Занон дар муҳаббат хеле ҳассосанд
Дуруду салом ба ҳамаи онҳое, ки шумораи гузаштаи "Рӯзгор"-ро мурур карданд. Аз ҳафта ба ҳафтаи дигар фикри тозае ба сар мезанад, андешаи дигар пайдо мешавад ва кас мекӯшад зуд онро амалӣ созад. Ва кули ин андешаҳо аз вокуниши хонандагони нашрия ба сар меояд.
Ҳафтаи гузашта рӯзноманигори шинохта Мунаввари Мунавварзод пешниҳод кард, ки саҳифаи варзишии "Рӯзгор" бахши хабарҳо дар як сатр дошта бошад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ахбори варзишӣ дар кишвар ва хориҷ аз он басо зиёд аст ва ҳамаи онро муфассал дар як саҳифа ҷо додан имкон надорад. Пешниҳод аз ҷониби ҳайати эҷодӣ пазируфта шуд ва ин сатрҳои мухтасари варзишӣ дар саҳифа ҷо хоҳанд гирифт.
Донишманд ва пажуҳишгари вашоири шинохтаи тоҷик, устоди Донишгоҳи миллӣ Рустами Ваҳҳоб дар бораи мақолаи "Кӯлоб бе Маҳтоб монд" ибрози назар кард. Вай гуфт Маҳтобро пеш шунида буду надида ва шеърашро нахонда. Ҳоло аз мақола на танҳо аз фоҷеаи рӯзгори шоираи ҷавонмарг бохабар шудааст, балки намунаҳои ашъорашро низ хондаву дарк кардааст, ки хеле шеърҳои пухтаву равон суруда будааст.
Бо ташаккур аз устод Рустами Ваҳҳоб изҳор медорем, ки "Рӯзгор" дар яке аз шумораҳои наздиктарини худ дар як саҳифа намунаҳои ашъори ин шоираи нозурбаён ва ғурамаргро пешкаши алоқамандонаш хоҳад намуд.
Ва ҳоло бинем, ки чӣ номаҳо ба мо расидаанд:
Акбари Саттор шеър мехонад?
Саҳифаи нави шумо бо номи "Армуғони Ҳамешабаҳор" хушам омад. Чопи як шеъри хуб аз ҳар иштирокчии маҳфили Хайрандеш-"Ҳамешабаҳор" хеле иқдоми хуб аст ва қобили дастгирист. Навқаламони беминбар бо ин васила соҳиби минбар шуданд. Ва боз ин ки намунаи ашъори шогирдонаашон на мустақим, балки баъди маҳфил ва аз ҷониби "Ҳамешабаҳор" ба "Рӯзгор" пешкаш" мешавад.
Аз шеъри Мафтунаи Назир, донишҷӯи курси аввали факултаи журналистикаи ДМТ "Орзу", хуш шудам. Вай мегӯяд:
Бо ҳама кӯшишу ғайрат, дониши аълою хуб,
Ман Раиси Иттифоқи журналистон" мешавам.
Намедонам Акбари Саттор шеър мехонад ё не. Агар хонад аз ин намеранҷад, ки аз ҳоло ба курсии ӯ чашм "ало" мекунанд (шӯхӣ)?
Насриддин Саид
Ташнаи сӯҳбати адиб шудем
Сӯҳбати шоири Қурғонтеппа Озар маро ба андешаи дурии адибон аз мардум бурд. Мо солҳои пеш медидем, ки Иттифоқи нависандагон шоирону нависандагонро ба корхонаву хоҷагиҳо сафарбар мекард. Ёд дорам худораҳматии Лоиқ Шералӣ ва Қутбӣ Киром ба хоҷагии мо омадаву қариб ду соат шеърхонӣ карданд ва як нафар, ки номаш аз ёдам бирафт, бо онҳо буд, ки суруд мехонад. Баъди ин гуна мулоқот одам мехост фақат шеър хонад ё шоир кобад.
Падари марҳумам, ки муаллим буданд, мегуфтанд, ки агар инсон дар умраш ақалан як китоб хонда бошад, даст ба ҷиноят намезанад. Ҷинояткорӣ аз ҷаҳолату бесаводист ва марди китобхон доимо пойбанди андешаҳои қаҳрамонони мусбии китобҳои хондаи ӯ мебошад.
Сӯҳбати Озар дар ҳақиқат омӯзанда буд. Ва чун онро мехондам, тасаввур кардам, ки бо адибон ҳамнишинам.
Мирасрор Набӣ, сокини собиқ хоҷагии Жданови ноҳияи Турсунзода
Маҳтоб рафтаву шаби мо торик шуд
Мақолаи "Кӯлоб бе Маҳтоб монд"-ро хондам. Замоне дар Кӯлоб бо марҳум қариб, ки ҳамсоя будем. Мо як кӯча болотар мезистем. Аммо ҳама ӯро мешинохтанд.
Аслан Кӯлоби он замон, ки чандон ба масоҳат бузург набуд, ҳамаро бо якдигар ошно карда буд. Вале Маҳтобро бештар медонистанд, аз шеъраш, аз хислату одобаш. Дӯсташ медоштанд ва сазовори ин гуна муҳаббат ҳам буд.
Аммо ҷанг ҳоли ӯро ҳам хароб кард. Ҷудоӣ аз шавҳари дӯстдошта ва мушкилоти зиндагӣ Маҳтобро бештар аз дигарон гирифтор карда буд.
Солҳои ҷанг мо бо хонавода аввал ба Душанбе кӯч бастем ва баъд ба Русия рафтем. Ҳоло боз омадем баргаштаву дар ватанем. Дар пойтахт хона дорем ва истиқомат мекунем. Аммо ман намедонистам Маҳтоб бандагӣ кардааст.
Инро аз мақолаи "Рӯзгор" "Кӯлоб бе Маҳтоб монд" хондам. Ва хондаму ашкам рехт. Ҳамаи онҳое, ки мешинохтем, гиристем. Ман мақоларо ба хешону наздиконам нишон додам ва дар бораи Маҳтобвӣ гап задам. Ният кардам, ба Кӯлоб, ки равам, ҳатман сари манзилаш меравам ва дуо мекунам.
Аз даст додани инсонҳое чун Маҳтоб хеле сахт аст. Ҳисс кардам, ки дарди ишқ оқибат ӯро аз пой зад ва дардашро бо худ ба худ бурд.
Рафтани Маҳтоб ва қиссаи шӯрангези ишқи ӯ дарсест барои ҳама. Бахусус, мардон бояд донанд, ки занон дар муҳаббат хеле ҳассосанд. Ишқи зан пояндатар аз ишқи мард аст. Занонро гиромӣ доред, мардон.
Давлатмоҳ, Душанбе
Зан метавонад президент бошад
Оре, метавонад. Шояд дар Тоҷикистон натавонад, чун яқинан овоз намегирад. Вале дар мамолики демократӣ метавонад. Кам нестанд ин гуна мисолҳо. Аммо чаро дар Тоҷикистон наметавонад? Дар кишвари мо системаи падарсолорӣ салтанат дорад ва мардон аз занон дар қудрат муқаддамтаранд. Он се-чор зане, ки дар вазоратҳову корхонаҳо дар садри роҳбарӣ мебинем, нишони он нест, ки онҳо метавонанд роҳбари хуб бошанд.
Мисли замони Шӯравӣ шудаст. Котиби дуюми ҳизби коммунист аз марказ сар карда, то навоҳии дурдаст, ғайритоҷик буд. Вазифаҳои аслӣ ба зиммаи ӯ вогузор шуда буданд.
Дар мо ҳам дар пешбарии занон ҳамон анъана риоя мешавад. Вале каме дигар. Масалан, зан муовин аст, аммо наметавонад мисли котибони дуюми ҳизби коммунисти замони Шӯравӣ ақалан ҳамвазни раис бошад. Бисёрии онҳо кадрҳои хуб ҳам нестанд. Албатта, ин гуна даъво чандон дуруст нест. Вале ман зиёда аз 10 роҳбарзанро мешиносам, ки он малакаву таҷрибаро надоранд, ки шоистаи ин гуна вазифа бошанд. Аммо аз набудан буданашон беҳ аст.
Ва ҳоло, ки мухолифон Ойниҳол Бобоназарро пешниҳод кардаанд, гумон мекунам ҳарчанд президент намешавад, вале як андоза эҳтироми зан ва боварӣ ба вай аст. Интихоб шавад чӣ хубе, нашавад ҳам чизеро бой намедиҳад. Бигзор иштирок кунад. Отунбоева ҳам шуда натавонад, ақалан мегӯем, ки зани боҷуръате дорем, ки худро на камтар аз Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Нигина Орзумуродова, унвонҷӯ
-
22.06.2025 14:51
155
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
277
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
291
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
513
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
616
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
505
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
102
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
160
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
139
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
996
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1705
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3396
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
156
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
140
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
152
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
526
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
777
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
897
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
473
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
511
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
480
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
788
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1033
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1899
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
641
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
621
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1813
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2133
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2130
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2341
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
547
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
484
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
965
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3094
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3529
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3529
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
559
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
671
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
698
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд