08:18:20 27-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Чӣ гуна инқилоби театриро интизор бошем, ки мо драматургияи солим надорем?

Бо арзи салом хидмати ҳамаи хонандагони арҷманди «Рӯзгор». Ҳафтае, ки сипарӣ шуд, шумораи 11-уми ҳафтанома дар мутолиаи хонадагон қарор дошт. Он чӣ метавон сухан аз шумора гуфт, боз ҳам аз зангҳои телефонии хонадагону мухлисон ва номаҳои расида аз тариқи пустаи электронӣ бармеояд.

inqilob-459889754Устод Нур Табаров, адиб ва дарматурги шинохтаи кишвар зимни як тамоси телефонӣ аз ҳамин саҳифае, ки ҳоло мутолиа доред, яъне «Рӯзгор» ва хонанда ситоиш карданд ва гуфтанд ин беҳтарин кор аст, ки ҳар шумора бо истифода аз навиштаҳову гуфтаҳои хонандагон баррасӣ ва натиҷагирӣ мешавад. Аз назари устоди сухан он нукта низ дур намондааст, ки мо хостаҳои хонандагонро ба зудӣ амалӣ мекунем ва дар пайи онем, ки камбудиҳои ифшошуда ислоҳ гарданд ва эродҳо қабул шаванд.

Устод Нур Табар мулоҳизоти мушаххасе атрофи сӯҳбати ҳунарманди шинохта, профессор Қурбони Собир ҳам доштанд, ки дар мавридаш аз он ёд хоҳад шуд.

Фотима Садриддинова, сокини шаҳри Душанбе, ки худро омӯзгор муаррифӣ кард, зимни тамоси телефонӣ пешниҳод кард, ки «Рӯзгор» аз ҳаёти бонувон саҳифа дошта бошад. Вале вай таъкид кард: намехоҳем дар ин саҳифа моҷарономаҳо хонем. Мехоҳем матолиби ҷиддӣ аз мушкилоти занони кишвар интишор ёбанд.

Хоҳиши Фотима Садриддиноваро ба ҷон пазируфтем ва ҳоло тарҳи ин саҳифа омода шудаву умед аст дар наздиктарин фурсат саҳифа барои бонувон рӯи чопро хоҳад дид.

Шумо гуфтед, мо иҷро кардем

Дар шумораи гузаштаи «Рӯзгор» дархости хонанда, журналист ва пажуҳишгари тоҷик Обид Шукурзода ва Сиёвуш Маҳмуродов аз ноҳияи Ваҳдат дар мавриди саҳифаи варзиш дар «Рӯзгор» интишор ёфта буд. Онҳо мегуфтанд на як балки метавон ду саҳифаи «Рӯзгор»-ро ба варзиш ихтисос дод. Чун варзиш хонандаи зиёд дорад ва ҳам як мавзуъи фарогирест, ки метавон матолиби зиёдеро ҳар ҳафта пайдо ва чоп кард.

Ин ҳафта мо ин дархостро ба назари эътибор гирифтем ва аллакай дар саҳифаи 14 шумо метавонед бо муҳимтарин рӯйдодҳои варзишӣ дар кишвар ва ҷаҳон ошно шавед. Албатта, саҳифа нав аст ва медонем, ки он такмил мехоҳад, вале боз ҳам умед ба кӯмаки шумо хонандагони арҷманд ва мухлисони варзиш дорем. Агар эроде доред ва ё маслиҳате ҷиҳати шавқовару хубтар кардани саҳифа, ба мо бинвисед.

Ва номаҳои дигар:

«Инқилоби театрӣ», яъне чӣ?

Далери Эмомалӣ ва Шоҳҷамшед Раззоқзода, ки аз ҳунармандони болаёқат миёни ҷавонон муаррифӣ шудаанд ва аз ташаббускорону роҳандозандагони озмуни «Нигоҳи нав» мебошанд, ин ҳафта дар «Рӯзгор» гуфтаанд, ки соли оянда бояд инқилоби театрӣ шавад.

Ростӣ хушҳолам, ки ин гуна ҷавонон дорем ва муҳимтарин чизе, ки ҳисс мекунам ҷуръати онҳост. Агар хастагинопазирона кор кунанд, ноумед набошанд ва фақат ба пеш ҳаракат кунанд, комёб мешаванд. Ноумедӣ бадтарин чизест, ки инсонро шикаста мекунад. Вале ҳарфи инқилоб ҳарфи калон аст. Инқилоб кардан дар театр чӣ гуна метавон, вақте мо драматургияи солим надорем.

Аксари асарҳое, ки ба саҳна гузошта шудаанду шӯҳрат овардаанд, моли бегонагон аст. Албатта, дар симои Нур Табаров ё Меҳмон Бахтӣ мо метавонем гӯем, ки тоҷик драматургия дорад. Вале тавре мегӯянд «бо як гул баҳор намешавад». Хуб мешуд Иттифоқи нависандагон сари ин масъала зиёдтар меандешид ва барои тарбияи насли нави драматургон, ки амсоли Шоҳҷамшеду Далер андешаи таҳаввулоти инқилобӣ дошта бошанд, талош мекард.

Марзия Сафина, донишҷӯ

«Маснавӣ» кӯҳнагӣ надорад, вале...

Боварам намеояд, ки соли оянда инқилоби театрӣ шавад. Агар Шоҳҷамшед ё Далер даҳсоларо дар назар медоштанд, боварам меомад. Ман мухлиси театрам, зиёд меравам. Албатта, ҳунармандони хуб мо зиёд дорем, коргардонҳои хуб низ. Ман ҳатто аз намоишномаи Нуриддини Ҷаронӣ «Шерафган», ки барои бачаҳост лаззат бурдам.

Нуриддини Ҷаронӣ аз он насли ҳунармандонест, ки «Маснавии маънавӣ»-ро ба саҳнаи театр кашиданд. Аз замони марҳум Фаррухи Қосим, ки аз аввалинҳо шуда шеваи нави театрикунонии шаҳасарҳои классикиро дар дафтари кории худ қарор дод, то имрӯз беш аз ду даҳсола гузашт. Ва ҳоло мебинам, ки ин ҳам кӯҳна шудааст. Театр таҳаввулот мехоҳад. Таҳаввулоти замонавӣ. Кист оне, ки мушкилоти имрӯзи мардуми моро дар қолаби як асари саҳнавии ҷолиб медарорад?

Мустафо, Душанбе

«Одам пӯсташро иваз мекунад»

Боиси ифтихор аст, ки дар фазои иттилоотии кишвар ҳафтавори «Рӯзгор» зуҳур кардааст. Мазмуну муҳтавои он хеле ҷолиб ва маводҳое, ки дар саҳифаҳои он чоп мешаванд, хеле ҳам хонданӣ ва рӯзмарраанд. Ман, ҳафтаи гузашта, барои коре ба шаҳри Қӯрғонтеппа омадам. Дар дӯкони рӯзномафурӯшӣ чашмам ба ҳафтавори «Рӯзгор» афтоду шумораи охири онро бо қимати ду сомонӣ харидам.

Ҳафтавори олиҷаноб!  Онро саропо хондам; ҳар саҳифае лабрез аз навгонӣ, мақолаҳои рӯзмарра ва ҷавобгӯи рӯз. Ва пай бурдам, ки ба қавли худи шумо рӯзноманигорон он «почерки» худро ёфтааст. Чун ман зиёд бо матбуот ошноӣ дорам, аз замонҳои қадим ҳар газета ва журналҳоро мехондам. Рӯзноманигорони кишварро хуб мешиносам, чун дар гузашта аксари онҳо ба хоҷагии мо меомаданд ва аз фаъолияти он, шахсиятҳо, пешқадамони истеҳсолот мақолаҳо менавиштанд. Аз ин рӯ он чӣ дар бораи «Рӯзгор» навиштам, қиёси шахсии худи ман аст.

Дар шумораи № 11 диққатамро мақолаи рӯзноманигори шинохта Б.Салмонов бо номи «Ҳиммат баланд дор, ки мардони рӯзгор…» бештар ҷалб кард. Рӯзноманигор андешаҳои ҷолиб ва хотираҳои одамонеро дар бораи Анвар Қаландарови машҳур, ки қариб сӣ сол дар ободкориҳои водии Вахш заҳмат кашидааст, ба қалам медиҳад, ки он бори аввал чоп мешавад. Ба ростӣ, Анвар Қаландаров на танҳо шахсияти машҳур, балки нотакрор аст.

Вақте ки ӯ дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Қумсангир раиси колхоз буд, ман сардори бригадаи комсомолону ҷавонони хоҷагии ҳамсоя будам. Вай дар ҳама кор барои кулли одамон намуна буд; ӯ чун шахсият нотакрор аст, ғайрату ҳиммати беҳудуд дошт. Чунон далеру нотарс буд, ки кас дар шигифт мемонд. Мегуфтанд, ки дар политбюрои секаи Маскав бо Суслов дӯстӣ дорад.

Шояд мутаккое дар марказ дошт, набошад ӯро барои худсарона сохтани ҳаммом ба маблағи якуним миллиён сӯм ҳатман аз сафи партия меронданду беобрӯ менамуданд. Бояд таъкид кард, ки Анвар Қаландаров ҳангоми дар қайди ҳаёт будан таблиғи корнамоии меҳнатӣ, ҷангӣ ва ҷавонмардиашро дӯст намедошт. Филмеро «Тоҷикфилм» солҳои 70-уми асри гузашта бо номи «Одам пӯсташро иваз мекунад» ба навор гирифт, ки он пурра ба корнамоии Анвар Қаландаров дар корамсозии дашти Ғароутӣ бахшида шудааст. Ҳоло намедонам ин филм дар хазина бошад ё не. 

 Анвар Қаландаров яке аз иштирокчиёни фаъоли Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, номи ӯ чун офитсери Гвардия дар осорхонаи ҳарбии Русия бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Анвар Қаландаров чун лётчик-командир, як эскадрилияи зарбзанро сарварӣ намуда, беш аз сад парвози ҷангиро анҷом ва барои қаҳрамонию диловарӣ бо ордени «Ситораи сурх» ва чандин мукофотҳои баланд қадршиносӣ шудааст. Дар майдони ҷанг Анвар Қаландаров захм бардошта, дар ҳолати хеле вазнин ба ақибгоҳ фиристода мешавад.

Месазад, ки номи чунин фарзандони бонангу номус ва сарбаланди ватанамонро зинда ва абадӣ гардонд, то насли имрӯзу фардо аз зиндагии ибратомӯзи онҳо дарси шуҷоату мардонагӣ омӯзанд.

Муҳаббат Занбӯров, дорандаи ордени «Байрақи сурхи меҳнат» сокини ҷамоати Панҷи ноҳияи Қумсангир

«Рӯзгор»: Ташаккур ба Муҳаббат Занбуров барои ин гуна номаи саршор аз меҳр. Ростӣ, дар мавриди «Рӯзгор» ва муассису кормандонаш суханҳои зиёди таърифӣ навиштаанд, ки басо самимӣ буданд. Ва мо он ҳарфҳоро барои худ нигоҳ доштем, аммо барои чоп танҳо бахше аз онро истифода кардем.

Аз сӯи дигар Муҳаббат Занбуровро дар ҳақиқат мо ҳам мешинохтем ва вақте номаи эшон расид ёди моро ба солҳое бурд, ки чун як бригадири номвар ва соҳибэҳтиром шӯҳрату овоза доштанд. Шояд матбуоти он солҳо даҳҳо хабару мақола аз корномаҳои бригадаи ӯ интишор дода бошанд, шояд даҳҳо намоишу гуфторҳои телевизиониву радиоӣ пахш шуда бошанд. Вале онҳо афроде буданд, ки ҳар коре мекарданд, ба хотири шукуфоии Ватан мекарданд. Ин буд, ки номи чунин родмардон имрӯз ҳам миёни мардум ба некӣ ёд мешавад.

Вопасин каломи бузургон

Замоне, ки «Тазкират-ул-авлиё»-и Шайх Атторо мехондам, дар зикри аксар шайхону суфиёни бузург лаҳазоти охири ҳаёташон тасвир мешуд. Хеле ҷолиб аст барои ҳар хонанда, ки донад ин ё он бузург бо ҳаёти фонӣ чӣ гуна видоъ кард.

Матлабе, ки бо номи «Вопасин каломи Лоҳутӣ» аз «Рӯзгор» хондам, ёди маро ба асари Шайх Аттор бурд ва баъд гуфтам: чӣ аҷаб аст агар мо донем, ки бузургони фарҳанги муосир бо чӣ каломе аз дунё рафтаанд. Ҳоло аз Лоҳутии бузург сухан меравад ва чун мақола идома дошт, нафаҳмидам, ки сухани охиринаш чӣ буда. Вале бисёр мехостам ин як силсила дар «Рӯзгор» бошад. Яъне, вопасин нафаси Турсунзода, Раҳимзода, Миршакар, Лоиқ, Бобоҷон Ғафур ва ғайра...

Шокири Муҳаммадамин, Хуҷанд

«Рӯзгор»: Пешниҳоди хуб. Пайгирӣ хоҳем кард ва агар ин гуна ёддоштҳое ба дастамон расад ва ё шоҳидони ин гуна лаҳазоти хотирмон пайдо шаванд, ки ҳамроҳашон сӯҳбатҳо анҷом диҳем, ҳатман чоп мекунем.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi