17:35:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мулло Сироҷиддин гӯем ё эшони Сироҷиддин?

Дуруд бар Шумо хонандагони иззатманд! Бо гузашти як ҳафтаи дигар аз чоп шумораи навбатии "Рӯзгор" боз ҳам чун анъана зангҳои телефонӣ ва номаҳои расидаро мурур кардем. Таҳлилгари шинохтаи тоҷик ва сардабири ҳафтаномаи "Наҷот" Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода зимни тамоси телефонӣҷузъиётеро аз сарнавишти бозмондагони эшони Султон баён кард.

mullo-sirojiddin-45112Вай гуфт, ки соли 1993, дар нахустин рӯзҳову моҳҳои ҳиҷрат ба Афғонистон дар шаҳри Толиқон бо кадоме аз фарзандон ва ё наберагони эшони Султон, ки аз ҷумлаи муҳоҷирони солҳои бисти асри гузашта буд, дидор доштанд. Вай гуфт, ҳатто он нафаре, ки худро аз бастагони эшон муаррифӣ мекард, ӯ ва дӯсташ Умаралӣ, сокини ноҳияи Панҷро ба хонааш ба меҳмонӣ ҳам даъват карда буд.

Ҷаноби Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ҳарчанд кӯшид исми он мардро натавонист ба хотир орад, вале гуфт, ки ҳатман ба Умаралӣ занг мезанад ва шояд ӯ мушаххасоташро ёд дошта бошад. Ба муҷарради дақиқ шудани исми бозмондаи эшони Султон ба идораи "Рӯзгор" хабар хоҳад дод.

Ташаккур ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, ки "Рӯзгор"-ро на танҳо ин ки пайгирӣ кардаанд, балки аз пайи он ҳам шудаанд, ки ҷузъиётеро ба ин қиссаи шӯрангез илова созанд. Агар исми он нафар дақиқ шавад, пас метавон мутмаъин буд, ки эшон аз ҷумлаи фарзандони ё эшони Аловуддин ё Шораҳматуллоҳ мебошанд, ки дар замони худ фирор ба Афғонистонро аз мондан дар ватан хубтар дониста буданд. Ва агар шумо, хонандагони азиз, ба бахши дигари сӯҳбат бо эшони Саидкабир, ки дар ин шумора чоп шудааст, мутаваҷҷеҳ гардед, дар ин бора маълумот пайдо хоҳед кард.

Ва боз: маълум мешавад устод Нурии марҳум аз мавҷудияти онҳо хабар надоштаанд ва касе ҳам ҳозир нашудааст ин паёмро барояшон расонад. Вагарна мушкили он марде, ки бо шаҳодати дурӯғинаш эшони Султон ва бародарашро Фузайли Махсум ба қатл расонда буд, дар ҳамон Толиқон осон мешуд.

Ҳафтаи гузашта мо тибқи дархости хонандагони худ саҳифаи варзишро ҳам таҳия ва чоп кардем, ки акнун доимӣ интишор хоҳад ёфт. Аммо сар аз ин шумора саҳифаи дигар хоҳем дошт бо номи "Пурсишеву посухе" ва он ҳам тибқи хоҳиши хонандагон таҳия гардид. Ҳар суоле доред, метавонед ба шумораи телефонҳои нишондодашуда ва пустаи электронӣ ирсол намоед.

Ин ҳафта зангҳои телефонии зиёди дигар ҳам доштем, ки аксаран ба масали ташаккурнома аз чопи ин ё он матлаб буданд, ки тавре ҳафтаи гузашта гуфтем, бо изҳори миннатдорӣ аз хонандагони азиз, онҳоро дар худ нигоҳ медорем.

Ва инак, зикри чанд номаи расида:

Чӣ кутоҳ аст умри салтанати тоҷик дар Афғонистон

Мутоилаи мақолаи "Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ" маро ба ин андеша водор кард: чӣ кутоҳ аст умри ҳокимияти тоҷик дар Афғонистон. Аз аввалин сарвари тоҷиктабори он Ҳабибуллоҳхони Калаконӣ то охирини он устод Бурҳониддини Раббонӣ як сарнавишти пуртазоди фоҷеаборро аз сар гузаронидаанд. Тоҷикон дар охири садаи бист бори дигар соҳиби қудрати сиёсиву низомӣ дар Афғонистон шуданд. Ин бор мебоист ҳокимияти онҳо ба дарозо мекашид ва мепоид. Вале боз ҳам фитнаҳои хориҷиву дохилӣ дасти онҳоро кутоҳ кард.

Аҳмадшоҳи Масуъдро бо дасти араби бехабар аз диёнат куштанд ва устод Раббонӣ низ аз ҳамин гуна тавтеа ба шаҳодат расид. Вале Афғонистон ҳамоно ноором аст. Ба назар мерасад боз даҳсолаҳо он дар ин гуна аҳвол хоҳад монд, чун дар маркази фитнаи қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дорад. Он замоне пок ва орому мутараққӣ мешавад, ки агар миллатҳои Афғонистон ба умқи ин фитнаҳо бирасанд ва худро дар баробари таҷовузгарон чун мушти воҳид ҳифозат карда тавонанд.

Мансури Аҳлиддин, унвонҷӯ

Гурдофариди ӯ болотар аз ҳама нақшҳояш дар синамост

Гумон намекунам, ки Сайрам Исоева нақши хотирмонтар аз Гурдофарид дар синамои тоҷик бозида бошад ва агар бозидааст ман ё онро надидаам ва ё болотар аз Гурдофарид набудааст. Ман симои гарми ӯро ҳамоно аз филми машҳури "Рустам ва Сӯҳроб" дар хотир дорам. Ва боз бо ҳамон сару либоси ҷанговарӣ, савори асп, шамшер дар миён...Ба назарам Сайрам он лаҳзаҳо шабоҳате ба айёми Рустаму Сӯҳроб дошт. Мегуфтам ва ҳоло ҳам ба ҳамин назарам, ки зани форс чӣ он замон ва чӣ ҳоло басо зебост. Ва ин андеша дар сари ман ҳамеша аз симои гарми Сайрами "Рустам ва Сӯҳроб" мечархад.

Мастурабонуи Халил, Хуҷанд.

Шаҳодати бардурӯғ бар марги эшони Султон ҳушдор барои имрӯзиён аст

Аз нақли эшони Саидкабир дар мавриди хиёнати як Худобехабар пай бурдам, ки Худованд то кадом ҳад покону азизонро гиромӣ медорад. Шахсе, ки бо шаҳодати бардурӯғаш эшони Султон ва бародари арҷмандаш ноҳақ кушта шудаанд, умри басо тӯлонӣ, вале пур аз изтиробу нигаронӣ ва саршор аз мушкилотро пушти сар гузоштааст. Бубинед ӯ дар сӯҳбат бо устод Нурӣ чӣ мегӯяд:

"Ман дар марги эшони Султон худро гунаҳгор меҳисобам. Ман аз тарси кушта шудан бо талаби Махсуми Фузайл шоҳидии бардурӯғ додам ва эшони Султон дар асоси шоҳидии ман ва боз чанд нафари дигар бо ҳамроҳии бародараш ба дор овехта шуд. Ман умри дароз дидаму аммо ягон рӯз осуда нестам. Ҳар рӯз, ҳар шаб ба ёдам эшони Султон ва бародараш мерасанд. Махсусан, ҳамон лаҳзаҳои ба дор кашида шуданашон. Гумон мекунам, ки банде гулуямро фишор медиҳад ва ҳамин лаҳзаҳо нафасам тангӣ мекунаду ҷонам мебарояд. Вале ҳайҳот, аҷал ҳам гӯё маро азоб медиҳад, ҷонамро ба осонӣ намегирад. Мисли гурбае, ки бо муши ба чангаш афтида бозӣ мекунад, марг бо ҷони ман чунин бозӣ дорад. Хаёлам, ки то маро касе аз бозмондагони эшони Султон набахшанд, ҳамин ҷон ҳам аз баданам ба осонӣ намебарояд".

Ин ҳушдор аст. Ҳушдор ба ҳамаи онҳое, ки уламо ва эшонзодагону саййидзодагонро ҳадафи маломат қарор медиҳанд, пайваста онҳоро дар ҳолати хориву зиллат мехоҳанд нигоҳ доранд. Банда дар тӯли умри кутаҳи худ борҳо шоҳид будаам, ки шахсоне, ки донандагони каломи Худоро масхараву мазаммат кардаанд ва ё хориву зиллатро дар ҳақашон раво дидаанд, ба чӣ ҳоле аз олам рафтаанд. Ё куру шал шудаанд ва ё муддати тӯлонӣ бистариву азият кашидаанд. Яъне, Худованд қасоси поконро аз ҷабркунандагонашон дар ҳамин дунё мегирад, вале ҳисобашон дар охират дигар аст.

Масъуди Абдуллоҳ, Душанбе

Созмони тоҷикони Қирғизистон расолати бузургро бар душ гирифтааст

Аз сӯҳбати Қодиршои Муруват фаҳмидам, ки Тоҷикистон ҳам дар ғами ҳаммиллатони бурунмарзиаш будааст. Барои онҳо китобҳо таҳия мекардааст, фарзандонашонро дар макотиби олияш ҷо медодааст, то бидуни мамониат ба таҳсил фаро гирифта шаванд ва маълумоти олӣ дарёфт кунанд. Вале расолати онҳо хеле бузург аст. Дуруст таъкид шудааст, ки ҳадаф пок нигоҳ доштани забони модарии онҳост. То дар миёни турктаборон тадриҷан нобуду нопадид нашаванд. Ва ҳамин созмони тоҷикони Қирғизистон ҳам ин гуна расолат дорад.

Аммо кош мо метавонистем ин гуна иртибот бо Узбакистон медоштем, то ҳаммиллатони худро дар ин кишвари ҳамсоя аз хавфи нобудӣ наҷот мебахшидем. Мутаассифона, наметавонем. Бо равобите, ки имрӯз Душанбеву Тошканд доранд, пуштибонӣ аз тоҷикони Самарқанду Бухоро ва водии Фарғона амалан номумкин аст. Вале дунё ба умед. Расад рӯзе, ки ин кор ҳам бо хости Худованд саҳлу осон гардад.

Нигина, Қурғонтеппа

Дарди ишқ барои марду зан сӯзанда аст

Шоираи Раҳимҷон мегӯяд аз миёни ҳама узви хонадон танҳо ӯст, ки таронаву шеър менависад ва дигарон ба шунидану хондани ояҳои Қуръон рабт доранд. Гумон намекунам, ки Шоира Қуръон нахонад, ҳарчанд дар ин бора мухбир ё напурсидааст ва ё ӯ нагуфтааст. Дар хонадоне, ки ҳама Қуръонхонанд, наметавонад як нафар аз он дур бошад.

Аммо бори аввал мешунавам, ки таронаи эҷодкардаи як бонуи тоҷикро овозхони машҳури Эронӣ Мансур бо талаби зиёд аз худ кунад. Таронае, ки Шоира онро барои Гугуш навиштааст, эронии дигар соҳибӣ кардааст. Мушкили Шоира он аст, ки иртибот бо худи хонум Гугуш надорад. Таронаи дигараш ба ӯро Манижа гирифта ва таронаи сеюмашро ҳам эҷод кардаву ҳоло кӣ медонад боз насиби кӣ мешавад. Асли мақсади ман он аст, ки хуш шудам аз он ки эҷоди бонуи тоҷик ба дигарон мақбул аст ва ҳатто Мансур гуфтааст, ки дард занонаву мардона намешавад. Ҳақ аст ӯ. Дард дард аст. Бахусус агар он дарди ишқ бошад, барои марду зан сӯзанда аст. Танҳо эҳсос фарқ мекунад. Эҳсоси занона амиқтар, эҳсоси мардона на ба ин ҳад.

Ситора Абдулло, Бохтар

Ҳоли зори муҳоҷир

Ҳатто дар як мақолае ҳам ки кӯшиш шудааст аз заҳмату ранҷи муҳоҷирин ёд шавад, пай бурдан мумкин аст, ки ҳамватанони мо бо вуҷуди он ки мақомоти рус аз меҳнаташон розиву қаноатманданд, мисли инсон наметавонанд зиндагонӣ кунанд. Онҳое, ки ба тозагии муҳити зисти русҳо машғуланд, худ дар таҳхонаҳо ба сар мебаранд, ки махсусан дар зимистони сарди рус азиятбор ва хавфагез аст.

Аз мақола бӯи умед меояд, ки билохира роҳбарияти нав ба ҳоли ҳаммиллатони мо таваҷҷӯҳ кардааст, вале то расидан ба он ҳадде, ки муҳоҷири тоҷик соҳиби иззату икром бошад, хеле замон бояд тай шавад.

Давлат, муҳоҷири собиқ

Эшони Сироҷиддин ё мулло Сироҷиддин?

Мактуби ман аслан як савол аст. Шояд гӯед, ки ба ҳафтаномаи шумо дахл надорад ва дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Чун дар ин бора ман на танҳо дар шумо, балки умуман дар ягон газета чизе нахондаам.

Гап сари он ки баъди ба озодӣ баромадан домулло Сироҷиддин дар саҳифаи нашрияҳо хеле фаъол шуд. Гоҳ мусоҳибаи он касро мехонем ва гоҳи дигар мақолаашонро. Пештар мо он касро чун мулло Сироҷиддин мешинохтем, вале ҳоло ҳамаи нашрияҳо эшони Сироҷиддин менависанд. Ва чун худи он кас ҳам, ки ислоҳ намекунанд, пас маълум мешавад эшон номиданро хуш доранд.

Ва суоле, ки дар сари ман чархид ин аст:  чаро ҳам мулло гӯем ва ҳам эшон? Кадомаш дуруст? Ва баъд: эшонҳо шаҷараномаи худро доранд ва исбот ҳам мекунанд, ки гузаштагонашон ба кадоме аз сайиидони бузург рафта мерасад. Мехостем инро донем. Оё эшони Сироҷиддин чунин шаҷаранома доранд? Ва агар ҳа, пас чӣ гуна эшонзода будани худро исбот мекунанд?

Мирҷалол Ҳусейнзода, шаҳри Душанбе

ӯзгор": Ин суол марбути худи Сироҷиддин Абдураҳмонов аст ва мо аз посухи он оҷизем. Аммо кори дигаре метавонем анҷом диҳем. Номаи шуморо бо ҳамин шумораи нашрия ба эшон мефирисем. Умед дорем дар наздиктарин фурсат посухашонро айнан дар ин саҳифа хоҳед хонд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi