20:34:14 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сабаб чист, ки фозилони миллат зидди гузариш ба алифбои форсианд?

Ҳафтаи гузашта се мавзуъи баҳсӣ доштем: нашъамандӣ, дузанагӣ ва мусибати баъзе хонаводаҳо аз таваллуди духтар. Ду мавзуи аввал дар шумораи гузашта баҳс шуд, вале номаҳои бештар гирифтем, ки баъзе шарҳу тавзеҳ мехоҳанд. Ва аз ин шумора мақолаи "Машав ғамгин агар духтар бизодӣ..." баҳсӣ буд. Аммо на худи мақола, балки номаҳои ба он расида.

persianfarsi 54445514Мо ин се баҳсро канор гузоштем, хостем боз ҳафтае мунтазир бошем ва дар шумораи оянда шояд яке аз онро ҷамъбаст кунем. Ва чуноне гуфтем, баъзе номаҳо маслиҳати мутахассисро тақозо доранд ва вақт мехоҳанд, ки рӯяшон андешаҳо гирд оянд. Дар ин ҳафта 6 номаву занги телефонӣ аз даргузашти устод Асозода доштем, ки бахшеро интишор медиҳем. Ва номаҳои дигар дар ҳам мавзуъи шумораанд. Баъзеи онҳо суоломезанд, ки посухашонро ҳам омода ва чоп мекунем.

Инак, номаҳо:

Равони устод шод бод!

Ёди олими баруманд, устоди бузурги мо Худойназар Асозода, ки акнун ба раҳмати Ҳақ пайваст, саривақтӣ буд. Мо шогирдон хеле дар ғафлат монда будем ва замоне чашмамон ба таъзияи дӯстон ва афсусу надомати ёрон расид, ки устод дигар дар манзилгаҳи охират мехобид. Ва ин шумораи "Рӯзгор" ҳикояти ҷолиби Асозодаро якҷо бо гузориши хеле таъсирбахши Султони Ҳамад чоп кард, ки наметавонист дидаҳои мо шогирдонашро бенам гузорад.

Рафтани марди донишманде чун Худойназар Асозода талафоти гаронест барои миллате, ки бе ин ҳам чунин шахсиятҳои нодир кам дорад. Вале гумон намекунам ӯ рафта бошад. Устод аз дидаи мо ба қалбҳои мо кӯч баст ва акнун хотираш, симои зебо, қомати баланд ва суханони дилчаспу насиҳатҳои падаронааш бо мо монда. Мо ӯро зиёд ёд хоҳем кард, чун дарси ӯ танҳо дарси адабиёт набуд, дарси ӯ саропо ҳикмат дошт, вай нуктаҳоеро нақл мекард, ки мо он замон дар китобҳо намеёфтем, ки бихонем. Устод Асозода, ки пажуҳишгари нодир буд, меҷуст ва он ҳамаро пайдову ба шогирдон нақл мекард. Ман имрӯз ҳар чизе ба шогирдони худ мегӯям, ҳама шунида аз забони Асозода будааст ва ҳоло ҳам дар бораи Айнӣ ҳарчанд чандин китоб хондаам, вале арзишмандтарин донише буд, ки аз устод гирифтаам. Ҳоло ҳам гумон мекунам он нақлҳо дар дигар китобҳо нестанд.

Рӯҳи устодамон шоду хонаи охираташ обод бод.

Садриддин Комил, омӯзгор аз Бохтар

Қиссаи устод Асозода ёди тифлии моро зинда кард

Қиссае, ки аз устод Асозода интишор додаед, басо омӯзанда аст. Ва ин ҳарчанд барои ман бегона нест, вале чун хондам, дунёи бачагии худро пеши назар овардам. Ман ҳам муҳаббате бо олим доштам. Худованд сад раҳматашон кунад ҳазрати эшони Кароматуллохонро. Ҳанӯзам симои ҷаззобу лаҳни ширини суханони он азиз дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Зеро иртибот ба хотироти бачагӣ дорад ва он чӣ аз бачагист, дергоҳ мемонад ва ё аслан фаромӯш намешавад.

Ман ҳам замоне, ки хонандаи мактаб будам, бо қиблагоҳӣ зиёрати эшон ба ноҳияи Пролетари пештара мерафтам. Муддате он ҷо мемондам ва ба корҳои сохтмонашон, ки тоза оғоз мешуд, кӯмак мекардам ва боз ба деҳаи бармегаштам. Он чӣ аз устод Асозода дар мавриди пиразан  Бибии Аноргул навиштааст, ёди маро ба хотироти тифлии худам ва дидорҳои бешумор бо эшони Кароматуллохон бурд. Бо гузашти солҳои зиёд аз реҳлати он азиз ҳамоно чеҳраи нуронишон дар лавҳи хотирам сахт нақш бастааст. Медонам, ки пайвандонашон дар ҳамон Прелетари куҳананд, вале намедонам маро ёд доранд ё на.

Б. Муҳаммадрозиқ, деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ

Агар зиёӣ зидди алифбо бошад...

Намедонам нависам ё нанависам ва намедонам нависам шумо чоп мекунед ё намекунед.

Ҳайронам, ки ба бузургони мо чӣ шуда бошад, ки ҳамагӣ зидди хати форсӣ, зидди тамаддуни ҳазорсолаи миллати худ шудаанд. Касоне аз он ҷонибдорӣ мекунанд, ки аз дасташон коре сохта нест. Касоне зидди онанд, ки ҳарфашон дар сатҳи боло шунида мешавад. Яке аз онҳо ҳамин устод Нурмуҳаммад Табаров аст, ҳафтае қабл ошкоро зидди гузариш ба хати форсӣ садо баланд кард ва ҳатто хост фосилаеро миёни дариву тоҷикиву форсӣ риоя кунем.

Ва устод Нурмуҳаммад Табаров чун зиёӣ зидди навиштаҳои Олга Тутубалина буд ва баъди баромади ӯ дар "Гуфтугӯи тамаддунҳо" суд ҳам хоҳишу даъвои ба истилоҳ зиёиёни моро ҷонибдорӣ кард ва Тутубалинаро ҷаримаи бузург баст. Ҳоло муҳим нест кӣ ҳақ буду кӣ ноҳақ. Дар ҳамин рӯзҳо ҳам мо бетарафии зиёиёнро баръало дидем. Масалан, дар рӯйдодҳои Ворух як нафари онҳо садо баланд накард. Ин дар ҳолест, ки дар Қирғизистон ҳамагӣ фаъол буданд, ба гунае, ки ҳамаи онҳо аз бадани Мамитов руста бошанд.

Ман устод Нурмуҳаммад Табаровро шахсан намешиносам, вале замоне як спектакл дида будам бо номи "Дар чорсу". Хеле муҳаббат пайдо кардам ва ҳоло ҳам эҳтиром мекунам. Вале дурам ва наметавонам суол кунам, ки сабаби дурӣҷустанашон аз решаҳои аҷдодӣ чист?

Наргис Шомуродова, Конибодом

Пире, ки ба неъмати Худованд туф кард

Мехостам дар атрофи мақолаи "Машав ғамгин, агар духтар бизодӣ" андешаамро нависам. Ҳарчанд мавзуъи баҳси ман дигар аст. 7 сол пеш шоҳиди як ҳодиса шуда будам. Хоҳарам дар бемористон буд, зане дар пешаш таваллуд кард, духтар зоид. Зан хеле ситорагарм ва ҷавон буд ва мегуфт ин дуюмин духтари ӯст. Баъди таваллуд каме хавотиру нигарон буд. Мегуфт, Худованд бача медод хубтар буд, ҳарчанд ба ин духтар ҳам шукри беҳад дорам.

Субҳи рӯзи дигар мо шоҳиди ҳодисае шудем, ки то ҳол ба ёд орам пайкарам ба ларза меояд. Ва сабаби нигаронӣ ва хавотирии ӯро ҳам фаҳмидем. Шавҳар ва хусураш омаданд ба дидораш, бо дастони холӣ ва бидуни кадом муқаддима ва ҳолпурсӣ шавҳараш дар шоҳидии ҳама ӯро талоқ кард. Хусураш лабханде заду ҳарфе нагуфт ва рӯи набера набӯсида аз дар берун шуд. Ҷавонзан мегиристу менолид, вале аҷиб он буд, ки тифлакашро сахт ба оғӯш мегирифту аз сару рӯяш мебусид.

Мо дар ҳолати ногувор мондем, танҳо касе, ки ҳарфе ба забон овард, момодоя буд. Хитобан ба мӯсафед гуфт: Аслан шуморо садқаи фарзанд кунад ҳоҷибобо. Садқаи номи ҳоҷигӣ кунад, ки Каъбаро зиёрат кардеду Худоро нашнохтед.

Он мард чизе нагуфт ва бо ҳамон лабханд аз паси писараш баромаду рафт. Намедонам ҳоҷӣ буд ё момодоя таваккал ӯро ҳоҷӣ мегуфт.

Ҳафт сол гузашт, вале гумон мекунам дирӯз буд. Ҳало намедонам он ҷавонзан куҷосту чӣ кард. Вале лаҳзаи шунидани номи талоқ ва ба оғӯш кашидани духтаракаш ҳич аз ёдам намеравад.

Фарангис Ёрова, Душанбе

Сафар Абдуллоҳ руҳияи модарзодии миллӣ дорад

Хеле суҳбати хубу дилнишин бо олими тавонои тоҷик, доктор Сафар Абдуллоҳ чоп кардед. Устод дуруст фармуда, ки тоҷик ҳақ надорад заъиф бошад. Ман ин марди фозилро мешиносам, ҳарчанд аслан надидаам ва ҳамсуҳбат нашудаам. Чанд китобаш, аз ҷумлаи "Марсияи Хуршед"-ро дораму хондаам. Аз мусоҳиба пай бурдам, ки маҳз руҳияи миллӣ ин шахсро маъруф кардааст. Гумон намекунам бо ин донишу бо ин дарки маънӣ мили дигарон зидди алифбои арабӣ бошад. Як пурсед, ё шояд дар идомаи мусоҳиба бошад, чун он ҳоло давом дорад.

Мерган Носирхуҷа

Суҳбати марди Худо мардат кунад...

Файзалӣ Ҳасан дар ҳақиқат як сарояндаи нотакрор аст. Сабку услуби худро дорад, таронаҳояш хеле бомазмунанд. Мактаби Одина Ҳошимро гузаштааст, аз ин рӯ шеъри бемазмуну бемоя интихоб намекунад. Ғазал мехонад бештар, ин хеле олист. Ва баъд ин ки донишманд ҳам ҳаст. Ҳофизони кам касоне донишманданд. Аксарият кур-курона шеър интихоб мекунанд. Вақте ба ҷунбиши лабу даҳани баъзе таваҷҷуҳ кунӣ, пай мебарӣ, ки ҳаракатҳо мувофиқ ба матни шеър нест. Аммо мактаби Одина Ҳошим мактаби таронаи маъно буд ва кулли шогирдони он марҳум ҳамин гуна мумтозанд дар интихоби шеър.

Ман бештар таронаҳои Қурбоналӣ Раҳмон, Файзалӣ Ҳасан, Давлатманд Холро аз пешиниён гӯш мекунам. Аз имрӯзиён касеро надорам, гумон мекунам онҳо барои ман намехонанд, онҳо барои насли худашон Реп месароянду боз чизҳои дигар. Аммо Файзаливу Давлатманду Қурбоналӣ барои ҳамаи миллат мехонанд.

Ситора Олимова, Фархор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №9, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi