18:33:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Пурсишеву посухе: Қаҳр то се рӯз аст, вале…

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Салом ба "Рӯзгор". Дар бораи низомии кори адибони машҳурамон хеле кам медонем. Ба назарам русҳо вақте дар бораи ин ё он шоир ё нависандаи худ менависанд, ҳатман аз низоми кораш ёд мекунанд. Вале дар мо чунин нест. Аҳён-аҳён мешавад мефаҳмем, ки фалонӣ ё субҳ эҷод мекардааст, ё шаб ё нимирӯзӣ. Мехостам дар ин мавзуъ аз низоми кории устод Лоиқ Шералӣ чизе бихонам. Шоири маъруф чӣ гуна шеър менавишт ва кадом режимро риоя мекард.

Муродҷон Таваллоев, Душанбе

Ба саволим хонанда ҳамсари шоири бузург Зебунниссо Қутбиддинова посух дод:

loiq_sherali_4578411212.jpg-Лоиқ низому тартиби махсуси корӣ надоштанд. Ҳама вобаста ба илҳомашон буд. Ҳар вақте ба ёдашон фикре мерасид, зуд мешастанду менавиштанд  ва баъд паси корашон мерафтанд. Доим дар ҷустуҷӯи мавзуъ барои шеърҳояшон буданд.  Вақте илҳомашон меомад, мо халал намерасонидем. Пай мебурдем, ки саргарми навиштани чизе ҳастанд, ки ба хотирашон омадааст. Аз чеҳра ва аз таваҷҷуҳашон дида мешуд, ки хеле банд ҳастанд ва набояд халал расонд.

Лекин режими муайяни корӣ надоштанд ва режимро дӯст намедоштанд. Ҳолате буд, ки соати чори саҳар бедор мешуданд ва сари мизи корӣ менишастанд. Баъзан аз шом то сари субҳ кор мекарданд, агар шеъре барои навиштан ба ёдашон намеомад, китоб мехонданд. Ҳолати бехобиро бо мутолиаи китоб рӯз мекарданд. Ва зиёд мехонданд. Аслан мутоилаи Лоиқ беш аз ҳадди тоқати мо буд. Ҳамеша китоби нав, ки ба дасташон мерасид, зуд мехонданд. Аммо дар ин миён китобҳое доштанд, ки басо зиёд мехонданд. Ҳофизро, Мавлавиро ва Соибро зиёд мехонданд. Бекор монанд ё Соиб ба даст мегирифтанд ё Мавлавиву Ҳофиз.

Ман дар тӯли умр боре ёд надорам, ки гуфта бошанд "ман соати фалон хеста шеър менависам". Не, ин тавр набуд. Вақте илҳомашон меомад, хоҳ шом хоҳ саҳар хоҳ вақти таом зуд аз пайи навиштан мешуданд. Ва муҳим он буд, ки чизи ба ёдашон расидаро ба вақти дигар намемонданд.

Ва боз дар ҳамин иртибот:

Адибони оламшумул лабораторияи эҷодии аҷиб доштанд ва то ҷое маълум аст, аксари онҳо ба гунаҳои гуногун сари мизи нависандагӣ менишастанд ва ҳатто дар фосилаи кори ба истилоҳи худашон "навис-навис" машғулиятҳои дигаре ҳам доштанд.

Масалан, Шиллер танҳо ҳамон вақте метавонист бинвисад, ки дар мизи кориаш себи пӯсидаро бинад. 

Эмил Золя барои он ки кораш дар таълифи роман муваффақона бошад, худро дар курсӣ маҳкам мебаст.

Шарлотта Бронте ҳамгоми навиштаи романи навбатӣ пайваста худро канор мегирифт ва ба тоза кардани картошка машғул мешуд. Эдгар По метавонист соатҳои тӯлонӣ сари мизи корӣ биншинад ва басо дақиқкоронаву бо сукути ҳайратангез ба як пора коғази тоза бингарад ва ин муддат сатре дар он нанвисад.

Метерлинк низ тақорибан ҳамин гуна рафтор дошт. Вай субҳгоҳон се соати дароз паси мизи корӣ менишаст ва баъзан дар ин муддат ягон фикри навиштан ба сараш намеомад.

Писари Дюма барои бедор кардани илҳомаш дӯст медошт, ки панҷ маротиба шикамсерӣ хӯрок хӯрад.

Худи Александр Дюма бошад, дӯст медошт танҳо дар варақҳои тозаи хоначадор бинвисад ва агар ин гуна варақҳо тамом мешуданд, зуд аз навиштан бозмеистод.

Жорж Санд ҳар рӯз 11 соат менавишт ва агар романи нави худро он рӯз дар даҳуним соат ба анҷом мерасонд, ҳатман романи навро оғоз мекард ва ним соати дигар онро менавишт.

Қаҳр то се рӯз аст, вале…

Масъалае, ки аз шумо суол мехоҳам кунам, иртибот ба худи мо дорад. Гап сари он ки ману бародарам бо ҳам қаҳрием ва сабаб он буд, ки бародарам бо модарам ҷанҷол кард ва ҳатто ӯро заданӣ шуд, аммо ман нагузоштам ва ҷониби модарам шудам. Ҳоло аз миён хеле вақт гузашт, воситае нашуд, ки оштӣ шавем. Чӣ бояд кард? Ҳукми шаръии он чӣ гуна бошад?

Н.Б. Норак

eshoni-turajonzoda_12457845.jpgМехостем номаро ба ягон руҳонии саршинос диҳем ва посухашро дарёбем, вале дар ҳамин замон чашмамон ба посухи эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода ба саволи як корбари сомонаи хонаводагии Тураҷонзодаҳо уфтод, ки шабеҳи ҳамин савол буд. Арзишмандтар аз он посухро наёфтем: олимона ва басо соддаву фаҳмо. Эшони Нуриддинҷон посух дода:

"Дар асл аз се руз зиёд қаҳрӣ кардан бо бародари мусалмон ҳаром аст. Паёмбар алайҳиссалом дар ҳадиси саҳеҳ мегӯянд: "Барои мусалмон ҳалол нест, ки бо бародараш зиёда аз се рӯз каҳрӣ бошад". Ривояти Бухорӣ. Ин дар ҳолате аст, ки қаҳрӣ кардан ба хотири нафси худ бошад. Шариъат дар ин ҳолат то се рӯз иҷоза додааст мусалмон бо бародараш қаҳрӣ кунад. Вале аз се рӯз зиёд қаҳриро дар ин ҳолат иҷоза надодааст. Аммо агар қаҳрӣ кардан ба хотири дин бошад, пас аз се рӯз зиёд қаҳрӣ кардан ҷоиз аст.

Ҳамчуноне, ки Паёмбар алайҳиссалом ва саҳобагон бо се саҳобӣ ҳангоме, ки аз ҷанги Табук тахаллуф карданд, 50 рӯз ҳаҷр (қаҳрӣ) карданд. Вале ин қаҳрӣ кардан замоне машруъ аст, ки ғолиби гумон ин бошад, ки шахси қаҳришуда аз ҷурми кардааш пушаймон мешавад ва тавба мекунад. Бинобар ин он бародари шумо, ки барои ҳамсараш бо модари шумо ҷанг кардааст ва қасди задани модарро кардааст, муртакиби гуноҳи бузург шудааст. Аз ин сабаб агар ғолиби гумони шумо ин бошад, ки қаҳрӣ кардан бо бародаратон болояш таъсир мегузорад ва аз ин кораш пушаймон шуда тавба мекунад, пас ҷоиз аст бо ӯ аз се руз зиёд то пушаймон шуданаш қаҳрӣ кунед.

 Уламо мегӯянд: ҳаҷр ё қаҳрӣ кардан доруест, ки бояд дар вақташ ва бо андоза истифода шавад ва истифода кардани он дар ғайри вақташ ва аз андоза зиёд ҷоиз нест. Худо нигаҳбонатон бошад".

Саҳнаҳои сарнавиштӣ дар асарҳои Чехов

Соли гузашт дар театри машҳури Маскав намоишномаи "Боғи гелосӣ"-Антон Павлович Чеховро тамошо кардам. Хеле мавриди писанд буд. Билети онро ман моҳе пеш харида будам, чун орзу доштам, ки ягон намоишномаи Чеховро дар саҳнаи театри рус бубинам. Саҳнаҳои ҷолиб дошт, вале як муроҷиати қаҳрамони он Гаев ба ҷевон сахт маро мутаваҷҷеҳ кард. Вақте берун шудем, Сергей Иосевич, як марди руси солхӯрда, ки дар барам менишаст, гуфт, ин лаҳзаи зиндагии худи Чехов аст. Аввал пай набурдам, вале баъд мароқ зоҳир кардам, ки чӣ гуна як пора муроҷиат метавонистааст, пораи зиндагии адиб бошад.

Соҳибзамон Комилҷонов, омӯзгор аз шаҳри Душанбе

chehov_25451221.jpgМуҳтарам Соҳибзамон! Адибон дар офариниши асарҳои худ зиёд ба рӯзгори гузаштаашон муроҷиат мекунанд ва пораҳои зиндагии худро бо шеваи дигару бо лаҳни дигар ҷо медиҳанд. Ва таърихи олами адаб ин гуна мисолҳо зиёд дорад. Ин ҷо бомаврид медонем, ки як мисол орем. Романи машҳури "Мартин Иден"-и Ҷек Лондон шояд 90 дар сад сарнавишти худи адиб аст.

Муроҷиати Гаев дар "Боғи гелосӣ"-ро низ мунаққидони осори Чехов мансуб ба сарнавишти овони кӯдакии адиби оламшумул медонанд. Нақл мекунанд, ки дар Таганрог хонаводаи Чеховҳо ҷевоне доштанд, ки аз чӯби сурх тарошида шуда буд. Модари хонадон Евгения Яковлева аз бачаҳо дар он ҷевон шириниҳоро пинҳон мекард. Кӯдакон, аз ҷумла Антошаи хурдакак пинҳонӣ аз модар ба он ҷевон наздик меомаданд ва сар фуруд овардаву ба номаш қасамҳо мехӯрданд ва шӯхиомез онро "муҳтарам" ва "басо маҳбуб" меномиданд. Албатта, ба он хотир, ки  маҳз аз ҳамин ҷевон комашон доим ширин буд.

Ҳангоми кор дар ин пиесса Чехов маҳз ҳамин саҳнаи зиндагии худро ба ёд овардааст ва аз забони Гаев муроҷиате ба ҷевон кардааст, ки тақрибан ҳамон суханони тифлонаи худи муаллиф ва бародарону хоҳаронаш мебошанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi