Пурсишеву посухе: Аввалин оромгаҳи муслимин дар Мадинаи мунаввара буд?
Мегӯянд дар садри Ислом Пайғамбар (с) дар Мадина қабристонеро бино кардаанд, ки аввалин саҳобагону аҳли байти он ҳазрат (с) дар он мадфунанд. Оё метавонем дар ин бора маълумоте пайдо кунем?
Шамсиддин Назарзода, сокини Хуҷанд
Ба саволи хонанда муаллифи "Тафсири навини Қуръон", корманди Энсиклопедияи миллии тоҷик Абдушариф Боқизода посух медиҳад.
Оре, ин қабристон Бақеъ ном дорад ва гумон мекунам нақл дар бораи он хеле шавқангезу ҳавасангез бошад, ки дар доираи як посухи кутоҳ ғунҷоиш надорад. Вале мухтасар ин аст, ки Бақеъ аввалин ва машҳуртарин гӯристони мусулмонон дар Мадина мебошад ва дар канори масҷиди Паёмбар (с) дар шарқи ин шаҳр ҷойгир шудааст. Бузургони саҳоба чун Усмон ибни Аффон (р), имом Ҳасан, Аббос ибни Абдулмутталиб, духтарон ва аксари ҳамсарони Паёмбари акрам (с) ва дигар бузургони садри аввал дар он мадфунанд.
Минтақаи Бақеъ дар рӯзгори Расули Худо (с) дар гӯшаи шаҳри Мадина ҷойгир шуда ва онро аз се ҷониб киштзорҳои мардум иҳота мекард. Пас аз тавсиаи Мадина гӯристони Бақеъ дар миёнаи шаҳр қарор гирифт ва пас аз тавсиаи масҷиди набавӣ дар давраҳои ахир он бо соҳаи масҷид пайвастааст ва онҳоро роҳрав ва хиёбони борике аз ҳам ҷудо месозад. Бақеъи ғарқад яке аз бузургтарин осори боқимонда ва мероси замони нубувват аст, ки дар назди уммати Ислом арзиши динии хосе дорад ва ҳамин кофист, ки Расули Худо (с) вориди он мешуд ва барои хуфтагони дар он дуо мекард.
Гуфтанист, ки мусулмонон пеш аз ҳиҷрат ҳамроҳи мушрикон дар гӯристонҳои умумӣ дафн мешуданд ва нахустин касе аз муҳоҷирон, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуд, Усмон ибни Мазъун - саҳоба ва бародари разоии Расули Худо (с) буд, ки соли дуюми ҳиҷрӣ пас аз ҷанги Бадр вафот кардааст ва нахустин нафар аз ансор Асъад ибни Зурора - аз асҳоби байъати Ақаба аст, ки ӯ низ соли дуюми ҳиҷрӣ пеш аз ҷанги Бадр вафот кардааст.
Охирин саҳобае, ки дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шуда, Саҳл ибни Саъди Соидии Ансорӣ мутаваффои соли 91 ҳ. аст. Вай дар синни 96 ва бар асоси баъзе сарчашмаҳо дар синни 100 солагӣ вафот ва дар гӯристони Бақеъ дафн гардид. Дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ аз имом Молик ривоят шуда, ки даҳ ҳазор (10 000) саҳобаи Расули Худо (с) дар Мадина вафот карда, дар гӯристони Бақеъ ба хок супорида шудаанд.
Гулназар Келдӣ нафақат муаллифи Суруди миллист
Ростӣ, дар бораи шоири шинохта Гулназар Келдӣ ба ҷуз он ки муаллифи Гимни Тоҷикистон аст, чизи зиёде намедонам. Бисёр мехостам мухтасар ҳам бошад, дар бораи ӯ нависед.
Шодмон Назарбек, хонандаи мактаби миёна
Муаллифи гимни Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ 69 сол пеш, яъне 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд дида ба олам кушодааст. Баъди хатми факулттаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти кории худро аз нашрияи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз карда, баъдан дар маҷаллаи "Садои Шарқ" идома додааст. Солҳои 1975-1977 дар Афғонистон тарҷумон будааст, аз соли 1991 муддате сармуҳаррири ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" будааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъораш соли 1969 бо номи "Расми сарбозӣ" аз чоп баромадааст. Баъдан бо номҳои "Дастархон", "Нардбон", "Ағба", "Паҳно", "Лангар", "Пайи дарё", "Чашми нигин" "Табхола" китобҳояш чоп шудаанд.
Соли 1981 аввалин китобаш бо забони русӣ чоп шуд, ки "Звеза Улугбека" ном дошт. Соли 1986 нашриёти он замон машҳури "Советский писател" китоби дигари ӯро бо забони русӣ бо номи "Безымянный родник" чоп кард. Маҷмуъаи дигари ашъори вай бо забони русӣ бо номи "Тень тутовника" соли 1989 дар пойтахти кишвар нашр шуд. Аввалин китобаш бо ҳуруфи форсӣ бо номи "Тахти Рустам" соли 1988 рӯи чопро дид. Гулназар Келдӣ муаллифи чандин асари саҳнавӣ низ мебошад.
Гулназарро аз ҷумлаи тарҷумонҳои хуби ашъори шоирони рус дар Тоҷикистон медонанд. Вай тӯли солҳои гуногун шеърҳои Марина Светаева, Римма Казакова, Михаил Светлов, Роберт Рождественский, Николай Гумилев, баъзе шеъру достонҳои Михаил Лермонтовро тарҷума кардааст. Дорандаи ҷоизаи Ҷавонон ё комсомол ва мукофти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон мебошад.
Аммо, чуноне хонанда ишора кардаанд, дар Тоҷикистон Гулназарро бештар чун муаллифи Суруди миллӣ мешиносанд, зеро аз мактабу боғча сар карда, то корхонаҳову муассисаҳои давлатӣ ин гимн навишта шудаву номи муаллиф ва оҳангсозаш зикр шудааст. Дар озмуни суруди миллӣ аз байни 114 суруди пешниҳодшуда навиштаи ӯҷои аввалро мегирад ва чун гимни Тоҷикистон қабул карда мешавад
Ҳайвонот ҳам гиря мекунанд?
Саге доштам, ки гоҳо медидам об аз чашмонаш берун мешуд. Модаркалони худораҳматиам ҳамеша мегуфт, ки ҳайвонҳо ҳам мисли инсонҳо дар мусибатҳо гиря мекунанд, онҳо ғамро ҳам дарк менамоянд. Вале бо вуҷуд, ки дили кампирро озор намедодам, боварам намеомад. Ҳарчанд намедонистам саги ҳамвлии мо аз чӣ оби чашм мекард.
Нуриддин Сабуров, Ваҳдат
"Дар яке аз қассобхонаҳои Ҳонконг як барзагове, ки навбати қатли худро интизор буд, ногаҳон худро ба зер афканд ва оғоз ба гиря кард. Ба назари одамон менамуд, ки барзагов аз онҳо тараҳҳум ба ҷонаш мехост, аз чашмонаш беихтиёр ашк ҷорӣ буд ва яқинан мурдан намехост. Аз дидани ин манзара ҳатто қассобоне, ки маҳз аз куштани ин гуна ҳайвонот бурдаи нонашонро меёфтанд, ба риққат омаданд. Ин буд, ки говро хариданд ва зинда ба маъбаде супурданд, ки акнун то поёни умраш зиндагонӣ мекунад".
Ин қисса ривоятеро мемонад, ки метавонад ҳақиқат бошад ва метавонад бофта бошад. Вале олимоне, ки умри худро ба таҳқиқи ҳавоноту ҳашарот сарф кардаанд, низ ашкрезии онҳоро мушоҳида намудаанд. Дар аксар маврид онҳо ба ин хулоса расидаанд, ки ин ҳайвонот на аз ҳиссиёт, балки аз зиёдии намак дар организмашон оби чашм мекунанд.
Вале ин олимон ҳолатҳои дигареро ҳам мушоҳида кардаанд. Доктори илм Г. У. Стеллер, ҳайвоншинос аз донишгоҳи Гарвард, ки сагҳои обиро таҳқиқ мекардааст, мегӯяд, ки онҳо қодиранд бар асари ҳиссиёт гирянд. "Ман баъзан барои саломатии модасагҳо бачаҳояшонро ҷудо мекардам ва медидам, ки аз бадбахтӣ мисли одам мегиристанд", менависад ӯ. Филҳоро низ ба гуруҳи ҳайвонҳое шомил мекунанд, ки қодиранд гиря кунанд.
Ҳиндуҳои Бразилия нақл мекунанд, ки сангпуштҳои обие, ки аз баҳр ҷудо карда, ба хушкӣ гузоштаанд, аз ҷудоӣ аз ватанашон мегиристанд. Вале Фанге ва Шмидт-Нилсонҳо, ки сангпуштҳоро таҳқиқ мекарданд, ба хулоса расидаанд, ки онҳо низ чун аксари ҳайвонот ба хотири кам кардани намак дар баданашон ашк меравонанд. Ғадудҳои намакӣ ҳатто дар морҳо ва сусморҳои обӣ вуҷуд доранд.
Аммо хулосаи ягона он аст, ки аз сари эҳсос гиря кардан танҳо хоси инсон аст ва ҳайвонҳо ин гуна ҳиссиёт надоранд.
Эҳтироми Островский дар театри хурди Маскав аз чист?
Русҳо дар бораи нақши муҳими Александр Островский дар рушди Театри хурди Маскав зиёд менависанд. Ин адиб аслан чӣ хизмате кардааст, ки ин гуна қадршиносӣ мекунанд?
Соҷида Гулова, донишҷӯ
Театри хурди Маскав як муассисаи бузуги фарҳангӣ ба шумор меравад ва он моҳи октябри соли 1824 оғоз ба фаъолият кардааст. Дар бораи ин театр метавон хеле зиёд навишт ва хеле нуктаҳое ҳастанд, ки дӯстдорони таърихи театрҳо бояд донанд. Вале суоли хонанда дар бораи нақши Островский дар рушди ин театр аст ва мо низ посухро мухтасар мекунем.
Дар оғози фаъолияти он нависандагони машҳуре, аз қабили И.С.Тургенев ва А. В. Сухово-Кобилин муаллифони хуби он буданд ва мекӯшиданд бештар барои ҳунармандони театри навтаъсис песаҳо нависанд. Аммо Александр Островский нақши муҳимтаре дошт, зеро песаҳои вай барои театр шуҳрати беандоза оварданд.
Аз ин рӯ ғайрирасмӣ онро "Хонаи Островский" низ меноманд. Он солҳо дар саҳнаи ин театр 48 песаи ӯ ба саҳна гузошта шуданд ва ҳамаи онҳо дар солҳои гуногун репортуари аслии ин Театри худро ташкил медоданд. Вай шахсан худаш дар тамринҳо ширкат мекард, бо ҳунармандон дӯстӣ дошт ва ҳатто баъзе аз песаҳои вай махсус барои ин ё он ҳунарманди театр навишта мешуданд.
Соли 1929 дар даромадгоҳи театр пайкараи Островский гузошта шуд. Песаҳои ин дарамнависи шинохта бо ба имрӯз аз саҳнаи театр дур намераванд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014
-
09.06.2025 13:12
217
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
219
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
274
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
445
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
554
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
437
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
93
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
159
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
168
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
935
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1646
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3333
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
70
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
84
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
131
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
473
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
724
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
844
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
413
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
456
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
426
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
701
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
978
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1835
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
585
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
562
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1757
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2069
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2283
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2965
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
475
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
428
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
909
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3027
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3472
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3454
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
615
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
641
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
584
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?