22:52:24 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Пул ки ба хазина дохил шуд, киро фикри дониши донишҷӯ?

Бори дигар ба ҳамаи алоқамандони "Рӯзгор" салом арз мекунем. Охирин моҳ аз соли 2013 оғоз шуд, шумораи 27-уми "Рӯзгор" ба дастатон мерасад ва агар Худо хоста бошад, бо сиюмин шумора солро ба поён хоҳем бурд. Ва дар соли нав сухани нав, матлаби нав, гӯшаву саҳифаҳои навро ҳам хоҳед дид. Аз ҳоло метавонед пешниҳод кунед, чун то поёни сол як моҳи дигар фурсат дорем.

Се эроди Алишер Қаноатов ба "Рӯзгор"

ruzgor-va-khonanda-754889Ин ҳафта дар мавриди шумораи охир се баҳси телефонӣ бо хонандагони худ доштем ва ҳарчанд ба суолоту шубаҳоташон посух ҳам дода будем, вале зарур мешуморем баъзе нукоти он суҳбатҳоро, ки барои дигарон низ ҳоизи аҳамиятанд, зикр намоем. Хонандаи азизи мо, ки худро Алишер Қаноатов муаррифӣ кард, чанд эрод аз шумораи 26 дошт. Аввалин эродаш дар мавриди саҳифаи "Сад фарди маъруф" буд.

Хулосаи баҳс ҳамон норозигии хонанда аз ҷойгир кардани шахсиятҳо дар рейтинги маъруфият мебошад. Алишер мушаххас намегуфт, ки маҳз мавриди назараш кадоме аз ин шахсиятҳост, вале дар маҷмӯъ дарёфтем, ки аз шахсияти муаллифон норозист ва мегуфт, ки ин ду тан то куҷо салоҳияти муайян кардани маъруфияти бузургмардонро доранд.

Тавре хонандагони арҷманд медонанд, мо пештар ҳам зангҳои телефонӣ ва номаҳо дар ин маврид дарёфт карда будем ва посух дода будем, ки "Сад фарди маъруф" назари ҳамин ду нафар аз тартибдиҳандагонаш аст ва мавқеъи "Рӯзгор" нест. Ҳоло ки Алишер Қаноатов мехост дар бораи муаллифон бештар донад, мегӯем, ки Ёр Муҳаммад ва Ҷамил Валиев кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастанд ва худи Ёр Муҳаммад, ки ташаббускори аслии ин рӯйхат мебошанд, дар собиқ корманди Энсиклопедияи миллӣ буда, борҳо ҳангоми омода кардани мақолаҳо барои Энсиклопедия ба маъруфияти шахсиятҳо изҳори назарҳо хондаву шунидааст. Аз ин рӯ метавон шахси салоҳиятдор дар арзёбии мавқеъи шахсиятҳо донист. Вале боз ҳам таъкид мекунем, ки на муаллифон ва на "Рӯзгор" иддио надоранд, ки ин рӯйхат бояд чун асос пазируфта шавад.

Дуюмин эроди Алишер ба "ситора" номидани сароянда Ситора Азимӣ аст, ки дар шумораи гузашта суҳбаташ чоп шуд. Мо сарояндаро "ситора" наномидем, балки номи эшон Ситора аст. Дуюм, "Рӯзгор" дар тайини шахсиятҳои фарҳангӣ ва бахусус сарояндагон аз ин истилоҳ истифода карданӣ нест. Зеро ситора будан ё набудани сарояндагон, барандагони барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ бастаи чанд тарона ё барномаи сохтаи онҳо набуда, арзёбии миллат ва мардум бояд бошад, ки дар ниҳояти амр ба онҳо дода шавад. Яъне, ин гуна эҳтиромот ба ҳунари ин ё он ҳунарманд бояд аз ҷониби кулли мардум бошад. Чунонки, ҳоло касе ба ситораи санъат будани Аҳмад Зоҳири афғону Одина Ҳошим ё Зафар Нозими тоҷик шаке надорад. Ва мо дар оянда низ нисбати кадоме аз ҳофизони маъруф ҳам ин истилоҳро истифода карданӣ нестем.

Ва ниҳоят, сеюм эроди Алишер нақизаи  Сафаралӣ Раҷабов ба як таронаи Афзалшоҳи Шодӣ буд, ки гумон мекунем он як шӯхие беш нест ва ҷиддӣ гирифтани шӯхии як хонанда ба сарояндаи дӯстдоштааш чандон муносиб ҳам нест. Вале он ки Алишер дар бораи шахсияти Афзалшоҳ гуфт ва пешниҳод кард, ки бо ин сарояндаи маъруф маҳз дар хонаи худаш мусоҳиба ороем, то он ҳама экспонатҳои аз ҷониби шахсиятҳо тақдимшударо бо чашмони худ бубинему аккосӣ кунем, қабул кардем. Аллакай "Рӯзгор" ба корманди худ супориш дод, ки аз пайи пайдо кардани Ҳоҷӣ Афзалшоҳ шавад ва ин сӯҳбатро тавре баргузор кунад, ки аз ҷониби Алишер пешниҳод шуд.

"Ман Икроми дуздро шахсан мешинохтам..."

Занги телефонии ҷолиберо ҳам доштем, ки сари асари устод Мирсаид Миршакар "Султони дуздҳо" мулоҳизаронӣ мекард ва мегуфт, ки қаҳрамони онро шахсан мешинохт. Ин хонанда, ки ҳарчанд исрор кардем аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, гуфт, ки ҳамон замон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд ва Икромро шахсан ду маротиба дар зиндон мулоқот карда буд. Ҳоло худро солхӯрда меномад ва мегӯяд "акун, бачам, одам дар ин синну сол ҳар гапа нагуяд беҳтар, вале навиштаи шоири бузургро хондаму он рӯзгор пеши назарам омад".

 Ин як ҳақиқати бебаҳс буд ва навиштаи устод Миршакар ягон муболиға нест. Икром Қурбонов дузди машҳури замони Шӯравӣ буд, инсоне, ки дар ҳар гӯша аз хоки паҳновари кишвари шӯроҳо борҳо ба даст уфтодаву зиндонӣ шудааст, вале аз роҳаш нагаштааст. Икром дуруст мегӯяд, ки давлати Шӯравӣ ба хотири он ки зиндон дарси адаб шуд, ӯро раҳо мекард, авф менамуд, вале вай боз дуздӣ мекард ва баъди муддате боз кораш ба мақомот меуфтод.

Ташаккур ба хонандаи номаълуми мо. Он ки ҳақиқати як матлаби "Рӯзгор" тасдиқ шуд, хуш шудем. Аслан таваққуи инро ҳам надоштем, чун матлаб аз ҷониби шахсе навишта шуда буд, чӣ он замон ва чӣ имрӯз аз эҳтироми хосаи мардум бархӯрдор буду ҳаст. Устод Мирсаид Миршакарро наметавон гуфт, ки қисса бофтааст ва номи Зайнаббибиро доғдор кардааст. Асло чунин нест. Устод Миршакар воқеъияти таърихиро рӯи об баровардааст ва он ки хонандаи мо, корманди имрӯз бознишастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайид мекунад, ки ӯро шахсан борҳо дида буд, далели он аст, ки бо ин ном султони дуздҳо буда ва боз ҳам фарзанди шахсияти маъруфи кишвар аст.

Иқрори Валерий Турсунов

Ва ниҳоят:варзишкори шинохта, футболбози машҳур ва яке аз пуровозатарин ҳуҷумкунандагони тими миллии мо дар замони Шӯравии собиқ ва устоди варзиш Валерий Турсунов баъди хондани як матлаби "Рӯзгор" дар бораи худаш ба муаллифи мақола Варқа Зайниддин занг задааст ва изҳори сипос кардааст, ки дар ҳоле ки бистарист, ӯро ёд кардем. Шояд инро наменавиштем, вале варзишкори машҳур аз он изҳори хушнудӣ кардааст, ки мо баъзе паҳлуҳои ҳаёти варзишии ӯро навиштем, ки аслан касе то кунун ба он руҷӯъ накарда буд. Пештар аз ин Абдуманнон Амруллоев, як мухлиси футбол низ дар ин маврид изҳори назар карда буд. Номаи хонанда ҳамоно дар бойгонии мост. Муаллиф менавишт, ки баъзан дилаш мехоҳад бо устодони варзиши кишвар ва бахусус онҳое, ки дар замони Шӯравӣ шахсиятҳои пуровоза дониста мешуданд, мусоҳибаҳо хонад. Ва қатори чанд чеҳраи шинохта аз Валерий Турсунов ҳам ном бурда мешуд.

Албатта, пешниҳоди хонандаи худро қаблан ҳам пазируфта будем ва ин гуна нақша ҳам дорем. Вале баъди изҳори назари  Валерий Турсунов тасмим гирифтем ин гуна суҳбатро бо эшон зудтар анҷом диҳем. Мо ҳам мехоҳем боз паҳлуҳои дигари зиндагӣ ва варзиши устоди варзишро интишор диҳем ва бо ин васила ҳам варзишгари мумтозро аёдат кунем ва ҳам хоҳиши хонандаро ба ҷо орем.

Баҳси кампири русу "мағлубият"-и мо

Аз суҳбат бо донишманди шинохта ва муфассири Қуръони Карим Абдушарифи Боқизода дар мавриди муаммои ҳаёт ва марги Исо алайҳиссалом хеле паҳлуҳои то ин замон бароям норушанро рушан кардам. Дар ҳақиқат ин як баҳси муҳим будааст, ки то ин замон ба аслаш намерасидам. Чор сол пеш дар шаҳри Екатиренбурги Русия муҳоҷир будам. Дар хонаи як зани рус, ки синну солаш ба 70 наздик шудаву пайваста ба калисо мерафт ва ибодат мекард, иҷоранишин будем. Баъзан дар бораи Исо пайғамбар баҳс ҳам мекард ва ӯро хилофи мо мусалмонон Худо ё писраи Худо мегуфт.

Албатта, мобахотиримушкилэҷоднашудандарманзилизистдаронбаҳсхудро "мағлуб" эълонмекардемвакампирбовиқор, киғолибшудааст, бароҳатрафтамехобид. Мо медонистем, ки хуб нест ин гуна анҷом додани баҳс. Вале боз меандешидем, ки агар ин кампир то ин замон тағйири ақида накарда бошад, пас дар синну соли 70 куҷо бовар хоҳад кард, ки Исо на писари Худо, балки фиристодаи Ӯст. Бо шахсе, ки умрашро бо ҳамин эътиқод пушти сар кардааст, чӣ гуна метавон ғолиб ҳам омад. Аз ин рӯ худро таскин медодем, ки бигзор ӯ "ғолиб" бошаду мо "мағлуб", вале бе ҷои зист дар кӯча ва дар қабзаи милисаву скинхедаш намонем. 

Ҳоло аз суҳбати Боқизода бори дигар эътиқодам қавӣ шуд, ки дар ҳақиқат Исои пайғамбарро касе наметавонист бикушад ва ӯ зинда пеши Худост. Хостори онам, ки ин гуна суҳбату муколамаҳо ва баҳсҳои илман асоснок зиёд интишор ёбад, то мардум аз гирдоби афсонаҳо берун оянд.

Вале баъди ин суҳбат рӯ ба фалсафаи офариниш овардам ва хостам донам, ки оё дар офариниши Одам (ъ) ва Исои Масеҳ монандие вуҷуд дорад?

Маҳмадзамон Ҳайдаров, ноҳияи Варзоб

ӯзгор": Ин нома дар аввалин рӯзи чоти ҳафтанома расида буд ва мо суолро ба Абдушарифи Боқизода ироа кардем ва посухи фаврӣ ҳам расид, ки бо номи "Ҳикмати офариниши Одам (ъ) аз хок" дар саҳифаи 10 чоп шудааст. Метавонед мутолиа кунед.

Рақси "танго" дар мактаб?

Ин мақола ("Тангои мактабӣ...дар рақс директор") маро такон дод. Хеле муттассиф шудам, ки фарзанди ман ҳам яке аз чунин литсейҳо мехонад. Ҳоло ба ҷуз гимназияи "Ҳотам ПВ" ман литсей ё гимназияи дигари пойтахти кишварро ёд надорам, ки номи Тоҷикистонро бо дониш ва дарки маънавӣ дар хориҷ аз кишвар маъруф карда бошанд. Шояд бошанду ман намедонам? Вале охир ман пайваста рӯзномаву маҷалла мехонам, бо интернет сару кор дорам, радио гӯш мекунам, телевизион тамошо мекунам. Ҳар дастоварде доранд, дохилист. Аз мақолаи муҳтарам Сафаралӣ Раҷаб дарёфтам, ки сохтакориҳо дар куҷоянд. Медалҳо аз куҷо ва чӣ гуна тақсим мешаванд.

Ба фикрам вақти он расидаст, ки қадру қиммати медал ҳам бардошта шавад. Ман-ку намедонам, вале падарам мегуфт, ки дар синфашон 8 аълохон доштанд, ки аз синфи 1 то 10 ягон баҳои "4" надоштанд. Вале касе соҳиби медал набуд. Аз як синф, ки 25 нафар онро хатм кардаанд, 18  нафар дар донишгоҳҳои гуногун дохил шуданд. Ва боз ин ки ҳамаи онҳо аз деҳот ба шаҳр омада буданд ва он замон ин тағобозиҳову ришвасупориҳо аслан вуҷуд надоштанд.

Ҳоло чӣ? Тағодору бетағо бояд аввал пул супорад. Пул ки ба хазина дохил шуд, киро фикри дониши донишҷӯ? Агар вайро барои бедонишӣ сур кунанд, кӣ пул месупорад? Ва донишҷӯ ҳам медонад, ки ин донишгоҳ маҳз  бо пули вай побарҷост. Ва ҳамин ҳолат дар гимназияву литсейҳои хусусист. Яъне, аз поён то боло моро пул шармсори ду дунё кардааст. Диплом, аттестат ҳаст, вале дониш НЕСТ!!!

Маҳбуба Комилова, корманди матбуот

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi