03:49:01 19-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Рӯзгор" соли рафта: эродҳо, интиқодҳо ва пешниҳодҳо

Ба ҳамаи мухлисону ҳаводорони ҳафтаномаи "Рӯзгор" саломи солинавӣ арз мекунем. Инак, дар поёни соли куҳан ва остонаи Соли нав қарор дорем. Соате, ки "Рӯзгор" ба дастатон мерасад, умедворем дар гирди дастурхони солинавӣ онро мутолиа мекунед. Шояд инро чун туҳфаи мо ба дастурхони пуреъмати худ бипазиред ва агар чунин аст, сарфарозем.

erodho-ruzgor-545ӯзгор" бо шумораи сивуякум солро ҷамъбаст кард. Намедонем ба кадом ҳадафи худ муваффақ шудем ва ба кадом ҳадаф ҳоло нарасидем. Аммо як нукта барои мо рушан аст: "Рӯзгор"-и навсафар эҳтиёҷ ба ҳамсафарони хубу нуктафаҳм дорад ва ҳарчанд ин гуна касон тӯли ин 31 шумора бо мо буданд, вале боз ҳам мехоҳем теъдодашон афзунтар бошад.

Тӯли ин 31 шумора мо кӯшидем ҳар эроди хонандаро биазирем ва дар пайи ислоҳаш бошем. Дар ин 31 шумора мо ҳарчӣ имкон доштем пешниҳодоти хонандагони худро амалӣ сохтем ва он чӣ аз доираи имкони мо берун буд, ба соли 2014 вогузор кардем. Мо ваъдаи ташкили саҳифа барои донишҷӯён дода будем, вале фурсати он нарасид ва гумон мекунем аз лоиҳаҳои амалишавандаи "Рӯзгор" дар соли 2014 хоҳад буд.

Зарфи ду моҳи охир шумораи зангҳои телефониву номаҳои электронӣ ба "Рӯзгор" афзуданд ва ҳоло пай бурдем, ки бо хонандаи худ мо аз тариқи ду саҳифа: "Рӯзгор" ва хонанда" ва "Пурсишеву посухе" дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дорем. Шумо пурсед, мо ҷавоб хоҳем дод.

Дар ин ин саҳифа мо он номаҳоеро гулчин кардем, ки аз бурду бохтамон ҳикоят мекунанд, шунидану хондани комёбӣ ва камбудии худ аз забони хонанда кайфияти дигар дорад. Мо интиқодҳоро ҳам мехоҳем ва нашр мекунем, то ба заъфи худ иқрор шавем.

Мо комёбиро бо чашми хонанда мехоҳем бубинем, вале он навиштаҳоро бештар дар худ нигоҳ медорем, дар  бойгонӣ ҳифз мекунем.

Ва ҳоло хостем саҳифаро аз ин нома оғоз кунем:

Ходимони муҳтарами рӯзномаи "Рӯзгор". Чанд шумораи рӯзномаи Шуморо пайдо намуда, бо шавқ мутолиа кардам. Рӯзнома аз лиҳози муҳтаво моро хеле писанд омад. Хоса, ки дар рӯзнома аз ҳаёт ва фаъолияти аҳли фарҳангу мусиқӣ ва воқеаву ҳодисаҳои иҷтимоии давру замонҳо маводи тозаву хонданӣ ба табъ мерасад, ки маро аз он хеле писанд меояд. Хусусан қисмате, ки дар он навиштаҳои навқаламон дарҷ мешавад мароқовар аст.

Ман дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 ноҳияи Рӯдакӣ ба талабагон аз фанни забони модарӣ ва дабиёт дарс медиҳам. Аз рӯи барномаи таълимӣ бо талабагон корҳои хаттӣ мегузаронам ва баъзан ба онҳо барои дар хона иншо навиштан низ мавзӯъҳо муайян мекунам.Қисми зиёди щогирдон ин вазифаро бо як шавқи хос ва масъулият иҷро мекунанд. Чунончӣ, яке аз шогирдони ман, ки Зуҳро Аҳмадова ном дорад ва дарсинфи 7-уми А мехонад. Бо вуҷуди он ки ба ҳамаи дарсҳо бо тайёрии хуб меояд, ба фанни адабиёт шавқи беандоза зоҳир мекунад. Дар фурсатҳои муносиб аз устодон ва донандагони хуби фанни адабиёт маслиҳатҳо мепурсад. Донишашро аз нозукиҳои илми арӯз, қофия ва санъати бадеӣ тақвият мебахшад.

Чанд рӯз қабл ӯ ва ҳамсинфонаш дар мавзӯи"Дӯстӣ чист" иншо навиштанд. Иншои ӯ ба ҳама писанд олмад. Аз редаксияи муҳтарам ва ходимони он хохиш мекунам, ки барои ба табъ расидани он мусоидат кунанд. Шояд ин ба шавқу рағбати ӯ дар кори эҷодӣ кӯмак кунад ва ӯдар оянда рӯзноманигор ва ё нависандаи хубе шавад.

Бо эҳтиром, муаллимаи мактаби таҳҳсилоти миёнаи умумии №54, ноҳияи Рӯдакӣ Шаҳодат Шарифова 

ӯзгор": Хушем аз номаи муаллимаи муҳтарам ва ташаккур барои таваҷҷӯҳу бовариашон. Мо албатта, яке аз иншоҳоро нашр мекунем. Забони соддаву фикри тозаи хонандаи синфи 7 дар мавзуъи дӯстӣ, чизе ки имрӯз ноёб аст, ҷолиб аст. Мо инро на чун иншои намунавӣ, балки чун тафаккури як хонандаи 14 солаи деҳотӣ дар бораи дӯстиву рафоқат интишор медиҳем.

ӯстӣ чист?"

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконрогум накун.

Бале, халқи мо аз замонҳои хеле қадим дӯстиро меписандад. Душманиро бошад, бад мебинад. Мо бояд бо одамоне дӯстӣ кунем, ки дар рӯзҳои душвор дастгиру ёвари мо бошанд. Шоири бузургворамон дар бораи дӯстӣ чунин гуфтааст:

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,

Ки бошад ба сахтӣтуро ёрманд.

Дӯсти ҳақиқӣ он аст, ки барои дӯсти худ чизеро дареғ надорад. Дӯсти ҳақиқӣ ҳич гоҳ ба дӯсти худ бадиро раво намедорад. Одамизод ба дӯсташ бояд чунин рафтор кунад:

Аз ӯ бояд молу чизро дареғ надорад. Ба ӯ ҳамин қадар ёрӣ диҳад, ки ҳоҷаташ барояд. Айби дӯсташро ба мардум нагӯяд, вале ба худи ӯ гуфтан лозим аст, ки аз пайи ислоҳи он шавад. Чунки мардум чунин гуфтаанд:

Дӯстон оинаи якдигаранд!

Зуҳро Аҳмадова

Аз мушкилоти занон зиёд нависед

Мехостам диққати шуморо бори дигар ба масъалаи занон ҷалб кунам. Ман дар чанд шумораи "Рӯзгор" дар атрофи ин масъала мақолаҳо ва ҳатто пешниҳодҳо хонда будам. Аммо ба назарам чунин мерасад, ки масъалаи занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо аз муҳимтарин масъала аст. Бубинед, вақте Расули Амонуллоҳ бо мошин одам кушт, модарашро ҷарима карданд. Чаро? Зеро м асъулияти модарон дар тарбия бузург аст. Ин ҳақи инсониву исломӣ ва давлативу шаръӣ низ мебошад.

Вале шумо бубинед, ки имрӯз ҳамон зан ва ҳамон модар дар чӣ ҳолати мудҳиш гирифтор аст. Ман ду хешованди наздикамро медонам, ки муддати 6 солу ҳафт сол ба инҷониб дур аз шавҳаронашон бори гарони зиндагиро мекашанд. Яке 3 тифлро калон кард ва дуюмӣ ду писару се духтарро. Вале писари аввалӣ дар синни наврасӣ гирифтори нашъамандӣ шуд.

Чӣ бадбахтии бузург аст. Дар оила агар падар саробон набошад, аз дасти модар коре намеояд. Ман шахсан худам бо падари ӯ телефонӣ суҳбат кардам, ки баргард ва бо писарат бош. Гуфт, ки наметавонам, агар биравам корам аз даст меравад. Ӯ фикри кор дорад, ки аз даст меравад, вале фикри он надорад, ки фарзандро аз даст додааст. Шояд ӯ зану фарзанди дигар дорад, ки мо намедонем, вале магар андешаи қисмати инсон барои мо бегона бояд бошад?

Аз ин рӯ ман ҳоло ҳам ба ҳамон андешаам. Қонуни масъулияти падару модар қонуни хуб аст, вале бо он падароне, ки солҳои сол дур аз хонаводаанд, ин қонун чӣ таъсире метавонад бирасонад? Ва боз: ин хешовандзани мо чӣ бояд кунад, то писари нашъамандшудаашро аз чанголи марг ва маҳрумӣ аз зиндагии шоиста наҷот бахшад?

 Инҳо суолоте ҳастанд, ки посух мехоҳанд. Ва худи ман ҳам наметавонам ҷавоб диҳам. Пас кӣ бояд ҷавоб гӯяд: давлат, ҷомеа, падару модар ё каси дигар?

Марҳабо Самадова, омӯзгор, Қурғонтеппа

Матни таронаҳои Аҳмад Зоҳирро мехоҳам аз бар кунам

Дар Соли нав барои кормандони муҳтарами "Рӯзгор" хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Аз шумо хоҳиш мекунам дар Соли нав ҳамин саҳифаи Аҳмад Зоҳирро бештар кунед. Чунки бисёр маъқул аст. Бахусус, матни сурудҳоро мехоҳам дуруст азёд кунад. Ман Аҳмад Зоҳирро дӯст медорам, таронаҳояш маъқул, аммо на ҳамеша дарк мекунам, ки чӣ мехонад. Зеро баъзе касетаҳо вайрон сабт шудаанд, ношунаво ва нофаҳо калимаҳо доранд.

Мансур, Душанбе

Аз рӯзгори қаҳрамонони миллат бинвисед

Сарнавишти пурмоҷаро ва омӯзандаи имом Шомил маро писанд омад. Мехостам дар соли нав "Рӯзгор" ин гуна мақолаҳо бисёртар чоп кунад. Мехостам дар ҳафтаномаатон зиёдтар дар бораи Шерак, Спитамен, Муқаннаъ барин қаҳрамонон матлабҳо чоп кунед, то мо донем, ки бузургони миллат чӣҷонбозиҳо бар зиди душманони миллат кардаанд. Масалан, шахсан  ман намедонам Темурмалик чӣ гуна зидди муғул ҷангид. Медонам, ки муғул лашкари оламгир дошт, вале бо ин гуна лашкар Темурмалик чӣ гуна ҷангид?

Холназар, иҷтисодчӣ, Шаҳринав

Улуғзодаро набояд фаромӯш кард

Дар Соли нав аз шумо хоҳиш дорам ягон мақолаи хуби таҳлилӣ дар бораи устод Сотим Улуғзода чоп кунед. Ин устоди бузург ва нависандаи моҳир хеле ҷабр ҳам дидааст. Бахусус, баъди рафтани писараш ба Англия дастгоҳи Шӯравӣӯро аз маъракаҳо берун карда буд. Аммо ҷузъиёташро мо намедонем. Хоҳиш мекардем ягон кас пажуҳиш кунад ва "Рӯзгор" онро чоп кунад.

Шерзамон, Бохтар

Уктами Холиқназар куҷо шуд?

Дар бораи забон ва тарзи навиштани калимаҳо мехостам зиёдтар нависед. Суҳбат бо устод Камолиддинов хеле суҳбати хуб аст. Мехостем ин гуна инсонҳо дар бораи дурустнависии калимаҳо ва ибораҳо зиёдтар баромад кунанд.

Замоне устоди Шакурӣ дар ин бора хеле фаъол буданд. Донишманди тоҷик Уктами Холиқназар ҳам зиёд менавишт. Вале мутаассифона, ҳоло ман шахсан намедонам Уктами Холиқназар куҷост, ки дар матбуот наменависад. Дар ин бора низ донистан мехостам.

Дар яке аз шумораҳои "Рӯзгор" шумо мегуфтед, ки бо ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ мусоҳиба мекунед, интизор шудем, чоп нашуд. Хоҳиш, ки дар Соли нав ин корро анҷом диҳед. Мо хонандаи оддӣ ҳам бошем, ваъдаҳоро дар хотир нигоҳ медорем.

Манзура Аминҷонова, Душанбе

Варзиш саҳифаи доимӣ дошта бошад

Мехостам дар Соли нав саҳифаи варзиши "Рӯзгор" ҳамешагӣ бошад. Варзиш мухлисони зиёд дорад ва шумо бояд инро эътироф кунед. Мехостам дар саҳифаи варзиш дар бораи паҳлавонони гузаштаи тоҷик, устодони варзиш ва қаҳрамононе, ки номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон баровардаанд, мақолаву суҳбатҳо хонам.

Самандар, донишҷӯ, Хуҷанд

Аз рӯзгори авлиё ва фақеҳони муосир матолиб хондан мехоҳам

Дар Соли нав барои шумо ва ҳамаи сокинони кишвар шодкомиҳо ва пирӯзиҳо мехоҳам. Орзу дорам "Рӯзгор" ҳам мисли ҳамаи нашрияҳои машҳури кишвар умри дароз бинад. Омин!

Ва хоҳиш: таърихи Исломи азизро фаромӯш накунед. Мақолаҳои саҳифаи динии шуморо пайваста мехонам. Олимони варзидаро ҷалб кунед. Дар бораи чор ёри биҳиштии Пайғамбар, дар бораи занони он азизи Худо (с) ва маъруфияташон дар Ислом, дар бораи имомони гузашта, бахусус имоми Аъзаму имом Бухорӣ, ки бо мо решаҳои кавмиву нажодӣ доранд, мақолаҳо чоп кунед.

Ман "Қиссаи ҳазрати Султон"-ро хондаву ҳанӯз ҳам фаромӯш накардаам. Мехостам аз рӯзгори авлиёи кишвар, олимону фақеҳони асри муосир низ матолиби хонданӣ чоп кунед. Умуман гап зиёду, хайр ҳоло ҳамин қадар бас аст.

Амриддин, донишҷӯ

ӯзгор": Бори дигар ташаккур ба ҳамаи дӯстоне, ки дар арафаи Соли нав бо мо дар тамос шуданд ва орзуҳои солинавии худро иброз доштанд. Мо албатта, чуноне дар оғоз гуфтем, ҳар пешниҳоду ҳар эроди шуморо дар мадди назар хоҳем гирифт. Ва соли оянда хоҳем кӯшид ин ҳама дархосту пешниҳодоти шуморо амалӣ созем. Дар хотима як бори дигар ҳамаи Шумо азизони хонанда, муаллифони ҳамешагии "Рӯзгор", ҳамаи устодоне, ки бо маслиҳату машварат моро раҳнамоӣ карданд, ба муносибати фарорасии Соли нави масеҳӣ муборакбод мекунем ва барояшон тансиҳативу бурдборӣ ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро тамано дорем.

СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК! 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi

Тозатарин матолиб

Китобхонаи «Рӯзгор»