пазируфтанист. Чун "Рӯзгор"-ро моли хонанда медонем ва бо камоли эҳтиром ҳар пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Чунончӣ, шоира ва рӯзноманигори тоҷик Барнои Қодирдухт дар тамоси интернетӣ гуфт, ки яке аз расмҳои истифодашуда дар хабари "Чаҳор адиби тоҷик соҳиби ҷоизаҳои адабӣ дар ин сол шуданд" бегона аст. Яъне, акс мансубият ба Раънои Мубориз, яке аз чаҳор пирӯзи озмун надорад.
Эроди ҷиддӣ, ҳарчанд мо ҳам ба таъкид нагуфтем, ки ин Раънои Мубориз аст ва дар матн ба соҳибони ҳарду акс ишорае нашудааст, вале қабул дорем, ки иштибоҳ рафтааст. Инак, муруре ба номаҳои охир:
Зане, ки бори сад мардро кашид
"Ба назарам аксари мақолоти ин шумора хонданӣ буданд. Бахусус, мусоҳиба бо Мастура Ашурова. Хонум Ашурова аз ҷумлаи соҳибмансабони замони Шӯравист ва он ки талоши зиёде барои раҳоии сарбозони давлат аз асорати мухолифони давлат дар солҳои ҷанги ҳамватанӣ кардааст, барои ман хабари нав буд.
Ман барномаҳои радио ва телевизиони он замонро пурра тамошо ва гӯш мекардам, вале боре ҳам нашунидаам, ки ҳайате аз миёни мардум кори дипломатӣ мекунанд ва ҷигаргӯшаҳои асирро раҳо месозанд. Ин хомӯшии ВАО-и он замон метавонад ду сабаб дошта бошад. Аввал, раҳоии асирон аз гуманизми мухолифини давлат гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҳоле даҳҳо асир озод карда мешавад, ки шояд бештар аз ин миқдор ҷонибдоронашон дар зиндонҳои давлат қарор доштанд. Аммо онҳо тақозо накардаанд, ки ба ивази ин афрод зиндониёнро раҳо созанд. Шояд Мирзои Зиё хуб медонист, ки Мастура Ашурова ин гуна салоҳият надорад, вале боз ҳам ӯро бо дастони холӣ барнамегардонад.
Ростӣ ман ба ҷуръати ин зан қоил шудам, ки ҷонашро ба гарав монда, фарзандони мардумро озод кардааст. Ҳатто бо мошин ба об сарозер шудаву зинда мондааст, вале инро боре миннат накардааст. Ва боз ин дар ҳолест, ки танҳо маротибаи сеюм муваффақ шудааст, ки писари чекисти худро аз асорат озод кунад".
Муслим Бозорҷонов, сокини ноҳияи Бохтар
Оё Зардушт ҳам Пайғамбар буд?
"Ин савол баъди мутолиаи сӯҳбат бо Хуршед Мустафоев бо номи "Мо коргардон надорем" дар зеҳнам пайдо шуд. Хуршед Мустафоев дар посух ба саволи "Тамошобин кай шуморо дар нақши Исо мебинад?" мегӯяд: "Ман фикр мекунам, ки дер шуд, дигар намебинад. Аммо як чизи дигар ҳам ҳаст, ман нақши Зардуштро дар театри Аҳорун бозӣ карда будам. Гоҳо худамро бо ин таскин медиҳам, ки Зардушт ҳам паёмбар асту Исо ҳам...".
Ростӣ ба тааҷҷуб уфтодам, чун ягон бор нашунида будам, ки Зардуштро Пайғамбар донанд. Ҳарчанд эътироф мекунанд, ки асосгузори як дини пеш аз Ислом аст".
Аюбҷон, Душанбе
"Рӯзгор": Пайғамбарии Зардушт илман исбот нашудааст. Танҳо пайравонаш ин гуна даъво доранд, чун таълимоташро комил ва бунёдӣ медонанд. Аммо дар Қуръони Карим пайғамбарии Зардушт собит нашудааст, аз ин рӯ миёни таълимоти пайравонаш ва муҳаққиқони исломшинос дар ин маврид ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аслан ин як масъалаи хеле баҳсбарангез аст, ки як нашрия наметавонад бори ин баҳсро бикашад. Бо вуҷуди ин "Рӯзгор" омода аст назари коршиносона ва олимонаи ду ҷонибро дар шакли баҳс, вале бо риояи одоби суханварӣ ва эҳтироми эътиқодот ва бидуни эҳсосот интишор диҳад.
Адибон чаро пурнависанд?
"Сӯҳбати адиби шинохта Абдулҳамид Самад хеле ҷолиб буд ба назарам. Ман асарҳои ӯро басо дӯст медорам ва шояд намонда бошад ҳикоя ё повесте аз ӯ, ки нахонда бошам. Нависандаи басо шириннавис аст. Мусоҳиб рост мегӯяд, ки насри Абдулҳамид Самад шеъргуна аст. Адиб ба ин савол посухи саҳеҳ надодааст, аммо ба гумонам он аст, ки Абдуҳамид шеър ҳам менависад. Ҳарчанд ҷанбаи шоирии ӯ барҷастатар аз насраш нест.
Нуктае, ки аз сӯҳбат писандам омад эътирофи нависандаи шинохта ба пурнависии адибон аст. "Пур менависему сифатро фаромӯш мекунем. Фаромӯш мекунем, ки ҳадафи адибу адабиёт офаридани чизи нав, мавзӯъу ҳолати нав аст...",-мегӯяд ӯ.
Ин гуфта ҳақиқати зиёд дорад. Ҳоло ба дуконҳои китоб як назар андозед. Аз як адиб чанд номгӯ китобашро мебинед, ки солҳо гузаштаву харидор наёфтаанд. Аз ин гуна китоб чоп карданҳо чӣ нафъ?
Шамсия Шамсиддинова, ш.Душанбе.
Баъзе саволҳои хабарнигор ба Абдулҳамид Самад дарозтар аз ҷавоби адиб аст. Ва тақризи Раҷабалӣ Худоёров ба китоби Алиасғари Шеърдӯст низ тӯлонӣ буд. Қабул доред?
Мансур, аз ноҳияи Рӯдакӣ.
"Рӯзгор": Қабул. Мекӯшем мухтасарбаёниро равиши мусоҳиба қарор диҳем.
Ҳунар ва қадри ҳунарманд
"Вақте сӯҳбат бо санъаткори шинохта Мирзоватан Мировро ("Рӯзгор" №3) хондам, дилам ба ҳоли ҳунару ҳунарманд сӯхт. Наход вазорати фарҳанг ба ҳадде беэътино бошад, ки сарнавишти шахсиятҳои олами ҳунарро ба дасти як шахси ношоиста супорад? Шахсе, ки муддате директори театр будаву ҳамаро аз саҳна қариб берун ронад.
Аслан ин гуна ҳодисаҳо вақтҳои охир зиёд иттифоқ уфтодаанд. Ба ёд оред баҳси ҳунармандон, профессорони донишкадаи ҳунарҳои зебо бо ректори собиқи он Аслиддин Низомовро. Моҷаро ҳатто додгоҳӣ шуд ва ҳарчанд ҳоло ҳам ҳукм кардан номумкин аст, ки маҳз дар ин моҷаро кӣ гунаҳгор аст, вале гумон мекунем боз ҳам ношинохтани қадри мутахассис боис гардид, ки зумрае аз собиқадорон тарки ин боргоҳи ҳунар кунанд.
Бо рафтани Аслиддин Низомов албатта, рафтагон барнагаштанд, чун аксаран бознишаста шуда буданд, вале гумон мекунем ин дар рӯҳияи шогирдон таъсири амиқе гузошт. Аслиддин Низомов худ шахсияти шинохта дар олами санъат ва хизматкарда аст. Чаро ин гуна ҳодиса пеш омад, то ҳол бароям муаммост.
Аммо довари ҳақҷӯ худи мардуманд. Ман гумон намекунам миллат ҳунари волои Ҳошим Гадо, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тағоймурод Розиқов, Нурулло Абдуллоев, Гулсара Абдуллоева, Қурбони Собир, Дилбар Умарова ва даҳҳо тани дигарро, ки имрӯз ҳам заррае аз маъруфияташон коста нашудааст, фаромӯш созад".
Мавҷигул, шаҳри Қурғонтеппа
"Рӯзгор": Қадрношиносии ҳунармандро як дарди умумибашарӣ ҳам гӯем иштибоҳ нахоҳад шуд. Шумо хотироти собиқадорони санъатро аз кишварҳои дигар мутолиа кунед, инро бештар ва фаротар аз доираи Тоҷикистон мушоҳида менамоед. Садҳо мисол метавон овард, ки арбобони санъат маҳз аз ҳамин қадрношиносӣ шиква кардаанд ва як сабаби аз рушд мондани санъатро ҳам дар ҳамин дидаанд. Инро дар ҷамоҳири пасошӯравӣ бештар метавон мушоҳида кард, ки Тоҷикистони мо низ ҷузъи он аст.
-
22.06.2025 14:51
155
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
277
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
291
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
513
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
616
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
505
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
102
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
160
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
139
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
996
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1705
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3396
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
156
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
140
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
152
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
526
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
777
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
897
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
473
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
511
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
480
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
788
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1033
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1899
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
641
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
621
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1812
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2132
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2129
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2341
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
547
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
484
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
965
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3094
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3529
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3529
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
559
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
671
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
698
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд