КЛИНТОН ВА ТАРҲИ “РОҒУН”: ОЁ ГУЗИНАИ ДИГАРЕ БА ҶОЙИ ИН ТАРҲ ҲАСТ?
Вазири хориҷаи Амрико зимни як суханронӣ дар Душанбе бо ишора ба тарҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” гуфт, ки иҷрои пружеҳои даҳаи 1970 чандон судовар нестанд. Вай дар мулоқоташ бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар авохири ҳафтаи гузашта, ки дар Маркази Исмоилиён дар Душанбе доир шуд, ҳамчунин гуфт, ки “давлати Тоҷикистон бояд ба натоиҷи пажӯҳиши коршиносони мустақил гӯш диҳад.”
Хонуми Клинтон афзуд: “Вале натоиҷи ин пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ набояд барои давлати Тоҷикистон ҳарфи ниҳоӣ бошад. Давлати Тоҷикистон бояд танҳо бар пояи манофеъи миллии худ тасмим бигирад.”
Аз сӯйи дигар, вазири хориҷаи Амрико ҳушдор дод, ки Тоҷикистон набояд танҳо ба хотири “намак пошидан бар захми кишварҳои ҳамсоя" иҷрои ин тарҳро рӯйи даст бигирад. Вай гуфт бояд имкони истифода аз манобеъи олтернотиви энержиро низ баррасӣ кард.
"Назари Клинтон ғайриҳирфаист"
Чунин изҳори назари вазири хориҷаи Амрико вокунишҳои мухталиферо дар миёни сиёсатшиносон ва коршиносони тоҷик ба бор овард. Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори назари хонум Клинтонро “ғайриҳирфаӣ” номид.
Вай афзуд: “Хонуми Клинтон коршиноси масоили энержӣ нест. Набояд фаромӯш кард, ки бештари тарҳҳои энержӣ, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд мавриди иҷро қарор гирифтаанд, дар даҳаи 1970 ва 1980 иҷро шудаанд ва агар онҳо судовар набуданд, касе онҳоро сармоягузорӣ намекард. Дуруст аст, ки зимни иҷрои онҳо аз текнулужиҳо ва масолеҳи сохтмонии имрӯзин бояд истифода кард.”
Оқои Шарипов мегӯяд, ки барои Тоҷикистон назари Ҷон Керри, сенотури Амрикоӣ дар робита бо тарҳи “Роғун” муҳимтар аст: “Вай дар ин замина пажӯҳише анҷом дода ва изҳор дошт, ки иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муфид аст.”
Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ки дар гузашта дар мавриди тарҳи “Роғун” назарҳои “тундтаре” низ садо медоданд, вале давлати Тоҷикистон мӯътақид аст, ки танҳо иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ метавонанд ин кишварро аз фақр берун барад ва ба рушди иқтисодии Тоҷикистон кумак кунад.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси дигар, бар ин назар аст, ки изҳори назари Ҳилорӣ Клинтон дар бораи тарҳи “Роғун” бар тасмимгирии давлати Тоҷикистон таъсире нахоҳад дошт ва сохтмони ин нерӯгоҳ ҳамчунон идома меёбад.
Вай афзуд: “Ҳарчанд хонуми Клинтон вазири хориҷаи Амрикост, вале ҳарфҳояш дар бораи “Роғун” барои давлати Тоҷикистон изҳори назари як шахс аст. Дар гузашта, замоне ки Ҳилорӣ Клинтон хонуми Бил Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, буд, вай сарпарастии ҷунбишҳои зистмуҳитиро бар ӯҳда дошт. Ба ин далел, назари хонуми Клинтон дар бораи “Роғун” бештар бар пояи масоили зистмуҳитӣ аст, на иқтисодӣ.”
Оқои Муллоҷонов мегӯяд, ки дар оянда давлати Ӯзбакистон метавонад аз ин изҳори назари хонуми Клинтон истифода кунад, вале барои давлати Тоҷикистон ин амр таъсире нахоҳад дошт.
"Ба дом уфтодани" давлати Тоҷикистон
Вале Зафар Абдуллоев, таҳлилгари дигар, мегӯяд, ки агар изҳори назари хонуми Клинтонро аз забони диплумотик тарҷума кунем, чунин натиҷагирӣ мешавад, ки Амрико мухолифи тарҳи “Роғун” аст.
Оқои Абдуллоев афзуд: “Вақте мо бо бозрасии ин тарҳ аз сӯйи Бонки Ҷаҳонӣ розӣ шудем, ҳадафи давлат ин буд, ки дар ин замина пуштибонии давлати Амрикоро ба даст оварад. Зеро мусаллам аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ таҳти кунтрули Амрикост. Ба дарозо кашидани эъломи натоиҷи ин пажӯҳиш гувоҳи он аст, ки Амрико бо ин тарҳ мухолиф мебошад.”
Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлилии мавсум ба “ИНДЭМ”, бар ин назар аст, ки ба сатҳи байналмилалӣ кашида шудани баҳси тарҳи “Роғун” иштибоҳ будааст.
Вай афзуд: “Ин доме буд, ки давлати Тоҷикистон ба он уфтод. Бонки Ҷаҳонӣ ниҳодест, ки ба давлати Амрико сахт бастагӣ дорад ва ҳамакнун мақомоти Амрикоӣ аз ин роҳ ба давлати Тоҷикистон фишор меоваранд. Агар давлати Тоҷикистон ба ҳузури низомии Русия дар ин кишвар баъд аз соли 2014 розӣ шавад, Бонки Ҷаҳонӣ ва Амрико ҳаргиз ба сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” розӣ намешаванд.”
Зимнан, дар тобистони соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати Тоҷикистон ҳушдор дод, ки то замони анҷоми бозрасии комили ин тарҳ аз оғози сохтмони марҳилаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун” худдорӣ кунад. Зафар Абдуллоев мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ бо иҷрои тарҳи CASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубиро ҳадаф дорад, мехоҳанд аз Тоҷикистон танҳо ба унвони кишвари тронзитӣ истифода кунанд.
Вай афзуд: “Ҳадафи аслии онҳо аз ин тарҳ интиқоли нерӯи барқи тавлиди Қазоқистон, Қирғизистон ва то ҷое Ӯзбакистон аст. Ба ин далел, ман намефаҳмам, ки чаро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, аз ин тарҳ ибрози хушҳолӣ мекунад.”
Оқои Абдуллоев мегӯяд, ки баъд аз чунин изҳори назари хонуми Клинтон, давлати Тоҷикистон дар равобиташ бо Амрико бояд таҷдиди назар кунад. Вай гуфт: “Мавқеъи Тоҷикистон бояд сангинтар шавад. Ҳамчун як шаҳрванд, ман ҳеч омилеро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Амрико намебинам. Мизони сармоягузории ин кишвар бар иқтисоди Тоҷикистон ночиз аст. Сатҳи ҳамкориҳои мо бо Амрико бояд то ба сатҳи як кишвари дувумдараҷа пойин бурда шавад.”
Тарҳи “Роғун” бо Русия ё Чин?
Оқои Абдуллоев мӯътақид аст, ки иҷрои тарҳи “Роғун” танҳо бо Русия ё Чин имконпазир хоҳад шуд: “Ҳоло фурсати хубест, ки Душанбе бо Кремлин музокирот дар ин заминаро оғоз кунад. Бояд наҳвае барои ҳамкорӣ дар ин замина пайдо кард, ки ҳар ду кишварро қонеъ созад.”
Зимнан, дар соли 2004 миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати русии “Русал” барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тавофуқ шуда буд, вале баъд аз се сол давлати Тоҷикистон ин созишномаро лағв кард. Он замон ширкати “Русал” эълом карда буд, ки нерӯгоҳи “Роғун”-ро бо иртифоъи 240 метр бунёд мекунад ва давлати Тоҷикистон дар оянда метавонад садди ин обанборро то 335 метр боло бубарад. Вале давлати Тоҷикистон чунин шартро қабул надошт.
Дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ки мавзеъи кишварҳои ғарбӣ ва Русия мунҷар шуда, ки давлати Тоҷикистон то ҳол наметавонад ба бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли сохтмони садди обанбори “Роғун” иқдом кунад. Вай афзуд: “Давлати Тоҷикистон чораи дигаре ҳам надорад. Барои ба танҳоӣ сохтани “Роғун” мо манобеъи кофии молӣ ҳам надорем. Ночор мешавем, ки ин тарҳро боз ҳам ҳамроҳ бо Русия иҷро кунем.”
Би-Би-Си-
15.08.2025 17:52
131
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе
-
07.08.2025 13:54
191
Суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
-
07.08.2025 13:52
182
Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
-
07.05.2025 23:59
694
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
843
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
700
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
15.08.2025 17:48
120
Мулоқоти роҳбарони мақомоти энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
-
08.08.2025 20:33
176
Баргузории ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ
-
08.08.2025 20:31
161
Вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ
-
14.10.2024 18:41
1166
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1884
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3570
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
15.08.2025 17:43
126
Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оқибатҳои риоя накардани талаботҳои он
-
15.08.2025 17:41
142
Танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон
-
08.08.2025 20:29
155
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи фардии ҳар як инсон аст
-
17.07.2025 18:32
228
“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода!”
-
15.05.2025 13:28
716
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
704
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
15.04.2025 11:44
650
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
706
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
650
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
1015
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1210
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2085
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
817
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
803
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1991
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
28.06.2025 14:52
359
Ваҳдати миллӣ – рукни асосии субот ва пешрафт
-
19.09.2021 19:28
2305
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2306
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
27.04.2025 14:10
623
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
757
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
642
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3118
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3275
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3740
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
Шарҳҳо
RSS Обуна