Аз рӯзгори ҳунармандон ҳунармандон нависанд беҳтар аст!
Дуруд ба ҳамаи алоқамандони ҳафтаномаи "Рӯзгор".
Дар ҳафтаи сипаришуда ба теъдоди хонандагони доимӣ ва касоне, ки ҳамеша занг мезаданду андешаҳои худро иброз медоштанд, ду нафари дигар афзуд. Инҳо Абдулкарим Шодиқулов, ки худро аз Ёвон муаррифӣ карданд ва Муҳаммадраҷаб Оқилов, ки гуфтанд зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомианд. Аввалин занги телефонии Абдулкарим изҳори миннатдорӣ аз мақолаи Мирзоватан Миров дар бораи Давлатманд Холов буд ва пешниҳод карданд, ки бо худи устод Давлатманд конфронси хонандагонро ташкил кунем ва бигзор ин ҳунарманди бузург ба саволҳои мухлисонаш посух гӯяд.
Пешниҳод қабул аст. Аз ҳоло эълон мекунем, ки хонандагон ҳар саволе доранд ироа кунанда ва мо дар фурсати муносиб ба ҳар кадомашон посух хоҳем гирифт. Муҳаммадраҷабро номгузории тоҷикӣ бештар андармон кардааст ва мехоҳад дар бораи фазилати номҳо ва умуман номгузорӣ ба фарзанд матлабе аз уламои шинохта бихонад. Ин корро низ хоҳем кард. Ҳарчанд вақти мушаххасро намегӯем, вале посухи суол интишор хоҳад шуд.
Ва боз: ду шумора пештар мо навишта будем, ки дар чанд мавзуъ номаҳо баҳсӣ шуданд ва мо онҳоро аз саҳифаи "Рӯзгор" ва хонанда берун кардем, то дар мавридашон баҳси алоҳида дошта бошем. Гурӯҳи номаҳо ва дархостҳоро дар мавриди фоҳишаҳову занҳои дуввум ба муаллифи мақола Амруллоҳи Низом додем, то баҳсро идома диҳад ва мақолаи дигари ӯ дар шумораи гузашта чоп шуду идомаашро дар ин шумора хоҳед хонд.
Ва ҳоло муруре ба номаҳои дигар:
Надежда бо ҷойи Барзу?
Аҷиб, Надежда Славная бо чӣ муддате ба Тоҷикистон меомада бошад ва ҳақи будубошу маоши онро кӣ таъмин мекарда бошад? Гумон намекунам ин ҳама аз буҷаи Русия бошад. Ва гумон ҳам намекунам, ки Надежда дар коргардонӣ аз Барзу ҳунармандтар бошад.
Ва чун ин хабарро аз "Рӯзгор" мехондам, беихтиёр ба хаёл фуру рафтам. Дар ҳақиқат "оби дари хона қадр надоштааст". Барзуи мо дар ғарибӣ барои дигарон саҳна меофарад ва барои мо шахсе намоишнома таҳия мекунад, ки аз фарҳангу тамаддун ва урфу одатҳои тоҷикон фарсахҳо дур аст.
Нигина Муталибова, Душанбе
Давлатманд Хол ҳунарманди нотакрор аст
Ба ҳунармандии устод Давлатманди Хол мо ҳама қоилем. Вақтҳои охир ӯро мо бештар дар сафарҳои ҳунарии кишварҳои Аврупо мебинем. Вай санъати моро ба аврупоиён муаррифӣ мекунад. Ба андешаи ман созмонҳое, ки ӯро даъват мекунанд, дар интихоб иштибоҳ накардаанд. Давлатманд Хол беҳтарин ҳунарманди миллист, саҳанҳои офаридаи ӯ комилан миллианд, ҳунармандонаш, ки аксарашон пайвандонаш мебошанд, бо сару либоси миллӣ ба саҳна мебароянд. Ӯ хеле инсони шикастанафс ва ҳунарманди нотакрор аст.
Мақолаи Мирзоватан Миров дар бораи Давлатманд Хол боз аз он нукта ҷолиб буд, ки ҳунарманд дар бораи ҳунарманд менавишт. Гумон мекунам Мирзоватан Миров, ки солиёни дароз бо вай ҳамкорӣ дошт, ӯро бештар мешиносад. Аз сӯи дигар вақте ҳунарманд дар бораи ҳунарманд менависад, чизеро мегӯяд, ки хеле ҷолиб аст. Аз ин рӯ пешниҳод мекунам: "Рӯзгор" силсиламақолаҳоро дар бораи соликони роҳи ҳунар аз навиштаи худи ҳунармандон чоп кунад.
Бигзор ҳунармандони асил назари худро дар бораи ҳампешагонашон рӯи коғаз оранд. Ва гумон мекунам ҳамин Мирзоватан Миров ҳарфҳои ногуфтае дар бораи ҳамаи муосирони ҳунармандаш, бахусус шодравон Одина Ҳошим дорад. Ва мисли ӯ даҳҳо нафари дигар ҳастанд, ки дар бораи ҳампешагонашон андешаҳои ҷолиб доранд, вале дар навиштан ё истиҳола мекунад ва ё камҳавсалагӣ зоҳир менамоянд.
Бегиҷон Таваллоев, донишҷӯ
Гадо душмани гадо?
Ҳунармандони тоҷик басо интригаҳои дохилиро пушти сар мегузоранд, ки мутаассифона аксаран ба иллатҳои зиёд онро расонаӣ намекунанд. Аз як мақолаи Мирзоватан Миров дар бораи Давлатманд Хол чанд ишора дар ин бора пайдо кардам, ки яке аз ҷониби Қурбон Зардак ба кор гирифта нашудани Давлатманди ҷавон аст. Бисёр мехостем ин паҳлуи эҷодиёту зиндагонии ҳунармандон таҳқиқ шавад. Зеро мо овозаҳои зиёдеро шунидаему мешунавем. Шахсан ман ба чопи мақолаҳо дар бораи ҳаёти занушавҳарии сарояндагону ишқу ошиқии онҳову дигару дигар шавқманд нестам. Ҳаёти шахсӣ бояд дастнорас бошад. Вале нуктаҳое ҳастанд, ки ё сабабгори заъф ё боиси рушди ҳунарманд шудаанд. Ин муҳим аст, ки чоп шавад.
азира, Кӯлоб
Амали Русия дар Украина таҷовуз ба хоки бегона аст!
Русияро дар талошҳояш барои Қрим пуштибонӣ намекунам. Ин таҷовузи ошкорост. Ин мисли он аст, ки қудратманде заъиферо зери по мекунад. Украина дар муқоиса бо Русия як кишвари аз ҳар нигоҳ заъиф аст ва ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он дифоъ мекунад (истиснои Чину Эрону, Ҳинд барин кишварҳое, ки ба пуштибонии сиёсии Маскав ниёз доранд), вале баъид аст, ки аз ин ба баъд ҷуръат кунад ва даъвои Қрим дошта бошад.
Аз ин рӯ амалкарди русҳоро таҷовузи ошкор медонам ва ҳич далели ҳақ баровардани онҳоро намебинам. Маскав ҳама муоҳадаҳои байналмилалиро пушти по зад, ба рӯи ҳамаш туф кард. Ва дарси дигар: замоне давлатмардони украин довталабона аз силоҳи ҳастаӣ даст кашиданд. Имрӯз собит шуд, ки бояд ин корро намекарданд. Он давлатҳое, ки кафолати тамомияти арзии Украинаро дода буданд, чӣ коре аз дасташон омад? Ҳар кишвар бояд худ қудрате дошта бошад, ки худро бисозад ва ба умеди бегонагон набошад. "Рӯзгор" ҳақ аст. Сарнавишти Украина барои Тоҷикистон, Қирғизистон ва ҳар кишвари Осиёи Марказӣ метавонад ояд.
Абдулло Машғулов, унвонҷӯ
Амали Русия дар Украина на таҷовуз, балки ҳимояи ҳамватанони бурунмарзӣ аст!
Агар он чизеро, ки дар мақолаи "Путин: Русия ҳаққи дахолати низомиро дорад!" дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" хондем дуруст бошад, пас дар ҳақиқат Русия ҳақ дорад, ки аз рустаборони Украина, ки баъди бо зӯрӣ ба сари қудрат омадани як гуруҳи ҷинояткорон дар Киев, зери тазъиқу фишор қарор гирифтаанд, ҳимоят кунад. Натиҷаи референдуми Қрим, ки рӯзи 16-уми март баргузор гардид, нишон дод, ки мардуми нимҷазираи Қрим 96 дар сад ба тарафдории ҳамроҳ шудан ба Русия овоз доданд. Агар ба ёд биёрем, ки ҳамагӣ танҳо 60 дар сади аҳолии Қрим русҳо ҳастанд, пас аз ин маълум мешавад, ки дигар халқҳои сокини нимҷазираи Қрим низ тарафдори он будаанд, ки ба Русия ҳамроҳ шаванд. Мардум аз сарварони давлате, ки наметавонанд бо онҳо забон биёбанд, амнияти мардумро таъмин кунанд, рӯ дар гурезанд. Аз ин рӯ ман амали Русияро дар Украина, на таҷовуз, балки ҳимояи ҳамватанони бурунмарзӣ медонам.
Мутталиб Азизов, муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия
Аҳмад Зоҳир муаммоҳои зиёде аз худ мондааст
Пажуҳиши "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир" ин бор ҳам нуктаи тоза барои мухлисонаш дошт. Аҷиб, ки мутахассисони афғон ва на касони дигар наметавонанд сухани охирро дар бораи муаллифи баъзе таронаҳои сароянда гӯянд. Аз назари ман Аҳмад Зоҳир баъди маргаш аз худ садҳо муамморо боқӣ гузоштааст, ки имрӯзиён бояд сараш мушикофӣ кунанд. Дар ҳар бахши таҳқиқоти Султони Ҳамад мо мухлисон ҳаминро мебинем. Ё муаллифи тарона номаълум ё нависандаи матни он шубҳаовар. Вале чизе, ки мушаххас аст, ҳама таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба маъно олианд. Ҳар сатраш бори маънӣ мекашад ва ин хело муҳим аст.
Бибиробиа Назриддинова, омӯзгор, Восеъ
Боз мақола бе муаллиф чоп шудаст
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" мақолаи бемуаллиф чоп шудаву узрхоҳӣ кардаед. Дар шумораи охир низ муаллифи мақолаи "Байҳақӣ: тоҷикон сипари Эрон" муаллиф надорад. Ва ишора ҳам нест, ки он моли худи "Рӯзгор" аст.
Холмаҳмад Мавлон
Аз "Рӯзгор": Бале, боз ҳам хато кардем. Боз ҳам аз муаллифи мақола, ин дафъа нависандаи соҳибзавқ Обидҷони Шукурзода ва хонандаи гиромӣ узр мепурсем. Ва ҳам ташаккур мегӯем, ки камбудии моро ба мо рӯи рост мегӯянд.
Хушем, ки аз рӯзгори Абдулҳайи Муҷахарфӣ матлаб мехонем
Чӣ хубу гуворост хондани матолиб дар бораи бузургони дину оин, шайхону эшонҳои муътабар. Аз аввалин шумораҳои худ "Рӯзгор" бо чопи қиссаҳо аз рӯзгори эшони Султон чандин матлаби дигар дар ин бора чоп кард. Ҳатто намунаҳо аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Шайх Аттор бо вуҷуди мухтасар буданаш, хеле интихоби муассир буд.
Ё худ порчаҳо аз рӯзгори Имом Шомил аз китоби "Доғистони ман"-и Расул Ғамзатов хеле ҷолиб буд. Дигаронро намедонам, вале худи ман аз он як ҷаҳон лаззат мебарам. Ва ҳоло, ки дар бори Абдулҳайи Муҷахарфӣ мақола интишор додед, бо камоли майл мутолиа кардам. Мехостам ин гуна сарнавиштҳо зиёд чоп шаванд, зеро донистани рӯзгори азизони Худо барои мо муҳим аст.
Бозоралӣ, Ёвон
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
159
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
84
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
473
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
584
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?