05:42:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Маркази миллии тестӣ дорему тести миллӣ надорем

Бо арзи салом ба ҳамаи алоқамандони ҳафтаномаи "Рӯзгор". Бо таъхири чорҳафтаина мо бори дигар дар хидматем. Таъхире, ки шояд на ҳама медонистанд ва ҳоло зарур медонем сабабҳои онро бигӯем ва хонандагонро аз нақшаҳои худ огоҳ созем.

markazi-testii-milli-454521

Таҳиягарони ҳафтанома дар оғоз тарҳи фарҳангиро интихоб карда буданд. Яъне, хостем канори "Адабиёт ва санъат", ки нашрияи хуби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст, як нашрия ҳарҳафтанинаи дигари фарҳангии мустақил ҳам бошад, то бори таблиғи фарҳангу маърифат осонтар кашида шавад.

Ва чуноне медонед, аз нахустин шумора бо шумораи 50, ки то ин замон охирин шумора буд, бо ҳамин тарҳ пеш рафтем ва муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро инъикос намудем, бо маъруфтарин шахсиятҳо суҳбатҳо интишор додем ва агар гӯем, ки ҳоли имрӯзи театр ва кинои кишвар аз суҳбати ин азизон рушантар шуд, хато намекунем. Мегуфтем ва ҳоло ҳам бар ин назарем, ки "Рӯзгор" дар марҳилаҳои дигари фаъолияташ консепсияи рушди театр ва синаморо таҳия ва пешкаш мекунад.

Ва саргарми ин ҳама мо бехабар мондем, ки барои чопи ҳар нашрия маблағ муҳимтар аст. Ва мо он чизе чоп мекардем, аз ҳисоби захираҳои хонаводагии худ буд ва аз ҷойе ягон сомонӣ нагирифтаем. Шояд аз он ки мо худ напурсидем, баъзе пешниҳодҳои дигарро ба хотири нигоҳ доштани мустақилият ҳатто рад ҳам карда будем. Ва имрӯз ҳам ба ин андеша нестем, ки "Рӯзгор" тобеъи мафкураи созмоне ва гуруҳе бошад. Ин буд, ки захираҳои мо тадриҷан ба анҷом расиданд ва умеди дастгирии шахсони фарҳангдӯсту соҳибмаърифат аз ҷумлаи соҳибкорони дӯст қариб ба сирф баробар шуд, ҳарчанд сари чанд нукта бо онҳо дар тамосем ва умедҳо пурра канда нашудаанд.

Бо ҳамин иллат муддате "Рӯзгор" аз чоп бозмонд ва ҳоло ҳам тавони ҳар ҳафта расидан ба хонандаро надорем, вале боз ҳам андешаи алоқамандон ва хонандагон моро водор кард, ки тасмими сабуктар гирем. Онҳое, ки  пайваста иртибот доштанд, пешниҳод карданд, ки аз он ки комил набошад, "Рӯзгор" ҳаддиақал моҳе ба қадри тавон 1 ё 2 маротиба чоп шавад. Қабул кардем ва ин шумораро омода намудем. То расидани фурсати муносиб онро боз ҳам аз ҳисоби худ ва вобаста ба имконот чоп мекунем ва ҳамоно дар пайи онем, ки даричаи умеде барои фаъолияти пурраи нашрия аз сӯе, ки умедамон ҳаст, боз шавад.

Номаҳое, ки ин ҷо нашр мешаванд, аксаран дар атрофи шумораи рақами 50 ҳастанд. Инак:

Нуқра пирӣ надоштааст

Хеле мехостам дар бораи Нуқра Раҳматова, ин сарояндаи нозукадо бидонам. Мехостам донам, ки ҳоло ӯ куҷо бошаду чӣ мекарда бошад. Ва хуш шудаам вақте шумораи охирро гирифтам ва аксашро дар саҳифаи аввал дидам. Саросемавор "Рӯзгор"-ро варақ задам ва аввал он матлабро хондам. Донистам, ки ҳунарманди дӯстдоштаи ман зиндаву саломат аст ва акнун баъди хастагии бештар аз 50 соли дар саҳна будам, давлати пирӣ меронад.

 

Нуқра Раҳматова ҳунарманди дӯстдоштанӣ буд ва ҳоло ҳам агар садояшро аз радио мешунавам, зуд корамро як сӯ мегузорам ва ӯро гӯш мекунам. Аслан ҳунармандон пирӣ надоранд, чун ҳамеша ва дар ҳар ҳолат дар фикри эҷоданд. Инро аз суҳбати "Рӯзгор" ҳам дарёфтам. Нуқра Раҳматова бо як дилсӯзии хос мегӯяд, ки набояд ба тақлид дода шуд, чун тақлид мусиқии суннатии моро мемиронад.

Мардон Хуршед

Дар бораи Мастона Эргашева мехоҳам бихонам

Дар бораи Нуқра Раҳматова хеле суҳбати хуб хондам. Замоне, ки мо мухлиси апаи Нуқра будем, гумон мекардем се зан ба ҳам дар мусобиқа мехонанд: Нуқраву Нигинаву Мастона. Нигина Раупова аз олам бирафт, дар бораи имрӯзи Нуқра Раҳматова донистем. Ҳоло мехостем донем. Ки Мастона Эргашева куҷост. Бисёр мехостем "Рӯзгор" сӯҳбате бо ин зани ҳунарманд ҳам чоп кунад.

Адолат Салимова, Бохтар

ӯзгор":  Ташаккур барои ҳусни таваҷҷуҳатон ва мо иншооллоҳ кӯшиш хоҳем кард Мастона Эргашеваро низ пайдо кунем ва ин гуна як суҳбат чоп намоем.

Маркази миллии тестӣ дорему тести миллӣ надорем

Андешаҳои Сафаралӣ Раҷабов дар бораи имтиҳоноти нав, яъне имтиҳони тестӣ, ки акнун онро як ниҳоди зери итоати Президент амалӣ мекунад, хеле ҷолибанд. Дар ҳақиқат саволҳои тестҳо якрангу якнавохтанд ва онҳо эҷодкорона сохта намешаванд. Мисоли ҷолиберо дар бораи донистани хосияти нуқра Сафаралӣ Раҷабов овардааст. Менависад: "Куруш, подшоҳи Форс 2500 сол муқаддам ҳар ҷое, ки сафар мекард, оби нӯшокиро дар зарфи нуқрагин бо худ мебурд. Чаро маҳз дар зарфи нуқрагин?" Ё малакаву маҳорати таҷрибавии довталабро бо саволҳои ба истеҳсолоти ба саноати химияи Тоҷикистон дахлдошта санҷидан магар бад аст? Ба назари банда саволҳои ғайристандартӣ, саволҳои тафаккури эҷодии довталабро бедоркунанда нисбатан кам аст".

Оре, мо ҳам ҷонибдори онем, ки тести имтиҳоноти дохилшавии мо рӯбардори тести Русияву кишварҳои дигар набошад. Мо бояд дар фанҳои дақиқ ҳам, дар биологияву химия низ вобаста ба хусусиятҳои миллӣ, таърих, фарҳанг ва забон эҷодкорона унсурҳои миллиро истифода барем, то бо ин васила завқи хонандагонро бедор кунем, тафаккурашонро рушд диҳем, ҷӯяндагиро дар онҳо ба ҳиссиёти бебдал табдил диҳем. То хонанда донад, ки ин миллат низ таҷрибаҳои пурғановати илмӣ дорад, ки метавонад мисол шавад.

Сафарбек Худоиев, омӯзгор

Нав фаҳмидам, ки Қорӣ Пӯлодхон достоннавис будааст

 Қорӣ хоҷа Пӯлодхонро чун хаттоти машҳур мешиносем. Замоне маҷаллаи "Фарҳанг", ки муассис ва сардабираш шоираи ширинкалон Гулрухсор буд, дар саҳифаҳои худ хушнависони хушсалиқаро муаррифӣ мекард.

Ва дар як шуморааш намунаҳои хати ҳазрати қориро ҳам чоп карда буд, ки ҳоло ҳам дар ёд дорам. Бо исми ин марди шариф он ҷо шинос шудам. Вале намедонистам, ки ин қадар китоби зиёд таълиф кардаву достону ғазал навиштааст.

Афсӯс, ин гуна инсонҳо бо вуҷуди эҷодкори асил буданашон аз сабаби он ки китобҳояшон чоп намешаванд, маъруфият пайдо намекунанд. Таълифоти ҳазрати қориро хеле шумори маҳдуди одамон мехонанду медонанд.

Ҳоҷӣ Салим, Ёвон

Дареғи ҷавониву дареғи умри кутоҳ

"Хазони бебаҳор", ки дар ду шумораи "Рӯзгор" чоп шуд, аламҳои маро ҳам тоза кард. Ман ҳам тағои азизамро аз ин саратони шумпай аз даст додаам. Муддати шаш моҳи охири ҳаёти тағои меҳрубонам рӯз ба рӯзу соат ба соат дар пеши назарам аст.

Ман шоҳиди лоғаршавии пайваста, дардкашии азиятбори он кас будам. Ва барои ман ташвишу изтироби падари Муҳайё бегона нест. Ин дард дар сар то сари олам миллионҳо нафарро ба гӯр бурдааст ва теъдоди хеле ками одамон аз он роҳи наҷот ёфтаанд.

Тағои азизи ман ҳам ҷавон буданд, ҳамагӣ 33 сол умр доштанд. Ва ман ҳанӯз ҳам месӯзам, чун ягона нишони бобоям буданд. Модари мо бармаҳал аз сарамон рафтанд ва гумон кардам баъди рафтани тағоям мо ятимии худро ҳисс кардем. То он замон бемодарӣ ҳарчанд сахт буд, вале тағои меҳрубон, ки доштем, тасаллои диламон буд. Аммо баъди реҳлати он кас мо ятим мондем. Ҳарчанд дар синни камолотем, вале рафтани азизе ятимии бозмондагонаш аст.

Гулсимо Шокирова, Вахш



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi