00:09:48 22-уми Феврали 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Дар безорӣ ҷустани мардон аз хонавода занон ҳам нақши камтар надоранд

Дуруд ба ҳамаи азизони хонанда, ба касоне, ки муддати бештар аз ним сол бо "Рӯзгор" буданд. Мо ба соли дигар, соли 2014 ворид шудем. Соле, ки "Рӯзгор" аз он умедҳои зиёд дорад. Ва нахустин умед афзудани сафи алоқамандонаш. Нашрияи фарҳангӣ дар ҷомеаи имрӯза ин гуна мушкилот дорад. Вале гумон мекунем фарҳанг хеле муҳим аст, пас ҳама талошҳоро хоҳем кард, то дар рақобати бозорӣӯзгор" тағйири мавқеъ накунад.

oilaho 5456656Мо дар ин сол нақшаҳои дигар ва нав ҳам дорем, ки моҳ ба моҳ амалӣ мекунем. Вале аз хонандагони нуктасанҷ низ тақозои онро дорем, ки дар баррасии масоили фарҳангӣ фаъолтар аз қабл бошанд. Ин саҳифа, ки аз номаву дархост, эроду пешниҳоди шумо таҳия мешавад, имсол ҳам боқӣ мемонад. Пас мо мунтазири зангҳои телефониву номаҳои шумоем.

Ва ҳоло чун анъана номаҳои воридаро мурур мекунем:

Ифшои дуздии классики аврупоӣ ҳам ҳунар аст

 Ростӣ ман ба ҳунари Нуруллоҳ Абдуллоев қоилам. Хеле марди заковатманд ва доност ба назарам. Ғайр аз "Беғараз панд"-аш ман чизеро аз ӯ тамошо накардаам. Ба ҷуз баъзе эпизод аз филмҳо. Вале аз ин суҳбате, ки кардааст, шод шудам. Нуруллоҳ Абдуллоҳ аз адабиёти классикии тоҷик хеле бохабар ва баҳра бурдааст. Ҳатто исбот мекунад, ки "Маликаи Турандод"-и Карло Готси аз адабиёти мо дуздида шудааст. Бубинед: ин воқеъан ҳам кашфиёт аст ва танҳо касе инро гуфта метавонад, ки исбот карда тавонад. Ва Нуруллоҳ Абдуллоҳ ба Барзу Абдураззоқов исбот кардааст, ки асари Карло Готси дуздист.

Аммо аз ин иддиои Нуруллоҳ Абдуллоҳ ман бардошти дигар кардам. Маълум мешавад, ки дар қадим мо драматургия доштаем. Ё ман иштибоҳ мекунам? Инро намедонам, вале ифтихор мекунам, ки мо метавонем исбот намоем, ки шоҳасарҳои ҷаҳонӣ ва муаллифони онҳо аз мо ҳам медуздидаанд.

Самандар Комилзода, Ваҳдат

Масҷид ҷои ибодат аст, вале покиза ҳам бояд бошад

Ба ман мақолаи "Масҷиди Набавӣ: аз ибтидо то ба имрӯз" хеле писанд омад. Аз он ки бо василаи Абдушарифи Боқизода ва ҳафтаномаи "Рӯзгор" ман ҳам қатори садҳо хонандаи дигар аз таърихи бунёди аввалин масҷиди Пайғамбари азиз огоҳ шудам. Хеле мақолаи муфассал ва хеле навиштаи ҷолиб.

Мехостам дар бораи ободонии масоҷид андешаҳои худро баён созам. Масҷид ҷои ибодат аст ва покиву назофат мехоҳад. Ба гумонам на ҳамаи масоҷиди ҷомеъи мо ин талаботро риоя мекунанд. Дар аксар ҷоҳо, ки намозхонӣ меравем, ифлосӣ дар ибодатгоҳро мебинем. Чангу ғубори қолину паласҳо вақти саҷда рост ба бинӣ медароянд. Наход мумкин набошад дар арафаи рӯзи ҷумъа ё идҳо бо чангкашак он чангҳоро кашанд?

Ҳафтаи гузашта ба масҷиди Сари Осиё рафта будам. Ростӣ, манзараи ҳузнагезро мушоҳида кардам. Дар ошёнаи 1 ва 2 ҷои тоза наёфтам, ки бемалол сар ба саҷда барам. Афсӯс хӯрдам, ки ҳамроҳам ҷойнамоз наёвардам, вагарна ин гуна мушкил пайдо намешуд. Илоҷи дигар набуд, дар ҳамон қолинҳои чанголуд сар ба саҷдаи Илоҳӣ бурдем. Аммо дидам, ки бисёриҳо аз ин нороҳат буданд. Чӣ бояд мекардем? Дидам, ки дар ҳақиқат масҷид дар таъмир аст. Вале ин таъмир шояд беш аз ду сол аст, ки идома дорад ва магар намозхонҳо ду соли дигар таҳаммул кунанд, ки кай билохира таъмир ба анҷом мерасаду масъулин дар фикри тозагии он мешаванд?

Бар замми ин таҳоратҷои он ҳам тангу бӯйгин аст. Бисёр мехостам ба ҳолати санитарии масоҷид сахт таваҷҷӯҳ карда шавад. Зеро ин танҳо як мисол аз масҷиди Сари Осиё буд, вале ҳоли масоҷиди дигар беҳ аз ин нест. Ҳатто кас дар масҷиди марказӣ, ки муфтии кишвар имоматӣ мекунад, аз ин беҳ нест.

Мулло Сафар, Душанбе

Мардонро ҳам фаҳмед, Марҳабо

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" номаи Марҳабо Самадова, омӯзгор аз шаҳри Қурғонтеппро чоп кардед, ки аз ҳоли занон менавишту мардонро сарзаниш мекард, ки ҳамсарону фарзандонашонро партофта ба Русия мераванд ва ёдашон намеоранд. Албатта, ин гуна мушкил вуҷуд дорад ва бахусус баъди намоиши телевизионии "Пуст говорят" ин мавзуъ сари забонҳо шуд. Ман намегӯям, ки ин гуна мардон нестанд. Ва мо намунаашро дар намоиши ёдшуда дидем.

Аммо ҳама бори гунаҳро ба сари мардон задан ҳам аз инсоф дур аст. Дар безорӣҷустани мардон аз хонавода занон ҳам нақши камтар надоранд. Ман даҳҳо мисол метавонам орам, ки мардон аз доду войи занон аз камбуди рӯзгор аз ватан беватан мешаванд. Ва баъзан ин рафтанҳо ин гуна мушкилот меоранд. Масалан, мардон худро аз шикояти занон раҳо мекунанд ва баъзеҳо ба муҷарради рафтану ҷобаҷо шуданд, аз аввалин маош то охирин ба зану фарзандашон кӯмак мекунанд. Вале иддаи дигар ҳам ҳастанд, ки мераванду ҳамеша мушкилофариниҳои занашон пеши назарашон меояд ва майли бозгашт намекунанд.

Ман ҷонибдори ин гуна мардон нестам, вале онҳоро дарк мекунам, чун худам ҳам як аз эшонам. Рафтаму муддати 7 сол наёмадам. Вале пул муттасил мефиристодам, чун ҷои кори хуб ёфта будам. Издивоҷ ҳам кардам, бо як хонуми нимарусу нима латиш. Вале баъдан ҳамаро гузоштаму омадам. Чун нек дарёфтам, вай бароям бегона аст ва сад сол ҳам бо ӯ бимонам, билохира бояд биравам.

Аз ин рӯ на ба ҳама гуфтаҳои Марҳабо Самадова розиям. Мардонро ҳам фаҳмед, ки бори масъулияти бештар ба уҳда доранд.

Масрур Ҳаётов, Турсунзода

Афсӯси Хайрандеш ҳам аҷиб

Аз саҳифаи "Армуғони "Ҳамешабаҳор" басо хушам меояд. Шеърҳои шогирдонаву басо самимӣ чоп мешаванд. Ба фикрам аз миёни даҳҳо шеър Хайрандеш ҳамин чанд беҳтаринашро интихоб мекунад. Аммо Хайрандеш ҳам хуб шух инсон аст. Дар сарсухан аз он афсӯс мехӯрад, ки Шуҳратёр бо духтари зебое омадаст, суруд хондааст ва ӯро ношиносонда бо худ бурдааст.

Соро Хоҷаева

Ба устод эрод мегирам, вале хоҳиш, ки наранҷанд

Ба устод Баҳриддин Камолиддинов бо вуҷуди эҳтиромоти зиёд як эрод мегирам, лекин илтимос наранҷанд. Агар Ҷонибек Акобир, ки зодаи Қаротегин аст, калимаи "сиҷинг"-ро истифода бурда бошад, пас ӯ аз забони мардум огоҳии комил доштааст. Ин калимаро устоди азиз, дар навоҳии куҳистонии Суғд ҳам васеъ истифода мебаранд. Агар танҳо шумо нафаҳмида бошед, ин набояд ба он маъно бошад, ки ҳама намефаҳманд. Агар ин калима барои мардуми Қаротегин ва як бахши азими Суғд ошно бошад, пас нависанда ҳақ дорад аз он истифода барад.

Ва боз: он ки Баҳман иддио дорад донишҷӯён сабаби китоб нахондани худро нафаҳмидани ҷумлаву ибора ё забони адиб медонанд, чандон саҳеҳ нест. Донишҷӯён худ танбаланд, вагарна дар як асар мумкин 20 ҷумла ё 50 калима нофаҳмост, вале кулли асар наметавонад аз нигоҳи забонӣ нофаҳмо бошад. Ва дигар ин ки посухи як нафар наметавонад шарҳи ҳоли ҳама бошад.

Наргис , донишҷӯ

Ҳоҷимуродро Толстой қаҳрамон медонад

Ман бори аввал чандин сол пеш бо номи Ҳоҷимурод аз асари Лев Николаевич Толстой шинос шуда будам. Вале ҳоло мебинам, ки ин марди шуҷоъ дар баробарои қаҳрамонӣ ва далерӣ ба иштибоҳоти зиёд ҳам роҳ дода будааст. Ва бинед, ки Расул Ғамзатов лаҳзаи охири ҳаёти ӯро чӣ гуна тасвир мекунад:

"Ҳоҷимурод тарки Шомил гуфта, ба тарафи дигар гузашт ва сараш аз танаш ҷудо шуд. Тани ӯ дар деҳаи Нуҳ мадфун аст. Аҷаб тақсимоте: сараш ба душман расиду дилаш дар Доғистон монд. Чӣ тақдире!"

Назриддин, омӯзгор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №01, 08 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1