Пурсишеву посухе: Чаро мо бояд арабӣ намоз бихонем?
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Шояд ин саволи ман каме нодуруст бошад. Вале ба ҳар ҳол менависам. Чаро мо бояд ҳатман рӯзе панҷ бор ибодат кунем ва чаро мумкин нест бо забони модариамон намоз хонем?
Илҳом Самандаров, Қубодиён
Ба саволи хонанда Эшони Маҳмудҷон Тураҷонзода посух доданд.
Аслан муҳтаво ва фалсафаи намоз муноҷот ва розу ниёзи банда бо Офаридгор ва Парвардигори хеш аст. Аз назари ислом забони арабӣ забони хоси миллати араб набуда, балки он забони дини мубини Ислом ва забони Қуръон-китоби Худовандист. Уламои ислом вақте мехоҳанд Қуръонро таъриф кунанд, чунин баён мекунанд: "Қуръон китоби муъҷизаосои илоҳист, ки аз ҷониби Худо бо лафзу маънояш ба Паёмбар (алайҳиссалом) нозил шудааст".
Пас маълум мешавад, ки забони Қуръон забони осмонист, на арабӣ. Агарчанд интисоб ба миллати араб дошта бошад ҳам. Ончуноне, ки терминҳо (истилоҳҳо) ва қонунҳои илмӣ ва техникӣ хоси ҳич қавму миллате нест, балки ҳамагонӣ ва ҳамаҷоист, ҳамчунин забони Қуръон ҳам ихтисос ба қавму миллати хосе надорад.
Гузашта аз ин на танҳо мусалмонон ҳатто масеҳиён ва яҳудиён дар вақти ибодат оятҳои китобҳои муқаддасашонро мехонанд, ки аксаран бо забони ибрии куҳна навишта шудааст.
Баландарин қулла дар Австралия номи лаҳистонӣ дорад. Чаро?
Дар куҷое хонда будам, ки баландтарин қулла дар қитъаи Австралия номи лаҳистонӣ дорад. Оё дар ҳақиқат чунин аст ё ман иштибоҳ мекунад?
Сайрам Солеҳова, донишҷӯ
На, шумо иштибоҳ накардед. Дар ҳақиқат қуллаи баландтарин дар қитъаи Австралия номи Тадуеш Костюшко-ходими ҳарбӣ ва сиёсӣ, иштирокчии ҷанг барои истиқлолияти ИМА, ташкилкунандаи шӯришҳо дар Лаҳистон, Булоруссия ва Литва дар соли 1794, қаҳрамони миллии Лаҳистон, ИМА, Белоруссия ва шаҳрванди ифтихории Фаронсаро дорад.
Гап дар сари он ки куҳҳои Алп дар Австралия соли 1839 аз ҷониби Павел Эдмунд Стшелетский кашф шуданд ва ӯ баландтарин қуллаи онро Костюшко номид. Вале баъдан ҳодисаи дигар рух дод, ки боз ҳам ба кашфиёти илмӣ иртибот дошт. Исбот шуд, ки қуллаи ба номи Костюшко 2209 метр баландӣ дорад, вале қуллаи Таунсенд 2228 метр аст. Аз ин рӯ ба хотири ба ҷо овардани эҳтироми Костюшко қуллаи Таунсендро ба номи ӯ гузоштанд ва қуллаи аз он пасттари Костюшкоро ба номи Таунсенд.
Ва дар ин иртибот як нуктаи аҷоиби дигарро ҳам ёдрас мекунем: анъанае ҳоким шудааст, ки ҳар касе ба қуллаи Таунсенд мерасад ва баъдан роҳашро ба самти Костюшко идома медиҳад, сангеро аз он бо худ мегирад ва ба муҷарради ба он расиданд, сангро мегузорад, то тадриҷан он боз ҳам баландтару маълумтар шавад.
Паша ва бадбӯӣ: ин дуро чӣ иртибот аст?
Ниме аз баҳор рафт, тобистон ҳам наздик мешавад. Ва дар гармо беш аз ҳар чизи дигар пашшаҳо ба ҷунбуҷул медароянд. Мушоҳида кардам, ки пашшаҳо маъмулан ба ҷойе менишинанд, ки бадбӯй ва ифлос аст. Ва ҳич ёдам намеравад яке аз эшонҳои машҳури Мастчоҳ гуфта буданд, ки пашшаро ҳатто дар вақти намоз бикушед, гунаҳгор намешавед. Хурд будем ва мепурсидем, ки чаро, посух медоданд, ки ин ҷонвар бисёр ҳаром аст, дар ахлот менишинад ва аз он ҷо рост ба датурхони нони шумо сарозер мешавад. Саволам аз шумо ин аст: чаро паша ҷойи бадбӯйро дӯст медорад?
Ҳоҷӣ Исломиддин, Мастчо
Хуб мушоҳида кардед ва гумон мекунем ҳама инро медонанд, ки пашшаҳо беш аз ҳама ифлосӣ, бадбӯӣ ва намиро дӯст медоранд. Сабабҳои ин илман исбот шудааст. Гап дар сари он ки бӯи бад огоҳкунандаи инсон аз фосид шудани ашё мебошад, вале пашшаро низ огоҳ мекунад, ки худро ба он наздик кунад. Вақте бофтаҳои органикии ҳайвонот ва ё рустаниҳо мепӯсанд, онҳо мулоим ва намнок мешаванд. Ва олимон исбот намудаанд, ки барои пашша низ шароити хубе ҷиҳати инкишофи кирмакҳои он фароҳам меояд.
Бахусус, барои пашшаҳои модина, ки ба худ ҷойи муносиби тухмгузорӣ меҷӯянд, ин шароит мувофиқ аст. Маъмулан пашшаҳои хонагӣ якбора аз 50 то 100 тухм мегузоранд. Ва баъди 12 соат аллакай кирмакҳо зада мебароянд. Ва онҳо филҳол ба ҳамон ҷойи нарм мераванд ва муддати якчанд рӯз он ҷо мемонанд ва ғизо мегиранд. Баъди ин лухтакмонанд мешаванд ва бо гузашти як фурсати хеле кам ба пашшаи калон табдил мегарданд ва ба парвоз меоянд. Ва олимон мегӯянд фосилаи инкишофи паша аз тухму кирмак то бузургӣ аз 10 рӯз зиёд вақт намехоҳад.
Калонтарин пули олам дар Чин будааст
Мехостам дар бораи калонтарин пули олам маълумот дошта бошам. Он дар куҷост ва дарозиаш чӣ қадар аст?
Сабоҳат Комилова, ш. Душанбе
Калонтарин пули олам дар Чин мебошад ва он 36 километр масоҳат дошта, Шанхойро бо маркази саноатии Нинбо мепайвандад. Аниқтараш он дар дар соҳили халиҷи Ханчжоу ҷой гирифтааст ва масофаи расидан ба шаҳрҳоро аз 400 то 80 километр наздик мекунад. Ин пул бузургтарин пули олам аст, ки бо дарозии 36 километр уқёнусро убур мекунад. Вай аз халиҷи Ханчжоу ва дарёи Зянтан мегузарад. Аз сӯ дигар, чуноне дар расм мебинед, вай яке аз зеботарин пулҳои олам низ мебошад.
Дар Ҳинд марде 39 зан ва 94 фарзанд дорад
Ҳамеша дар бораи бузургтарину калонтарин ашё, шаҳр, театр, баҳр, уқёнус ва ғайра менависанд. Оё бошад ин гуна маълумот, ки калонтарин оила дар олам кадом бошад?
Шукрия, донишҷӯ

Саволи мураккаб. Барои ин гумон мекунем китоби рекордҳои Гиннесро бояд варақ зад. Вале посухи дақиқ ёфтан ҳам шояд имкон надошта бошад. Чун дар ин олами бузург на ҳамаи чиз таҳқиқу таҳлил мешавад. Аммо метавон тибқи баъзе матолиби то ин замон интишорёфта чизе гуфт.
Мегӯянд калонтарин хонавода дар рустое бо номи Бактванги Ҳинд иқомат мекунад. Аъзои ин хонавода 181 нафаранд ва теъдодашон ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Зиона Чанаи 67-сола 39 зан, 94 кӯдак, 33 набера ва 14 келин дорад. Ин оила дар як бинои чорошёнае, ки дорои 100 утоқ мебошад, зиндагонӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки танҳо сарвари хонавода хонаи алоҳида дорад, дигарон дастаҷамъӣ дар хонаҳои бузург зиндагонӣ мекунанд.
Ин оила мактаб, кӯдакистон, заминҳои кишти худро дорад. Зиона Чана ифтихор мекунад, ки вай аз давлат кӯмаке дарёфт намекуунад ва худаш сарҳисоби таъмини хонаводаи худро меёбад. Ҳамаи мардон устоҳои бинокоранд ва чун ҳунарманданд, мушкилоти таъминоти оила бо нон ва либосу пӯшок надоранд.
Мегӯянд ин хонавода тибқи як низоми шадиди ҳарбӣ зиндагонӣ мекунанд. Ҳамсари калонӣ Затианжи 69-сола ҳамаро идора мекунад ва занони дигарро зери назорат дорад. Масрафоти ҳаррӯзаи онҳо ба ин тартиб аст:
Ҳар рӯз то 30 мурғро сар мезананд, 60 кило картошка тоза мекунанд ва 100 кило биринҷро мепазанд. Кори ошхона ҳатто дақиқае бас намешавад. Таомро дар оташи афрӯхта, ки тақрибан ҳамеша фурӯзон аст, тайёр мекунанд. Вазифаҳои ҳамсариро бо навбат иҷро мекунанд, вале занҳои ҷавон имтиёзи бештар доранд. Ва ҳар зан хушбахтии худро дар ин хонадон ба чизе мебинад. Масалан, Нгаузали 37-сола аз он худро зани саодатманд медонад, ки тӯли 18 соли ҳамсарӣ ҳар субҳ мӯйҳои шавҳарашро шона мезанад. Ва ҳамаи занҳо бар ин назаранд, ки дар ин хонадон бидуни мушкили ва ҷангу пархош ҳаёт ба сар мебаранд.
Ва боз нуктаи аҷиб: дар ҷавонӣ Зиона Чана аслан намехост ҳамсар дошта бошад, зеро медид, ки падараш бо 7 зан азобу машаққати зиёд дорад. Аммо ҳоло вай аз падари марҳумаш 5 баробар бештар ҳамсар гирифтааст. Ва боз қасд кардааст, ки як зани дигар аз ИМА бигирад ва теъдоди ҳамболинҳояшро ба 40 расонад.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014
-
06.01.2026 20:25
679
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ
-
06.01.2026 20:24
683
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
844
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
26.09.2025 12:42
849
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
1059
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1770
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
745
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
720
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
673
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
528
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1119
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2096
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
28.02.2026 22:48
237
«Таҳкими қонуният мароми мост!»
-
28.02.2026 22:44
238
«Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон»
-
11.02.2026 13:49
285
“Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ талаби замон аст!”
-
12.11.2025 14:38
727
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
978
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
1348
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
680
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1002
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
961
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2078
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2143
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3143
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
18.05.2025 13:42
1661
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1750
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1656
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
21.11.2025 11:56
797
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
954
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
951
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1470
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1734
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1517
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
4128
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4318
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4689
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
843
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
1192
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
1179
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































