Пурсишеву посухе: Озмуни "Зебосанами олам" чӣ таърихе дорад?
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Кист Элис Мунро ва ба хотири кадом асарҳояш соҳиби ҷоизаи Нобел шуд?
Аз хабарҳо шунидем, ки ҷоизаи имсолаи Нобел дар соҳаи адабиёт насиби адиби Канада Элис Мунро шуд. Мехостам дар бораи ӯ бештар донам. Бо кадом хизматҳояш шоистаи ин ҷоиза дониста шуд?
Гулизор, донишҷӯ
Бале, бонуи канадиёӣ Элис Мунро 13-умин бонуи олам аст, ки барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт шудааст. Элин Мунро ҳоло 82 сол дорад ва ҳатто аз заъфи пириву нотавонӣ натавонист дар маросими супурдани ҷоиза ширкат дошта бошад ва ба ҷои ӯ наберааш ҳозир шуд. Элис Мунро аз ҷумлаи адибони ҳикоянависест, ки солҳои шасти асри гузашта по ба арсаи адабиёт гузоштааст ва мегӯянд дар жанри ҳикоя хеле пешрафт кардааст. Вай 10 июли соли 1931 дар шаҳри Вингеми Канада дар хонаводаи фермер ва омӯзгори деҳот ба дунё омадааст.
Баъди хатми мактаб ба факултаи журналистика бо забони инглисии Донишгоҳи Онтариои Шимолӣ дохил шудааст, аммо соли 1951 тарки таҳсил кардаву ба Ҷейм Мунро издивоҷ намудааст. Зану шавҳари ҷавон баъдан ба Ванкувер кӯч бастаанд, аммо соли 1963 ба Виктори омада, мағозаи "Китоби Мунро"-ро боз кардаанд.
Аввалин ҳикояи ӯ соли 1950 дар маҷаллаи донишҷӯии "Фолио" чоп шудааст ва нахустин маҷмуъаи ҳикояҳояшро соли 1968 интишор додаст. Худи ҳамон сол китоби нахустин барояш шуҳрат овард ва сазовори ҷоизаи губернатори Канада шуд. Элин адиби муъҷазнавис аст ва ҳикояҳояш то ҷое ба ҳикояҳои Чехов шабоҳат доранд, ки ин умумият аз назари мунаққидонаш дур намондааст.
Соли ҷорӣ вай хабар дод, ки дигар аз эҷоди асарҳо даст мекашад, зеро ҳисс мекунад, ки фаъолияти нависандагиаш рӯ ба анҷом овардааст. Охирин китобашро бо номи "Зиндагии гаронбаҳо" соли 2012 чоп кардааст. Асарҳои ӯ бо 20 забони олам тарҷума ва нашр шудаанд.
Мунро ду маротиба издивоҷ кардааст. Аз издивоҷи аввал бо Ҷеймс Мунро, ки зикраш дар боло рафт, соҳиби фарзандоне бо номҳои Шейла (1953), Кэтрин (1955 баъди аваллуд фавтидааст), Ҷени (1957) ва Андреа (1966) шудаанд. Соли 1976 Мунро ба географ Ҷералд Фремлин дуюм маротиба издивоҷ кард, ки моҳи апрели соли 2013 аз олам даргузашт.
Озмуни "Зебосанами олам" чӣ таърихе дорад?
Аз расонаҳо хабарҳои зиёд дар бораи озмуни духтарону занони зебои оламро мехонему мешунавем. Ҳар чиз таърихи оғозу анҷом дорад. Гумон намекунам ин гуна озмунҳо оғози мушаххас надошта бошанд. "Рӯзгор" чӣ маълумоте дар ин замина метавонад ироа кунад?
Мансури Азизмурод, Қурғонтеппа
Аввалин озмуни "Зебосанами олам" 15 апрели соли 1951 дар Лондон баргузор шудааст. Дар он 26 муддаии зебоӣ аз чандин кишвари олам ширкат кардаанд. Аммо нахустин озмуни зебоӣ миёни 350 духтар дар шаҳри Спаи Белгия 19 сентябри соли 1888 барузор шуда будааст. Гуфта мешавад, ки аз байни ин 350 нафар 21 тани онҳо то зинаи охирини озмун расидаанд ва доварон аз миёни мардҳо зеботарин бонуро паси дарҳои баста муайян кардаанд.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистони имрӯза бахше аз он маҳсуб мешуд, ҳамагӣ се сол пештар аз пош хӯраданаш, яъне соли 1988 бо номи "Зебосанами Маскав-88" озмуни зебоӣ доир шудааст. Масъулияти баргузории онро комсомол ба уҳда дошт, аммо маблағгузораш ширкати интишоротии "Бурда" буд. Ва аз миёни даҳҳо ҳазор сокинони Маскав ҳайати ҳакамон Маша Калининаи 16-соларо интихоб карданд.
Аслан ин суоли шумо посухи доманадор мехоҳад, чун ин гуна озмунҳо тақрибан дар ҳамаи кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ бо ном ва шаклҳои мухталиф баргузор мешаванд. Ҳамватанони мо ҳам ба ҷуз дар кишвар, дар озмуни зебосанамон дар хориҷ низ ширкат мекунанд ва як хабари тоза дар ин замина он аст, ки Мадина Олимшоева, зодаи Бадахшон ахиран дар озмуни Зебосанами Иттиҳод дар Русия пирӯз шуд.
Чарл Шоҳзодаи пурмоҷарои Британия
Шоҳзода Чарлзро пурмоҷаротарин ворисони тахти шоҳии Британияи Кабир меноманд. Чаро? Оё ман иштибоҳ мекунам?
Саодат Шоҳинова, Қумсангир
Аслан чунин ҳам нест. Вале чун дар ҷомеаи демократии Ғарб журналистон аз озодиҳои вижаи баён бархӯрдоранд, баъзан дар ифшои асрори шоҳзодагон ҳам ба истилоҳ "зиёдаравӣ" мекунанд. Аммо ин як чизи пазируфташуда аст ва касеро мақомот барои ин ҷазо намедиҳанд. Дар мавриди шоҳзода Чарлз, ки вориси тахту тоҷи Британиёст, ҳамин иттифоқот пеш омадааст. Дар се маврид журналистон сабабгори ифшои асрори хонаводагӣ ва сиррии ӯ шудаанд, дар ду ҳолат кор то ба додгоҳ расидааст.
Соли 2005 ба журналистони рӯзномаи "Mail on Sunday" муяссар гардид, ки ба рӯзномаи шахсии шоҳзода Чарлз дастрасӣ пайдо кунанд. Навиштаҳои ӯ дар бораи шахсиятҳои сиёсии Британияи Кабир ва Чин бидуни мувофақа бо ӯ чоп шуданд. Баъди интишори маводҳо шоҳзода рӯзномаро ба дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва вайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ муттаҳам намуд. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ вакили мудофиаи шоҳзода изҳор дошт, ки шахси зерҳимояаш қасд надошт аз хотироти худ чизеро чоп кунад. Зеро ин асноди шахсист ва ҳар инсон ҳақ дорад дар ин ё он бора фикри шахсии худро баён созад. Аммо намояндагони нашрия изҳор доштанд, ки сокинони Британия ҳақ доранд дидгоҳҳои сиёсии шоҳзода ва вориси ояндаро донанд.
Ва дигар: моҳи декабри соли 1989 маҷаллаи Австралия New Idea стенограммаи гуфтушуниди телефонии шоҳзода Чарзро бо Камилла Паркер-Боулз интишор дод. Ба он нигоҳ накарда, ки ин ду тан он замон бо дигар афрод ҳамбистарӣ доштанд, суҳбат оҳанги маҳрамона дошт. Шоҳзода мегуфт, ки Камилларо беҳад дӯст медорад ва Камилла низ тақрибан бо ҳамин оҳанг посух медод. Ин ба мисли инфиҷори бомби пурқудрате буд, ки аз муносибати маҳрамонаи шоҳзодаи зандору Камиллаи шавҳардор ҳикоят мекард. Нашрияҳои зиёде онро интишор доданд. Ҳамсари Камилла Паркер-Бауэлз дар суҳбат бо хабаргузоориҳо гуфт, ки дар ин бадие намебинад, чун Камилла ва Чарлз дӯстони деринаанд. Вале бритониёҳо дигаргуна андешиданд. Як пурсиш миёни мардум нишон дод, ки 53 дар сади мардум зидди онанд, ки Чарл дар оянда соҳибтоҷ бошад.
Аммо ҳар чӣ буду набуд баъдан шоҳзода ва Камилла баъди ҷудоӣ аз ҳамсаронашон бо ҳам издивоҷ карданд ва моҷарои сеюм низ бо номи хонум Камилла алоқаманд аст. Бо андешаронӣ дар бораи малика Елизаветтаи II дар хонадони шоҳаншоҳӣ моҷаро бархезонд. Натиҷа он шуд, ки Елизаветта ба бемористон интиқол ёфт. Аммо дар ин миён муносибати Чарлз басо ҷолиб буд. Вай Камилларо водор ба пузишхоҳӣ накард, балки ба Швесайрия сафар кард. Ва атрофиён эълон карданд, ки сабаби ин ҳама беэҳтиётӣ аз майхорагӣ ранҷ кашидани Камилла будааст. Ахиран Камилла ба ҳамсари шоҳзода Уилям Кэтрин ҳам даруфтод, ки ин низ боиси моҷаро дар хонадони шоҳаншоҳии Британия шуд.
