Академики ӯзбак хостори бомбаборони Роғун шуд
Академик ва доктор улум иқтисодӣ, сардабири маҷалласи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев бо ҳимоят аз мавқеи кишвараш дар масъалаи Роғун, пешниҳод кардааст, ки артиши Ӯзбакистон маҳалли бунёди нерӯгоҳро бомбаборон кунад.
Академик ва доктор улум иқтисодӣ, сардабири маҷалласи «Иқтисоди бунёдӣ»-и Ӯзбакистон Рустамҷон Абдуллоев бо ҳимоят аз мавқеи кишвараш дар масъалаи Роғун, пешниҳод кардааст, ки артиши Ӯзбакистон маҳалли бунёди нерӯгоҳро бомбаборон кунад. Ҳамчун чораи алтернативӣ вай хостааст, ин артиш аз вилояти Сурхондарё ба хатти Турсунзода – Ҳисор – Душанбе зарба занад.
Матлаби Абдуллоев дар сомонаҳои интернетӣ се рӯз баъд аз нашри паёми муовини аввали сарвазири Ӯзбакистон Рустам Азимов нашр шуд, ки гуфтааст, ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун ба меъёрҳои байнулмилалӣҷавобгӯ нест ва Тошканд онро қабул надорад. Вай афзудааст, ҳукумати Ӯзбакистон ҳаргиз аз тарҳи Роғун дастгирӣ нахоҳад кард.
Бо ҳимоят аз ин мавзеъгирӣ академик Абдуллоев аз ҳукумати Ӯзбакистон тақозо дорад, ки интизор намонад, балки ҳарчӣ зудтар даст ба амал занад, зеро «фардо дер мешавад» ва Тоҷикистон бо истифода аз ризоияти Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони нерӯгоҳи Роғунро вусъат дода, ба поён мерасонад. Баъд аз он ки нерӯгоҳ сохта шуд, ба ақидаи академик Абдуллоев, Тоҷикистон Ӯзбакистонро ба «зону менишонад» ва «таҳти назорат» мегирад. «Ба мижа задан фурсат намеёбем, ки бе об мемонам. Ҷӯйборҳои мо хушк мешаванд, пахтазорони моро хори мағелон мепӯшонад, тифлон дар гаҳвораҳои худ бе нон ба нола меоянд,» - тавсир мекунад академик Абдуллоев.
Сипас, ин донишманди ӯзбак менависад: «Ниёи бузурги мо Амир Темури Соҳибқирон огоҳ карда буд: «Барои тилло наҷангед! Бояд танҳо барои об ва озодӣ мубориза кард!» Ин суханони ӯ имрӯз ҳам арзишманд ҳастанд! Об набошад – озодӣҳам барои ӯзбакҳо нахоҳад буд!»
Дар идома Рустамҷон Абдуллоев гаштаю баргашта ба раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов муроҷиат мекунад ва аз ӯ даъват менамояд, бетаъхир даст ба амал занад. Вай ҳамчуниин аз ҳамаи муҳоҷирони ӯзбак даъват мекунад, ба ватан баргарданд, зеро он бо хатар рӯбарӯст.
Пас аз ин даъватҳо академик Абдуллоев мегӯяд, албатта, аввал ҳукумати Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ултиматум диҳад, ки сохтмони сарбандро қатъ кунанд ва агар Душанбе саркашӣ кард, бояд аз нерӯҳои мусаллаҳ кор гирад.
Олими ӯзбак иқрор мекунад, ки бисёре аз хонандагон мумкин аст, ӯро ба тундгароӣ муттаҳам кунанд. «Вале ман саволи муқобил дорам: Чӣ гуна пас бояд моҷароҷӯёни худхоҳи тоҷикро бе ёрии нерӯи низомӣ боздошт? Онҳо имконияти ҳукмронӣ бар ҳамсояи қавиро ҳис карда, аз ягон чиз ҳазар нахоҳанд кард! Дар ин ҷо раҳбарияти Ӯзбакистон бояд аз қатъияти беназири Владимир Владимирович Путин ибрат гиранд, ки дар лаҳзаи ҳассос аз корбурди чораи ҳарбӣ натарсид. Таърих ҳамеша қатъиятро дуруст мебарорад.»
Дар поёни матлаби худ академик Абдуллоев шарҳ медиҳад, ки барои чӣ бояд муҳоҷирони ӯзбак ба ватан баргарданд. Вай мегӯяд, чунин сарбанди азимро танҳо бо бомбаҳо вайрон кардан номумкин аст ва аз дунболи артиш гастарбайтерҳо бояд вориди Тоҷикистон шаванд ва ба маҳалли бунёди нерӯгоҳ рафта, ҷое бо экскаватор ва ҷое бо каланд сарбандро «то охирин хишташ ба хок яксон кунанд, то қарнҳои қарн иштиҳои раҳбарони тоҷиконро ба таҳдиди маҳрум кардани ҳамсояҳо аз қатраи об гардонанд.»
Рустамҷон Абдуллоев дар гузашта низ зидди сохтмони нерӯгоҳи Роғун чандин матлаб ба нашр расонда, аз хатарҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимоии он ҳушдор додааст.
Дар гуфтугӯи кӯтоҳи телефонӣ бо мо, ҷаноби Абдуллоев аз шарҳи суханони хеш худдорӣ кард. Вай изофа намуд, ки намехоҳад, аз тариқи телефон мусоҳиба диҳад ва агар Озодӣ дар Тошканд намояндагӣ дошта бошад, ҳозир аст, рӯ ба рӯ гуфтугӯ намояд. Вай афзуд, кишвараш хостори равобити хуб бо ҳамаи кишварҳост.
Чанде дигар аз рӯшанфикрони Ӯзбакистон дар пурсишҳои кӯтоҳи телефонӣ гуфтанд, набояд навиштаҳои Абдуллоев ҷиддӣ гирифта шаванд, зеро ӯҳамеша ақидаҳои булаҷаберо таблиғ кардааст. Ба гуфтаи онҳо, Рустамҷон Абдуллоев академик ҳам нест ва дар гузашта пешниҳод карда буд, ки Гулнора Каримова - духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов ба гунаи меросӣ раҳбари ин кишвар таъин гардад.
«Озодӣ»
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
159
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
84
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
473
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
584
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?