Пурсишеву посухе: «Пешсафии фаронсавиҳо дар таҳияи филм»
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Оё дуруст аст, ки дар аввали қарни 20 фаронсавиҳо дар тавлиди филм пешсаф буданд?
Мардон Салимҷонов
Бале, дуруст аст. Дар соли 1910 70 дар сади филмҳои ҷаҳон дар Фаронса тавлид мешуданд. Аммо дар ин солҳо дар мамолики дигар, аз ҷумла дар ИМА, Олмон ва Британияи Кабир низ санъати кино рӯ ба рушд меовард. Дар он солҳо давомнокии филмҳо на бештар аз 15 дақиқа буданд. Вале баъди соли 1910 филмҳое тавлид шуданд, ки то як соат идома доштанд. Соли 1915 коргардони амрикоӣ Гриффит бо номи "Тавлиди миллат" филмеро ба навор гирифт, ки давомнокии он 3 соат буд. Мегӯянд ин филм миллигароёна буд ва баъди тамошои он як мавҷи беназмиҳо ин кишварро фаро гирифт. Аммо мақомот онро маҳкум накарданд, балки чун аввалин филми комил дар таърихи ин кишвар ворид гардид. Онро дар аввалин соли тавлидаш наздик ба 100 миллион нафар тамошо карданд ва барои таҳиягаронаш фоидаи зиёди молиявӣ овард.
Системаи имрӯзаи ҳоливудӣ аз солҳои 1920 таҳкурсии худро гузошт. Дар ин солҳо коргардонҳои амрикоӣ системаи харидану наворбардорӣ кардани сенарияҳоро ба роҳ монданд, ки то ба имрӯз он идома дорад.
То инқилоби Октябр дар Русия асосан филмҳои хориҷиро копӣ мекарданд ва синамои ватанӣ рангу бӯе надошт. Аммо сар аз солҳои 20 асри гузашта болшевикон ташвиқ карданд, ки кишвари Шӯроҳо бояд фабрикаи тавлиди филмҳои худро дошта бошад. Ҳатто Ленин киноро муҳимтарин воситаи таблиғи ғояҳои коммунистӣ медонист. Бозёфтҳои коргардонҳои синамои Шӯравӣ, бахусус асарҳои офаридаи Сергей Эйзенштейн ба ганҷинаи таърихи синамои ҷаҳон дохил шудааст.
Чаро тилло гарон аст?
Имрӯзи худро бе тилло тасаввур кардан номумкин шудааст. Бахусус, агар тӯи арӯсӣ дошта бошед, аз тиллоковиву тиллохарӣ ҷонатон ба лаб меояд. Ҳарчанд мо ҳатто тиллобозор дорем, вале боз ҳам дар интихоб мушкил дорем. Аммо саволи ман ин тавр аст: чаро тилло ба ин ҳад метали қимматбаҳост?
Насиба Комилова, соҳибхоназан
Се сабаб ё омили аслии баёнгари гаронии арзиши тилло: аввал ин ки он хеле зебову назаррабост. Дуюм, аз нигоҳи химиявӣ заъиф аст ва дар ҳар ҳолат метавон ба осонӣ онро об кард ва ба шаклҳои гуногун даровард. Ва ниҳоят сеюм, аз ҷумлаи нодиртарин элементҳои химиявист, ки на дар ҳама ҷо пайдо мешавад ва онро на ҳар кас метавонад дастрас кунад. Ва агар оҳан ҳам чун тилло нодир мебуд, бидуни шак арзишаш гарон буд. Аз сӯи дигар вазнинтарин элементҳои химиявист, ба ҳадде, ки 200 сантиметри квадратии он метавонад бештар аз 540 кило вазн дошта бошад.
Тиллои метали ниҳоят зудгудозанда аст ва хеле ба осонӣ аз шакл ба шакли дигар табдил мешавад. Дар қиёс ба металҳои дигар вай дар ҳаво хира намешавад, дар ҳар ҳолат тобандагии худро нигоҳ медорад ва аз боду борон ва дигар таъсироти табиат рангу намуди худро тағйир намедиҳад.
Тиллоро дар ҳама давру замон одамон чун пул арзёбӣ кардаанд ва дар табодули коло чун арзи арзишманд истифода мебаранд. Дар иддае аз кишварҳо сиккаҳо аз металҳои дигар ҳам омода кардаву ба муомилот даровардаанд, вале арзиши онҳо ҳамеша зери шубҳа қарор доштааст. Аммо тилло дар ҳар давру замон, новобаста ба шароит аз баландарзиштарин метал боқӣ мондааст.
Мегӯянд то соли 1914 ҳамаи асъори кишварҳои оламро бо тилло бармекашиданд. Ба дигар маънӣ, масалан доллари амрикоӣ, франки фаронсавӣ ва марки олмонӣ арзиши муқарраршуда дар муносибат ба тилло доштанд. Яъне, дар ҳар ҳолати таърихӣ метавонистанд асъорро бо тилло табодул кунанд. Ва онро меъёри тиллоӣ меномиданд ва ҳарчанд тилло дигар дар ин нақш дар бозор нест, вале ҳоло ҳам дар тиҷорати ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи вижа бархӯрдор аст.
Имрӯз бештар аз ними тавлидоти ҷаҳонии тилло ба кишварҳои Африқои Ҷанубӣ мансуб аст. Гуфта мешавад, ки калонтарин кони тиллои таърихи башар соли 1886 дар ин қитъаи олам кашф шудааст.
Сагҳо чаро девона мешаванд?
Писарамаки маро саг газид. Мо ӯро зуд ба духтур бурдем ва табибон моро тарсонданд, ки агар саг девона бошад, таъхир дар табобат боиси марги саггазида мешавад. Магар ин дуруст аст?
Тошбек Мирзозода, Восеъ
Ба саволи хонанда духтури ҳайвонот Назриддин Самандаров посух медиҳад:
Ҳайвонот ва инсон танҳо як роҳи бештар ба маризиҳо печидан доранд, ки сирояти вирусӣ меноманд. Вирус - зарраи хурдтар аз микроб аст ва ба ҳадде хурд аст, ки бо чашм дидани он имконпазир нест. Аз ин рӯ барои кашфи микробҳо микроскопҳои махсус сохта шудаанд, ки бо воситаи онҳо дида мешаванд. Вируси ҷунунӣ метавонад дар ҳар ҳайвон ворид шавад. Инсон аз газидани саг метавонад девона гардад ва на танҳо саг, балки ин вирус ба инсон метавонад аз ҳар ҳайвони дидари сироятшуда сироят гардад. Аз ҷумла дар деҳот гургҳо, рубаҳу шағол, мири мушон, хирсҳо, куршапарак метавонанд сироятшуда ба ин вирус бошанд. Ҳатто он ҳайвоноти хонагиро метавонад фаро гирад. Ба дигар маънӣ ин вирус ба организми ҳайвон ворид мешавад, дар он рушд мекунад ва он ҳайвонро ба девонагӣ мерасонад.
Вақте инфексия ба бадани ҳайвон ворид мегардад, аз 4 то 6 ҳафта ноаён мемонад. Саги сироятшуда дар қадами аввал беҳолу бемадор мешавад, ҳарорати баданаш боло мегирад, иштиҳояш барҳам мехӯрад, кам ғизо мехӯрад. Ва дар марҳилаи дигар саг ба изтиробу ҳаяҷон меояд, оби даҳанаш мерезад. Ин гуна сагон ғуррос мезананд ва ҳозиранд ҳар ҷондоре рӯ ба рӯяшон ояд, бигазанд. Ва ин сагон маъмулан баъди 3 ё 5 рӯзи ба вуҷуд омадани нишонаҳо ба ҳалокат мерасанд. Агар вирус дар оби даҳони саг бошад, он ҳатман ҳангоми газидан мегузарад, вале бо роҳҳои дигар хеле кам сироят мекунад.
Ва дар одами сироятшуда ҳам ин беморӣ чун дар саг мегузарад. Инсон низ дар оғоз бемадор мешавад, ҳарорати баданаш боло меравад, ҳиссиёте ӯро фаро мегирад, ки то ин замон назирашро ёд надошт. Мушакҳои баданаш гоҳе фишурда мешаванд ва гоҳи дигар кашида мешаванд. Вақте инсон мехоҳад бинӯшад, раги мушакҳои даҳон ва ҳалқаш кашида мешаванд. Аз ин рӯ одами саггазидаро зуд бояд ба духтур бурд. Ҷои саггазида бояд ҷиддан тоза карда шавад. Ҳар рӯз муддати 2 ё 3 ҳафта сӯзандору мезананд.
Буддо кӣ буд?
Дар Қуръони Карим дар бораи бутпарасӣ оёти зиёде нозил шуда ва мо медонем, ки парастиши ғайри Худо куфр аст. Аммо мехостам донам, ки Буддо кӣ буд ва динашро дар кадом поя асос гузошт?
Ҳайдар Шоҳзамон
Аз касе пӯшида нест, ки дини буддоӣ баъди Ислом ва масеҳият сеюмин оини густаришёфта дар олами муосир аст. Аксари сокинони Шри-Ланка, Ҷопон, Чин, Корея, Таиланд, Муғулистон, Камбодҷа, Мянма, Лаос ва Ҳиндустон бутпарастонанд. Ва донистани таърихи пайдоиши ин дин барои хонанда муҳим аст.
Асосгузори ин дин шоҳзода Гаутама Сидхарта мебошад, ки дар хонадони соҳибсарват ба дунё омада буд. Боре вай бурун аз қасри шоҳӣ бо се мард дучор шуд: яке бемор, дуюмӣ пир ва сеюмӣ мурда буд. Дарду алам ва азобҳои руҳиву ҷисмии инсонро дида, ногаҳон ба андеша фуруъ рафт: Одам чӣ гуна метавонад ҳақиқат ва саодати абадиро пайдо кунад. Вай рӯза гирифт, ба тақво дода шуд ва ҳамзамон дар ҷустуҷӯи посухи ба суоле шуд, ки азияташ медод.
Боре вай дар сояи дарахти анҷир менишаст ва гӯё кашф кард, ки восита барои ҳамаи бадбахтон дар хоҳиши худи онҳо ниҳон аст. Ва ӯ ба сайри олам баромад, то инсонҳоро аз кашфиёти худ огоҳ созад. Ва ё чун Буддо (Раҳнамо) бо шогирдонаш муддати 40 сол дар Ҳинд гаштугузор кард ва ба андешаи худаш мардумро роҳҳои дарёфти хушбахтиро омӯхт. Аммо худи ӯ ба Худои якто бовар надошт. Вай мегуфт, ки ҷони инсон баъда аз маргаш ба дигар махлуқот тааллуқ мегирад ва ин вобаста ба он аст, ки инсон хуб буд ё бад.
Яъне, агар мурда шахси дар зиндагӣ накукор бошад, ҷонаш ба бадани накукорон ворид мешавад ва агар бад бошад ба қолаби ҳайвоноти бад дохил мегардад. Ҳар касе агар таронаҳои Владимир Висотскийро донад, ҳатман сурудеро бо номи "Таронаи гузариши ҷон"-ро ёд дорад, ки ин таълимотро баён мекунад ва банде ба ин маъност: шояд ин гурбаи бешазор пештар марди разиле буд ва ин инсони хуб пештар накукоре.
Барои дарки фалсафаи дини буддоӣ ҳарфи зиёд бояд гуфт, вале саволи хонанда танҳо ба таърихи пайдоиш ва шахсияти Буддо тааллуқ дошт, ки посухашро додем. Нуктаи муҳиме, ки бояд зикр кунем он аст, ки оини буддоӣ дини ботилест, ки бутҳоро ба худоӣ мепарастанд ва Офарандаи ягонаро инкор мекунанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014
-
22.06.2025 14:51
114
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
238
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
241
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
468
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
574
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
458
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
115
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
181
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
190
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
956
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1664
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3357
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
110
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
94
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
110
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
493
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
738
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
860
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
438
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
475
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
446
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
724
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
997
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1859
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
601
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
583
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1775
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2096
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2087
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2302
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
496
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
445
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
924
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3050
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3490
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3474
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
632
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
659
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
604
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?