Қаҳҳор Маҳкамов: «Тарҳи «Роғун»-ро дар солҳои 90 худиҳо нест карданд»
Қаҳҳор Маҳкамов, президенти аввалини Тоҷикистон дар як сӯҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори мо гуфт, нерӯгоҳи Роғун ва тарҳи оби Сиёмаи Варзоб ду орзуе буд, ки ӯ натавонист амалӣ кунад.
Собиқ раҳбари Тоҷикистон мегӯяд, аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғун бояд соли 1991 ба кор медаромад ва ин маънои онро дошт, ки дигар монеае барои анҷоми тарҳ боқӣ намемонад, чун ин чарха бақия чархаҳоро аз паси худ мекашид. Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, он замон ҳеҷ мухолифате аз сӯи Ӯзбакистон вуҷуд надошт, чун тарҳ дар Тошканд омода шуда ва ба нафъи он буд. Вай бидуни овардани ном афзуд, мухолифони тарҳ дар дохил ва дар худи ҳукумати Тоҷикистон кор мекарданд ва онҳое, ки маълуманд, танҳо сояи ин нафарон буданд, ки бо шикоят роҳи Маскавро охурча карда, дарҳои Кремлро мекӯфтанд.
Ба қавли президенти аввалини Тоҷикистон, барои тарҳи нерӯгоҳи Роғун аз буҷаи давлат 1 миллиарду 340 миллион рубли шӯравӣҷудо шуда, то соли 1989 аз ин маблағ 740 миллион рубл (1 доллар = 80 копейка) дар тарҳ истифода шуда буд.
Қаҳҳор Маҳкамов аз соли 1963 раиси Госплани Тоҷикистон, сипас раиси Шӯрои вазирон (1982) ва аз соли 1985 – котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби Коммунист, амалан раҳбари Тоҷикистон буд ва мустақим дар таҳия ва иҷрои тарҳи нерӯгоҳи Роғун, ки тарҳи техникиаш соли 1974 омода ва сохтмонаш аз соли 1980 оғоз шуд, ширкат кардааст.
Вай мегӯяд, барои ин тарҳ 40 пажӯҳишгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хулосаи худро дода буданд ва барои амалӣ шуданаш ягон шубҳае вуҷуд надошт. Ба қавли ӯ, ин тарҳ хоҳ – нохоҳ рӯзе ба анҷом мерасад, чун ба нафъи тамоми минтақа, пеш аз ҳама мухолифи сарсахташ Ӯзбакистон аст.
Тарҳи дигаре, ки собиқ раҳбари Тоҷикистон бо таассуф ба хотир меорад ва ҳам аз ёдовариаш чашмонаш барқ мезананд, интиқоли оби Сиёма ба Душанбе аст. Сиёма, яке аз ҳафт шохоби дарёи Варзоб дар 40 километрии шимоли Душанбе воқеъ аст. Иҷроиши ин тарҳро Тоҷикистон соли 1987 шурӯъ карда буд. Бояд 40 километр аз Душанбе ба Сиёма лӯлаи об мекашиданд.
Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, оби Сиёма тозатарин оби минтақа аст ва ду ташхис дар лабораторияҳои Олмон полоиш (филтр)-и онро зарур наҳисобида буд, зеро ин об аз пиряхҳо маншаъ мегирад ва зимистони баҳор софу тоза аст. Вай афзуд, барои интиқоли он «Газпром»-и Шӯравӣ қубурҳои ғафсиашон 12 миллиметра ва диаметрашон 1 метру 200 сантиметраро ҷудо карда буд. Ҷаноби Маҳкамов мегӯяд, тибқи лоиҳа сари ҳар 10 километр бунёди се нерӯгоҳи 30 мегаватаро низ тарҳрезӣ карда буданд.
Вай афзуд, 10 километри лӯлаи об аз сӯи Душанбе ба Варзоб то соли 1990 кашида шуд, аммо ба сабаби ноамниҳои баъдӣ ҳама лӯлаҳо ба яғмо рафтанд ва аз тарҳ чизе намонд. Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, агар Душанбе бо оби Сиёма таъмин мешуд, сиҳатии мардум ҳам хуб ва зоҳиран ҳам хеле зебо ва солим мешуданд.
Бо номи Қаҳҳор Маҳкамов ҳаводиси моҳи феврали соли 1990, аввалин нооромиҳо дар Тоҷикистон, ки гӯё аз норизоиятии мардум алайҳи хона додани ҳукумат ба арманиҳои муҳоҷир ва осебдида аз зилзилаи ҳамон сол дар Боку ба вуқӯъ пайвастанд, вобаста аст. Дар ин ҳаводис 22 нафар аз тири кормандони милиса фавтида буданд. Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо пурсид, аммо Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон онро қабул накард.
Моҳи апрели соли 1990 ӯ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ интихоб шуд ва 30 ноябри ҳамон сол ин ниҳод ӯро президенти Тоҷикистон интихоб кард. Пас аз табадуллоти номуваффақи августи соли 1991 дар Маскав, маъруф ба ГКЧП, Шӯрои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамовро, ки нахост Ҳизби коммунистро пароканда кунад ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба қайд гирад, маҷбур ба истеъфо кард. «Ман мераваму аммо шумо рӯзе пушаймон хоҳед шуд!» - ин гуфтаи маъруфи аввалин президенти Тоҷикистон дар рӯзи истеъфояш буд.
Қаҳҳор Маҳкамов аз суҳбат дар бораи ҳаводиси сиёсӣ худдорӣ кард ва гуфт, китоби хотироташро ҳам нахоҳад навишт, зеро баҳои воқеиро ба фаъолияти як раҳбар ва шахс бояд мардум ва таърих диҳанд.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
149
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
271
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
285
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
507
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
611
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
496
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
90
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
154
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
130
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
988
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1699
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3390
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
148
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
134
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
146
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
517
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
770
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
891
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
467
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
505
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
476
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
781
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1028
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1893
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
635
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
613
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1806
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2127
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2124
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2336
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
540
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
479
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
959
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3086
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3523
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3521
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
555
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
665
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
692
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд