05:18:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Роғун

СТРУАН СТИВЕНСОН: "НЕРӮГОҲИ РОҒУН ТАРҲЕ БЕЗАРАР ВА ЗАРУР АСТ"

Струан Стивенсон, раҳбари гурӯҳи тағйироти иқлимии порлумони Урупо дар суханронии худ дар Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон эътиқоди худро ба "безарар ва зарур" будани нерӯгоҳи Роғун барои кишварҳои кулли минтақаи Осиёи Миёна баён кард. Ӯ дар раъси гурӯҳе аз намояндагони порлумони Иттиҳодияи Урупо рӯзи 16-уми июл бо донишмандони тоҷик ва мақомоти мухталифи кишвар дидору гуфтугӯ кард.

/images/stories/2012/07/16_steavenson-160712.jpgОқои Стивенсон дар суханрониаш дар фарҳангистони Улум аз ҷумла гуфт: "Ман муътақидам, ки тарҳи Роғун як тарҳи безарар ва ҳамзамон тарҳи муҳим барои тавсеъаи минтақа аст. Садди обанбори Роғун дар воқеъ аз садди обанбори нерӯгоҳи Норак фарқе надорад. Аммо ин садд бо таваҷҷӯҳ ба сохти хамшавандаи худ, дар баробари зилзила мустаҳкам буда ва 40 сол аст, ки дар зилзилаҳои мухталиф осеб надидааст."

Оқои Стивенсон афзудааст: "Ман намефаҳмам чаро садди Роғун, ки тарҳаш ба монанди тарҳи Норак таҳия шудааст набояд чунин устувор бошад."

Ин намояндаи порлумони Урупо дар суханрониаш аз кишварҳои Ғарб хостааст, ки барои анҷоми тарҳи Роғун дар Тоҷикистон ва дар беҳбуди муносиботи байни кишварҳои минтақа кумак кунад.

Вай мегӯяд: "Тоҷикистон барои танзими захоири оби минтақа талош мекунад, то ки худ ва кишварҳои минтақаро бо энержӣ таъмин кунад. Ин талош бояд бо пуштибонии Ғарб ҳамроҳ бошад, вале равобити сарди миёни ҳамсояҳои болооб ва поёноб мояи муноқишоти ҳамешагӣ аст."

Вай мегӯяд, ки Ӯзбакистон дар вокуниш ба талошҳои Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун марзҳои худро бастааст. Оқои Стивенсон ки давлати Тоҷикистон зоҳиран дар симои ӯ тарафдоре қавӣ барои ҳимоят аз тарҳи Роғун дар кишварҳои кумаккунандаи Ғарб ёфтааст, қаблан гуфта буд, ки омодааст барои музокираи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон барои бартараф кардани ихтилофот миёни ин ду кившар "миёнҷигарӣ кунад."

Оқои Стивенсон дар баромади рӯзи душанбеи худ ҳамчунин гуфт: "Бо оғози баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи Роғун, ин нерӯгоҳ ба манбаъи иқтисоди сабз ва энержии арзон ва аз лиҳози зистмуҳитӣ пок мешавад. Он ниёзҳои худи Тоҷикистонро барои энержӣ бароварда сохта ва барои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва Покистон низ нерӯи барқ содир мекунад. Ба ин хотир метавон гуфт, ки чунин вазъ барои минтақа дар кул тарҳе судманд аст."

Давлати Тоҷикистон тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро барои берун омадани кишвар аз камбуди нерӯи барқ дар кишвар ба вижа дар моҳҳои сарди солро калидӣ медонад. Вале ин тарҳ тайи солҳои мутаъаддид мояи баҳсу муноқишоти сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон шудааст. Ҳарчанд ин ихтилофот умдатан паси парда сиёсат сурат мегирад, аммо коршиносон ва кормандони муассисоти давлатии Ӯзбакистон алайҳи сохтмони Роғун дар Тоҷикистон мақолоти зиёде мунташир кардаанд.

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон мукарраран дар бораи иродаи неки ин тарҳ ва алоқамандиаш барои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя барои танзими оби обанбори нерӯгоҳи Роғун таъкид карда, нигаронии Ӯзабкистон умдатан ин будааст, ки пас аз қадд кашидани обанбори Роғун заминҳои кишоварзии Ӯзабкистон, ба унвони кишваре воқеъ дар поёноб беоб бимонанд.

Страун Стивенсон дар суханрониаш бо ишора ба ин нигарониҳо гуфт, ки кишварҳои "поёноб" дар вокуниш ба сохтмони Роғун ба таври асабонӣ дар ҳоли бунёди обанборҳо барои захираи об ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ аз 90 обанборе, ки дар ҳавзаи баҳри Орол бунёд шуда 55-тоаш моли Ӯзбакистон аст, ки аксари онҳо дар 20 соли ахир сохта шудаанд. Вай гуфт, ки натоиҷи ин амр "талошҳо барои наҷоти Оролро ба бунбаст овардааст".

Дар ҳамин ҳол Ожонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон эълом карда, ки бахшҳое аз тунелҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун барои бастани маҷрои оби рӯдхонаи Вахш омода нестанд. Бонки Ҷаҳонӣ низ, ки масъули тарҳи омӯзиши тарҳи сохтмони Роғун аст, қаблан аз масъулони давлати Тоҷикистон хоста буд, ки то анҷоми тарҳи омӯзиши тарҳи Роғун аз бастани маҷрои рудхона худдорӣ кунанд.

Нуралӣ Саидов, раиси ин ожонс дар нишасти матбуъотии рӯзи 16-уми июл гуфт: "Пас аз анҷоми корҳои бозсозии тунелҳои сохтмонӣ, ки дар солҳои 1990 дар асари обхезӣ осеб дидаанд, ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ ширкат кардаанд. Пас аз анҷоми корҳои бозсозӣ дар бархе аз қисматҳои бозсозишуда камбудиҳо дар заминаи сементкорӣ ошкор шудааст.”

Вай гуфт, барои ҷилавгирӣ аз фурупошии дубораи деворҳои тунел ширкатҳои марбут муваззаф шудаанд, дар ин ҷо ва толори мошин симонкории дубора анҷом бидиҳанд. Оқои Саидов афзуд, ки ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ дархости омӯзиши намунаҳои хок дар умқи 110-метрӣ дар маҳалли сохтмони обанбори Роғунро кардаанд ва ин кор тавассути ширкате эронӣ анҷом хоҳад шуд. Аммо хабарнигори Би-би-сӣ, ки тоза аз ноҳияи Роғун дидан кардааст, мегӯяд фаъъолиятҳо дар маҳалли сохтмони ин нерӯгоҳ зоҳиран қатъ шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ, ки солҳост, дар ин сохтмон фаъъолият мекунанд гуфтаанд ки ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ки дар ин маҳалл кор мекунанд, тайи як ҳафтаи охир фаъъол набуда ва маҳалли сохтмон сокит будааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтае қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба маҳалли ин сохтмон сафар карда буд.

 

Ҳарчанд раиси ожонси сохтмон ва меъмарии Тоҷикистон дар бораи камбудиҳо дар корҳои бозсозии нерӯгоҳи Роғун сӯҳбат кардааст, вебсойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтае қабл зимни интишори хабари марбут ба сафари президент Раҳмон ба Роғун аз “сифати баланди корҳо” дар маҳалли сохтмон гузориш дода буд.

Дар сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла омада: “Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ кард.”

Оқои Раҳмон дар ҷараёни суханрониаш дар рӯбарӯи кормандони ин нерӯгоҳ ҳамчунин гуфта буд: “Нерӯгоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад.”

Дар оғози соли ҷорӣ вазорати молияи Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар соли 2012 давлати ин кишвар барои таъмири нерӯгоҳи Роғун 1.1 милёрд сомонӣ тахсис медиҳад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi