"РОҒУН" ДАР МИЁНИ МАНФИАТҲОИ РУСИЯ ВА АМРИКО
Бунёди нерӯгоҳи Роғун ва иҷрои тарҳи КАСА-1000, мавзӯи аслии гуфтугӯҳои ҷониби Тоҷикистон ва ИМА будааст. Дар мулоқоти Ҷефри Пайат, муовини аввали ёвари котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ бо Маҳмудҷон Собиров, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ба иловаи иҷрои тарҳои муҳими энержӣ, инчунин масоили ҳамкориҳо дар таъмини бехатарии марз ва рушди тиҷорат миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
ПУШТИБОНИИ ИМА АЗ ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖӢ
Ба таъкиди Ҷефри Пайат, равобити Амрико бо Афғонистон ба як марҳилаи ҷадид ворид шудааст ва Амрико барои татбиқи сулҳу осоиштагӣ ва рушди Афғонистон иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар ин кишварро пиёда ва тақвият хоҳад кард ва Тоҷикистон метавонад дар пиёда сохтани ин барномаҳо, аз ҷумла тавсеаи зербино ва бо нерӯи барқ таъмин кардани Афғонистон кӯмак кунад.
Ба навбаи худ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ изҳори умедворӣ кард, ки Амрико дар иҷрои барномаҳои энержӣ, бахусус, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Ба эътиқоди таҳлилгарон, бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки дар ҳоли ҳозир Бонки Ҷаҳонӣ дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун машваратҳоро бо кишварҳои минтақа ба роҳ мондааст, пуштибонии бевоситаи Амрико аз иҷрои тарҳи Роғун барои Тоҷикистон аз аҳамияти фавқулода бархӯрдор аст.
"ТОШКАНД НАМЕТАВОНАД МАВҚЕИ АМРИКОРО НОДИДА БИГИРАД"
Узбакистон машваратҳои ҷамъиятӣ дар ин замина дар Алматои Қазоқистон баргузоршударо сарфи назар кард. Мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки бо вуҷуди баррасиҳои мусбати зистмуҳитии ин нерӯгоҳ аз сӯи коршиносони байналмилалӣ, мухолифи сохтмони Роғун аст. Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар ин бора гуфт:
“Мо метавонем ба Амрико такя кунем. Аз замоне ки Амрико консепсияи Осиёи Марказии бузургро пешниҳод кард, ҳадаф Афғонистон буд. Ва се моҳи пеш Ҷон Керрӣ, сенатори саршиноси ИМА, ки номзад ба президенти ин кишвар буд, изҳор дошт, ки аз барномаҳои энержии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Яъне, сохтмони нерӯгоҳ ва иҷрои барномаи КАСА-1000. Ба назари ман, сарусадои аз Амрико хеста барои Тоҷикистон муҳим аст ва Тошканд низ метавонад мавқеи Амрико дар ин заминаро нодида бигирад.”
Аммо Узбакистон ягона кишвари мухолиф ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун нест ва ба эътиқоди таҳлилгарон, мухолифати Узбакистон дар робита ба Роғун, ба сиёсати Русия дар мавриди захираҳои оби Тоҷикистон гиреҳ хӯрдааст. Русия ба ҳеч ваҷҳ намехоҳад, ки Тоҷикистон бидуни саҳму ширкати Русия ин нерӯгоҳро бисозад ва контроли захираи об дар минтақаро аз даст бидиҳад.
ОЁ АМРИКО РУСИЯРО МУТАҚОИД МЕКУНАД?
Вале Давлатмурод Ҷумъаев, коршиноси бахши иқтисод мутмаин ҳаст, ки Амрико метавонад низ Русияро мутақоид кунад. Вай афзуд: “Амрико бисёр фишангҳо дар даст дорад, ки ба ин кишварҳо таъсир расонад. Ҳамчунин Амрико метавонад Русияро низ мутақоид созад, ки сохтмони ин нерӯгоҳ ба нафъи кишварҳои минтақа аст, ки дар хиттаи сиёсати Русия қарор доранд ва дар ин ҷо манфиатҳои геополитикии Русия матраҳ аст.”
Ин дар ҳолест, ки Бонки Ҷаҳонӣ талошҳои худ дар робита ба муҳаё кардани шароит дар сохтмони ин нерӯгоҳ дар минтақаро идома медиҳад. Ва бонки Ҷаҳонӣ пас аз баргузории машваратҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, рӯзи душанбе эълон кардааст, ки то бистуми июни соли ҷорӣ давлатҳои кишварҳои минтақаи ҳавзаи Амударё метавонанд назарҳои худро дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба Бонки Ҷаҳонӣ ирсол кунанд.
Бонки Ҷаҳонӣ машваратҳои ҷамъиятӣ дар Алматои Қазоқистон баргузоршударо оғози гуфтугӯ ва баррасиҳои тарҳи Роғун бо кишварҳои минтақа хондааст.
Зулфиқори Исмоилиён, «Озодӣ»-
06.01.2026 20:24
463
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
668
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
581
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
743
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
880
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1586
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
569
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
537
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
574
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
373
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
956
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1980
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
21.01.2026 16:55
371
“Замин - модархудои мост!”
-
21.01.2026 16:51
416
Ҳар як муроҷиат дар доираи талаботи Қонун баррасӣ мегардад!
-
21.01.2026 16:46
415
Муҳити зист ва ҷангал ҳифз мешвад!
-
12.11.2025 14:38
625
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
866
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1140
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
522
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
842
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
803
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1913
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1959
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2933
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1551
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1526
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2766
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
712
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
792
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
784
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1366
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1566
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1356
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3952
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4131
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4566
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
680
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1045
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
986
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