Клуби ҳастаӣ, яъне чӣ?
Бо истилоҳи "клуб" ошноям. Онро чун маркази дилхушӣ ё худ тафреҳӣ ва дар мавридҳои дигар чун маркази фарҳангӣ медонам. Аммо ба маънии истилоҳи "Клуби ҳасатӣ" нарасидам. Ин чист?
Ибодулло Назрихуҷа, донишҷӯ
"Клуби ҳастаӣ" аслан иттиҳоди давлатҳо ё худ қудратҳои ҳастаии ҷаҳон аст, ки тасмим доранд монеъи гузтариши силоҳи атомӣ дар олам шаванд. Он баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон таъсис шудааст. Ба "клуб"-и мазкур ИМА (аз соли 1945), Русия (дар оғоз Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1949), Британияи Кабир (аз соли 1952), Фаронса (аз соли 1960), Чин (аз соли 1964), Ҳиндустон (аз соли 1974), Покистон (аз соли 1998) ва Ҷумҳурии Халқӣ Демократии Корея (изҳороти нахустин аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ дар миёнаҳои соли 2005 пахш гардид ва моҳи октябри соли 2006 аввалин силоҳи ҳастаии худро озмоиш кард), дохил мешаванд. Танҳо Исроил аст, ки дар мавриди силоҳҳои ҳастаии худ лаб фурӯъ бастааст, вале аксари коршиносон бар онанд, ки ин кишвар дорои миқдори басо зиёди аслиҳаи атомист.
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ як миқдори муайян силоҳҳои атомӣ дошт, вале ҳамаи онро бо хоҳиши худаш нобуд сохт ва ба кишвари бидуни аслиҳаи ҳастаӣ табдил ёфт. Украина, Қазоқистон ва Белоруссия низ дар аввалин солҳои истиқлолияташон бо имзои созишномаи Лиссабон ихтиёрӣ силоҳҳои ҳастаии аз Шӯравӣ боқимондаи худро ба Русия таҳвил дода буданд.
Аз давлатҳое, ки ба тавлиди силоҳи атомӣ гумонбар мешавад, Ҷумҳурии Исломии Ирон аст, вале то ба ин дам ҷомеаи байналмилалӣ ҳеҷ далеле дар мавриди он, ки ин кишвар нияти сохтани онро дорад, пайдо накардааст. Теҳрон ҳамеша ба таври расмӣ аз хислати осоишта доштани барномаҳои ҳастаии худ ҳарф мезанад ва мегӯяд ин мамлакат ниёзе ҳам ба тавлиди силоҳи атомӣ надорад.
Аммо аз миёни ҳамаи кишварҳои дорои силоҳи атомӣ танҳо 5 мамлакат расман қудрати ҳастаӣ шумурда мешаванд, ки инҳо ИМА, Русия, Британияи Кабир, Фаронса ва Чин мебошанд. Ҳинд ва Покистон аз ҷумлаи кишварҳои дорандаи силоҳи атомӣ эътироф шудаанд, вале на қудрати атомӣ. Аргентина, Бразилия, Миср, Олмон, Ироқ. Япония, Либӣ, Лаҳистон, Руминия, Куриёи Ҷанубӣ, Шветсия, Швейсария ва Тайван мамолике мебошанд, ки барномаҳои ҳастаии худро таътил кардаанд. Дар ин миён Арабистони Саъудӣ, Исроил ва Ирон ба доштани силоҳи атомӣ гумонбар мешаванд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013
-
22.06.2025 14:51
149
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
271
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
285
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
507
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
611
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
496
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
05.07.2025 14:07
90
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
30.06.2025 13:00
155
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
30.06.2025 12:58
130
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2025» дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок намуд
-
14.10.2024 18:41
988
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1699
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3390
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
148
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
134
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
146
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
517
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
770
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
891
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
467
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
505
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
476
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
781
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1028
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1893
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
635
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
613
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1806
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2127
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2124
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2336
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
540
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
479
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
959
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3086
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3523
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3521
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
25.02.2025 13:21
555
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд
-
18.12.2024 16:30
666
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
692
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд