Пурсишеву посухе: Нишонаҳои истеъмоли "алаф"
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
"Мегӯянд, ки табобати ин беморӣ аз роҳи иваз кардани истеъмоли маводи нашъадори вазнин ба сабук тадриҷан имконпазир аст. Масалан, мегӯянд, ки оҳиста-оҳиста меъёри истеъмол кам карда мешавад ва шахси бемор ба ҳолати аввалаи худ бармегардад. Оё ин дуруст аст? Ва баъд: дӯсте дорам, вақтҳои охир гумон мекунам "алаф" истеъмол мекунад. Вале намедонам чӣ гуна шубҳаи худро бартараф кунам".
Шомурод Абдуллоев, Вахш
Ба саволи хонанда духтури нарколог Наимҷон Маликов посух медиҳад.
-Посухи қотеъ ба саволи аввалатон. Гумон мекунем ин як худфиребӣ аст. Ҳолате нашудааст, ки нашъамандро бо тавсияи истеъмоли дигар намуди маводи нашъадор табобат карда бошанд. Вале барномаҳои паст намудани ҳолати нашъамандӣ, аз ҷумла метадон вуҷуд дорад, ки қарор аст дар ҷумҳурии мо низ таҷриба шавад. Азбаски метадон як барномаи муҳим ва мавриди баҳс аст, наметавон дар як посухи кутоҳ ҳама ҷанбаҳои онро баҳс кард. Шояд замоне мо муфассалтар дар ин бора суҳбат кунем.
Дар мавриди саволи дуюматон бояд бигӯям, ки нишонаҳои ошкоре ҳастанд, ки шумо метавонед пай баред. Диққат диҳед: баъди истеъмоли марихуана, ки шумо онро "алаф" номидед, чашмон ва рухсораҳояш сурх мешаванд, серҳаракатӣ дар ӯ мушоҳида мегардад, зиёд ва беҳуда механдад…инҳо нишонаҳое мебошанд, ки ҳар кас зуд эҳсос мекунад. Вале роҳи осонтар ва дақиқтараш гузаштан аз тест аст. Санҷиши тестӣ зуд ошкор мекунад. Агар дӯстатон саркашӣ кард, пас Шумо метавонед хулоса бароред, ки тахминатон дуруст аст.
Эътимодномаи сафирон чӣ гуна қабул карда мешавад?
Дар шабакаҳои телевизионӣ мебинем, ки сафирон ба Президент эътимоднома месупоранд. Ва тақрибан як саҳна нишон дода мешавад. Инро чӣ хел фаҳмем?
Бобокалон Ниёзмуҳаммадов, Душанбе
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар посух доданд, ҳама эътимодномасупориҳо тибқи протокол сурат мегиранд. Рӯзи баргузории маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони навтаъиншудаи кишварҳои хориҷиро (бо ҳамсаронашон) корманди масъули Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар автомашинаи махсус ҷудошуда аз меҳмонхона-қароргоҳи сафир ё сафорат то МД "Қасри Миллат" ҳамроҳӣ менамояд.
Ба ифтихори сафирони кишварҳои хориҷӣ дар даромадгоҳи марказии МД "Қасри Миллат" афсарони Горди фахрии Гвардияи миллӣ аз ду тарафи роҳрави қолинӣ саф мекашанд. Сафирони навтаъингардидаи кишварҳои хориҷиро дар назди даромадгоҳи марказии МД "Қасри Миллат" Сардори Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегирад ва аз тариқи зинапояҳои асосӣ ба дохили бино даъват намуда, то толори интизорӣ ҳамроҳӣ мекунад. Ҳайати ҳамроҳикунандаи сафирон бо ҳамроҳии намояндаи Раёсати ташрифоти давлатӣ тавассути даромадгоҳи паҳлӯӣ (канорӣ) ба "Қасри Миллат" дохил шуда, ба толори интизорӣ ворид мегарданд.
Дар вақти муайяншуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардида, барои оғози маросим ҷои махсуси муқарраргардидаро ишғол мекунад. Дар толор парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. Зимни маросими супоридани эътимодномаҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ (аз тарафи рост) ва Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ (аз тарафи чап) иштирок мекунанд. Номи пурра ва мақоми сафири навтаъингардида бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ эълон карда мешавад.
Сипас, сафир ба назди Президент омада, дар ҷойи муқарраргардида қарор мегирад ва бо таъзими андак эҳтиромро ба ҷо оварда, паёми роҳбари давлати худро оид ба таъини ӯ ба ҳайси сафир мухтасар қироат мекунад (тарҷума таъмин карда мешавад). Ва баъд эътимодномаи худ ва номаи бозхонди сафири собиқро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, бо роҳбари давлат дастфишӯрӣ мекунад ва барои гирифтани акси хотиравӣ аз тарафи рости Президент ҷой мегирад.
Баъди гирифтани акси хотиравӣ барои иштирокчиёни маросим қадаҳи шампон пешниҳод мегардад ва сӯҳбати Президент бо сафирон сурат мегирад. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон толорро тарк менамояд ва сафирон барои изҳороти матбуотии кӯтоҳ ба намояндагони васоити ахбори омма даъват мешаванд (ихтиёран). Тартиби гусел мисли маросими истиқбол дар МД "Қасри Миллат" сурат мегирад. Ин аст, ки саҳнаҳои телевизионӣ якранганд, зеро маросим бо ҳамин як низом амалӣ мешавад.
Театри Шекспир дар Лондон аст
Уилям Шекспирро бузургтарин дарамманависи олам медонанд. Мехостам донам, ки оё барои абадияти хотири ин шахсияти мондагор театре ё иншооти дигаре вуҷуд дорад?
Гулниссо Одинаева, Ваҳдат
Бале, дар ватани Шекспир театре бо номи "Глобус" вуҷуд дорад, ки онро "Глобус"-и Шекспир меноманд. Ҳарчанд бо ин бузургӣ шарт ҳам нест, ки барои абадияти номи ин драматурги барҷаста театре бошад. Чуноне медонем, шояд дар олам ягон театре вуҷуд надошта бошад, ки рӯ ба шоҳасарҳои ӯ наоварда бошад. Дар як худи Тоҷикистони мо шояд бештар аз даҳ асари ӯ ба саҳна гузошта шуда бошд.
Театри "Глобус" тибқи меъмории асри 16 сохта шудааст ва ончунон назаррабост, ки зуд бинандаро мафтун мекунад. Онро як нафаси зиндаи таърих меноманд. Табиист, ки тӯли бештар аз 4 аср бинои собиқи он куҳнаву фарсуда шуд. Вале ҳамагӣ ба масофаи 300 метр дуртар аз он бинои нави он бо ҳамон меъмории асри Шекспир бунёд гардид.
Булаҷабҳои рӯзгори Алла Пугачёва
Оё дуруст аст, ки сарояндаи шинохта Алла Пугачёва, ки 65-сола шуд, панҷ маротиба шавҳар кардааст? Боварам намеояд.
Субҳонҷон Алиёров, Хоруғ
Дуруст аст. Алла Пугачёва, ин сарояндаи пуровозаи рус тӯли умри худ 5 маротиба издивоҷ кардааст. Аввалин маротиба дар бистсолагӣ ва охирин бор дар 62-солагӣ ба шавҳар баромадааст. Шавҳари охирини ӯ ҳаҷвнигор Максим Галкин буд, ки замони издивоҷ бо Аллаи 62-сола 35 сол дошт. Ҳоло ин ду тан бо ҳам зиндагонӣ мекунанд. Аммо дар ҳаёти Алла Пугачёва рӯйдодҳои ҷолиб зиёданд. Чунончӣ, хуношомтарин маняки замони Шӯравӣ Анатолий Нагиев орзуи қатли Пугачёваро бо худ ба гур бурд. Вале вай барои расидан ба ҳадаф ба ҳадде кӯшид, ки 6 зани ба симо монанд ба Пугачёваро қатл кард. Аммо баъдан боздошт ва бо ҳукми суд парронда шуд.
Ҳамчунин, Пугачёва аввалин сарояндаест, ки баъди садамаи Чернобил дар ин мавзеъ бо барномаи густардаи ҳунарӣ баромад кардааст. Соли 2005 ҷоизаи шахсии худро бо номи "Ситораи тиллои Алла" таъсис кардааст, ки ба сарояндагон ва мусиқинавозони бомаҳорат эъто мегардад. Ба ҷуз медали тилло ба ғолибон аз 10 то 50 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот дода мешавад. Соли 2009 хонаи истиқоматии ӯ 500 метри квадратӣ масоҳат дошт, илова бар ин дар берунтари Маскав 50 сотих заминро низ харидаву аз худ карда буд.
Домоди пешини Пугчёва сарватманди чечен Руслан Байсаров буд, ки моҷароҳое барои фарзанди духтараш бо ӯ дошт. Ҳафт сол пайи ҳам бино ба таҳқиқоти Forbes Пугачёва дар радифи чоргонаи машҳуртарин занони Сайёра ҷой гирифтааст. Тибқи иттилои ҳамин маҷалла соли 2011 Пугачёва соҳиби бештар аз 4,8 миллион доллар шудааст. Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Алла Пугачёва 31 филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта шудааст.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014
-
01.06.2025 19:19
160
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
210
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
164
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
377
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
485
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
354
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:16
184
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
149
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
193
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
14.10.2024 18:41
848
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1561
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3252
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
09.06.2025 13:03
92
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
03.06.2025 16:17
136
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
-
01.06.2025 19:11
133
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
404
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
636
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
751
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
352
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
378
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
368
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
612
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
878
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1703
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
484
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
469
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1679
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2003
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2205
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2891
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
400
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
363
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
818
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2931
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3365
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3356
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
558
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
581
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
526
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?