Пурсишеву посухе: Бахтиёр Худойназаров: коргардони муваффақ, вале берун аз Ватан
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Баъди аз Душанбе ба Бишкек рафтани коргардони машҳури кишвар Барзу Абдураззоқов дар матбуот хондем, ки ӯ аввалин касе аз миёни ҳунармандон набудааст, ки аз Тоҷикистон рафтааст. Дар ин миён аз коргардонҳои дигари шинохтае чун Бахтиёр Худойназаров ёд мешавад, ки дар Маскав филм меофарад ва аз ҷумлаи муваффақҳо низ мебошад. Оё ҳамин тавр аст?
Самариддин Ҳабибуллоев, сокини Истаравшан
Дуруст аст. Бахтиёр Худойназаров аз шинохтатрин чеҳраҳои фарҳангии тоҷик аст, ки муддатҳост дар Маскав кору эҷод мекунад ва аз зумраи он коргардонҳои маъруфест, ки филмҳои офаридааш бештар ба кинофестифалҳои байналмилалӣ роҳ ёфтаву барояш ҷоиза ва шуҳрат овардаанд. Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1989 факултаи коргардонии Институти умумииттифоқии киноматографияро хатм кард.
Бо ҳунармандони дар оянда машҳури рус Фёдор Бондарчук, Иван Охлобистин, Тигран Кеосаян, Александр Баширов, Рашид Нуъмонов дар як курс таҳсил кардааст. Он замон дар факултаи сенариянависӣ баробар бо онҳо Ренат Литвинов ва Роман Качанов таҳсил мекарданд. Баъди хатми донишгоҳ муддате дар кумитаи радио ва телевизион ба сифати журналист кор кард, баъдан ассисенти коргардон дар киностудияи "Тоҷикфилм" буд.
Аввалин филми ҳунарии ӯ бо номи "Братан" соли 1991 рӯи кор омад ва дар кинофестивалҳои байналмилалӣ соҳиби якчанд ҷоиза гардид. Филми дуюми ӯ "Қош ба қош", ки соли 1993 ба навор гирифта шуда буд, дар киновестивали Венетсия бо ҷоизаи "Шери нуқраӣ" сазовор дониста шуд.
Комедияи фоҷеавии ӯ бо номи "Падари маҳтобӣ" барояш шуҳрати дигар овард ва маҳорати коргардонии ӯро бештар аз дигар асарҳояш барҷастатар нишон дод. Ҳоло ӯ гоҳ дар Маскав ва гоҳи дигар дар Берлин зиндагонӣ мекунад. Соли 2012 фили Бахтиёр Худойназаров "Дар интизори баҳр" кинофестивали YII-уми Румро ифтитоҳ намуда буд.
Асосгузори 8 Март кист?
Ҳар сол таҷлили 8 Март расм шудааст ва ҳатто дар тақвими мо он рӯзи истироҳат аст. Ҳатто имсол ба шарофати 8 Март мо се рӯз рӯи пайи ҳам истироҳат кардем. Вале ман намедонам ин рӯзро чӣ таърихест ва бунёдгузори ин ҷашн кист.
Марҳабо Самаддухт, Душанбе
Оре, ҳар ҷашн таърихеву асосгузоре дорад ва бунёдгузори 8-Март бонуи олмонӣ ва яке аз чеҳарҳои дурахшони олами сиёсат Клара Сеткин буд. Клара коммунисти собитқадам ба шумор мерафт ва дар соҳибшуҳрат шудани ин ҳизб миёни занони олмонӣ ва аврупоӣ хизматҳои арзишманде кардааст. Вале ба назар мерасад он ҳама хадамот баробар ба ин наёмад, ки рӯзеро чун рӯзи бонувон таъсис дод. Ва имрӯз ҳам ҳар гоҳе инсонҳо ёди 8-Март мекунанд, Клара Сеткинро ба хотир меоранд. Ва чун исми Клара Сеткин ба забон рондем, зимнан мехостем ба мухтасари тарҷумаи ҳоли ӯ руҷуъ кунем. Клара, ки мегӯянд номи духтариаш Айснер буд, соли 1857 дар шаҳраки саксонии Видерау дар хонаводаи омӯзгори деҳотӣ ба дунё омад.
Аллакай дар овони мактабхонӣ бо зеҳни тезаш ҳамаро мафтун карда буд. Дар нуҳсолагӣ Гёте ва Шиллерро комилан хондаву аз худ кардааст ва пораҳо аз "Таърихи инқилоби Фаронса"-и муаррих Томас Карлейро аз ёд мехондааст. Ба сиёсат аз овони донишҷӯӣ ворид шудааст, соли 1878 аллакай вай узви Ҳизби Сотсиал-демократии Олмон (ҲСДО) буд. Баъдан бо инқилобчии муҳоҷири рус Осип Сеткин издивоҷ кард ва бо ӯ ба Сюрих рафт, то ҳаёти худро аз чанги таъқиботи ҳокимони замон наҷот диҳад. Соли 1882 зану шавҳар ба Порис рафтанд. Соли 1889 Осип аз бемории сил фавтид.
Дар Фаронса Клара ба муборизаи озодихоҳӣ идома дод. Вақте дар Олмон дигар сотсиал-демократҳоро таъқиб намекарданд, Клара бо ду фарзандаш аз Порис ба ватанаш баргашт. Ва маҳз дар Олмон вай ба нашри газета барои бонувон бо номи "Баробарӣ" оғоз намуд. Соли 1907 бошад бо Роза Люксембург шуъбаи занони ҲСДО-ро сарварӣ кард. Дар Конфронси байналмилалии занони сотсиалист дар Копенгаген бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори таҷлили рӯзи Байналмилалии занон содир шуд ва аз ҳамон замон ба баъд дар кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯровӣ низ рӯзи 8-уми Март чун рӯзи Озодии занон таҷлил мешуд.
Аммо баъди касби истиқлолият Тоҷикистон ҷашни 8-Мартро боқӣ гузошт, вале он акнун на рӯзи озодии занон, балки рӯзи модарон номида мешавад.
Ҳаёти баъдинаи инқилобчии матин ва муборизи роҳи озодии занон фоҷеабор омад. Ҳарчанд вай муддати тӯлонӣ дар чандин интихобот аз ҲСДО вакили парламон интихоб шуда буд, вале баъдан Иттиҳоди Шӯравиро макони зисташ қарор дод. Вай аввалин бор ба кишвари Шӯроҳо соли 1920 омад ва бо Ленин ва Крупская шинос шуд. Баъди дар интихоботи соли 1932 ишғоли курсиҳои бештар аз ҷониби ҳизби Ҳитлер Клара аз Маскав ба Берлин рафт, то чун вакили собиқадор ҷаласаи аввалини даъвати нави параламонро ифтитоҳ кунад. Дар ҳамон анҷуман аз хатари миллигароӣ барои ҷомеаи башарӣ сухан ронд ва баъди он ки Ҳитлер фаъолияти аҳзоби чапгароро манъ кард, Клара Сеткин ба Маскав баргашт ва то охири умр дар он ҷо монд. Вай соли 20 июни 1933 дар синни 76 солагӣ дар Архангелск аз дунё гузашт. Мегӯянд барои видоъ бештар 600 ҳазор нафар омаданд ва хокистари ӯро дар девори Кремл ҷо доданд.
Буққаро на ранги матоъ, балки ҳар ҷунбанда ба хашм меорад
Филме тамошо кардам дар бораи мусобиқа бо буққаҳо буд. Ёд надорам чӣ ном дошт, вале медидам, ки одамон дар майдон бо буққаҳои хашин меҷанганд ва ҳар боре матоъи сурхи дасти худро авлонҷ медиҳанд, буққа ба хашм меояд ва ҳамла мекунад. Сабаб чӣ бошад, ки буққа аз ранги сурх хашмгин мешавад?
Неъмати Олимхуҷа, донишҷӯ
Дар ҳақиқат ҷанги буққаҳо як мусобиқаи басо муҳим ва қадимӣ дар Испания ва дигар кишварҳои олам аст. Аммо мухлисони ин бозии то ҳадде бераҳмонаву шигифтоварро далелҳоест, ки бовар кунонидани онҳо ба дигар далелу ҳуҷҷат кори мушкил аст. Ва яке аз ин далелҳо ва боварҳо он аст, ки ранги сурх буққаро ба ғазаб меорад ва ӯро ба ҳамла ташвиқ ё таҳрик медиҳад. Ана барои чӣ иштирокдорони бозӣ ҳамеша дар даст латтаи сурх доранд ва онро авлонҷ додаву хашми буққаро меоранд. Вале ин аслан чунин нест. Барои буқа ранги матоъ чандон муҳим нест, зеро вай рангро эҳсос намекунад ва ба фарқи он намерасад. Ва худи бозингарон инро хуб медонанд. Бисёриҳо таҷриба карданд, ба ҷои латтаи сурх латтаи сафед дар даст гирифтанд ва буққа ҳамон гуна рафтор кард, ки бо латтаи сурх мекард.
Пас саволе мантиқист, ки буққаро дар ин гуна мавридҳо чӣ ба хашм меорад? Метавон мутмаъин буд ва посух дод, ки ӯро бештар аз ҳар чизи дигар на ранг, балки ҳаракати ашё ба хашм меорад. Ҳар ашёи ҷунбанда муҷиби хашми буққа дар майдон мегардад. Ва баъд: чун буққа рангро ташхис намекунад, агар шумо латтаи сафедро авлонҷ диҳед, вай бештар хашмгин мешавад ва ҳамла мекунад, зеро сафедро пештар ва хубтар аз сурх мебинад.
Опера аз балет чӣ фарқ дорад?
Мо театри опера ва балет дорем, вале ман намедонам, ки опера аз балет чӣ фарқ дорад. Шояд аз он бошад, ки ман ақаллан боре ба ин театр нарафтаам.
Маҳмуд, Қӯрғонтеппа
Опера-навъи санъати театрист, ки амалҳои саҳнавӣ бо мусиқии вокалӣ ва оркестрӣ омезиш ёфтаанд. Дар опера сурдхонии якка ва хор, вуҷуди ансамблҳои гуногун, оркестри симфонӣ, ороиши саҳна, сару либоси театрӣ ва саҳнаҳои ҷолиби рақси балет бо ҳам вуҷуд дошта метавонанд. Жанрҳое аз қабили операи калон, операи мазҳакавӣ, романтикӣ, опера ва балет аз муҳимтарин ва паҳншудатарин жанрҳои он ба шумор мераванд. Жанри операи мазҳакавӣ дар қарни 20 пайдо шудааст. Намоиши опера маъмулан дар театрҳои муҷаҳҳазгардонидашудаи опера ба саҳна гузошта мешавад. Балет ин намоишест, ки дар он бидуни сухан ва матн бо нӯги по мерақсанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014
-
09.06.2025 13:12
218
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
223
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
276
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
446
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
555
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
438
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
95
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
161
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
169
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
936
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1647
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3335
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
72
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
88
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
132
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
475
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
725
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
846
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
415
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
459
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
429
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
702
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
980
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1836
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
586
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
563
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1758
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2070
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2284
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2966
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
476
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
430
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
910
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3029
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3473
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3456
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
616
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
642
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
587
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?