РОҒУН РАҚИБИ СТРАТЕГИИ ТОШКАНД
НБО-и Роғун, ки тарҳи онро ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ тартиб дода буданд, аз азимтарин ва мӯҳташамтарин неругоҳҳои ҷаҳон буда, тибқи маълумоти коршиносони соҳа иқтидори он 3600 МВт хоҳад буд, ки он дар як сол 13,1 млрд кВт соат неруи барқ тавлид месозад.
НБО-и мазкур, ки дар назар аст, анҷоми он ба Тоҷикистон қудрати минтақавӣ эҳдо намояд, як тарҳи иқтисодӣ буда, мувофиқи стандартҳои мавҷуда, аз ҷониби коршиносони соҳа тартиб ва таҳқиқу баррасӣ шуда аст. Мутаассифона, солиёни зиёдест, ки бо сабабҳои ба ҳамагон маълум сохтмони он ба дарозо кашида мешавад. Бунёди НБО-и Роғун сабаби ҷаҳиши бузурги иқтисодии Тоҷикистон хоҳад буд, бинобар ин ҳам баъзе ҳамсоякишварҳои нотавонбинамон, аз ҷумлаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ин тарҳи иқтисодиро на танҳо чун масъалаи байналмиллалӣ арзёбӣ кардаанд, балки онро ба баҳси сиёсии минтақа низ табдил додаанд.
Олимону коршиносоне, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯи лоиҳаи мазкур фаъолият доранд, бо далелҳои беасос мекӯшанд, бо ҳар роҳе, ки набошад, монеаи сохтмони ин иншоот гарданд. Гоҳе дар пойгоҳи заминларза қарор доштани Роғунро пеш меоваранд, гоҳи дигар меноланд, ки анҷоми сохтмони мазкур боиси коста шудани маҷрои об гардида, кишварҳои поёнобро хушксолӣ таҳдид мекунад.
Баъди чандин тадқиқоту санҷишҳои пай дар пай ва дуру дароз, даъвоҳои бемаънии Ӯзбекистон дар бораи хатароти нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносон тасдиқи худро наёфтаанд, ҳатто дар сатҳи байналмиллалӣ низ онҳоро беасос арзёбӣ карданд. Вале бо вуҷуди ин ҳам ҷониби Ӯзбекистон ором нашуда, дар пайи талош аст, ки боз чӣ роҳеро пеш бигирад, то НБО-и Роғун сохта нашавад.
Мувофиқи таҳлилҳо сохтмони НБО Роғун на танҳо ба манфиати ҷумҳурии мо, балки ба манфиати ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон низ хоҳад буд. Вале, тавре ки намояндаи порлумони Аврупоӣ С. Стивенсон қайд намуда буд: «Мавқеи Ӯзбекистон дар хусуси муқобилият ба бунёди неругоҳи барқӣ-обии Роғун комилан номафҳум аст. Ҳол он ки баъди анҷоми он, Ӯзбекистон метавонад қувваи барқро аз Тоҷикистон арзон харидорӣ намуда, аз ин ҳисоб истифодаи нафту гозро дар дохили кишвараш кам карда, онро ба хориҷи кишвар фурӯшад…».
Тавре ки мебинем, ҳисси нотавонбинӣ ва кинаву ҳасудӣ то ҳадде боло рафтааст, ки ҷониби Ӯзбекистон ба хотири обод нагардидани Тоҷикистон, ҳатто розӣ аст, ки аз манфиатҳои хеш низ даст кашад.
Чанде қабл дар яке аз рӯзномаҳои ҶӮ бо номи «Правда Востока» оиди масъалаи мазкур матлабе ба нашр расидааст, ки дар он иқдоми Тоҷикистонро дар сохтмони НБО Роғун, «муносибати таҷовузкорона» унвон дода, «пайомади онро барои миллионҳо нафар фоҷиабор» арзёбӣ намудаанд.
Бори аввал нест, ки Тоҷикистон ба чунин тӯҳмату бӯҳтонҳо аз ҷониби ҳамсоякишвар рӯ ба рӯ мешавад. То ин дам низ онҳо кишвари моро бидуни далелҳои асоснок дар вайроншавии экологияи Ӯзбекистон гунаҳкор мешумориданд. Ҳар он чӣ, ки боиси рушду тараққиёти кишварамон аст, ҳокимони даври Ӯзбекистон намепазиранду чашми дидан надоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде аз манбаъҳои нафту гоз маҳрум ҳам бошад, вале худованд захираҳои обии сарзамини моро беназир офаридааст, ки ягона роҳи дастёбӣ ба истиқлоли энергетикӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон ҳам нафту ҳам гоз кифоят мекунад, ба ғайр аз ин ҳамасола аз фурӯши пахта ин кишвар соҳиби маблағҳои зиёде мегардад.
Барои обёрии заминҳои пахтазори бекаронаш, Ӯзбекистон ҳавзаҳову обанборҳои зиёдеро сохтааст, ки аксарияти онҳо бидуни машварату нақшагузорӣ мебошанд. Бо ҳамин роҳ панҷ панҷаро мехоҳад ба даҳон фурӯ бурда, муносибати кишвари моро «таҷовузкорона» унвон диҳад. Оқибати сохта шудани НБО Роғунро барои миллионҳо нафар «пайомади фоҷиабор» хонда, дар фоҷиаи баҳри Арал худро дар канор мегирад.
Ҳокимони даври Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайи он ҳастанд, ки тамоми аҳолии Ӯзбекистонро бар зидди иншоотҳои стратегии Тоҷикистон барангезанд. Азҷумла, он матлабе, ки дар мақолаи рӯзномаи «Правда Востока» нашр гардидааст, чанде қабл дар шакли филми мустанаде бо номи «Достони гӯш» таҳия шуда буд. Дар он ҳамаи гуфтаҳои мақола ба таври аёнӣ барои омма пешкаш гардида буд. Тарси Каримов дар он аст, ки мабодо мардуми кишвараш дасисаҳои ӯро нисбати Тоҷикистон қабул надошта бошанд, бинобар ин ҳам барои ҳамраъйии онҳо дар ин ҷода, тамоми роҳу воситаҳоро ба кор мебарад.
Бо ин ҳам қаноат накарда, ҳокимони даври Ӯзбекистон хостори онанд, ки кишварҳои Туркманистон ва Афғонистон низ ба муқобили сохтмони Роғун бароянд. Аз ҷумла, дар мақола омадааст: «Барои пур кардани обанбори Роғун ба камияш ҳашт сол зарур аст, ки дар тӯли ин муддат Ӯзбакистону Туркманистон ва ҳам Афғонистон ба камбуди шадиди об мувоҷеҳ мешаванд».
Аз муносибатҳои ҳамсоякишвар бараъло маълум аст, ки онҳо ҳеҷ гоҳ нисбати бунёди НБО Роғун хушбин нахоҳанд шуд, на бо роҳи маслиҳату машварат на бо роҳи исботи илмӣ. Бинобар ин ҳам барои ягона роҳи раҳоӣ аз вобастагиҳои хориҷӣ ва некуаҳволии мардум, ки ин дар сохтмони Роғун асос меёбад, мо бояд камари ҳиммат баста, ба мухолифатҳои ҷониби Тошканд,ки пояҳои заифи илмӣ доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир накунем.
Комил Давлатов, иқтисодчӣ
-
15.08.2025 17:52
131
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» дар шаҳри Душанбе
-
07.08.2025 13:54
191
Суханронӣ дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ
-
07.08.2025 13:52
182
Боздид аз намоишгоҳи молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон
-
07.05.2025 23:59
694
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
843
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
700
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
15.08.2025 17:48
120
Мулоқоти роҳбарони мақомоти энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
-
08.08.2025 20:33
176
Баргузории ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ
-
08.08.2025 20:31
161
Вохурии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ
-
14.10.2024 18:41
1166
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1884
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3570
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
15.08.2025 17:43
126
Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оқибатҳои риоя накардани талаботҳои он
-
15.08.2025 17:41
142
Танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон
-
08.08.2025 20:29
155
Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи фардии ҳар як инсон аст
-
17.07.2025 18:32
228
“Аҳмад Зоҳир ва Зиё Қоризода!”
-
15.05.2025 13:28
716
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
704
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
15.04.2025 11:44
650
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
706
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
650
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
1015
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1210
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2085
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
817
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
803
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1991
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
28.06.2025 14:52
359
Ваҳдати миллӣ – рукни асосии субот ва пешрафт
-
19.09.2021 19:28
2305
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2306
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
27.04.2025 14:10
623
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
757
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
642
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3118
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3275
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3740
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
Шарҳҳо
Dообще не понимаю, Я Рогун-бой бача и ктото мне пиречит какойта узбек ! Я не боюсь и не слушаюсь какого - то блин жадного ничтожества (Узбакистан) или всемирного Банк-рота кто они такие Рогун-бой бача и Таджикистан независимая страна и гес расторгним всевозможные договора с этими уродами как сделали с (Руским САЛ-ом (русс-алом). Действуйем самостоятельно, мы готовы купить акции ежемесячно, я более чем уверен, что вес Узбексикий народ тоже готов приобрести акции РОГУН-бой-бача- ро и ради расцветания своей Страны. Просьба или предложения к ответственным лицам и к администрации «РОГУН-бой-бача » Откройте сайт (WWW.ROGUN-бой-бача.UZ) будет лучше для всех и для Таджиков в том числе, и добавьте туда всю информацию о РОГУН-арусак и какие пользы от него нам, соседям и тому подобнее. Тагда Зарина и Ситора Каримовы не могут ввести в заблуждения свой народ Узбекский и Китайский и настраивать против Бачохои-РОГУН !
RSS Обуна