ТАЪРИХИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» ЭЪЛОН ШУД
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун» ба маблағи 6 миллиард сомонӣ бароварда шуда ва омодаи фурӯш ҳастанд. Ин матлаб имрӯз, 25-уми декабр, зимни муаррифии саҳмияҳои манзурӣ ва гувоҳномаҳои саҳмияҳои номӣ дар Вазорати молия бо ширкати ниҳодҳои бонкӣ ва молии кишвар баён гардидааст. Ҳамчунин замони оғози фурӯши саҳмияҳо дар саросари ҷумҳурӣ 6 январи соли 2010 таъин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки 6 январи соли оянда аз ҷониби вакилони Маҷлиси шаҳри Душанбе Рӯзи ваҳдати сокинони пойтахти Тоҷикистон ҷиҳати бунёди неругоҳи «Роғун» эълом шудааст. Ба ин муносибат баргузории тадбирҳои идона дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе, ҳамзамон бо фурӯши саҳмияҳо дар нуктаҳои вижа дар назар аст.
Саҳмияҳои Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи неругоҳи барқӣ-обии «Роғун» тавассути Сафаралӣ Наҷмиддинов - вазири молия, Шариф Раҳимзода - раиси Бонки миллӣ ва мақомоти «Амонатбонк», ки масъулияти фурӯши ин қоғазҳои қимматдорро дорад, муаррифӣ шуданд. Таъкид шуд, ки саҳмияҳо бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомонӣ, ки саҳмияҳои манзурӣ ҳастанд, бароварда шуда ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи харидории онро доранд.
Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, саҳмияҳои манзурӣ ва гувоҳномаҳои саҳмияҳои номӣ дар дохили кишвар чоп шуда, танҳо ашёи хоми он, яъне қоғаз, аз Русия оварда шудааст. Масъулони Вазорати молия дар мавриди маблағи харҷшуда барои иҷрои ин кор изҳори назаре накарданд, аммо Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, «дар маҷмӯъ саҳмия 5 миллион адад, ки аз он се миллион адад 100-сомонӣ, як миллион 1000-сомонӣ, 800 ҳазор адад 5 ҳазорсомонӣ ва 600 ҳазор саҳмияҳои номӣ бароварда шудааст, аммо маблағи умумии саҳмияҳои бароварда шуда 6 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи ойиномавиии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқӣ - обии «Роғун» аст».
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон, фурӯши саҳмияҳо дар саросари ҷумҳурӣ аз 6 январи соли 2010 оғоз хоҳад шуд, ки Бонки давлатии «Амонатбонк» ин корро амалӣ мекунад. Ин аст, ки Абдуқаҳҳор Қодиров, муовини раиси ин Бонк, зимни муаррифии саҳмияҳо гуфт, дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯш боз карда мешавад, ки аз он 47 адад дар шаҳри Душанбе хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки иҷлосияи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, ки ду рӯзе қабл сурат гирифт, таърихи 6–уми январро Рӯзи ваҳдати сокинони пойтахт ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи «Роғун» эълом кард. Дар иҷлосияи вакилони Маҷлиси шаҳрӣ қарор шудааст, то дар ин рӯз дар ҳар чаҳор ноҳияи пойтахт чорабиниҳои ҷашнӣ доир шаванд.
Ҳамчунин, интизор меравад, расонаҳои расмии шаҳрдорӣ - ҳафтаномаи «Паёми Душанбе» ва шабакаи телевизионии «Пойтахт» дар таблиғи ин тадбири муҳим саҳми муассир бигзоранд. Ин дар ҳолест, ки муддати як моҳ боз матбуот ва расонаҳои давлатии Тоҷикистон, корзори таблиғотиеро дар заминаи саҳмгирӣ аз тариқи ироаи маблағҳои хайрия ва харидории саҳмияҳо барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» роҳандозӣ карда ва одамони афроди касбу кори гуногун ҳамраъйии хешро дар ин иқдом баён мекунанд.
Аммо Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аз кормандони ниҳодҳои бонкӣ ва молии кишвар ва мардум давъат ба амал овард, ки бештар ба ҷанбаҳои ҳимояи саҳмияҳо ва ҷилавгирӣ аз мавридҳои эҳтимолии тақаллубкорӣ дар раванди харидуфурӯши саҳмияҳо таваҷҷӯҳ кунанд,. Зеро Раҳимзода бар ин назар аст, ки эҳтимол дорад, саҳмияҳо тавассути афроди алоҳида нусхабардорӣ шуда ва ба фурӯш гузошта шаванд.
Вай афзуд, «бисёр зарур аст, ки ҳама кормандони бонк ва мардум бидонанд, ки осори ҳимояи саҳмияҳо чи гуна аст, то онҳо саҳмияро аз сурати он фарқ карда тавонанд. Чун замоне, пули миллиро баробарда будем, ба мардум нафаҳмонда будем, ки чи гуна пулро аз сурат фарқ бояд кард. Зеро ҳоло техника ва технологияи пешрафта аст, ки озод метавонанд сурат гиранд ва дар ду тарафи қоғаз ҷо кунанд. Ба ин хотир бояд ба мардум фаҳмонем, ки чи гуна бояд саҳмияҳо шинохта шавад, то тақаллубкорӣ сурат нагирад».
Таъкиди раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба он буд, ки бар асоси муқаррарот, саҳмиядор дар сурати лозим метавонад саҳмияашро дар бозори озоди қоғазҳои қимматдор бифурӯшад. Ин дар ҳолест, ки вазири молияи Тоҷикистон гуфт, дар канори он, ки саҳмияҳо қоғазҳои қимматдор ҳастанд, аз сӯи дигар чаҳор дараҷаи муҳофизатиро доро мебошанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки фурӯши саҳмияҳо озод ва ба тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат гирифта, барои харидории саҳмияҳои арзиши номиналии 100, 1000 ба 5 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд ҳеҷ гунна ҳуҷҷате талаб карда намешавад. Аммо гувоҳномаи саҳмияҳои номӣ, ки маблағашон беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад аз ҷониби Вазорати молия бо тариқи бақайдгирӣ ва номнависӣ дода мешаванд. Харидории саҳмияҳо маҷбурӣ набуда ва ба таъкиди раиси Бонки миллии Тоҷикистон, саҳмияҳо кафолати давлатро доранд.
Ба таъкиди Шариф Раҳимзода, бо фаъол шудани нерӯгоҳи «Роғун» ва даромад гирифтани он саҳмиядорон метавонанд маблағи саҳмияи худро аз бонкҳо бозпас бигиранд ва эҳтимол дорад, арзиши саҳмияҳо дар он замон ба маротиб бештар шавад. Зеро ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, нархи нерӯи барқ дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоиш аст.
Ин дар ҳолест, ки дар 1996 маъракаи саросарии фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда» ба роҳ монда шуда буд, аммо бо гузашти қариб ду сол аз фаъол шудани ин нерӯгоҳ то ҳанӯз тақдири маблағҳои саҳмиядорон, ба хусус мардуми оддӣ, ки дастаҷамъона харидорӣ карда буданд, маълум нест.
Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1404-tarikhi-furushi-sahmiyahou-roghun-elon-shud.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
439
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
307
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
197
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
883
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1145
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3384
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
300
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































