Пурсишеву посухе: София Ротару аз пазириши шаҳрвандии Русия даст мекашад
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Шунидам, ки ҳунарманди шинохта София Ротару пешниҳоди иваз кардани шаҳрвандиашро рад кардааст. Оё дуруст аст ё ин овозае беш нест?
Маҳкам Хуҷақулов, Сарбанд
Рӯйдодҳои Украина ва бахусус Қрим ҳатто ҳунармандон ва беҳтарину шинохтарин чеҳраҳои фарҳангиро ба ду гуруҳ ҷудо кард: тарафдорон ва мухолифони сиёсати Путин. "Рӯзгор" дар ин бора пештар навишта буд. Дар мавриди София Ротару бошад, ҳоло мехоҳем чанд ҷумла бинвисем. Оре, Ҳунарманди мардумии СССР София Ротару тасмим гирифт, ки шаҳрвандии Украинаро иваз накунад. Писари сароянда Руслан ба хабаргузориҳо гуфт:
"Ману ҳамсарам ва духтарам Сония муддати дароз аст, ки дар Киев зиндагонӣ мекунем. Софя Михайловна ҳарчанд ҳамеша дар сафар аст, вале дӯст медорад, ки дар Ялта бошад. Ман украинӣ ҳастам ва ҳаргиз намехоҳам худро шаҳрванди Русия донам. София Михайловна, ки молдован аст ва дар Украина зода шудааст, тасмим надорад шаҳрванди Русия шавад. Агар зарур ояд, пас худро аз қайди Қрим хориҷ мекунем. Роҳи дигар нест".
Солгарди фоҷеаи "Титаник": муаммоҳои нокушода
Бо гузашти бештар аз як садсола аз суқути киштии овозадори "Титаник" ҳамоно гуфтугузорҳо дар атрофи он идома доранд. Агар фаромӯш накарда бошам 2 ё 3 сол пеш номаи шоҳиди ин рӯйдод бо номи Лауре Франкателлиро дар як ауксиони Британияи Кабир ба беш аз 30 ҳазор доллар фурӯхта буданд. Ин хеле номаи нодир буд? Мехостам дар бораи ин хонум донам, ки чаро номааш ин қадар боарзиш буд?
Садафмоҳ Оқилова, Бустон
Хонандаи мо аз фоҷеаи мудҳиши таърихи башар ёд кардааст, ки ба оғозаш 10 апрели соли равон 102 соли пур мешавад. Дар он лаҳазоте, ки киштӣ тадриҷан ба об фурӯ мерафт, кам касоне буданд, ки ба наҷоти худ умед мебастанд. Зеро ҳама мепиндоштанд, ки танҳо тасодуф метавонад онҳоро аз чанголи марг наҷот бахшад. Он замон бисёриҳо худ шоҳиди ба об рафтани афрод мегаштанд ва маргро пеши чашмони худ медиданд.
Лауре аз ҷумлаи касони хушбахте буд, ки саҳни киштиро, ки баъдан ба саҳнаи фоҷеабори таърихи башар табдил ёфт, бо истифода аз заврақ қабл аз фоҷеа тарк карданд ва зинда монданд. Он замон Лауре 31 - сола буд. Баъди марги Франкапеллӣ шаҳодати хаттии ӯ дар мавриди ин рӯйдоди беназири таърихӣ ба дасти коллесионери хусусӣ афтид ва ӯ то ба ин дам онро нигоҳ медошт. Хонум Лауре соли 1967 ёддошти худро навиштааст ва ин замоне будааст, ки хотироташ ҳанӯз тоза ва ҷузъиёти рӯйдод якояк пеши назараш омадааст.
Дар ҷумла марҳум дар бораи "гулдуроси шадиде" навиштааст, ки ҳангоми ба қаъри обҳои сарди уқёнус фурӯ рафтани киштии бузург ба гӯши мардум расидааст. "Вақте киштӣ ба қаъри об фурӯъ мерафт, ғалоғулаи пуршӯре атрофро фаро гирифта буд, баъдан садои баланди мусофирон ба гӯш расид. Ин боз чанд муддат давом кард, дигар ёд надорам... Андаруни заврақ нишаста мо комилан хомӯш будем. Атрофро торикии ваҳшатноке фаро гирифта буд", - омадааст дар матни ин ҳуҷҷат.
Франкапеллӣ, ки он замон котибаи шахсии хонум Люси Дафф-Гордон буд, ба хотир овардааст, ки ӯ ҳамроҳ бо корфармои худ ва шавҳари ӯҷаноби Космо Дафф Гордон яке аз он 12 мусофири заврақе буд, ки 40 нафарро метавонист интиқол диҳад. Мегӯянд Космо ба ҳар узви ҳайати киштӣ, ки дар ин заврақ савор шуда буданд, 5 фунт додааст, ки дар он замон пули калон маҳсуб мешуд.
"Титаник" 10 апрели соли 1912 аввалин ва охирин сафари баҳрии худро оғоз намуд. Теъдоди мусофиронашро гоҳ 2,2 ва гоҳи дигар ҳудудан 2 ҳазор нафар гуфтаанд. Яъне, рақами ягона вуҷуд надорад.
Ин киштии бузург дар сеюмин рӯзи ҳаракаташ, яъне 14 апрел ба "айсберг" (кӯҳи яхӣ)-и бузурге бархӯрд ва канораи рости он шадидан осеб дид. Одамонро ваҳима пахш кард ва ҳама худро ба хотири наҷот ба қафои киштӣ мезаданд. Киштӣ ҳамагӣ 20 заврақи наҷот дошт, ки дар ҳоли зарурат ҳам наметавонист ҳамаро солим ба соҳил расонад, вале аз ин ду заврақро ба кор дароварда натавонистанд. Дар натиҷа ҳиссае аз одамон наҷот наёфтанд ва ҳамроҳ бо киштӣ ба қаъри об фурӯъ рафтанд.
Як рӯз баъди он "Титаник", аниқтараш рӯзи 15 апрел соати 2.20 комилан ғарқ шуд. Дар манбаъҳои расман интишоршуда дар бораи шахсони наҷотёфта рақамҳои тахминӣ оварда мешавад. Гуфта мешавад, ки аз 2,2 ҳазор тан шояд ҳудудан 700 нафар худро ба соҳил расондаанд.
Филмҳои ранга аз кай пайдо шудаанд?
Ин суолро ман борҳо ба худ додаам, чун медонам, ки филмҳои аввалин ранга набуданд.
Муслим Ҳусейнӣ, Душанбе
Дуруст аст. Филми ранга яку якбора пайдо нашудааст. Агар шумо шумораҳои аввали "Рӯзгор"-ро мутолиа карда бошед, мо дар бораи қадамҳои аввали кино сухан ронда будем. Дар посух ба пурсиши хонандагони худ мо гуфта будем, ки филмҳои аввал беовоз буданд ва баъди солҳои 30-уми асри гузашта аввалин филмҳои овоздор пайдо шуданд. Соли 1939 дар ИМА аввалин филми ранга наворбардорӣ шуд, ки "Бодбурда" ном дошт.
Вале филмҳои ранга танҳо баъди солҳои 60 ва 70 қарни гузашта ноил ба комёбӣ шуданд. Дар он солҳо олимон сари беҳбудии сифати плёнкаҳои ранга ба комёбиҳо даст ёфтанд. Аммо то расидан ба вазъи имрӯз лозим омад, ки солҳо тай шаванд ва ҳоло мебинем, ки филмбардории имрӯз ҳатто ба 10 ё 20 соли пеш қиёсшаванда нест.
Посух ба саволи номушаххас
Инсонҳо аҷоибанд ва баъзан мебинам, ки номҳо якхелаанд, масалан дар чандин кишварҳо бо як ном дар вақту соати гуногун филмҳо наворбардорӣ мешаванд. Шумо чӣ мегӯед?
Ашрафи Солеҳ, Ваҳдат
Савол то ҷое нофаҳмост. Ё шояд мо нафаҳмидем. Шояд идомаи саволро нанавиштанд ва савол нопурра расид. Намедонем. Аммо як посух медиҳем ва агар қаноатманд нашуданд, ин бор дақиқтар нависанд. Калимаҳои такрор ё номҳои такрор. Хуб фаразан агар ҳадафи савол филмҳои якнома бошад, пас посух дорем. Чун дар пурсиш наворбардории филм омадааст.
Таърихи филмсозии олам ин гуна ҳодисаҳоро зиёд медонад, ки дар вақту замони гуногун ва кишварҳои мухталиф филмҳои ҳамном ба навор гирифта шудаанд. Аввалан коргардонҳо на ҳама бо ҳам ошноянд ва кишварҳо на ҳамеша иртиботи наздике доранд, ки ҳунармандон аз офарида шудани асаре бо як ном огоҳ бошанд.
Дуюм, аксари ин филмҳо тибқи филмномаҳои гуногун ва дар мавзуъҳои мухталиф иншо шудаанд.
Таърихи синамои ҷаҳон то ҳол 6 филмеро медонад, ки бо номи "Чаро?" рӯи навор омадааст. Масалан, соли 1973 бо номи "Чаро?" коргардони амрикоӣ Виктор Столофф филм бардошт. Соли 1987 бошад коргардони чехословакӣ Карел Смичек филми худро ин гуна номгузорӣ кард.
Соли 2004 дар Амрико коргардон Мэтт Балзер ва соли 2006 дар Канада Крис Буджичевски ин гуна филм ба навор гирифт.
Соли 2009 бошад дар Испания Алваро де ла Ҳерран ва дар ИМА Эли Хиггинс бо номи "Чаро?" филм бардоштанд. Аммо аксари ин филмҳо кутоҳметраж буданд ва баъзе ба ин ё он муаммои илмӣ бахишида шуда буд.
Ба ин монанд бо номи "Ташнагӣ" солҳои 1949, 1959 ва 1979 се филм ба навор гирифта шудааст. Аз ин cе "Ташнагӣ" яке дар Иттиҳоди Шӯравӣ рӯи кор омада буд ва ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014
-
22.06.2025 14:51
112
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
234
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
238
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
465
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
570
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
456
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
112
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
179
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
186
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
954
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1659
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3351
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
91
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
107
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
148
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
490
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
736
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
857
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
435
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
471
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
442
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
719
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
992
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1855
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
599
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
581
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1773
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2093
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2083
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2299
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
493
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
442
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
922
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3046
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3486
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3468
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
630
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
657
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
602
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?