Асолати таърихии миллат бояд таъкид ба таъкид мақола шавад
Дуруди фаровон ба хонадагони азизи "Рӯзгор".
Ҳафтаи наврӯзӣ доштем ва имсол дар Тоҷикистон расман 6 рӯз истироҳат эълон шуда буд. Ва бо вуҷуди он ки мардум ҷашн доштанду сайри Наврӯз, вале боз фурсат пайдо карданд, то нома ирсол кунанд ва ё ҳаддиақал бо занги телефонӣ андешаҳои худро дар бораи муҳтавои шумора баён доранд, ки аз ин миннатдорем. Барои мо ҳар андеша ва ҳар пешниҳоду дархост қобили аҳамият аст. Аз ин рӯ ҳатто дар ҳамин шумора ҳам кӯшиш кардем ин дархостҳоро чоп кунем ва дар оянда барои амалӣ кардани онҳо кӯшиш намоем.
Инак, муруре ба чанд номаи расида:
Фаҳим ифтихори миллати тоҷик аст
Гузориши хубе аз маросими фотеҳахонӣ ба ёди маршал Муҳаммадқасими Фаҳим, як абармарди ҷиҳоду пайкор ва муборизи истиқлолияти Афғонистон хондам. Ман ин абармардро ҳаргиз надидаам, вале овозаи ӯро зиёд шунидаам. Он ки аз ҳамсафони ва ёрони вафодори Масъуди шаҳид аст, кифоя, ки дар борааш эҳтиром дошта бошем.
Фаҳим шахсияти нотакрор аст. Чун Аҳмадшоҳи Масъуду Бурҳониддини Раббонӣ ҷойгоҳи вижае дар олами мубориза зидди истисмор ва таҷовузи бегонагон дорад. Ва чун ба таърихи Афғонистон менигарем, мебинем, ки ин миллат дар ҳич замоне таслими зӯр нашудааст. Ва Аҳмадшоҳи Масъуд низ боре дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки агар қарор буд таслими зӯр шавам, ба Шӯравӣ таслим мешудам. Вале Афғонистон таҷовузи инглису русро шикаст додааст ва анқариб аз хуруҷи Амрико ҳам пайғом мерасад ва бо ёронаш аз шикасти шамандавори худ эълон мекунад.
Ин худ фалсафаи мубориза аст. Золим маҳкум ба шикаст ва мутаҷовиз ҳатман шарманда мешавад. Вале ин шикаст тавассути ҳамин гуна қаҳрамонон амри мумкин мегардад. Инсонҳои бошарафе, ки аз худ мегузаранд ва миллату меҳанро аз чанги золимону худфурӯхтагон, бегонагону бегонапарастон наҷот мебахшанд. Ва Муҳаммадқасими Фаҳим аз ҳамин зумра абармардон буд.
Низомиддин Исоев, унвонҷӯ
Оре, ҳампеша ҳампешаро бештар медонад, ки кист
Ман ҳам ҷонибдори онам, ки дар бораи ҳунармандон ҳунармандон бинвисанд. Ва на танҳо ин, балки дар бораи шоирону нависандагон ҳам ҳамқаламонашон бинвисанд. Масалан, чанд мақолаи Абдуҳамид Самадро дар бораи удабо хондам, ки хеле дилписанд буд. Бахусус, дар бораи Ғаффор Мирзо, як шоири хуб, вале аз бекасӣ номашҳур чизе навишта буд, ки то ҳол дар хотирам нақш бастааст.
Ё худ мақолаи Бозор Собир ҳам дар бораи Мастон Шералӣ хеле ҷолиб ва хонданӣ буд. Гумон мекунам, ки адиб ё ҳунарманд дар бораи ҳамқалам ва ҳампешаи хуб ҷолибтару шавқовартар менависад.
Мансур Абдуллоев, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ
Албатта, зани дуввум будан хуб аст, агар...
Ҳич бовар кардан намехоҳам, ки зани дуюм беҳтар бошад. Ҳарчанд фоҳиша нашудану зани дуюм будан хубтар аст. Танҳо ба он хотир, ки ахлоҳ пок мемонад. Вале дар ин замон куҷост он марди ботавфиқ, ки зани дуюмро таъмин намояд. Дар андешаву тафаккури мардони ин замон таъмини зани дуюм танҳо ҳамбистарист, вале мушкилоти зиндагии ӯ, ки маҳз ба ҳамин хотир занон даст ба фоҳишагӣ мезананд, барои мардон ё худ шавҳарон аҳамияте надорад. Ман даҳҳо мисол аз бадбахтии занони дуввум дорам.
Занеро медонам, ки зани дуввуми марди соҳибсарват буд ва ҳоло бо ду фарзанд дар ба дари мардум мегардад. Он мардро ҳам медонам: боз зани дуюм дорад ва боз ҳам он зан ҳомиладор аст. Метарсам, ки сарнавишти дугонаи ман барояш такрор нашавад.
Шояд бошанд мардони ботақво, асилзодагон, мардони назаркардаи Худо. Вале бовар кунед, ки инҳо хеле каманд. Аммо теъдоди занони бадбахт, хонавайрону сарсону саргардон ба маротиб бештар аст. Аз ин рӯ ман бовар надорам, ки зани дуввум будан шараф бошад.
Сайёра, Душанбе
Устод Улуғзода собиртарин адиби аср буд
Рӯзгори Сотим Улуғзода шояд намунаи талхтарин рӯзгори адиби даврони Шӯравӣ бошад. Вале шахсияти ин адиби номдор нотакрор аст. Вай ба ҳама фишорҳои рӯзгор ва ҷабри таърих сабр кард. Маҳз сабурӣ ӯро зинда нигоҳ дошт, агар каси дигар мебуд, шояд дилкаф ҳам мешуду девона ҳам. Як дастгоҳи идеологии ҳизби муқтадири олам, ки ҳокимияти қудратмандро дар даст дошт, болояш фишор овард. Хостанд фирори писарро бори гуноҳи падар донанд. Аммо Сотим Улуғзода тавонист сабр кунад ва на танҳо дар ин сабр худро дар ҷомеа нигоҳ дошт, балки шоҳасарҳои худро офарид.
Ман ҳамоно баҳси басо нангини адабиётшиноси маъруферо бо адиби шинохта ёд дорам. Исмашро намегирам, чун намехоҳам коҳи куҳнаро бод диҳам. Вале шояд расад замоневу касе аз муҳаққиқони осори устод Улуғзода ин паҳлуи зиндагонии адибро таҳқиқ кунад ва шояд мақолаи адбиётшиносу нависандаи маъруф бори дигар чоп шавад.
Ман ин лаҳзаи таърихиро баъди хондани суҳбати доктор Сафар Абдуллоҳ ба ёд овардам, гумон мекардам аз ин пажуҳишгари шинохта ин паҳлуи рӯзгори устод пурсида мешавад, ки напурсидед.
Исо Маҳмуродов, Файзобод
Мақолаи дар бораи Раҳмондӯст писандам наёмад
Бо ҳама эҳтироме, ки ба кормандони "Рӯзгор" ва муассису сардабири он Султони Ҳамад дорам мегӯям, ки аз миёни матолиби ин ҳафта мақола дар бораи Раҳмондӯсти Қурбониён заъиф буд. Ман ин ҳунармандро хуб мешиносам, ҳунараш ва саҳнаофариниҳояшро дидаву тамошо кардаам. Мебоист хеле чизи арзишманде дар ин бора чоп мешуд. Зеро Раҳмондӯст ба ин ҳарчанд ниёз надорад, вале арзиш дорад. Дуруст аст, ки аз суханони ҳампешагон иқтибос шудааст, вале гумон мекунам "Рӯзгор" бояд ҳатман бо худи ӯ суҳбате анҷом диҳад, то хонандагон аз андешаву афкор ва фаҳмишаш бохабар бошанд.
Ҳамида Калонова, омӯзгор
Аз таърихи Наврӯз нависед, ки хонданист
Интизор доштам кулли саҳифаҳои ин шумора наврӯзӣ мешуд, вале мутаассифона чунин нашуд. Аммо боз ҳам хуб аст, ки як саҳифа шеъри баҳору Наврӯз хондем. Мехостам бо истифода аз фурсат аз таърихи Наврӯз мақола хонам, ҳарчанд медонам, ки ин мавзуъ борҳо дар нашрияҳо пайгирӣ шудааст. Вале ба гумони ин ҷониб ҳар қадар агар мо зиёдтар бигӯем ва бидонем хуб аст. Бахусус, насли имрӯз ин таърихро намедонанд ва гумон мекунанд Наврӯз ин бузкашиву рақсу тарона аст. Асолати таърихии миллат бояд таъкид ба таъкид мақола шавад.
Ва боз: бисёр мехостам дар "Рӯзгор" аз талошҳои Буриниссо Бердиева, ки шоир Бозор Собир ӯро қаҳрамони Наврӯз медонад, мақола хонам.
Сафарбек Тошев, Қубодиён
Дона Баҳром куҷост?
Ман мухлиси таронаҳои Дона Баҳромам. Садояшро шунидаву тамошо кардаам. Вале дар борааш тақрибан чизе намедонам. Ба ҷуз он ки мегӯянд аз ҳунармадони дарвозист. Аммо вақтҳои охир хеле кам садояшро мешунавем ва дар телевизион ҳам аҳён-аҳён мебинем. Куҷо бошад Дона Баҳром ва ба чӣ кор машғул аст?
Соҷидамоҳ Таваллоева
"Рӯзгор": Ростӣ мо ҳам чандон дақиқ намедонем ин сарояндаи шинохта куҷосту машғули чӣ кор аст, вале мегӯянд дар Консерваторяи миллӣ ифои вазифа мекунад. Аммо кӯшиш мекунем дар кутоҳтарин фурсат пайдо кунем, ки дақиқан куҷосту чӣ мекунад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014
-
09.06.2025 13:12
221
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
227
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
278
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
448
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
558
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
441
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
100
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
165
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
172
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
940
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1649
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3339
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
76
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
94
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
136
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
479
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
728
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
848
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
420
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
461
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
431
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
709
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
984
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1841
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
589
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
567
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1761
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2075
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2287
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2968
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
480
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
432
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
913
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3032
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3476
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3459
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
619
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
644
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
590
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?