Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Оё Қуръони чор халифаи аввал, Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ (р)-ро ҳам метавон муфассири Қуръон номид ва агар ҳа, пас онҳо дар рушди илми тафсир чӣ саҳме доштаанд?
Ҳоҷӣ Имомиддин, Ваҳдат
Ба саволи хонанда муаллифи китоби "Тафсири навини Қуръони Карим Абдушариф Боқизода посух медиҳад.
Бале, аввалин муфассирони Қуръони Маҷид баъди Расули Худо (с) Абӯбакр (р), Умар (р), Усмон (р) ва Алӣ (р) буданд. Ва замони онҳоро маъмулан марҳалаи дуввуми тафсири Қуръон меноманд. Он даврони тиллоии Ислом, яъне аҳди саҳобагонро дар бар мегирад. Барои тафсири Қуръон дар асри саҳобагони Расули Худо (с) илова ба он ду сарчашмаи тафсир боз сарчашмаи дигаре афзуда шуд. Ин сарчашмаи нав иҷтиҳодот ва нуқтаи назари онҳо (саҳобагон) дар тафсири баъзе оятҳои Қуръон мебошад. Саҳобагон бо бардоштҳои дуруст ва дарки фарогире, ки дар партави таълимоти Расули Худо (с) аз мақсадҳои олӣ ва арзишҳои умумии Ислом дар даст доштанд, дар бораи баъзе мушкилоти иҷтимоии тоза ба вуҷудомада назари шаръии худро иброз медоштанд.
Саҳобагон беҳтарин насли уммати Ислом ва дастпарвардагони бевоситаи Расули Худо (с) буданд ва дини Худо барои аввалин бор дар ҳаёти онҳо амалан татбиқ гардид. Онҳо дар роҳи нашри арзишҳои дини Худо ва ҳифзи паёмҳои ҷовидонаи Қуръон мол ва ҷони худро дареғ надоштанд ва нахустин мӯъминони ба Худову Паёмбар (с) ва пойгоҳи арзишҳои қуръонӣ буданд. Бинобар ин, назарот, гуфтаҳо ва намунаҳои амалии ҳаёти онҳо дар баёни мақсадҳои Ислом, аҳкоми шариат ва тафсири Қуръон ва суннат яке аз марҷаъҳо ва асосҳои дин ба шумор мераванд. Онҳо ҳамаро бевосита аз Расули Худо (с) дарёфт намудаанд ва ба ҳадафҳои дини Худо ва мафҳумҳои оятҳои каломи Ҳақ аз ҳама огоҳтаранд.
Дар ин давра табақае аз муфассирони Қуръон аз миёни саҳобагон ба шарҳу тавзеҳи маонии оятҳои Қуръон барои қишрҳои гуногуни мардуми мусалмон ва дӯстдорони илму фарҳанги исломӣ ва ба фаъолиятҳои густардаи илмӣ машғул буданд. Таърихнигорон даҳ саҳобаро зикр кардаанд, ки ба тафсири Қуръон бештар аз дигарон сару кор доштанд. Бузургтарини онҳо чаҳор халифаи Расули Худо (с): Абӯбакр (р), Умар (р), Усмон (р) ва Алӣ (р) мебошанд.
Аз се халифаи аввал, бинобар машғулияте, ки ба корҳои муҳимми давлатдорӣ ва барқарорсозии низоми исломӣ доштанд, осори камтаре дар тафсири оятҳои Қуръон ба ёдгор мондааст. Аз сӯи дигар, ҳанӯз дар он давра саҳобагони зиёде дар миёни қишрҳои гуногуни уммати Ислом ба сар мебурданд, ки онҳо низ ниёзи мардумро ба баёни оятҳои Қуръон ба гунае бароварда месохтанд. Ин сохтори ба вуҷудомадаи илмӣ ва талошҳои таълимии ҷамъи азими саҳобагон то ҷое вазифаи тафсирро аз дӯши он се халифа бармедошт. Аммо бинобар фароғати тақрибан 25-солае, ки халифаи чаҳорум дар даврони он се халифа дошт ва фазои илмие барои ӯ фароҳам омада буд, осор ва мавридҳои зиёде дар тафсири оятҳои Қуръон аз ӯ ривоят гардидааст.
Саҳобагони дигаре аз табақаи муфассирон, ба монанди Абдуллоҳ ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Убай ибни Каъб, Зайд ибни Собит, Абӯмӯсои Ашъарӣ ва Абдуллоҳ ибни Зубайр ҳар як муносиб бо зарфиятҳои илмӣ, тавоноиҳои худодод ва шароити иҷтимоии худ ба нашри маорифи қуръонӣ ва тафсири оятҳои он пардохтаанд.
"Муҳтарам" нависам ё "муҳтарама"?
Муддатест дар як ниҳоди давлати садри котиботам. Ва бо тақозои вазифа матни табрикоти идораро ба сарварони вазоратҳо менависам. Дар мавриди истифода калимаи муҳтарам барои занон дармондам. Яъне, намедонам онро муҳтарам нависам ё муҳтарама. Раисамон эрод гирифт, ки занро бояд муҳтарама муроҷиат кунӣ. То ҷое медонам ин шакли навишт дар табрикот роиҷ аст, аммо намедонам қонуни забон бардошт дорад ё на. Мехостам назари ягон олими муътабарро дар ин бора бихонам, то агар дар навишт иштибоҳ мекунам, ислоҳ намояд.
Бо эҳтиром Ситора О.
Ба саволи хонанда шоир ва олими маъруф Рустами Ваҳҳоб посух медиҳад.
Бо вуҷуди он ки дар сарфу наҳви тоҷикӣ, форсӣ ҷинсият эътибор надорад, дар калимаҳои иқтибосии арабӣ он риоят мешавад. Аз қабили муаллима, шоира, оқила, муҳтарама ва ғ. Аммо риояи ин қоида низ маврид дорад ва агар мавриди баён ё сабки нигориш тақозо намояд, ки ҷинсият таъкид шавад вуҷуди анҷомаи муаннас "а" табиӣ ба назар мерасад. Вале дар худи забони арабӣ ҳам на ҳамеша ҷинсияти исмҳои хос ва маънӣ таъкид мешавад. Аз ҷумла дар сурате, ки хитоб қасди ом дорад, бештар мухотаб ба сурати мардона "музаккар" меояд ва баробар ба ҷинси мардонаву занона тааллуқ меёбад. Масалан, хитобҳои мукарраре дар Қуръони маҷид аз қабили "Ё айюҳалмуслимин!", "Ё айюҳалмуъминун!" ва "Ё айюҳаннос!" (эй мусулмонон, муъминон, мардум) дар сурати мардона дарбаргирандаи ҳам мард ва ҳам зан аст.
Дар исмҳои асолатан форсӣ, тоҷикӣ ҳеч зарурате ба ин анҷома нест. Мавриде ки ноҷо омадани ин анҷома барҷастатар ба назар мерасад, дар матни даъватномаҳост, ки ба тақлиди матни даъватномаҳои русӣ дар аввали он менависанд: "Муҳтарам(а)". Дар ин маврид аслан зарур нест, ки "а" дар қавсайн оварда шавад ва хоҳ нохоҳ бо ин ҳол ин калима зеҳнан "муҳтарама" хонда шавад. Бо риояи комили қоидаи наҳвӣ метавон дар аввали даъватномаҳо ба сурати сареҳу сода "Муҳтарам" навишт ва ҳеч иштибоҳе нахоҳад буд агар шахси даъватшаванда зан бошад.
Ҳамчунин калимаҳои муаллим, шоир, олим, оқил ва ғайраро бе ҳеч иштибоҳе дар мавриди занон метавон ба кор бурд. Аммо ин ки гоҳо "устод"-и комилан тоҷикиро ба сурати "устода" ба кор мебаранд, танҳо истеҳзо метавонад бошаду бас.
Донишгоҳи Малайзия дар Тоҷикистон: овоза ё ҳақиқат?
Шунидам, ки Малайзия низ дар Тоҷикистон донишгоҳ месозад. Оё дуруст аст ва агар ҳа, пас ин чӣ гуна мактаб хоҳад буд ва дар он киҳо метавонанд таълим гиранд?
Муҳайё Исмоилова, донишҷӯ
Бале, ин хабар воқеъият дорад. Дар ҷараёни сафари Президенти кишвар ба Малайзия, ки моҳе қабл иттифоқ уфтода буд, ин гуна тавофуқ ҳосил шудааст. Тавре аз вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд, Малайзия тасмим гирифтааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат филиали Донишгоҳи Лимкоквингро бо шаҳрчаи донишҷӯён ва тамоми инфрасохтори дигараш дар Тоҷикистон бунёд намояд.
Тибқи ин санад, ин муассисаи таҳсилоти олӣ ҳар сол 20 бурсия (квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо менамояд. Арзиши таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик 50% кам карда мешавад. 80% устодону профессорҳои филиали Донишгоҳи Лимкоквинг аз Тоҷикистон ва 20% аз Малайзия қабул карда мешавад.
Дар посухи вазорат ҳамчунин омада, ки забони таълим англисӣ аст ва дар баробари он забону адабиёти тоҷик ва таърихи халқи тоҷик омӯзонда мешавад. Нақшаҳои таълимӣ монанд ба донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ, ки дорои эътибори ҷаҳонӣ мебошанд, таҳия мешаванд. Ба хатмкунандагон дипломи бакалавр, магистр ва докторанти намунаи давлатии Малайзия дода мешавад.
Пас аз курси дуюм донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар Малайзия идома диҳанд, вале шарт он аст, ки баъди анҷоми таҳсил ба кишвар баргарданд. Ба филиали тоҷикистонии донишгоҳ, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамолики дигар низ донишҷӯён қабул карда мешаванд.
«Рӯзгор»
-
22.03.2026 15:27
330
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
455
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
02.03.2026 23:41
271
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
-
26.09.2025 12:42
902
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1197
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1903
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
15.03.2026 21:05
140
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
849
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
863
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
580
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1234
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2194
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
29.03.2026 14:35
325
Маълумотнома оиди парвандаҳои ҷиноятии дар суд баррасӣ ва қарори ниҳоӣ қабулгашта
-
15.03.2026 21:06
152
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
-
28.02.2026 22:52
169
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
-
19.03.2026 23:06
418
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
401
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 17:06
1199
Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд
-
10.12.2025 16:56
758
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1099
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1036
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2166
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2241
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3236
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
394
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1748
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1880
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
865
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1057
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1039
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
181
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1262
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1583
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4253
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4473
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4785
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































