22:22:51 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Толибони афғон на Масъуд доранд ва на Раббониву Ҳикматёр

Дуруду саломи бепоён ба ҳамаи алоқамандон ва мухлисони "Рӯзгор". Дар охирин рӯзҳои соли нави милодӣ қадам мезанем ва боз чанд рӯзи дигар мегузараду Соли нави масеҳии 2014 бо қадамҳои фархунда вориди куҳандиёри мо мешавад. Аз ҳоло ба истиқболи ин рӯзи барои ҳамагон нишотовар омодагиҳо дар ҷараёнанд. Дар сар то сари кишвар мебинему мешунавем, ки алоқамандонаш бо оростани арчаҳои солинавиву харидори анвоъи хӯрданӣ дастурхони худро мехоҳанд идона ороста гардонанд.

rabbani  masood 212121Дар мавриди низоми истиқбол аз соли нав ин бор хеле зиёд навиштанду гуфтанд. Сару садоҳое дар бораи арчаву Бобои барфӣ ва Барфак баланд шуданд ва ин мавзуъ гумон мекунем хеле баррасии густарда дар матбуоти чопи ҳафтаи гузашта дошт. Ва ба ҳамаи ин нигоҳ накарда чанд тан аз мо низ дар бораи ин ҳаномаҳо суол карда буданд, ки посухро дар саҳифаи "Пурсишеву посухе" хоҳед мутолиа намуд.

Аз миёни суҳбатҳои телефонии ин ҳафта то ҷое соли Мағфират Назарова аз Ёвон шоиста буд, ки ин ҷо аз он ёдовар шавем. Мағфират аз гузашта худ мегуфт ва ҷонибдорӣ аз хонандагонимо Гулнигор ва Шакарбек Мирзоюнус мекард, ки изҳори назарашон дар бораи муҳоҷирату падарони фирорӣ ва фаромӯшхотир чоп шуда буд. Мағфират мегӯяд ҷабрдидаи муҳоҷират аст. Шавҳараш ӯро бо се фарзандаш гузошту бо зане, ки аз худаш ба синну сол калон ва бос яҳудии рус ба хотири дарёфти шаҳрвандӣ издивоҷ кард. Дар аввал ба ханавода таваҷҷуҳ дошт, вале баъдан ҳамаро фаромуш кард. Бурди Мағфират он будааст, ки бародарони боору номус доштааст ва фарзандонаш хорири надиданд.

Вале дилшикаста аз он нест, ки шавҳар аз даст додаасту бақияи умраш бе орзуи хонадорӣ пушти сар шудааст, балки аз он аст, ки ин мӯҳоҷиарт ба кишвари Русия садҳо ва шояд ҳазорҳо хонадонро дар Тоҷикистон ба ин ҳол гирифтору мусибатзада кардааст. Мегӯяд додаронаш нагузоштанд, ки фарзандони ӯ хор шаванд, вале меҳри падар ҳамоно дар қалби онҳо ҷо дорад. Ҳар қадар кӯшидааст, вале ҳамин муҳаббати падардориву мусибати бепадариро натавонистааст дар замири онҳо коҳиш диҳад. Ва Мағфират мегӯяд кош дар ҷумҳурӣ созмони модарони шавҳаргумкарда бар асари муҳиҷират таъсис мешуд, ки ақалан аз бемеҳрии дигарон ҷилавгирӣ мекард.

Оре, дар ҳақиқат ин як масъалаи доғ аст. Дар ин боб номаи дигаре дорем, ки шояд баъди санҷиш ва ё машварат бо мутахассисон дар шумораҳои оянда чоп кунем. Нома хеле дардовар аст ва гуфтем онро гузорем, то замони чопаш фароҳам ояд.

Толибон на Масъуд доранд ва на Раббониву Ҳикматёр

Мушкилоти Карзай мушкилоти танҳо худи ӯ нест. Ин мушкили Афғонистон ва кулли олами Ислом аст. Бубинед, ки Амрикову инглис куҷову Афғонистон куҷо? Ироқ аз дасти Амрико сад пора шуд. Дар Ироқ тайи солҳои ҳокимияти Саддом Ҳусейн ҷанги шиаву сунниро намедидем. Оромтарину амнтарин мамлакати минтақа буд ва пешрафтатарин ҳам буд.

Ягона гуноҳе, ки Саддом Ҳусейн кард, ин он буд, ки нагузошт Инқилоби исломии Эрон зуд пирӯз шавад ва бо ҳамла ба ин кишвар барояш зарари ҷубронопазир расонд. Хуб шуд, ки шикаст хӯрд, ин барояш дарс шуд. Шояд Худованд барои ҳамин гуноҳаш билохира бо дасти бегонагон сарнагунаш сохт. Доварӣ намекунам, инро Худо худаш беҳтар аз мо медонад.

Вале он чӣ Ҳомид Карзай мекунад, ин ҳифзи номусу ном аст. Дуруст мегӯяд, ки ҳақи мардуми Афғонистон аст, ки дар бораи амнияти худ бияндешанд. Ман касе ҳастам, ки Толибонро ба хотири милигарову тафаккури асримиёнагии исломиашон дӯст намедорам. Ваде ҳоло гоҳу ногоҳ аз онҳо пуштибонӣ мекунам, чун мебинам, ки танҳо онҳо мондаанд дар саҳнаи мубориза бар зидди ишғолгарон. Вале он шару шури ҷиҳоди замони Шӯравӣ нест. Замоне, ки сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд буду Бурҳониддини Раббонӣ, Гулбиддини Ҳикматёру Исмоилхон, Сайёф буду Мазорӣ, он замон бебозгашт пушти сра шуд.

Онҳо чароғи ҷиҳоди зидди ишғолгаронро фурузон карданд. Вале Толибон ин гуна чеҳараҳо ва ин гуна шахсиятҳо надоранд. Шахсан ман касеро аз миёни онон намедонам ва намешиносам. Касоне ҳам, ки исмашон каме сари забонҳо шудааст, ҳамон тафаккури қадимӣ доранд ва ҷаҳонбиниашон хеле маҳдуд ва танг аст.

Каримхудо Саломиддинов, Қурғонтеппа

Форсиву тоҷикӣ ҳарду ширинанд, вале лаҳни эронӣ ба ман писанд

Сӯҳбати хеле хуб хондам бо хонуми эронӣ  Фотима Асад. Аслан аз ҳарфзании эрониҳо хушам меояд. Шояд аз он бошад, ки муддате он ҷо зистаам. Дар ҳақиқат шеваи гӯиши онҳо дар назарам аз гуфтори мо ширинтар аст. Вале ин ҷо боз ҳарфи дигарро ҳам бояд гӯям: забони форсии эронӣ зиёд арабизада аст. Махсусан ман шеваи теҳрониро ба мушкил мефаҳмидам. Аммо гӯиши Хуросон дигар аст, ба худи мо бештар наздик.

Дар Машҳад, ки мо мезистем, комилан мушкил надоштем ва ҳатто хеле зуд ба тарзи суҳбаташон мутаваҷҷеҳ шудем. Вале чун ба Теҳрон мерафтем, медидем, ки гуфтугуи онҳо то ҳадде фарқ мекунад. Аммо на ин гуна фарқе, ки ҳамдигарро нафаҳманд, балки калимоти ворида зиёд дорад форсии Теҳрон. Шояд ин дар назари ман бошад, вале ҳамин гуна бардошт кардам.

Аммо хонум Фотима Асад хеле лутф мекунанд, ки мегӯянд забони мо зебост. Зебосту мо худамон вайрон кардаем. Суҳбати кудаки эрониву тоҷикро қиёс кунед, як шармандагист. Сухбати бачаҳои мо бозорист, пур аз алфози қабеҳ, аммо онҳо хеле орому ботамкин ва боадаб ҳарф мезананд.

Албатта, бо ин ман забону гуиши худамонро намехоҳам паст занам, вале аз ҳақиқат рӯ бояд натобем.

Муниса, омӯзгор

Орзуи зиёрат дорам...

Мақолаи "Масҷиди Набавӣ: аз ибтидо то имрӯз" маро басо хуш омад. Ба машом бӯи Муҳаммад (с) овард. Вақте мутолиа мекардам, гумон мекардам дар паҳлуи Расули гиромиам ва хишт болои хишт мегузорам ва онро бунёд мекунад.

Ман чун миллионҳо мусалмони олам толиби зиёрати хонаи Худоям. Аммо то ҳол ин орзу ҷомаи амал напӯшидааст ва умедворам Худованд маро ҳам аз ин бенасиб намегардонад. Агар ба ҳаҷ равам, Масҷиди Набавиро ҳам зиёоат хоҳам кард, иншооллоҳ. Вале ин дам аз мутолиаи мақолаи олими шинохта Абдушарифи Боқизода як ҷаҳон маълумоти тоза гирифтам. Донистам, ки Пайғамбари гиромӣ (с) онро чӣ гуна буёд кардаанд ва дар куҷо. Баъадан чӣ таҳаввулоте онро интизор буд. Мақола давом дорад, мунтазирам, ки комил бихонам.

Абдуҷаббор Муқимов, Ваҳдат

ӯзгор": Мо ҳам дуо мекунем, ки Шумо бародари азиз, ба орзуи худ бирасед. Ҳаҷ фарз аст ва ҳар мусалмон вобаста ба шароит ва тавону иқтидораш ин фаризаи илоҳиро бояд ба ҷо орад. То метавонем дар орзуи он хоҳем буд. Ва агар муяссарамон нашуд, Худованд худ Карим аст.

Мо ҳам Шомилҳое доштем, ки кам касон ёд доранд

Қиссаи хеле шӯрангез аст, қиссаи "Имом Шомил". Бахусус ин шумораашро гаштаву баргашта хондам. Дилам танг шуд, гиристам. Сарнавишти ҳамаи мо мардуми куҳистон якест. Ва ҳамеша моро хоиноне фурухтаанд. Агар хоин набошад, мубориза поён нахоҳад ёфт, вале хоин ин хатми ҷанг аст, хатми озодиву истиқлолият аст. Магар кам буданд ин гуна хоинон дар Тоҷикистон?

Ман ин ҷо мехоҳам якчанд ҷумларо такроран иқтибос орам аз қиссаи "Имом Шомил". "Сабаби омаданаш ин буд: вақти дар Истамбул зиндагонӣ карданаш бо кадоме аз зурриёти писари хурдии Шомил дӯстӣ доштааст. "Аҳволашон чӣ хел?"- пурсидам ман. "Бад". "Барои чӣ"? "Барои он ки Доғистн надоранд.

Агар медонистед онҳо ҷӣ қадар пазмони Ватан шудаанд. Амалдорон баъзан онҳоро меранҷонанд, замини дар ихтиёр доштаашонро кашида гирифтанӣ мешаванд."Кашида гиред, - мегӯянд зурриёти имом. Мо аз дусар Доғистон надорем, замини дигар бароямон арзише надорад".

Чӣ сухани олӣ! Зару зевар, тахту тоҷ дар ватани бегона баробар ба як каф хоки Ватан нест.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi